1. УСТУВОР ГАРДИДАНИ МАҚОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОНИ ИМРӮЗА

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалии мамлакат давраи нав оғоз ёфт. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона ба таври расмӣ шинохтанд.

Бо мақсади бо давлатҳои ҷаҳон мустаҳкам намудани муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷиашро дар дурнамои дарозмуддат ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои олии кишвар ба шакли зерин муайян намуд: фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ; таъмини амнияти миллӣ; тақвияти рукнҳои давлатдорӣ; дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони кишвар; таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ. Дар ин замина вазифаи муҳимтарини сиёсати хориҷӣ аз тариқи густариш ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ бо ҳамаи мамлакатҳои ҳамҷавор ва эҷоди пайванди эътимоду амният дар тамоми тули сарҳади кишвар муайян карда шудааст. Самтҳои асосии сиёсати хориҷии мамлакат аз рӯйи маҳалли ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манфиатҳои иқтисодиаш муайян гардида, ба панҷ ҳавзаи сиёсӣ дохил карда шудаанд: 1) Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯйи таҳкими равобити ҳамаҷониба тамоюли ботинӣ дорад; 2) Осиёи Марказӣ аст, ки рушди ҳамкории минтақавӣ ва муттаҳидсозии имкони иқтисодии кишварҳои қаламрави он ба манфиати кулли давлатҳо ва мардумони ин минтақа аст; 3) фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки бидуни доштани иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ онҳоро ҳамбастагии таърихӣ ва динию фарҳангӣ, дар ростои як дурнамои воқеии рушди миллӣ ба ҳам ҷазб мекунад; 4) доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину оин ва суннатҳои руҳонӣ, балки имкон ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайвандад; 5) ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва оҳиставу пайваста ба сӯйи тамаддуни умумибашарӣ роҳ мепаймояд.

Аз лаҳзаҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба манзури пешбурди робитаҳои созанда бо кишварҳои олам ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ фаъолона ширкат дорад ва аз ҳамкориҳои бисёрҷониба пуштибонӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 2-юми марти соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ гардида, дар роҳи ҳалли амалии масъалаҳои мубрами ҷаҳон саҳм мегузорад. Соли 2021 Тоҷикистон ба ҳайси кишвари раисикунанда дар Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ ва Бунёди байналмилалии наҷоти Арал барои густариши бештари ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои зикршуда кӯшиш ба харҷ дод.

Тоҷикистон пас аз гузаштан аз марҳалаи аввали истиқлол, ки даврони душвори ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ҳисоб меёбад, дарҳои худро ба рӯйи кишварҳои олам боз кард ва бо эълони сиёсати «дарҳои боз» ба арсаи равобити байналмилалӣ ворид гардид. Меъёрҳои асосии усули сиёсати «дарҳои боз» (с. 2003) аз унсурҳои амалии зерин иборат мебошанд: роҳандозӣ кардан ба пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, шарикӣ, ҳамкории мутақобилаи судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ. Дар ин росто, имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли СММ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи глобалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Тавре маълум аст, дар асри XXI мақоми тафаккури нави сиёсӣ торафт устувор гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи он фаъолона иштирок менамояд. Мавриди зикр аст, ки Консепсияи тафаккури нави сиёсӣ бо муқаррароти зерин асос ёфтааст: манъи истеҳсол ва истифодаи силоҳи ҳастаӣ; масъалаҳои экологӣ; таъмини амният, ҳифзи саломатии инсоният дар рӯйи замин; мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва нашъамандӣ; наҷоти инсоният аз нарасидани маводди ғизоӣ, хусусан, нон ва оби тоза; маҳви бесаводӣ. Барномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман, тафаккури нав оид ба сиёсати байналмилалӣ, махсусан, дар суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ифода ёфтаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим саҳми арҷманд мегузорад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шуд, кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст.

Маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон чаҳор ташаббуси бузург, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005 – 2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018 – 2028», ки аҳаммияти глобалӣ доранд, дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодаанд.

Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар, ки зиёда аз 60 дарсади захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбанд, аз байн рафтааст. Дар ин замина соли 2024 бо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025, инчунин 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва мояи ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.

Ҳамзамон, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои минтақаи муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хосси кишвар мебошад.

Ҳамин тавр, имрӯз Тоҷикистон бо талошҳои муассири худ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст. Обрӯю эътибори мамлакат чун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ рӯз то рӯз боло рафта, ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шарикони стратегӣ Федератсия Русия, Чин ва дигар шарикони худ, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, ИМА, кишварҳои Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар минтақаҳои олам пайваста аҳаммияти хосса дода, сол то сол мақоми худро дар ҷаҳон устувор мегардонад.

Реклама