Дар Тоҷикистон шароити мусоид барои мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат, эҳё намудани алоқаҳо ва рушди равобит бо тоҷикон ва собиқ тоҷикистониёни муқими кишварҳои хориҷ муҳайё гардидааст. Дар ин замина дар мамлакат созмонҳои сершумори ҷамъиятӣ ташкил гардида, фаъолияти пурсамари худро амалӣ менамоянд. Дар ин самт созмонҳои «Ҷунбиши миллии Тоҷикистон» (9-уми ноябри соли 1996), «Ҷамъияти русҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1-уми октябри соли 1991), «Ҷамъияти ӯзбекҳои Тоҷикистон» (30-юми марти соли 1991), «Маркази ҷамъиятӣ фарҳангии тотору бошқирдҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дӯстлик» (16-уми майи соли 1992)», «Ҷамъияти фарҳангӣ-маърифатии гурҷиҳо – «Сатвистимо Иберия» (26уми майи соли 1997), «Ҷамъияти туркманҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (24-уми майи соли 1994), «Ҷамъияти арманҳои Тоҷикистон бо номи Месроп Маштотс (9-уми декабри соли 1989), «Ассотсиатсияи уйғурҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (16-уми майи соли 1992), «Ҷамъияти қирғизҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (26-уми июни соли 1997) саҳм мегузоранд. Созмонҳои мазкур на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ чорабиниҳои фарҳангӣ мегузаронанд, балки бо собиқ шаҳрвандонамон, ки ҳоло дар кишварҳои хориҷӣ иқомат мекунанд, пайваста дар робита буда, онҳоро аз комёбиҳову тағйироти назарраси ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти дохилии кишварамон огоҳ менамоянд.
Дар ҷумҳуриамон, инчунин, Ҷамъиятҳои дӯстии Тоҷикистон бо Олмон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон амал менамоянд. Ҷамъиятҳо дар фаъолияти худ бештар чунин шаклҳои самараноки мустаҳкамкунии робитаи байни тоҷикони муқими кишварҳои гуногун ба монанди гузаронидани конфронсҳои илмӣ, шабнишиниҳои фарҳангӣ, намоишҳои асарҳои рассомон, вохӯрӣ ва баромади дастаҳои ҳунарии кишварҳои хориҷиро васеъ истифода менамоянд. Фаъолони ин ҷамъиятҳо дар чорабиниҳои фарҳангии мамлакатҳои хориҷӣ низ иштирок мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар кишварҳои хориҷӣ низ Ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ амал карда, дар омӯхтан ва тарғиби фарҳанги қадим ва муосири тоҷикону форсизабонон хидмати босазо менамоянд. Чунончи, дар шаҳри Париж Анҷумани байналмилалии Рӯдакӣ таъсис дода шудааст, ки вай дар интишори фарҳанг, масъалаҳои муҳимми таърих, назарияи тамаддуни мардуми форсизабон ва умуман, дӯстии мардуми ориёӣ саҳми муносиб мегузорад.
Бо мақсади барқарор намудани робитаҳои доимӣ ва самаранок бо тоҷикони бурунмарзӣ (берун аз ҷумҳурӣ зиёда аз 30 миллион ҳамватан зиндагӣ мекунанд) Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» чун созмони ғайридавлатии байналмилалӣ фаъолият мекунад, ки сарварии онро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад. Анҷуман дар бунёди арзишҳо ва суннатҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон ва форсизабонон ба манзури густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона таъсис ёфтааст. Анҷумани «Пайванд» бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоид ва шароити муносиби ҳамкорӣ дар роҳи тавсеа ва рушди муносибати фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ робитаҳои ҳамаҷониба бо ҳамватанон ва ҳамзабонони бурунмарзиро таъмин менамояд ва таҳким мебахшад.
Яке аз корҳои наҷиби Анҷуман кӯшиши муайян намудани ҷойи сукунати тоҷикон ва дар ибтидои кор ташкили алоқаҳои амалӣ оид ба корҳои фарҳангӣ ва ривоҷи робитаҳои тиҷоратӣ мебошад. Баҳри амалӣ гардонидани ин мақсад Анҷуман фаъолони худро ба минтақа ва шаҳрҳое, ки дар он ҷо аз замонҳои қадим тоҷикон сукунат доранд, ба мисли Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва ноҳияҳои водии Фарғона фиристод. Сарфи назар аз душвориҳои объективӣ ва субъективӣ, оҳиста-оҳиста тадбирҳо натиҷаи дилхоҳ доданд. Дар амалӣ гардидани чунин барнома матбуоти даврии Анҷуман, ки бо номи «Пайванд» нашр мешавад, натиҷаи мусбат бахшид. Маҷалла бо забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва англисӣ нашр гардида, на танҳо дар дохили кишвар балки ба минтақаҳои бузурги тоҷикнишини кишварҳои хориҷ дастрас карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар пешрафти фаъолияти Анҷумани «Пайванд» ходимони он – М. Осимӣ, К. Айнӣ, А. Маниёзов, У. Холиқназар, З. Аҳрорӣ, Ю. Нуралиев ва дигарон хидмати босазо кардаанд. Танҳо дар солҳои 1993 – 1996 раёсати созмони байналмилалии тоҷикон – «Пайванд» тавонист зиёда аз 25 гурӯҳро, ки намояндагони илму фарҳанги форсизабонон буда, аз 20 мамлакати ҷаҳон 700 нафарро ташкил медоданд, қабул намоянд. Дар рафти ташкили мулоқот бо меҳмонон ба масъалаҳои мустаҳкам кардани дӯстию ҳамкорӣ, хусусан, дар соҳаи илму фарҳанг, қадамҳои амалӣ гузошта шуд.
Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол муносибат бо ҳамватанони бурунмарзӣ бештар рушду густариш меёбад.
Анҷумани «Пайванд» дар давоми фаъолияти худ тавонист ҳамкориашро бо ҷамъиятҳои тоҷикони Афғонистон, Эрон, Покистон, давлатҳои Осиё, Африқо барқарор намояд ва инкишоф диҳад. Дар ин бора фаъолияти Анҷуман оид ба тайёр кардан ва гузаронидани Форумҳои тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон шаҳодат медиҳад. Анҷумани «Пайванд», инчунин, саҳми арзандаи худро дар бозгардонидани шаҳрвандон – фирориён, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба кишварҳои хориҷӣ кӯч баста буданд, гузоштааст.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Анҷумани «Пайванд» тайёр кардан ва гузаронидани симпозиумҳои байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ мебошад. Тайи 20 соли охир Анҷуман симпозиумҳои бошукӯҳро ба муносибати 1100-солагии давлати Сомониён, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, 1400-солагии Борбади Марвазӣ ва ғайра, ки дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Русия баргузор гардиданд, омода сохта, бомуваффақият гузаронд.
Бо дастгирии ҳамватанон ва тоҷикону ҳамзабонони берунмарзӣ Анҷумани «Пайванд» чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ доир месозад. Аз ҷумла, бо забони тоҷикӣ-форсӣ китобҳои илмӣ-оммавӣ, бадеӣ, рӯзнома ва маҷалла чоп намуда, дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ риштаҳои дӯстиро боз ҳам мустаҳкам менамояд.
Фаъолияти самараноки Анҷумани «Пайванд» боз дар он ифода меёбад, ки тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон мунтазам дар ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзанд.
Ҳамин тавр, якум, туфайли ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои барқарор кардан ва рушд додани равобит бо тоҷиконе, ки берун аз марзи ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, шароити хуб муҳайё гардид; дуюм, дар муттаҳидсозии неруҳои солими дохилӣ ва хориҷӣ, афзудани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ саҳми Анҷумани «Пайванд» арзандааст.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
Мавзуъҳо барои навиштани реферат:
Реклама