2. ПОШ ХӮРДАНИ ИҶШС

Бозсозӣ, ки такмил ва рушди давлати сотсиалистиро дар назар дошт, амалӣ нагардид. Ислоҳотҳои сиёсӣ, иқтисодӣ фарҳангӣ вазъи рукуд (карахтӣ)-ро барҳам надода, мамлакатро ба буҳрони умумӣ оварданд. Заминаҳои барҳамхӯрии ИҶШС ба миён омаданд.

Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ тасодуфӣ набуда, омилҳои объективӣ ва субъективии худро дошт. Ба омилҳои объективӣ, пеш аз ҳама, инҳо дохил мегардиданд: якум, ҳал нагардидани масъалаҳои баҳсталаби ҳуқуқӣ ва муаммоҳои миллӣ; дуюм, буҳрон ва мушкилот дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат; сеюм, тезутунд гардидани фазои сиёсию тарбиявӣ; чорум, иҷро нагардидани ислоҳот дар соҳаи фарҳанги мамлакати сермиллат.

Ҳанӯз моҳи ноябри соли 1990 Президенти ИҶШС М. С. Горбачёв дар маҷлис бо роҳбарони ҷумҳуриҳои иттифоқӣ барномаи аз буҳрон баровардани мамлакатро, ки аз ҳашт қисм иборат буд, пешниҳод намуд, вале ин барномаи таъҷилӣ натавонист интизомро дар мамлакат мустаҳкам намуда, фазои иқтисодиро муътадил гардонад.

Раиси Шурои вазирони ИҶШС В. С. Павлов моҳи апрели соли 1991 дар назди вакилони халқ суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар мамлакат вазъияти ҳалокатовари иқтисодӣ ба амал омадааст. Пеш аз ҳама, вайрон шудани робитаҳои иқтисодии байни ҷумҳуриҳои иттифоқӣ хатари пош хӯрдани ИҶШС-ро ба миён оварда истодааст. Аз ҷумла, аз буҷаи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ 40 дарсади маблағҳоро нагирифта, сатҳи истеҳсолии мамлакат дар як сол 5 дарсад ва даромади миллӣ то 10 дарсад кам шудаанд.

Сабаби дигари пош хӯрдани ИҶШС ба раванди ҳалли муаммоҳои муносибатҳои миллии солҳои 80-ум ва 90-уми асри ХХ робита дорад. Дар ин солҳо ИҶШС 15 ҷумҳурии иттифоқӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро дар бар гирифта, дар якҷоягӣ 270 миллион аҳолӣ дошт ва дар миқёси байналмилалӣ яке аз давлатҳои сермиллат ба ҳисоб мерафт. Дар ИҶШС беш аз сад миллату халқият зиндагӣ мекарданд.

Дар мамлакат масъалаи миллӣ ҳалли худро ёфта бошад ҳам, иҷро нагардидани нақшаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тадбирҳои экологӣ ва дар рафти сиёсати ошкорбаёнӣ афзудани баъзе муаммоҳо ба тезутунд гардидани муносибатҳои миллӣ оварда расониданд.

Дар миқёси ИҶШС масъалаҳои баҳсталаби ҳудудӣ ба миён омаданд, вале Иттиҳоди Шуравӣ аз уҳдаи ҳалли он баромада натавонист. Ба ин воқеаҳои нохуше, ки дар Вилояти Мухтори Қаробоғи Кӯҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон рух доданд, мисол шуда метавонанд. Ҳанӯз моҳи октябри соли 1987 арманҳои ин вилоят, ки аксари аҳолии минтақаро ташкил медоданд, талаб намуданд, ки Қаробоғи Кӯҳӣ ба Ҷумҳурии Арманистон ҳамроҳ карда шавад. Доир ба ин масъала дар ҳудуди Арманистон ва Озарбойҷон гирдиҳамоиҳо ва дар Қарабоғи Кӯҳӣ муқовимати мусаллаҳона ба амал омада, чандин нафар ҳалок ва маҷруҳ гаштанд. Соли 1988 дар байни Арманистон ва Озарбойҷон ҳатто задухӯрди хунин ба амал омад.

Мавриди зикр аст, ки бори аввал мушкилии ҳудудӣ ва муайян намудани сарҳад дар байни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Қирғизистон дар охири солҳои 80-уми асри ХХ ба миён омада буд.

Бояд тазаккур дод, ки таассуб, маҳалгароӣ, тангназарӣ ва миллатчигӣ ҳамчун зуҳурот дар Иттиҳоди Шуравӣ дар шаклҳои гуногун мадди назар мегардид. Масалан, соли 1986 дар шаҳри Алмаато тазоҳурот ва гирдиҳамоии серодам зидди русикунонии дастгоҳи ҳизбӣ ва давлатии Қазоқистон рух дод. Ин воқеа пас аз ба вазифаи котиби якуми Ҳизби коммунистии Қазоқистон таъйин гардидани Г. В. Колбин ба амал омад. Инчунин аз рӯйи масъалаи муносибатҳои миллӣ дар Узгени Қазоқистон задухӯрд ва моҷаро рух дод.

Дар Осиёи Миёна бошад, туркҳои масхетӣ ва чеченҳое, ки солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ба ин минтақа кӯчонида шуда буданд, ошкоро норозигӣ намуда, талаби ба зодгоҳҳои аслияшон баргаштанро карданд. Ҳатто доир ба баъзе масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар Фарғона задухӯрд байни ӯзбекҳо ва туркҳои масхетӣ ба амал омад.

Дар охири солҳои 80-уми асри ХХ дар мамлакат чандин тамоюлҳои марказгурез, ки мақсадашон баромадан аз ҳайати ИҶШС буд, возеҳ гардиданд. Хусусан, чунин тамоюлҳо дар ҷумҳуриҳои назди Балтик авҷ гирифта буданд, ки ба он қувваҳои мухолифин роҳбарӣ карда, ҳалли бетаъхири масъалаи ба забони модарӣ додани мақоми давлатӣ, андешидани тадбирҳои таъҷилии кам кардани шумораи нафароне, ки барои сукунат аз дигар ҷумҳуриҳо меоянд, баланд бардоштани мақом ва мустақилии сохтори идоракунии маҳаллӣ нисбат ба Ҳукумати умумииттифоқиро талаб мекарданд. Дар натиҷа тирамоҳи соли 1988 дар интихоботи шуроҳои марказӣ ва маҳаллии ҷумҳуриҳои Латвия, Литва ва Эстония Фронти халқӣ ғалаба намуда, фавран нақшаи стратегии худро доир ба пурра ба даст даровардани соҳибистиқлолӣ ва барпо намудани давлатҳои мустақил пешниҳод намуд.

Мавриди зикр аст, ки баъзе ҷумҳуриҳои иттифоқӣ барои омӯхтани таҷрибаи муборизаи Фронти халқии ҷумҳуриҳои назди Балтик ва минтақаҳои Қафқоз намояндагони худро фиристода буданд.

Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки сарвари ҷунбишҳо дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ неруҳои муттаҳидаи мухолифин буданд. Масалан, ҳизб ва созмонҳои нави сиёсӣ дар Украина «Рух», дар Литва «Саюдис», дар Тоҷикистон «Растохез» (15.09.1989 – 1997) ва «Лаъли Бадахшон» (с. 1989 – 1993), Ҳизбҳои демократӣ (10.08.1990) ва наҳзати исломӣ, (26.10.1991 – 29.09.2015)[2] фаъолият мекарданд. Дар ҷумҳурӣ созмону ҳизбҳои мазкур муттаҳид шуда, ситоди «Наҷоти Ватан»-ро (19.06.1992) ташкил намуданд.

Моҳи апрели соли 1989 якчанд рӯз дар Тифлис тазоҳурот барпо гардида, иштирокчиён гузаронидани ислоҳоти демократӣ ва соҳибистиқлол эълон намудани Гурҷистонро талаб карданд. Дар айни ҳол шаҳрвандони Ҷумҳурии Мухтори Абхазистон изҳор намуданд, ки аз ҳайати Ҷумҳурии Гурҷистон баромада мустақил мешаванд.

Ҳамин тавр, моҳи ноябри соли 1988 аввалин шуда Шурои Олии ҶШС Эстония Эъломия оид ба соҳибистиқлолии давлатии худро қабул намуд. Чунин санадҳо дар Литва, Латвия, Озарбойҷон (соли 1989), Молдова (соли 1990) низ қабул гардиданд. 19-уми январи соли 1990 Ҷумҳурии Мухтори Нахҷувон соҳибистиқлолии худро эълон кард.

Анҷумани якуми вакилони халқии РСФСР (16-уми май – 22 -юми июни соли 1990) Эъломия дар бораи соҳибистиқлолии Русияро қабул намуд. Аввалин президенти он Б. Н. Елтсин интихоб шуд.

Дар ИҶШС ҷунбише ба амал омад, ки бо қатъият гузаронидани тағйироти ҷиддии сиёсиро дар мамлакат талаб мекард. Бо ин мақсад моҳи декабри соли 1990 дар ш. Маскав Анҷумани IV-уми вакилони халқии ИҶШС даъват карда шуд. Анҷуман тағйироти куллии дар ҷомеа бавуҷудомада ва роҳи соҳибистиқлолиро пеш гирифтани ҷумҳуриҳои иттифоқиро ба назар гирифта, қарори махсус «Оид ба консепсияи умумии аҳдномаи иттифоқӣ» ва тарзи қабули онро тасдиқ намуд. Дар санад ба тариқи мушаххас роҳҳои азнавсозии Иттифоқ муайян гардида буданд.

Мувофиқи қарори Анҷумани IV-ум 17-уми марти соли 1991 дар мамлакат райъпурсии умумииттифоқӣ оид ба нигоҳ доштани Иттиҳоди Шуравӣ гузаронида шуд. Бояд зикр кард, ки аз миқдори умумии иштирокчиёни райъпурсӣ 71,3 дарсади онҳо барои нигоҳ доштани ИҶШС овоз доданд.

Бо мақсади ҳалли буҳрони сиёсӣ ва қатъиян муайян намудани ояндаи Иттиҳоди Шуравӣ моҳҳои апрел-майи соли 1991 дар Ново-Огарево гуфтушуниди М. С. Горбачёв бо роҳбарони нуҳ ҷумҳурии иттифоқӣ доир ба аҳдномаи нави давлатдорӣ барпо гардид. Ҳамаи иштирокчиёни гуфтушунид шакли давлатдории такмилёфтаи иттифоқро дастгирӣ намуда, лоиҳаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро (ИДМ) пешниҳод карданд. Иштирокчиёни гуфтушунид зарурати қабули Конститутсияи нав ва дар асоси он ташкили давлатдории навинро зикр намуда, ба сохтори интихобот дохил кардани тағйиротро таъкид карданд.

Санаи 20-уми августи соли 1991 бояд аҳдномаи нав имзо гардида, дар матбуот чоп карда мешуд. Нашр ва муҳокимаи лоиҳаи матни аҳдномаи иттифоқӣ дар ҷомеа буҳрони сиёсиро пурқувват ва вазъиятро боз ҳам тезутунд намуд. Аз ин сабаб роҳбарони ҳаракати «Русияи демократӣ» таклиф намуданд, ки алҳол аҳдномаи муваққатӣ танҳо ба муддати як сол имзо карда шавад. Чунин масъалагузорӣ норозигиро дар ҷомеа боз ҳам зиёдтар намуд ва якчанд рӯз то имзои аҳдномаи иттифоқӣ мухолифини он кӯшиданд, ки сиёсати ислоҳгароёна бекор карда шуда, Давлати Шуравиро аз барҳамхӯрӣ наҷот диҳанд.

19-уми августи соли 1991 Президенти ИҶШС М. С. Горбачёв гӯё бо сабаби бад шудани саломатиаш аз вазифааш озод карда шуд. Як гурӯҳ ходимони давлатӣ изҳор намуданд, ки дар мамлакат ба муддати 6 моҳ вазъияти фавқулода ҷорӣ гардида, намоиш ва корпартоиҳо манъ карда мешаванд.

Ба воситаи матбуоти даврӣ ва радиою телевизион эълон карда шуд, ки дар мамлакат Кумитаи давлатии ҳолати фавқулода (КДҲФ, ба русӣ ГКЧП) ташкил ёфтааст ва он муваққатан идоракунии давлатиро ба зиммаи худ мегирад. Ба ҳайати КДҲФ ИҶШС ноиби президент Г. И. Янаев, сарвазир В. С. Павлов, раиси Кумитаи амнияти давлатӣ (КГБ) В. А. Крючков, вазири мудофиа Д. Т. Язов ва дигар ходимони сохтори давлатӣ дохил шуданд.

Дар изҳороти Кумитаи ҳолати фавқулодаи давлатӣ зикр карда шуд, ки вазифаи аввалиндараҷа барҳам додани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, муътадил гардондани муносибатҳои миллӣ, хотима додан ба муқовимати байни шаҳрвандон ва умуман, бесарусомонӣ дар мамлакат мебошад. КДҲФ мақсади асосии худро дар барқарор намудани тартиботи то соли 1985-и ИҶШС медид. Вале фаъолияти КДҲФ дер давом накард ва 22-юми августи соли 1991 ҳайати он ҳабс карда шуд. Воқеаҳои 19 – 22юми август раванди барҳамхӯриро тезонда, заминаҳои амалии аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравиро ба миён оварданд.

Бояд тазаккур дод, ки рӯзҳои ташкилёбӣ ва барҳамхӯрии КДҲФ дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ воқеаҳои сиёсӣ рух доданд. Чунончи, 20-уми август Эстония, 24-уми август Украина, 25-уми август Беларус ва то охири ҳамин моҳ Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Молдавия, Қирғизистон соҳибистиқлолии худро эълон намуданд.

Санаи 8-уми декабри соли 1991 дар Беловежск (Беларус) сарварони Русия – Б. Н. Елтсин, Беларус – С. С. Шушкевич ва Украина – Л. М. Кравчук ҷамъ омада, дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишнома ба имзо расониданд. Дар Созишнома омадааст, ки ИҶШС ҳамчун субъекти байналмилалӣ барҳам хӯрд.

18-уми декабри соли 1991 намояндагони ҷумҳуриҳо дар Шурои Олии ИҶШС изҳорот қабул намуданд, ки созишномаи Русия, Беларус ва Украина дар хусуси ташкил кардани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба инобат гирифта шавад. 21-уми декабри соли 1991 дар шаҳри Алмаато сарони ёздаҳ ҷумҳурӣ ҷамъ омада, Созишномаи Беловежскро дастгирӣ карданд ва қарор доданд, ки ИҶШС бо ташкил ёфтани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолияти худро қатъ мегардонад.

Декабри соли 1991 Президенти ИҶШС М. С. Горбачёв ба воситаи телевизиони марказӣ суханронӣ намуда, изҳор кард, ки ИҶШС мавҷудияти худро ҳамчун кишвари ягона қатъ кард ва аз ин лиҳоз, ӯ аз вазифаи Президенти ИҶШС даст мекашад. Дар натиҷаи воқеаи таърихии мазкур Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ташкил гардид, ки ба ҳайати он Русия, Беларус, Украина, Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон дохил шуданд.

Ҳамин тавр, нимаи дуюми солҳои 80-уми асри ХХ дар раванди амалӣ гардидани сиёсати бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ, заминаи ташаккули низоми сиёсии демократӣ гузошта шуд. Мубодилаи озоди афкор дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар сурат гирифт. Аммо, якум, роҳ дода шудани камбудиву каҷравиҳо дар сиёсати дарозмуддати зиёиёни ҳукмрони шуравӣ баҳри ташаккули давлати сермиллат; дуюм, сар задани буҳрони иқтисодиву сиёсӣ ва фурӯпошии низоми коммунистӣ; сеюм, фаъолнокии ҷунбишҳои миллӣ, ки ба он як гурӯҳ зиёиёни кишварҳо, чун неруи пешбарандаи эътирозҳои миллатгароён, роҳбарӣ менамуданд; чорум, афзоиши мизони миллатгароӣ ва бегонаситезӣ, зиёд гардидани назарҳои миллатчигӣ ба пошхӯрӣ ва аз байн рафтани давлати сермиллати бузург бо номи Иттиҳоди Шуравӣ оварда расонид.

Реклама