Пас аз ба охир расидани ҷанг дар шароити нави осоишта вазифаҳои фарҳанг дар самти инкишофи соҳаҳои маорифи халқ, илм, адабиёт, санъат ва муассисаҳои фарҳангӣ муайян гардиданд. Мувофиқи талаботи замони осоишта бояд азнавсозии соҳаҳои мазкур гузаронида мешуд. Дар соҳаи маориф ба ҳалли масъалаҳои мубрами монанди аз сари нав ташкил кардани низоми таълиму тарбия; барқарор намудани шумораи мактабиён, ки солҳои ҷанг хеле кам шуда буданд; ба таҳсил фаро гирифтани насли наврас, бахусус, духтарон; барқарор кардани инфрасохтори соҳа: мустаҳкам гардонидани базаи моддӣ-техникии он, бунёди биноҳои нав ва таъмири биноҳои куҳнаи муассисаҳои таълимӣ; таъсис додани мактаб – интернатҳо; аз таълими ҳатмии миёнаи нопурра ба таълими ҳатмии миёнаи пурра гузаштан; таъмин намудани мактабҳо бо маводди таълимиву омӯзгорон, эҳёи нашри барномаву китобҳои дарсӣ диққат дода мешуд.
Аз ин рӯ, моҳи августи соли 1946 Пленуми XIX КМ ҲК (б) Тоҷикистон масъалаи «Дар бораи чораҳои беҳтар намудани кори маорифи халқ»-ро муҳокима карда, роҳҳои барқарор намудан ва инкишоф додани таҳсилоти умумиро муайян сохт. Зери партави қарори мазкур самти мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии мактабҳо пеш гирифта шуд. Дар натиҷа, соли 1946 нишондиҳандаи ба таълимгоҳҳо ҷалб намудани насли наврас, таъмини онҳо ба ҷойи нишаст ва омӯзгорон ба дараҷаи тоҷангӣ расид. Солҳои 1949 – 1950-ум 602 бинои нави мактаб мавриди истифода қарор гирифта, миқдори умумии он ба 2769 адад расид, ки аз он 1854 ададашон мактаби ибтидоӣ, 807 ададашон мактаби ҳафтсола ва 108 ададашон мактаби миёна буданд. Шумораи талабагон низ афзуда, бештар аз 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Мутаассифона, дар академик қатори музаффариятҳо, дар танзими кори маориф камбудиҳои зерин ҷой доштанд: якум, таъмини мактабҳо бо китобҳои дарсӣ ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ набуд; дуюм, дараҷаи маълумотнокии омӯзгорон хеле паст буд (соли 1946 аз 13169 нафар омӯзгор 11 дарсад маълумоти олӣ ё олии нопурра, 45 дарсад маълумоти миёна доштанд).
Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо ва бо омӯзгорони баландихтисос таъмин кардани мактабҳои ҷумҳурӣ фаъолияти донишкадаҳои омӯзгории Сталинободу Ленинобод пурқувват карда шуд. Моҳи январи соли 1947 донишкадаи муаллимтайёркунии тоҷикии Самарқанд, ки хатмкунандагони он, асосан, ба Тоҷикистон фиристода мешуданд, низ фаъолияти худро аз сари нав оғоз намуд.
Дар солҳои азнавсозии баъдиҷангӣ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ нақши Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (соли 1948, аввалин ректор – таърихшинос З. Ш. Раҷабов), Донишгоҳҳои тиббӣ ва кишоварзии ҷумҳурӣ басо назаррас буд. Умуман, дар охири панҷсолаи чорум (соли 1950) дар ҷумҳурӣ 5 мактаби олӣ ва 32 техникум фаъолият доштанд, ки дар онҳо қариб 18 ҳазор нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд.
Ба мушкилоти иқтисодӣ нигоҳ накарда, баъди ба охир расидани ҷанг ба инкишофи илм диққати махсус дода шуд. Дар солҳои баъдиҷангӣ филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ фаъолияти худро инкишоф дод. Олимони кишвар дар якҷоягӣ ва бо кумаки амалии олимони ҷумҳуриҳои дигари Иттиҳоди Шуравӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ ва ҷомеашиносӣ саҳм гузоштанд. Ходимони илми мамлакат: С. Айнӣ, Б. Ғ. Ғафуров, А. М. Баҳоваддинов, А. Мирзоев, З. Ш. Раҷабов бо ҳамкории олимони рус М. С. Андреев, Е. Э. Бертелс, А. А. Семёнов, В. П. Красичков, С. Ф. Олденбург, Е. Н. Павловский, А. Ю. Якубовский ва дигарон дар мавзуъҳои муҳимми илмӣ як силсила таҳқиқоти худро ба итмом расонданд. Масалан, соли 1947 бори аввал дар шакли китоби алоҳида асари илмии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» нашр гардид.
Дар давраи азнавбарқароркунӣ соҳаи адабиёт низ рушд ёфта, фаъолияти пурсамари эҷодӣ ва таблиғотии шоирону нависандагон ба ҷалб намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба корҳои барқароркунии иқтисодиёти кишвар, мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо, тарбияи насли наврас равона гардид. Дар ин солҳо асарҳои зерин: «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ, «Парии бахт»-и А. Лоҳутӣ, «Қиссаи Ҳиндустон», «Ман аз Шарқи озод»-и М. Турсунзода, «Одамони ҷовид»-и Р. Ҷалил, «Шодӣ»-и Ҷ. Икромӣ, «Қишлоқи тиллоӣ»-и М. Миршакар ва дигар китобҳои зиёди бадеӣ нашр гардида, дар шуури шаҳрвандон ҳисси ватанпарвариву меҳнатдӯстиро афзун менамуданд, арзишҳои ахлоқӣ: ростқавлӣ, вафодорӣ, эҳтироми бузургсолонро талқин мекарданд ва дар боло рафтани сатҳи тафаккур, андешаву маънавиёт нақши назаррас мегузоштанд. Барои фаъолияти самаранок дар ҷодаи рушди соҳаи фарҳанги мамлакат соли 1950 намояндагони шинохтаи адабиёт С. Айнӣ, М. Турсунзода ва М. Миршакар сазовори Мукофоти давлатии ИҶШС гардиданд.
Пас аз ҷанг дар ҷумҳурӣ ба масъалаи эҳё ва инкишофи минбаъдаи соҳаи санъат диққати махсус дода мешуд. Санъаткорони кишвар бо фаъолияти мақсаднок ва серҷабҳаи худ дар байни шаҳрвандон завқи бадеӣ ва зебоипарастии мардумро баланд мегардониданд. Суруду оҳангҳои марғубу дилнишин шунавандагонро ба меҳру муҳаббати самимӣ, дӯстиву рафоқат, ростию садоқат ва меҳнати фидокорона даъват намуда, сатҳи огоҳиҳои иҷтимоиву фикрӣ, адабиву ҳунарӣ ва фарҳангии мардумро боло мебурданд.
Туфайли амалигардии Қарори КМ ҲК(б)-и Тоҷикистон «Тадбирҳо оид ба минбаъд рушд ёфтани санъати театрӣ ва мусиқии Тоҷикистон» репертуар (барнома)-и театрҳо ғанӣ ва пурмазмун гардида, дар саҳна бештар намоишномаҳои пурмуҳтаво ва дорои аҳаммияти таърихиву тарбиявӣ намоиш дода мешуданд. Бояд тазаккур дод, ки баъзе намоишномаҳои театрҳои кишвар барои нақши арзандаашон дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёту ахлоқ ва фарҳанги сиёсиву умумии шаҳрвандон, ғанигардонии олами тафаккуру тахайюли тамошобинон, омӯзиши мероси гузашта бо мукофотҳо қадршиносӣ гардонида шуданд. Масалан, барои маҳорат ва дараҷаи баланди касбӣ муаллиф (С. Баласанян) ва иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ (Ғ. Валаматзода, Л. Зоҳидова, М. Қобилов) дар балети «Лайлӣ ва Маҷнун», ки дар саҳнаи Театри опера ва балети ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шуда буд, соли 1947 ба Мукофоти давлатии ИҶШС мушарраф гардиданд.
Бидуни имкони маҳдуди маблағгузорӣ барои рушди муассисаҳои фарҳангиву маърифатӣ дар ду самт фаъолият бурда мешуд. Аввалан, аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, иттифоқҳои касаба ва бевосита бо маблағгузории колхозу совхозҳо инфрасохтори муассисаҳои фарҳангиву маърифатӣ барқарор ва азнавсозӣ карда мешуд. Биноҳои нави клубҳо, кинотеатрҳо, китобхонаҳо ва боғҳои истироҳатие, ки солҳои ҷанг аз кор монда буданд, сохта, сохтмонҳои куҳна таъмир ва ба кор омода мешуданд. Танҳо бо маблағи колхозчиён 465 клуб ва 366 чойхонақироатхона сохта шуданд. Дар натиҷа, охири соли 1950 дар ҷумҳурӣ 971 хонаи фарҳанг ва клуб, 1337 чойхона-қироатхона ва 4 осорхонаи таъриху кишваршиносӣ амал мекарданд. Баъдан, мақоми муассисаҳои фарҳангиву маърифатӣ дар ташаккули фарҳанги умумиву сиёсӣ ва тарбияи гуногунҷабҳаи шаҳрвандон афзун гардонида мешуд.
Ҳамин тариқ, дар шароити осоишта барои беҳтару устувортар шудани мавқеи илму фарҳанги ҷумҳурӣ вазифаҳои зерин амалӣ гардиданд: якум, азнавсозии маориф ва илм гузаронида шуд; базаи моддиву техникии соҳаҳо пурқувват ва шумораи мактабҳо, омӯзгорону талабаҳо зиёд гардид; фаъолияти илмии муҳаққиқон сол аз сол афзуда, соҳаҳаи гуногуни илми ватанӣ рушд меёфт; дуюм, адабиёт ва санъат дар боло рафтани сатҳи тафаккур, андешаву маънавиёт, зебоипарастӣ, меҳнатдӯстиву ватанпарварии шаҳрвандон таъсири мусбат мегузоштанд; сеюм, фаъолияти муассисаҳои фарҳангиву маърифатӣ ҷоннок гардида, дар инкишофи фарҳанги ҷумҳурӣ хидмати шоиста намуданд.
Реклама