Тоҷикистони соҳибистиқлол дар баробари робитаҳои иқтисодӣ муносибатҳои фарҳангии худро бо мамлакатҳои гуногун низ сол ба сол густариш медиҳад. Ин робитаҳо бо кишварҳои дуру наздики ҷаҳон дар самтҳои зерин: тайёр кардани мутахассисони баландихтисос аз байни ҷавонон; гузаронидани ҷашнвораҳо ва ҳафтаҳои фарҳанг, рӯзҳои адабиёту санъат, фестивалҳо; ташкил ва ширкат дар конфронсҳо, симпозиумҳои байналмилалӣ амалӣ гардонида мешаванд.
Олимону нависандагони тоҷик бо бисёр марказҳои илмию фарҳангии Аврупо, Осиё ва қитъаи Амрико робитаҳои наздик доранд. Асарҳои онҳо бо чандин забонҳои хориҷӣ нашр гардида, шуҳрати илм ва адабиёти тоҷикро боз ҳам баландтар мегардонанд.
Дар густариши ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ саҳми ҷашнвораҳо, ки дар ҷаҳорчӯбаи он самтҳои самараноки ҳамкориҳои соҳавӣ дарёфт мегарданд, назаррас мебошад. Чунин чорабиниҳо дар ҷумҳурӣ ҳам ташкил карда мешаванд. Масалан, соли 2006 дар ҷашни Бузургдошти тамаддуни ориёӣ аз тамоми гӯшаю канори дунё ходимони давлатӣ, олимон ва намояндагони фарҳанг иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби соҳаҳои илму фарҳанг табодули назар карданд.
Дар пешрафти илму фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои хориҷӣ саҳм мегузоранд. Чунончи, Ҷумҳурии Исломии Эрон барои муассисаҳои таҳсилоти ҷумҳурӣ китобҳои дарсӣ ва осори чандин шоиру нависандаро чоп кардааст. Асарҳои зиёди адибону олимони тоҷик бо хатти ниёгон дар ин кишвар нашр гардиданд. Инчунин, дар ИМА китобҳои илмии олимони тоҷик чоп шуда, дар назди музейи Метрополи НюЙорк намоиши «Тоҷикистони қадима» ташкил гардид. Китоби олимони тоҷик Ю. Нуралиев ва С. Нодирӣ «Табобат бо усули Ибни Сино» ду маротиба дар Булғористон нашр шуд.
Яке аз падидаҳои мусбати даврони соҳибистиқлолӣ гузаронидани рӯзҳои санъату адабиёти Тоҷикистон дар Русия, Франсия, Олмон, Лаҳистон, Ӯзбекистон буда, он ба шакли анъана даромадааст. Тайи 20 соли охир аз мамлакатҳои дуру наздик ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зуд-зуд дастаҳои ҳунарӣ ташриф меоваранд. Дар кишвар баромади дастаи ҳунарии Юлдуз Усмонова (Ӯзбекистон), гурӯҳи «Жасмин», Е. Петросян (Русия), ҳунарпешагони Ҷумҳурии Қирғизистон бомуваффақият гузаронида шуданд. Ҳунарпешагони касбӣ ва фолклорию мардумшиносии Тоҷикистон низ санъати волои худро дар кишварҳои ҷаҳон намоиш додаанд. Театри русии ба номи В. Маяковский дар фестивали театрҳои драмавии русии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва соҳили баҳри Балтик иштирок намуда, бомуваффақият ҳунарнамоӣ кард.
Соли 2005 санъаткорони ҷумҳурӣ дар Русия, Ҷопон ва дар Париж ба муносибати Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ҳунарнамоӣ карда, ҳамаро мафтун гардониданд. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тасмим гирифтааст мунтазам дар чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ иштирок намуда, саҳми арзандаи худро барои боз ҳам мустаҳкам шудани дӯстии байни халқҳо ва пойдории сулҳ дар рӯйи замин гузорад.
Моҳи октябри соли 2005 Дабири кулли ЮНЕСКО Коитиро Матсуура барои саҳми босазо гузоштан дар рушди муносибати фарҳангӣ, ҳифзу гиромидошти ёдгориҳои таърихӣ ва мавқеи дурбинонаи фарҳангпарварӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо медали тило сарфароз гардонид.
Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш дорад, ки саҳми арзандаи худро, дар пешрафти фарҳанги байналмилалӣ гузорад. 23 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси наҷиби ҳукуматҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қирғизистонро дастгирӣ намуда, 21 мартро Рӯзи ҷашни байналмилалии Наврӯз эълон намуд.
Ҳамин тариқ, дар чоряки аввали асри ХХ1 робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷи дуру наз-дик пайваста мустаҳкам гардида, дар чаҳорчӯбаи он масъалаҳои мубрами илму маориф, адабиёту санъат, фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ тадриҷан ҳалли худро ёфта истодаанд. Ташаббусҳои роҳбарияти мамлакат фарҳангу таърихи мардуми куҳанбунёди кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
Реклама