4. ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС

Солҳои 50-80-ум дар тарбияи башардӯстонаи ҷавонон таҷрибаи муфид ба даст омада буд. Бо ташаббуси созмонҳои сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар байни шунавандагони ҷавон таҳти унвони «Мо ватандӯст – башардӯст ҳастем!», «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо» конфронсу семинарҳои назариявӣ, дарсҳои сиёсӣ гузаронида мешуданд.

Шакли дигари тарбияи башардӯстона ташкили вохӯриҳо бо намояндагони ҷавонони ҷумҳуриҳои бародарӣ, эстафетаи сулҳ ва дӯстӣ, фестивали ҷавонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон буданд, ки дар ҷумҳурӣ пайваста гузаронида мешуданд. Чунончи, дар кишвар вохӯриҳои ҷавонони вилояти Самарқанди ҶШС Ӯзбекистон ва шаҳри Панҷакент, шаҳри Турсунзода ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон анъанавӣ гардида, ҳар дафъа ба иди ҳақиқии дӯстии халқҳо табдил меёфтанд.

Дар корхонаҳои саноатӣ, колхозу совхозҳо, мактабҳо, клубҳои «Дӯстон аз рӯйи мукотиба», «Вохӯриҳои башардӯстона» ташкил карда шуда, шабҳои мусиқӣ, рақс, адабиёти халқҳои бародарии ИҶШС ва мамлакатҳои хориҷӣ гузаронида мешуданд. Дар Неругоҳи барқи обии «Норак», корхонаи алюмини тоҷик барин сохтмонҳои бузург ҳам «Ҳафтаи дӯстии халқҳои ИҶШС», «Рӯзҳои ҷумҳуриҳои бародарӣ» пайваста доир мегардиданд. Дар давраи «Ҳафтаи якдилӣ» зери шиори «Сулҳ ба ту, сайёраи Замин», «Ман ба суруд боварӣ дорам» озмунҳои фарҳангӣ доир мегардиданд.

Бо ташкилёбӣ ва фаъолияти самараноки Кумитаи кор бо ҷавонони Тоҷикистон (3.08.1970) тарбияи башардӯстонаи ҷавонписарону духтарон боз ҳам пурзӯр гардид. Кумита дар ташкили робита бо ҷавонони мамлакатҳои хориҷӣ кори зиёдеро анҷом дода буд. Ҷавонони ҷумҳурӣ бо ҷавонони мамлакатҳои сотсиалистии ҷаҳон робитаи зич барпо намуда, мукотибаи тарафайнро ба роҳ монданд. Шиносоии шифоҳии ҷавонони Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатии Лаҳистон, Ҷумҳурии Демократии Олмон, кооперативҳои кишоварзии Булғория, сохтмонҳои Маҷористон ташкил карда мешуд. Инчунин бо ташаббуси Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон аз Чехословакия, Ҷумҳурии Демократии Олмон, Лаҳистон, Югославия, Фаронса, Мексика, Дания, Итолия ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон 2660 нафар ҷавони хориҷӣ ба кишвар ташриф оварда буданд. Солҳои 80-уми асри ХХ бо роҳхатти Бюрои сайёҳии байналмилалии ҷавонон – «Спутник» бештар аз 5 ҳазор ҷавони Тоҷикистон 30 мамлакати ҷаҳонро саёҳат карда омаданд.

Созмони ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати муҳофизати сулҳ дар ҷаҳон дар ҷумҳурӣ «Ҳафтаҳои сулҳ» барпо карда, дар рафти он чорабиниҳои мушаххасии оммавию сиёсӣ ва маблағҳои пулӣ ба фонди сулҳ мегузарониданд. Бо ташаббуси созмон дар заводу фабрикаҳо, колхозу совхозҳои Тоҷикистон якмоҳагиҳои сулҳ, маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳои зиддиҷангӣ баргузор мегардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки Комсомоли Тоҷикистон дар тарбияи меҳнатии ҷавонон аз фаъолияти муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ: клубҳо, китобхонаҳо, қасрҳои маданият, осорхонаҳо васеъ истифода мебурд. Чунончи, бо ташаббуси созмони ҷавонон дар назди китобхонаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳурӣ доир ба самтҳои гуногуни масъалаи нақши мехнат дар хаёт ва тарбияи инсони комил мунтазам конфронсҳо, мубоҳисаҳои хонандагон, намоишҳои китоб гузаронида шуда, дар рафти он сифатҳои меҳнатдустиву масъулиятшиносӣ, таблиғ карда шуда, ба ташаккули сифатҳои ташкилотчигиву истодагарӣ, мақсаднокиву бонизомӣ ва серталабии ҷавонон диққат дода мешуд.

Дар давраи омӯхташаванда, ҷавонони корхонаҳои саноатӣ ва сохтмонҳои Тоҷикистон тавлидгари шаклҳои ҷадиди мусобиқаи сотсиалистӣ гардиданд. Дар натиҷаи гузаронидани чунин мусобиқаҳо на танҳо самараи иқтисодии фаъолияти меҳнатӣ баланд мешуд, балки ба тарбияи ҳамаҷабҳаи заҳматкашони ҷавон низ таъсири мусбат мерасид. Чунин ташаббуси наҷиб аввалин бор аз ҷониби сохтмончиёни ҷавони Неругоҳи барқи обии «Норак» дар шакли нави мусобиқаи муҷовирон – «Эстафетаи коргарӣ» ба вуҷуд омада, пас дар тамоми қаламрави ИҶШС паҳн гардида буд. Ташкилоти комсомолии ҷумҳурӣ, инчунин дар вусъат ёфтани шаклҳои дигари мусобиқа, ба мисли «Эстафетаи деҳқонӣ», «Беҳтар кор кунем!», «Самара ва сифатро баланд бардорем!», «Бе қафомондагон кор кунем!» ва ҳаракати ватандӯстонаи «Дар ҳар ҷойи корӣ – ҳосилнокии баланди меҳнат, интизом, муташаккилӣ ва эҷодкорӣ!» саҳми босазо гузошта буданд.

Созмонҳои ҷавонони Заводи «Тоҷиктекстилмаш» ба номи Ф. Э. Дзержинский, Комбинати абрешими ордени Байрақи Сурхи Меҳнатдори ш. Хуҷанд, Иттиҳодияи «Тоҷикатлас»-и ба номи 60-солагии ИҶШС, Иттиҳодияи таҷрибавии агросаноатии «Ховалинг» дар мустаҳкам кардани интизоми меҳнатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифат дар коллективҳои меҳнатиашон нақши назаррас бозиданд.

Мусобиқаҳои анъанавии пахтакорони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон, ҳаракати деҳоти кишвар «Шаъну шараф аз меҳнат аст!», табодули таҷрибаи пешқадам ва ҳамкориҳои байни коллективҳои корхонаҳои бофандагии шаҳрҳои Иваново (Русия) ва Душанбе низ барои тарбияи меҳнатии ҷавонон муассир ба шумор мерафтанд.

Ҳамин тавр, дар солҳои омӯхташаванда аз ҷониби созмонҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, алалхусус, ташкилоти комсомолӣ, кори мақсадноки тарбияи насли наврас амалӣ гардонида шуда, дар ин самт шаклу усулҳои самараноки тарбияи ҷавонон дарёфт карда шуда буданд.

Реклама