Ҳанӯз дар охири солҳои 80-уми асри ХХ дар доираи Иттиҳоди Шуравӣ васеъ намудани ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ кӯшишҳо карда шуданд. Натиҷаи чунин сиёсат он гардид, ки аллакай тобистони соли 1990 ҷумҳуриҳои ИҶШС пай дар пай истиқлоли худро эълон намуданд. Аз ҷумла санаи 24-уми августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шурои Олии мамлакат (даъвати дувоздаҳум) Эъломия дар бораи истиқлоли ҶШС Тоҷикистон қабул гардид. Дар моддаи аввали Эъломия омадааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад».
Бояд тазаккур дод, ки Эъломия чун санади муҳим барои ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми арзанда гузошт. Вале бо тағйир ёфтани вазъият дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ зарурат барои такмили Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омад. Ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 (КДҲФ) тақозо мекард, ки баҳри ба даст овардани истиқлоли комил ба Эъломияи соли 1990 тағйиру иловаҳо дохил карда шавад. Дар ин бора Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (9-уми сентябри соли 1991) шаҳодат медиҳад. Дар асоси изҳороти мазкур Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломия дар бораи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон»ро қабул намуд (Муфассал нигаред ба кит: Маҷмуи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2002.ҷ.1.- с. 12-13).
Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) «Дар бораи эълон шудани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуда, 9-уми сентябрро чун рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кард ва онро рӯзи истироҳат эълон намуд.
Дар изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «...бо дарназардошти ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ ва бо дарки масъулияти сарнавишти халқҳои сокини Тоҷикистон, пайравии худро ба Эъломияи ҳуқуқи башар, дигар меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва Эъломияи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки аз тарафи Анҷумани ғайринавбатии депутатҳои халқи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ қабул гардидааст, тасдиқ намуда, баҳри таъсиси давлати демократии ҳуқуқбунёд, ки сатҳи сазовори зиндагиро таъмин намуда, ҳимояи шараф ва эътибори ҳар як шаҳрвандро таъмин мекунад, кӯшиш намуда, мувофиқи Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шурои Олӣ Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад».
Ҳамин тавр, дар як шароити мураккаби таърихӣ, новобаста аз мушкилии ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, алалхусус, рақобати мансабӣ ва ташкил ёфтани ҷамъияту созмонҳои мухталиф, халқи тоҷик соҳиби ҷумҳурии соҳибистиқлоли худ гардид. Ин воқеа дорои аҳаммияти оламшумули таърихӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр мекунанд, ки «Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт. Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт. Ин истиқлол ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад...».
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри XX-ум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шуравӣ арзи ҳастӣ намуда, ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта сабзид, ба камол расид ва ташаккул ёфт.
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад» (Раҳмонов Э. Ш. Тоҷикистон: даҳ соли Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ.–Душанбе, 2001.ҷ.3.– с.666-668).
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
Мавзуъҳо барои навиштани реферат:
Реклама