Яке аз самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқи ҷумҳурӣ соҳаи чорводорӣ ба шумор рафта, колхозу совхозҳои чорводори кишвар баҳри баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, асосан, дар се самт фаъолияти мебурданд: якум, афзун гардонидани саршумори чорво; дуюм, беҳтар намудани зоти он; сеюм, зиёд намудани миқдори истеҳсоли гӯшт, шир, пӯст ва пашм.
Дар давраи омӯхташаванда инкишофи соҳаи чорводорӣ дар асоси тарзи дурусти идоракунӣ ва татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот пеш бурда шуда, туфайли он комплексҳои махсусгардонидашудаи агросаноатӣ, корхонаҳои парвариши чорво, хоҷагиҳои зотпарварӣ, иттиҳодияҳои ҷумҳуриявии иммуногенетикӣ ташкил меёфтанд. Комплексу иттиҳодияҳои агросаноатӣ ба афзоиши истеҳсоли хӯрокворӣ, мустаҳкам намудани иқтисодиёти деҳот мусоидат мекарданд. Дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри ХХ дар ҷумҳурӣ 11 завод, 18 хоҷагии зотпарварӣ, 70 комплекси калони махсусгардонидашудаи чорвои ширдеҳ, 40 корхонаи говпарварӣ, чор комплекси агросаноатии вилоятӣ ва 43 комплекси ноҳиявӣ фаъолият мекарданд, ки барои афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ва беҳтар намудани зоти чорво ёрии амалӣ менамуданд. Дар натиҷа сол аз сол саршумори чорво зиёд мегардид. Чунончи, агар соли 1950 дар кишвар 575 ҳазор сар чорвои калони шохдор, 1530,9 ҳазор гӯсфанд ва 1005 ҳазор буз парвариш меёфт, пас соли 1988 шумораи онҳо мутаносибан чорвои калони шохдор ба 1358,2 ҳазор сар, гӯсфанд ба 2479,2 ҳазор сар, буз ба 778,3 сар расида буд.
Дар тараққиёти соҳаи чорводорӣ ба масъалаи тайёр кардани мутахассисони баландихтисос; механиконии раванди истеҳсолии соҳа аҳаммияти хосса дода шуда, ба васеъ паҳн кардани таҷрибаи чорводорони пешқадам таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешуд. Яке аз шаклҳои самараноки омӯзиш ва табодули таҷрибаи пешқадам инъикос ва тарғиби он дар саҳифаҳои васоити ахбори омма ба шумор мерафт. Чунончи, дар радио ва телевизиони тоҷик барномаҳои махсус ба масъалаи мазкур бахшида шуда буданд. Дар саҳифаҳои рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ «Тоҷикистони Советӣ», «Коммунист Таджикистана» зери сарлавҳаҳои «Таҷрибаи чорводорони пешқадам ба ҳамаи фермаҳо!», «Ба комплекси агросаноатӣ – саҳми ҷавонон!» пайваста таблиғи таҷрибаи пешқадами чорводорони номии кишвар бурда мешуд.
Дар қатори муваффақиятҳои бадастоварда дар соҳа камбудиҳо низ мавҷуд буданд: чорводории шахсӣ ва ҷамъиятии аксари хоҷагиҳо бо суръати хеле суст тараққӣ карда, бесамар ва аз ҷиҳати иқтисодӣ зараровар ба ҳисоб мерафтанд; роҳбарони баъзе ноҳияҳо доир ба иҷрои нақшаҳои истеҳсоли гӯшт, шир, пашм, пӯст ҳисоботҳои бардурӯғ медоданд.
Дар тули солҳои 50 – 80-ум ба пешрафти соҳаи кирмакпарварӣ низ диққат махсус дода шуда, туфайли шинонидан, нигоҳубину парвариши ниҳолҳои тут соҳа инкишоф меёфт. Бо мақсади ба соҳа рушди устувор бахшидан тайи солҳои 50-70-ум дар Тоҷикистон зиёда аз 35 миллион адад ниҳоли тут сабзонида шуда буданд. Дар натиҷа, истеҳсоли пила афзуда, аз 2121 тоннаи ибтидоии солҳои 60-ум ба 4464 тоннаи миёнаи солҳои 80ум расонида шуд.
Ҳамин тавр, чорводорӣ чун яке аз соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқ аҳолии кишварро бо маҳсулоти пурқимати хӯрокворӣ (гӯшт, шир, равғани ҳайвонот), соҳаи кишоварзиро бо нуриҳои пурқимат (пору), саноатро бо ашёи хом (пашм, чарм, пӯст) таъмин менамуд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
Мавзуъҳо барои навиштани реферат:
Реклама