2. МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мақоми олии намояндагӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ буда, ба муддати 5 сол интихоб мегардад. Маҷлиси Олӣ қонун қабул мекунад, буҷети давлатиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, сиёсати дохилӣ, берунӣ ва муҳлати раъйпурсиро муайян мекунад. Ҳоло Маҷлиси Олӣ аз ду палата: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Қарор роҷеъ ба таъсиси Парламенти дупалатагӣ дар раъйпурсии моҳи сентябри соли 1999 қабул шудааст. Бори аввал чунин интихобот моҳҳои феврал ва марти соли 2000 баргузор шуда буданд.

Тибқи моддаи 56-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллӣ чунин салоҳият дорад:

  • таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзию маъмурӣ ва тағйири онҳо;
  • интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ,

Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;

  • ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон васудяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
  • ризоят барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ вамуовинони ӯ;
  • амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо муаян кардаанд.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ба яке аз рукнҳои боэътимоди мақоми қонунгузории мамлакатамон табдил ёфта, танҳо дар байни солҳои 2000 – 2025-ум чандин қонунҳои муҳимро қабул намудааст. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тибби халқӣ», «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 нафар узв дорад.

Вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (даъвати шашум) Рустами Эмомалӣ ба уҳда дорад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 63 вакил иборат буда, доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Муҳлати ваколатҳои вакилон ва аъзоёни Парлумон 5 сол аст. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 25-солагӣ расидааст ва дорои маълумоти олӣ мебошад, метавонад вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад.

Мувофиқи моддаи 57-уми Конститутсия салоҳияти Маҷлиси намояндагон аз анҷоми корҳои зер иборат аст:

  • таъсиси Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва узви он бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо, дигар масъалаҳои муҳимми давлатию ҷамъиятӣ;
  • тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
  • ризоят ба додугирифти қарзи давлатӣ;
  • тасдиқ ё бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
  • таъини раъйпурсӣ;
  • таъсиси судҳо;
  • тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
  • тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
  • тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ;
  • муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;
  • муайян намудани маоши Президент;
  • амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон ва дигар санаду қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси намояндагон аз 9 кумита иборат мебошад: Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон; Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният; Кумита оид ба иқтисод ва молия; Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин; Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот; Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон; Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ; Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ; Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия.

Маҷлиси намояндагон аз рӯйи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян накарда бошад, бо тарафдории аксари шумораи умумии вакилон қабул мегардад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода

Аз 27-уми марти соли 2000-ум то моҳи марти соли 2010-ум вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сайдулло Хайруллоев ба уҳда дошт. Аз 16-уми марти соли 2010 то моҳи марти соли 2020 Шукурҷон Зуҳуров вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро ба уҳда дошт. Аз 17 марти соли 2020 то моҳи марти соли 2025 вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҳмадтоҳир Зоир Зокирзода ба уҳда дошт. 19уми марти соли 2025 дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати ҳафтум) Файзалӣ Идизода Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Тибқи моддаи сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои зерин: Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ қабул шудаанд, ки хусусиятҳои хосси ҷумҳурии соҳибихтиёрро баён мекунанд. Муаллифи матни «Суруди миллӣ» шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ мебошад.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуну санадҳои қабулгардида дар мамлакат раванди амалигардии ислоҳоти сиёсӣ идома ёфт ва сохтори пештара барҳам хӯрда, сохтори нави сиёсӣ ба амал омад. Аз ҷумла сохтори ҳокимияти иҷроия тағйир ёфта, тарзи идоракунии президентӣ ҷорӣ гардида, ислоҳоти ҳокимияти қонунбарор ва судӣ гузаронида шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Дар айни замон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода мебошанд.

Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раисони Шурои Олӣ инҳо буданд: Қадриддин Аслонов (30.11.1990 – 23.09.1991), Раҳмон Набиев (23.09.1991 – 02.12.1991), Сафаралӣ Кенҷаев (02.12.1991 – 22.04.1992), Акбаршо Искандаров (11.08.1992 – 19.11.1992), Эмомалӣ Раҳмон (ноябри соли 1992 – апрели соли 1995), Сафаралӣ Раҷабов (апрели соли 1995 – марти соли 2000).

Ҳамин тавр, ислоҳоти сиёсӣ дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асоси Конститутсия, қонунҳои парлумон ва фармонҳои Президенти мамлакат сурат мегирад. Тағйироте, ки дар ҷомеа рӯй медиҳанд, сари вақт ба ҳисоб гирифта шуда, ба Конститутсия тағйиру иловаҳо дохил карда мешаванд. Дар ин бора натиҷаи раъйпурсиҳои умумихалқие, ки 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 гузаронида шуда буданд, шаҳодат медиҳанд. Айни замон мо дар кишвар иштирокчии раванди татбиқи ислоҳоти сиёсие мебошем, ки тавассути он мунтазам сохтори ҷомеаи шаҳрвандӣ такмил ёфта, низоми миллии давлатдорӣ поягузорӣ мешавад. Дар Тоҷикистон имрӯз адолат, озодию истиқлол, баробарҳуқуқии тамоми афроди башар риоя гардида, шаҳрвандон, сарфи назар аз маҳаллу миллаташон, ба сохтори сиёсии давлатдорӣ шомил мебошанд ва ин тамоюл пояҳои ваҳдату ягонагиро дар ҷумҳурӣ мустаҳкам менамояд.

Реклама