7. ВАЗЪИ САНОАТИ ҶУМҲУРӢ

Ҷанги шаҳрвадӣ, инчунин, ба соҳаи саноати ҷумҳурӣ зарари калон расонд. Бар асари он ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар коҳиш ёфт. Муваффақиятҳое, ки Тоҷикистон тайи солҳои 60-ум ва нимаи аввали 80-ум дар соҳаи саноат ба даст оварда буд, коста шуданд. Бинобар ин ба кишвари мо лозим омад, ки дар соҳаи саноат, пеш аз ҳама, корҳои зеринро ба сомон расонад: аз нав барқарор намудани коргоҳу корхонаҳои азкорбаромада; ба кор андохтани корхонаҳое, ки бо сабаби набудани ашёи хом ва кӯч бастани мутахассисон ба дигар шаҳру кишварҳо истеҳсоли маҳсулотро қатъ карда буданд. Дар мағозаю бозорҳои ҷумҳурӣ дар ибтидои солҳои 90-ум маводди ниёзи мардум, хусусан, хӯрокворӣ, маҳсулоти саноати сабук, сӯзишворӣ, масолеҳи бинокорӣ намерасид. Бинобар ин ба Тоҷикистон лозим омад, ки ин масолеҳро аз кишварҳои хориҷии дуру наздик ворид намояд.

Чӣ тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон сарват ва захираҳои табиӣ зиёд дорад. Бинобар ин, метавонад саноати сабук ва вазнинро тараққӣ диҳад. Аз ин лиҳоз, дар марҳалаи нави инкишофи мамлакат давра ба давра Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда, Барномаҳои тараққиёти иқтисодиёти ҷумҳурӣ таҳия ва амалӣ мегарданд, ки дар онҳо ба рушди соҳаи саноат диққати махсус дода шудааст. Дар сиёсати иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи саноат ба сифати яке аз омилҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи аҳолӣ бо шуғли доимӣ, сарчашмаи муҳимми даромади буҷети давлат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ эътироф шуда, саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи стратегӣ эълон гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои зерини саноат: энергетика, филизоти ранга, саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ, кимиёю нафт, мошинсозӣ ва коркарди метал, саноати ҷангал, коркарди чӯбу тахта, зарфҳои шишагин ва чинӣ, орду ярма, хӯроки омехтаи чорво ва дигар соҳаҳо рушд меёбанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазору 500 корхонаи саноатӣ бо 88 ҳазор ҷойи кор сохта, ба истифода дода шавад. Танҳо аз ҳисоби зиёд шудани иқтидорҳои саноатӣ дар замони истиқлол талабот ба неруи барқ беш аз 800 мегаватт зиёд гардид. Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид. Ҷиҳати амалисозии ин иқдом тайи солҳои 2022 – 2024 дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд. Туфайли кӯшишу талошҳои Ҳукумати мамлакат дар самти расидан ба ҳадафҳои миллӣ, хусусан ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат, дар соҳаи саноати кишвар дастовардҳои назаррас дида мешаванд. Фаъолияти «Ширкати алюмини тоҷик», «Ноқил ТАЛКО», таъсиси даҳҳо корхонаи истеҳсоли семент, эҳё гардидани фаъолияти корхонаи «Тоҷик Азот», бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ, корхонаҳои хурду бузурги коркарди пахта ва истеҳсоли маводди ғизоӣ ин матлабро тасдиқ менамояд.

Мавриди зикр аст, ки соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд. Туфайли ин сиёсат тайи солҳои 2017 – 2021 дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуда, дар натиҷаи он вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш ёфт. Муҳим он аст, ки дар ин давра вобастагии иқтисоди кишвар ба маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла ангишт, масолеҳи сохтмон, бахусус, семент ва бисёр навъҳои маводди ғизоӣ бартараф гардида, барои содироти маҳсулоти саноатии ватанӣ замина фароҳам оварда шуд. Агар истеҳсоли семент соли 1992 -юм 446 ҳазор тоннаро ташкил дода бошад, пас дар соли 2020 ба 4,2 миллион тонна расонида шуд, ки қариб 10 баробар зиёд мебошад. Истеҳсоли ангишт беш аз 9 баробар зиёд гардида, аз 214 ҳазор тоннаи соли 1992 ба 2 миллион тонна дар соли 2020 расид.

Туфайли ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд карда шуданд. Дар натиҷа соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 1997 7 баробар афзоиш ёфта, соҳаҳои саноати сабук, филизот, хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъдан, саноати кимиё ва масолеҳи бинокорӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар асоси сиёсати иқтисодии мамлакат нисбат ба рушди соҳаи саноат ду самти инкишофи он: давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муайян гардидааст. Дар ҷумҳурӣ 18 ҳазору 680 корхонаи хусусиву муштарак амал мекунанд. Аз ҷумла дар сектори давлатӣ 289, ҷамъияти саҳомӣ 83, корхонаҳои хусусӣ 23 адад мавҷуданд. Танҳо дар сектори ғайридавлатӣ 759 корхонаи хурду калон фаъолият мебаранд. Дар бист соли ахир зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди маъдан ва дигар навъи ашёи хоми саноатӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор маротиба афзудааст; барои рушди соҳа беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид; дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз 1-уми январи соли 2022 оғоз гардид, бо мақсади саноатикунонии босуръати мамлакат сабукиҳои зиёд пешбинӣ карда шуданд.

Бояд зикр кард, ки сол то сол истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар сектори ғайридавлатӣ зиёд мегардад. Агар соли 1999 саноати сектори ғайридавлатӣ 22,8 дарсадро ташкил дода бошад, пас соли 2014 ба 41,8 дарсад расид. Агар дар давраи аввали истиқлол дар ҷумҳурӣ 900 корхонаи саноатӣ вуҷуд дошта бошад, пас шумораи онҳо соли 2021 ба 2360 адад расидааст. Танҳо соли 2021 256 корхонаҳои нав бо 2500 ҷойи корӣ ба фаъолият шуруъ намуданд. Ҳамин тавр, суръати истеҳсоли маҳсулот дар сектори ғайридавлатӣ баландтар буда, ҳиссаи сектори давлатӣ сол аз сол паст мегардад.

Бо вуҷуди ин, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд. Ҳамчунин, содироти маҳсулоти саноатӣ тамоюли коҳишёбӣ пайдо кард. Соли 2022 содироти маҳсулоти соҳа ба 22,8 миллиард сомонӣ расида буд, вале дар соли 2023 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 18,5 миллиард сомониро ташкил карда, 19 фоиз кам гардид.

Ҳамин тавр, дар 30 соли истиқлол соҳаи саноат рушд ёфта, дар амалӣ гардидани ҳадафи стратегии мамлакат оид ба суръатнок намудани раванди саноатикунонӣ нақши арзанда мебозад. Маҳз татбиқи ҳадафи зикршуда ва ҳадафҳои дигари стратегӣ, амалӣ гардонидани афзалиятҳои пешбинигардида имкон дод, ки дар 20 соли ахир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 дарсад таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 27,6 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш дода шавад. Ҳоло бештари корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Бохтар, Истаравшан, Кӯлоб, Конибодом, Ёвон, Исфара, Панҷакент, Норак, Ҳисор, Мастчоҳ амал мекунанд.

Таҷриба нишон дод, ки дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон, дар он ҷое, ки қувваҳои корӣ бисёранд, рушд додани корхонаҳои хурд тақозои замон мебошад, ки ҳалли ин масъала боиси баробар шудани вазъи ноҳияҳо, баланд шудани музди миёнаи моҳонаи кормандон ва муҳиммаш барҳам додани бекорӣ мегардад.

Ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ. Бо дастгирии давлатҳои тараққикарда, мисли Русия, Чин, Британияи Кабир, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва давлатҳои узви ИДМ Тоҷикистон дар ду самт саноати худро рушд медиҳад. Аз як тараф, корхонаву коргоҳҳои бо техникаи нав ва технологияи пешқадам таъмин гардида, аз тарафи дигар, корхонаҳои нав, неругоҳҳои барқи бузург бунёд мешаванд. Масалан, бо кумаку дастгирии Кореяи Ҷанубӣ комбинати шоҳибофии шаҳри Хуҷанд бо дастгоҳҳои нав таҷҳизонида шуда, маҳсулоти абрешимии баландсифатро истеҳсол мекунад. Туфайли фаъолияти корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин доир ба истеҳсоли тило, Тоҷикистону Амрико – «Оби Зулол» ва ғайра сол то сол даромаднокии ҷумҳурӣ меафзояд. Ба кор даромадани чандин корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла «Абрешим» бо Италия, «Кабоол – Тоҷиктекстайл» бо Кореяи Ҷанубӣ, «ВТ-Силк» бо Ветнам, ки маҳсулоти ба талаботи бозор ҷавобгӯ истеҳсол мекунанд, ба сатҳи зиндагии шаҳрвандонамон таъсири мусбат расонд. Бояд зикр кард, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар 61 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект шудаанд.

Барои рушди саноати бузург Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузории хориҷӣ муҳтоҷ аст. Дар бист соли ахир ба иқтисодиёти Тоҷикистон 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб гардид. Танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб шуд. Дар натиҷаи пеш гирифтани сиёсати дурусти иқтисодии хориҷӣ Тоҷикистон имкон пайдо мекунад, ки саноат, алалхусус, корҳои сохтмониро ривоҷ диҳад. Дар тули солҳои 2006 – 2012 бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 430 корхона бунёд карда шуд. Як гурӯҳ сармоягузорони хориҷӣ сармояи худро ба рушди саноати ҷумҳурӣ гузошта, дар истеҳсоли тилои Панҷакент ширкат меварзанд.

Тоҷикистон аз Русия, барои комплекси агросаноатии худ мошинаҳо, трансформаторҳои пуриқтидор ва таҷҳизоти технологӣ мегирад.

Ёрии амалии давлати Чин дар барпо кардани корхонаҳои саноатӣ, неругоҳҳои барқӣ, хусусан, барои сохтани шоҳроҳҳои мошингарди Тоҷикистон сол то сол афзоиш меёбад.

Барои эҳё ва рушди саноат, сохтмонҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол хазинаҳои гуногуни хориҷӣ низ саҳм доранд. Чунончи Бунёди Оғохони IV дар сохтани корхонаҳои хурд ва роҳҳои мошингард, хусусан, дар шароити ноҳияҳои кӯҳистон, ҳиссагузор аст.

Ҳамин тавр, барои рушди устувори иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ басо муфид буда, дар таъмини соҳаи саноат бо техникаи нав ва технологияи пешқадам, ташкили корхонаҳои муштарак, неругоҳҳои барқӣ, роҳу пулу нақбҳо нақши арзанда мебозад. Туфайли ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд карда шуд.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ. Дар сиёсати иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи саноат ба сифати яке аз омилҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи аҳолӣ бо шуғли доимӣ, сарчашмаи муҳимми даромади буҷети давлат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ эътироф шуда, саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи навбатӣ эълон гардид. Дар ҷумҳурӣ, барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, ки ба ташкили садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва кам кардани муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат намуда, иқтидори содиротии кишварро баланд мебардорад, ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Туфайли ба кор даромадани корхонаҳои куҳна ва нави саноатӣ сол то сол таъмини шаҳрвандон бо маводди саноатӣ беҳтар шуда, сатҳи зиндагии онҳо баланд мегардад. Ҳоло корхонаҳои саноатӣ маҳсулоти зеринро истеҳсол мекунанд: маснуоти бофандагӣ, пойафзор, пластмас ва маснуоти он, маснуот аз санг, гаҷ, маҳсулоти рустанӣ, молҳои гуногуни озуқаворӣ, саноати сабук. Сол то сол миқдори истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бештар ва сифаташ беҳтар мегардад. Мавриди зикр аст, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ танҳо дар давоми солҳои 1997 – 2010 ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 9 фоиз афзоиш ёфта, ҳамзамон, бо ин дар соҳаи саноат беш аз 90 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ва барқарор карда шуд. Дар 20 соли охир 2000 корхонаи нави истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб 4 баробар афзоиш доданд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол нақшаи содироти молро иҷро намуда, соли 1991 ба миқдори 67,9 миллион доллар ва соли 2004 ба 914,9 миллион доллар расонд. Хусусан, гурӯҳҳои зерини молҳо: маҳсулоти рустанӣ, маъданӣ, маснуоти бофандагӣ, металлҳои гаронбаҳо бештар бароварда шуданд.

Азбаски ҳанӯз саноати ҷумҳурӣ талаботи аҳолиро бо маҳсулоти гуногуни баландсифат таъмин карда наметавонад, воридоти молҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гардидааст. Агар ҳаҷми умумии воридот дар соли 1991 63,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас соли 2013 ба 4 миллиарду 150 миллион 700 ҳазор доллар расид. Татбиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 8-уми апрели соли 1996 «Дар бораи аз тарафи давлат дастгирӣ намудани фаъолияти соҳибкории хурд» ва аз 20-уми феврали соли 1998 «Дар бораи дидани чораҳо аз тарафи давлат оид ба тақвият додани соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» истеҳсоли маҳсулотро зиёд ва шаклҳои хидматрасониро беҳтар гардонид, ҷойҳои нави кориро муҳайё намуд. Масалан, соли 2000-ум дар Тоҷикистон 14,8 ҳазор нафар шаҳрванд дар 1342 корхонаи хурд фаъолият мекарданд. Як қисми онҳо, яъне 38,5 дарсади корхонаҳо дар соҳаи тиҷорат ва таъминот фаъолият мекарданд. Соли 2013 ҳамагӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ 2307,3 ҳазор нафар машғули кор буданд. Ҳоло барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, ки ба ташкили садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва кам кардани муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат намуда, иқтидори содиротии кишварро баланд мебардорад, ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Маълум аст, ки бе ҳалли масъалаи кадрҳои баландихтисос саноат ҳаматарафа рушд ёфта наметавонад. Бинобар ин, бо вуҷуди мушкилӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ тайёр намудани муҳандисон, техникҳо ва коргарон қатъ нагардидааст. Агар соли 1991 дар саноат 215,4 ҳазор корманд кор кунад, пас соли 2013 онҳо 55,4 ҳазорро ташкил медоданд. Сабабҳои кам шудани мутахассисон тасодуфӣ набуда, омилҳои объективӣ ва субъективии худро доранд. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ як қисми мутахассисон ба кишварҳои хориҷӣ кӯч баста, гурӯҳи дигар бо сабаби вайрон шудану аз кор мондани корхонаву коргоҳҳо ихтисоси худро тағйир доданд. Қисми дигари мутахассисони ҷавон барои кор ба Федератсияи Русия ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳиҷрат намуданд.

Туфайли соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон торафт саноати маҳаллӣ, хусусан, ҳунарҳои мардумӣ, рушд меёбанд. Дар намоишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ шаҳрвандонамон маҳсулоти истеҳсолкардаашон – сӯзанӣ, бозичаҳои аз гил сохташуда, либосҳои миллӣ, ҷуробҳои пашмин, матоъҳои атласу адрас, кандакориро пешниҳод намуда, ба гирифтани ҷоизаҳо мушарраф мегарданд.

Истеҳсоли барқ. Дар ҷумҳурӣ корҳои мушаххас доир ба яке аз ҳадафҳои муҳимми стратегии миллӣ – истиқлоли энергетикӣ амалӣ мегарданд. Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ ба маблағи умумии 86 миллиард сомонӣ бунёду таҷдид гардид, ки дар натиҷа, 75 фоизи зерсохтори энергетикии кишвар навсозӣ карда шуд. Иншооти бузурги ҳидроэнергетикӣ, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Помир-1», «Тоҷикистон» ва Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе, садҳо неругоҳи барқи обии хурд, хатти интиқоли барқи 500 - киловолтаи «Ҷануб – Шимол», дигар хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта, ба истифода дода шуда, татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA – 1000 ва сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром идома дорад. Бо мақсади дар соли 2025 ба истифода додани агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун», соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардида, дар ин иншооти муҳимми аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,5 ҳазор техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд.

Зикр кардан зарур аст, ки баъди пурра ба кор даровардани неругоҳи барқи обии «Роғун» иқтидори энергетикии Тоҷикистон ба зиёда аз 9781 мегаватт мерасад, яъне, 60 дарсад меафзояд ва ҷумҳурӣ ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад. Дар ин давра танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардида, неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд. Корҳои таҷдиду барқарорсозии пурраи неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум», инчунин бунёди неругоҳи «Себзор» ба маблағи 12 миллиард сомонӣ бомаром идома дорад, ки баъди анҷом ёфтани корҳо иқтидор ва муҳлати истифодаи онҳо хеле зиёд мегардад. Дар ин давра беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ ба истифода дода шуданд. Истеҳсоли неруи барқ аз 17,6 миллиард киловатт – соат дар соли 1991 ба 21 миллиарду 860 миллион киловатт – соат дар соли 2023 ё 24,2 фоиз афзоиш ёфт. Соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад. Мувофиқи «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009 – 2020» дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат 305 неругоҳи хурд ва 2432 таҷҳизоти барқдиҳандаи офтобӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Азбаски мавҷудияти иқтидорҳои фаровони энергетикии мамлакат аз ҷумлаи омилҳои калидии рушди соҳаи саноати кишвар ба ҳисоб меравад, барои инкишофи он 34 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 57,2 миллиард сомонӣ татбиқ карда шуданд.

Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли «энергияи сабз» ва содироти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Имрӯз дар Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мегардад. Бинобар ин дар арзёбии дастрасӣ ба қувваи барқ дар таҳлилҳои Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ҷойи дуюмро ишғол намуда, аз рӯйи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад ва баъди пурра ба истифода додани неругоҳи барқи обии «Роғун» боз ду зина боло рафта, мақоми чорумро ишғол менамояд.

Соли 2032 туфайли амалисозии тадбирҳо роҷеъ ба беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра истеҳсоли барқ дар кишвар 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин мегардад. Дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад ва Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» ба «кишвари сабз» табдил меёбад.

Ҳамин тариқ, дар замони соҳибистиқлолӣ иқтидори энергетикии мамлакат тадриҷан зиёд гардида, аз 4044 мегаватт (соли 1991) ба 6131 мегаватт (соли 2020) расонида шуд. Дар натиҷаи корҳои амалигардида низоми ягонаи энергетикии мамлакат ташаккул ёфта, маҳдудияти таъмини аҳолӣ бо барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бартараф гардид, ки ин низ аз дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Бунёди роҳҳо, нақб ва сохтмон. Муваффақ шудани давлатамон ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он дастоварди бузурги даврони истиқлол мебошад. Ҳукумати мамлакат барои расидан ба ин мақсад аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ, тамоми захираву имконҳоро сафарбар кард, корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, даҳҳо лоиҳаи сармоягузориро татбиқ намуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд. Дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодаанд. Дар доираи он лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод ба маблағи 3,3 миллиард сомонӣ ва бунёди пули калонтарин дар мамлакат бо дарозии 920 метр ба маблағи 625 миллион сомонӣ дар водии Рашт амалӣ хоҳанд гашт. Дар кишвар беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар («Истиқлол», 23.03.2006); «Озодӣ» 2009, «Дӯстӣ», 2011 «Шаҳристон», 27.10.2012, «Хатлон», 2013 бунёд гардида, корҳо дар дигар лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ доир ба бунёди роҳҳо идома доранд. Лоиҳаҳои дар соҳаи роҳу нақлиёт амалигардида имкон фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар зарфи солҳои 2020 – 2021 бист зина боло рафта, тибқи арз-ёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлат зинаи панҷоҳумро ишғол намуд.

Дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин Тоҷикистон – Чин – Покистон истифода хоҳанд шуд. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақли молу маҳсулот, баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои нақлиётӣ ва аз бумбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо намудану ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, тасмим гирифтааст, ки барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд. Роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр), аз Варшез то гузаргоҳи Кулма – Қарасу (300 километр), Бохтар – Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус – Айвоҷ – сарҳадди Ҷумҳурии Ӯзбекистон (170 километр), Хуҷанд – Конибодом (57 километр), Хуҷанд – Ашт (122 километр) ва Балҷувон – Сари Хосор (58 километр) аз ҷумлаи ҳамин лоиҳаҳо мебошанд.

Ҳоло татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои Бекобод – Деҳмой, Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз ва Конибодом – Кучкак (52 километр) 635 миллион сомонӣ дар вилояти Суғд, Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара (69 километр) 672 миллион сомонӣ, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт (59 километр) 740 миллион сомонӣ дар вилояти Хатлон дар ҷараён аст. Ҳамзамон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳадди ноҳияи Рӯшон (93 километр) бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ, сохтмони ду пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунд ва Шохдара, 4,5 километр роҳ ва долонҳои зидди тарма (550 метр) ба маблағи 342 миллион сомонӣ идома дорад. Бунёди роҳҳои Гулистон – Кӯлоб (35 километр) 745 миллион сомонӣ, Данғара – Гулистон (49 километр) 1 миллиарду 314 миллион сомонӣ, Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ (137 километр – марҳалаи якум) 449 миллион сомонӣ ва марҳалаҳои боқимонда ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ дар давраи оғозшавӣ қарор дорад.

Дар солҳои 2018 – 2025 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар пойтахти мамлакат 82 километр роҳҳо ба маблағи 2 миллиарду 235 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шуданд. Танҳо дар соли 2023 дар пойтахти мамлакат 16 километр роҳҳои мошингард бо арзиши 700 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Тайи солҳои 2025 – 2027 дар шаҳри Душанбе 40 километр роҳҳои мошингард бо 7 эстакада бо арзиши умумии зиёда аз 3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Солҳои ахир сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза гирифта, танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ба маблағи зиёда аз 300 миллион сомонӣ қариб 1000 километр роҳҳои маҳаллӣ таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 41 пул ба анҷом расидааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо Тоҷикистон ба қаламрави воҳид табдил ёфта, робитаи заминии байни ҳамаи минтақаҳои он дар чор фасли сол таъмин гардид.

Яке аз самтҳои муҳимми рушди стратегии кишвар ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии инфрасохторӣ мебошад. Бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ниёзҳои дохилӣ, корҳои сохтмонӣ ҳамчун рукни асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат арзёбӣ мегарданд. Сохтмони мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ ва манзилҳои истиқоматӣ ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат намуда, шароити рушди кадрҳои миллӣ ва коҳиши муҳоҷирати меҳнатиро фароҳам овардааст. Аз нигоҳи сиёсӣ, он нишондиҳандаи суботи давлатӣ ва фаъолияти самараноки ҳукумат ба шумор меравад. Бинобар ин, танҳо соли 2021 дар ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 12,2 миллиард сомонӣ корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ иҷро гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2020-ум 20 дарсад зиёд буд. Дар натиҷа ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ хазинаҳои асосӣ ба кор андохта, 1,2 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шуданд.

Сиёсати оқилонаи роҳбарияти олии мамлакат дар самти рушди инфрасохтори миллӣ имкон дод, ки Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Бо дарназардошти зарфиятҳои мавҷуда ва талаботи афзояндаи ҷомеа, густариши корҳои сохтмонӣ ва бунёди роҳҳо дар оянда низ аҳаммияти калидии стратегӣ хоҳад дошт.

Ҳамин тариқ, туфайли ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корномаи меҳнатии шаҳрвандонамон дар соҳаи саноат низ муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда шудаанд. Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои судманд аз соли 1997 на танҳо таназзули иқтисодиёт боздошта шуд, балки барои рушди мунтазам ва устувори он заминаи боэътимод фароҳам омада, афзоиши тадриҷии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ таъмин гардид.

Реклама