2. МАҲКУМ ШУДАНИ ШАХСПАРАСТӢ ВА САРШАВИИ ҶАРАЁНИ ДЕМОКРАТИКУНОНИИ ҶОМЕА

Зарари шахспарастӣ ба ҷомеа. Солҳои ҷанг демократия дар ҷомеаи ИҶШС то як андоза маҳдуд шуда буд. Пас аз фароҳам гардидани вазъияти осоишта, зарурати аз сари нав барқарор намудани усулҳои демократӣ ба миён омад, вале дар мамлакат зуҳороти шахспарастӣ авҷ гирифт. Зеро музаффариятҳои дар рафти сохтмони асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ ба даст овардашуда ва хусусан, ғалабаи мамлакат дар Ҷанги бузурги ватанӣ обрӯ ва эътибори И. В. Сталинро боз ҳам баланд гардонид. Дастгоҳи идеологӣ бошад, барои рушди шахспарастӣ кумак мерасонид. Дар натиҷа тарзи идоракунии фармонфармоӣ-маъмурӣ ҷорӣ гардида, он ба афзоиши босуръати ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳуриҳо халал мерасонд.

Зарари шахспарастӣ ва тарзи идоракунии фармонфармоӣмаъмурӣ дар солҳои баъдиҷангӣ ба Тоҷикистон низ расида буд. Масалан: бо вуҷуди ин ки ҷумҳурӣ аз сарватҳои зеризаминӣ ғанӣ ва табиати он барои рушди кишоварзӣ мусоид бошад ҳам, то Анҷумани XX-уми ҲК ИШ маблағгузорӣ ва азхудкунии он қаноатбахш набуд; як қисми объектҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ сари вақт ба кор намедаромаданд; дар сохтмони манзилгоҳҳо, биноҳои маъмурии замонавӣ истифодаи нақшу нигори анъанавии миллӣ иҷозат дода намешуд.

Бинобар ин ниёз ба зудтар ба роҳ мондану риояи комили қонун ва меъёрҳои муайянгардидаи ҷомеаи шуравӣ, гузаштан ба тарзи идоракунии коллективонии мамлакат, васеъ гардидани ҳуқуқи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, барқарор намудани номи неки онҳое, ки ҷазои сиёсӣ диданд, пеш омад.

Оқибатҳои манфии шахспарастӣ дар ҷумҳурии мо низ ҳис карда мешуданд. Ҳанӯз дар солҳои 30 – 40-ум ва аввали солҳои 50-уми асри ХХ як қисми шаҳрвандони бегуноҳи Тоҷикистон ба ҷойҳои дурдасту ноободи Қазоқистон ва Сибир бадарға гардиданд. Бо рӯйхатти Кумитаи амнияти давлатӣ шахсони «хавфнок» аз мансаб дур ва ҳабс карда мешуданд. Дар ҷумҳурӣ ходимони намоёни давлатӣ, фаъолони ҳизбию ташкилоти ҷамъиятӣ, ба монанди Н. Махсум, А. Раҳимбоев, Ш. Шоҳтемур, Ч. Имомов, И. Исмоилов, С. К. Шадунс, У. Ашӯров, А. Т. Федин ва дигарон бар асари сиёсати мазкур бегуноҳ ҷазо гирифтанд. Ҳамчунин, дастнависҳои нодири қадимаи соҳаи адабиёт, санъати халқи тоҷик, сарчашмаҳои таърихӣ дар натиҷаи идеологияи шахспарастӣ нобуд карда шуданд.

Тадбирҳо доир ба бартараф намудани оқибатҳои шахспарастӣ. Анҷумани XX-уми ҲК ИШ (феврали соли 1956) масъалаи зарурати бартараф намудани парастиши шахсияти Сталин ва оқибатҳои онро муҳокима намуд. Бо мақсади ба шаҳрвандон фаҳмонда додани зуҳуроти шахспарастӣ Кумитаи Марказии ҲК ИШ 30-юми июни соли 1956 «Дар бораи бартараф кардани шахспарастӣ ва оқибатҳои он» қарор қабул кард. Дар ин санад сабабҳои бавуҷудоии шахспарастии Сталин таҳлил гардида, роҳҳои барҳам додани оқибатҳои он пешниҳод шуданд.

Маҳкум кардани шахспарастӣ ва амалӣ гардидани қарорҳо доир ба ин масъала дар ҷомеаи шуравӣ муҳити эҷодкориро фароҳам овард, ба кори ташкилоти сиёсию ҷамъиятӣ таҳким бахшид.

Барои барҳам додани оқибатҳои шахспарастӣ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон пас аз Анҷумани XX-уми ҲК ИШ бар зидди он қувваҳое, ки қонунҳои давлатиро вайрон карда, молу мулки ҷамъиятро тороҷ менамуданд ва ба бюрократизм роҳ дода, усулҳои роҳбарии дастаҷамъии ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятию сиёсиро вайрон мекарданд, мубориза бурд. Дар фаъолияти кумитаҳои ҳизбӣ усули роҳбарии дастаҷамъӣ устувор шудан гирифт, усулҳои идоракунии фармонфармоӣ – маъмуриятчигӣ барҳам дода мешуданд. Дар пленумҳои кумитаҳои ҳизбӣ масъалаҳои гуногуни кори ҳизбию сиёсӣ ва хоҷагӣ гузошта мешуданд. Ҳисоботдиҳии кумитаҳои ҳизбӣ дар назди коммунистони кишвар бештар гардида, робитаи ташкилоти ҳизбии ҷумҳурӣ бо табақаҳои васеи заҳматкашон мустаҳкам мешуд.

Дар Тоҷикистон барои барқарор кардани номи неки ходимони давлатӣ, ҳизбӣ, комсомолӣ, иттифоқҳои касаба, ки аксари онҳо ноҳақ маҳкум шуда буданд, кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода шуд. Комиссияҳои босалоҳият ҳуҷҷатҳои ходимони давлатӣ ва ҷамъиятиро, ки ҷазои сиёсӣ дида буданд, бодиққат омӯхта, таклифҳои худро доир ба сафед кардани онҳо пешниҳод намуданд. Дар натиҷа номи неки садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Исмоил Иброҳимов ва дигарон барқарор карда шуд.

Ҳамин тавр, дар солҳои 50-уми асри ХХ туфайли маҳкум гардидани зуҳуроти шахспарастӣ ва мубориза алайҳи тарзи идоракунии фармонфармоӣ-маъмурӣ дар мамлакат усулҳои демократӣ барқарор гардида, номи неки бар асари сиёсати шахспарастӣ ноҳақ маҳкумшудагон дубора барқарор гардид.

Реклама