1. ПЕШРАФТҲО ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРӢ

Дар солҳои 50 – 80-уми асри ХХ ба пешрафти яке аз самтҳои асосии ҳаёти фарҳангӣ соҳаи маориф диққати махсус дода мешуд. Барои рушди он сол ба сол бештар маблағ ҷудо мегардид. Чунончи, агар соли 1953 барои соҳа 456,2 миллион сӯм ҷудо карда шуда бошад, соли 1960 маблағгузорӣ 657,2 миллион сӯм ва соли 1989-ум 664,2 миллион сӯмро ташкил дод. Ба сохтмони биноҳои мактабӣ низ диққат дода мешуд. Мактабҳо аз ҳисоби буҷети давлат ва колхозҳо сохта мешуданд. Туфайли он тайи солҳои 1959–1985 дар ҷумҳурӣ 2382 мактаби таҳсилоти умумӣ ва мактаб-интернатҳо бунёд шуда, шумораи онҳо пайваста зиёд мегардид. Соли 1959 дар ҷумҳурӣ 2614 мактаб, соли 1970-ум 2780 ва соли 1980-ум беш аз 3200 амал мекарданд. Шумораи хонандагон низ сол то сол меафзуд. Соли таҳсили 1959 – 1960 дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 433,2 ҳазор хонанда, соли таҳсили 1965 – 1966 бошад, 721 ҳазор, соли 1985 – 1986 қариб 1,2 миллион толибилмон таҳсил мекарданд. Туфайли пайваста баланд гардонидани сифати раванди таълим аз соли 1961 то 1985 зиёда аз 1,5 ҳазор хонанда мактаби миёнаро бо медали тило ва нуқра хатм намуданд.

Дар солҳои 80-ум шумораи ҳамаи зинаҳои таҳсилот афзоиш ёфта, дар раванди таълиму тарбия низ тағйирот ба амал омад. Чунончи, соли таҳсили 1990 – 1991 дар ҷумҳурӣ 840 муассисаи томактабӣ, қариб 115 муассисаи беруназмактабӣ, бештар аз 3100 мактаби таҳсилоти умумӣ, 790 омӯзишгоҳи ҳунарҳои техникӣ, 42 мактаби миёнаи махсус, 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вуҷуд дошт. Дар муассисаҳои томактабӣ 158 ҳазор нафар тарбиягиранда, дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 1,2 миллион нафар хонанда, дар омӯзишгоҳу техникумҳо 15 ҳазор нафар хонанда ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бештар аз 58 ҳазор нафар донишҷӯ ба таҳсил машғул буданд.

Бо мақсади рушд додани соҳаи маорифи кишвар моҳи марти соли 1959 сессияи Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мустаҳкам намудани алоқаи мактаб бо ҳаёт ва инкишофи минбаъдаи маорифи халқ дар ҶШС Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки мувофиқи он таълими ҳатмии 8-сола ва 11-солаи политехникӣ ҷорӣ гардид. Низоми нави таҳсил бояд хонандагонро бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ ва робитаи мактабро ба ҳаёт ва меҳнат мустаҳкам намуда, мактаббачагонро ба рафти истеҳсолот ошно месохт.

Бояд тазаккур дод, ки туфайли амалӣ шудани муқаррароти қонун алоқаи талабагон бо истеҳсолот торафт мустаҳкам гардида, дар ҷумҳурӣ шумораи бригадаҳои истеҳсолии мактаббачагон меафзуд. Чунончи, агар соли таҳсили 1961 – 1962 шумораи онҳо 129-то бошад, пас соли таҳсили 1964 – 1965 ба 181-то расид. Барои кор ба онҳо 774 гектар замин ҷудо гардид, ки дар он пахта, ҷуворимакка ва дигар навъҳои зироат кошта мешуданд. Ин бригадаҳо саҳми арзандаи худро дар ғанӣ гардондани хирмани пахтаи ҷумҳурӣ низ гузоштанд.

Мувофиқи барномаи таълими политехникӣ машғулиятҳои амалии хонандагони мактабҳои миёна дар корхонаи саноатӣ, колхозу совхозҳо ва дигар муассисаҳо гузаронида мешуданд. Чунончи, соли таҳсили 1962 – 1963 чунин машғулиятҳо дар 147 корхонаи саноатӣ, 193 колхозу совхозҳо, 65 корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ гузаштанд. Дар Тоҷикистон 279 мактаб бо таълими истеҳсолӣ фаро гирифта шуда, мактаббачагони синфҳои IX – XI аз рӯйи зиёда аз 80 ихтисос, аз он ҷумла аз рӯйи 22 ихтисоси хоҷагии кишоварзӣ таҷрибаомӯзӣ мекарданд. Бидуни мушкилӣ ва камбудиҳои дар фаъолияти бригадаҳо ҷойдошта, онҳо дар тарбияи меҳнатии насли наврас нақши мусбат бозиданд: мактаббачагон дар ҳалли бисёр масъалаҳо, махсусан дар ташкили меҳнат ва дар иҷрои дигар корҳои истеҳсолӣ, мустақилияти комил нишон медоданд; бештари хонандагон ҳанӯз дар вақти таҳсил карданашон ихтисоси ояндаи худро муайян мекарданд. Умуман, ҷорӣ намудани таълими меҳнатию политехникӣ дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонони ҷумҳурӣ аҳаммияти калони тарбиявию ахлоқӣ ва меҳнатӣ дошт.

Таҳсили политехникии соли таҳсили 1959 – 1960 дар ҷумҳурӣ ҷоригардида, дар баробари муваффақиятҳо камбудиҳо низ дошт: неруи хонандагони мактабҳо ба назар гирифта намешуд; баъзан кор бе нақша сурат мегирифт; баъзе омӯзгорон саводи кофии техникӣ надоштанд, техникаи пешқадами истеҳсолотро таълим дода наметавонистанд; муассисаҳои саноатӣ ва колхозҳо ба меҳнати хонандагон аҳаммият намедоданд. Бинобар ин аз соли таҳсили 1964 – 1965 мактабҳо аз нав ба таълими 10-сола гузаштанд.

Тайи солҳои 50-уми асри ХХ дар мактабҳои ҷумҳурӣ омӯзгорони ихтисоснок 96,8 ҳазор нафарро ташкил диҳанд ҳам, вале шумораи онҳо ҳанӯз ҳам нокифоя буд. Аз ин сабаб, солҳои 1951 – 1955 шуъбаҳои Донишкадаи омӯзгории ш. Душанбе дар ш. Қурғонтеппа ва ш. Кӯлоб кушода шуданд. Соли 1953 бошад, дар ш. Душанбе Донишкадаи омӯзгории занона фаъолияти худро оғоз намуд, ки он соли 1957 бо Донишкадаи омӯзгории пойтахт муттаҳид гашт.

Инчунин дар баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорон мактабҳои таҷрибаи пешқадам саҳми босазо гузоштанд. Танҳо соли таҳсили 1964 – 1965 шумораи онҳо ба 341-то расид. Солҳои 50-ум дар ҷумҳурӣ се донишкадаи омӯзгорӣ, донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорон амал мекарданд. Сол аз сол шумораи мактабҳои олии ҷумҳурӣ меафзуд. Чунончи, агар соли 1970 дар кишвар 7 мактаби олӣ бо 44,5 ҳазор донишҷӯ мавҷуд бошанд, соли 1990-ум 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо бештар аз 58 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият доштанд. Тайи солҳои 50 – 80ум Донишкадаи политехникӣ (ҳоло Донишгоҳи техникӣ) (соли 1956), Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (соли 1962), Донишкадаи давлати тарбияи ҷисмонӣ (соли 1971), Донишкадаи давлатии санъат (соли 1973) ва Донишкадаи давлатии омӯзгории забон ва адабиёти рус (Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода) (соли 1980), бунёд гардиданд. Дараҷаи илмии омӯзгорони мактабҳои олӣ низ сол то сол баланд мешуд. Чунончи, соли 1971 дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ қариб 3 ҳазор нафар омӯзгор фаъолият менамуданд, ки 90 нафари онҳо доктори илм, профессор ва 911 нафарашон номзадҳои илм, дотсент буданд. Соли 1980 шумораи умумии омӯзгорони мактабҳои олии ҷумҳурӣ ба 4402 нафар, аз ҷумла 104 нафар доктори илм, профессор, 1370 нафар номзади илм, дотсент расид. Дар байни онҳо профессорон: М. Нарзиқулов, З. Ш. Раҷабов, Ш. Ҳусейнзода, Ю. Исҳоқӣ, М. Эркаев, С. Юсуфова, Д. Тоҷиев, В. Асрорӣ ва дигарон буданд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доштанд.

Бо мақсади таъмини сифати таълим, тайи солҳои 50 – 80-ум ба таҳияи нақшаҳои нави таълимӣ ва барномаҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ диққат дода шуда, дар онҳо талаботи пешрафти илму техника ва самтҳои самараноки таълими амалии хонандагон инъикос гардида буданд. Туфайли ин дар давоми солҳои 1959 – 1963 тамоми мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз рӯйи нақша ва барномаи нави таълимӣ машғулият мегузарониданд. Бо тақозои замон дар мундариҷаи таълиму тарбия тағйирот ворид гардида, дар раванди таълими фанҳо ба паҳлуҳои иикишофи хонандагон аҳаммияти бештар дода мешуд; омӯзгорон ба корҳои эҷодию мустақилонаи хонандагон диққат дода, аз воситаҳои техникӣ (радио, кино) васеъ истифода мебурданд.

Дар солҳои 80-ум барои қонеъ намудани масъалаҳои мушкилу ҳалталаби соҳаи маориф зарурати гузаронидани ислоҳоти мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ пеш омад. Бо ин мақсад Пленуми Кумитаи Марказии ҲК ИШ «Дар бораи самтҳои асосии ислоҳоти мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ» (1984) қарор қабул кард, ки он аз 8 қисми алоҳида иборат буда, ҳар яке дар бораи тарафҳои муҳимми баланд бардоштани кори соҳаи маориф дар ИҶШС равон шуда буд. Дар асоси ислоҳоти мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар мундариҷа, нақшаю барномаҳои таълимӣ тағйирот ворид гардид. Дар нақшаҳои таълиме, ки соли таҳсили 1986 – 1987 ҷорӣ шуд, соатҳои зиёд барои омӯзиши фанҳои ҷомеашиносӣ, тарбияи меҳнатӣ, меҳнати ҷамъиятию истеҳсолӣ ва тайёр намудани хонандагони синфҳои болоӣ ба касбҳои гуногун ҷудо гардида буд.

Ба мушкилиҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва камбудиҳои базаи моддӣ-техникӣ нигоҳ накарда, хонандагон ва донишҷӯён бо ёрии устодон асосҳои таълимро азхуд мекарданд. Барои меҳнати душвору пурсамари худ ҳазорҳо омӯзгор сазовори ордену медалҳо ва унвонҳои фахрӣ мегардиданд. Аз ҷумла 3859 нафар омӯзгор бо ордену медалҳои ИҶШС, бештар аз 3500 нафар омӯзгор бо унвони «Аълочии маорифи халқ» ва 350 нафари онҳо бо номи фахрии «Муаллими хидматнишондодаи мактабҳои ҶШС Тоҷикистон» сарфароз гардиданд. Соли 1968 омӯзгори мактаби миёнаи №53-и ш. Душанбе Муҳаббат Маҳмудова ва директори мактаби ба номи В. Чапаеви ноҳияи Конибодом Ҳабиба Каримова сазовори унвони баланди «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» гаштанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 50 – 80-ум дар соҳаи илм низ муваффақиятҳои калон ба даст овард. Алалхусус, бо таъсис ёфтани Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (14.04.1951) корҳои илмию таҳқиқотӣ дар пажӯҳишгоҳҳо ва донишкадаҳои олӣ ривоҷ ёфтанд. Бояд тазаккур дод, ки дар таъсиси Академия Қаҳрамони Тоҷикистон Б. Ғафуров ва аввалин Президенти он – Қаҳрамони Тоҷикистон С. Айнӣ хидматҳои босазо кардаанд. Академик Бобоҷон Ғафуров на танҳо ташкилотчии илм дар кишвар буд, балки худ зиёда аз 400 асару мақолаи илмӣ доир ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумиҷаҳонӣ таҳия намудааст ва ба ташаккули мактабҳои таърихнигорону шарқшиносон асос гузоштааст.

Дар нимаи дуюми асри XX Академияи илмҳои Тоҷикистон туфайли заҳматҳои тулонӣ ва мақсадноки олимони машҳур, аз қабили таърихшиносон Б. Ғафуров, А. Семёнов, А. Якубовский, З. Раҷабов, Б. Искандаров; шарқшиносон С. Айнӣ, Е. Бертелс, А. Мирзоев; файласуфон А. Баҳоваддинов, М. Осимӣ; зоолог ва паразитолог Е. Павловский; хокшинос И. Антипов-Каратаев; селексионерҳо В. Красичков, Б. Сангинов; астроном П. Бобоҷонов; ҳуқуқшинос С. Раҷабов; геологҳо С. Юсупова, Б. Баротов; физикҳо С. Умаров, А. Адҳамов; математик А. Ҷӯраев; зилзиласанҷ С. Неъматуллоев; табибон К. Тоҷиев, Ҳ. Мансуров, Ю. Исоқӣ, М. Ғуломов ва дигарон ба маркази таҳқиқотии соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ табдил ёфта, муҳаққиқони кишвар бо асарҳои бунёдиву мактабҳои бузурги илмии худ дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ном бароварда буданд. Дастоварди калони олимони ҷумҳурӣ таҳия ва нашри асарҳои бунёдии илмиву таҳқиқотӣ, амсоли асари машҳури Б. Ғафуров «Тоҷикон» (соли 1972), асари бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» (3 ҷилд, 5 китоб), «Таърихи адабиёти советии тоҷик» (6 ҷилд), «Куллиёти фолклори тоҷик» (35 ҷилд), «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (2 ҷилд) дастраси хонандагони сершумор гардид. Туфайли таҳқиқоти илмии олими тоҷик Р. Баротов ҷадвали даврии элементҳои Менделеевро боз як кристалли химиявӣ пурра кард.

Нимаи дуюми асри ХХ дар ҷумҳурӣ ба тайёр кардани кормандони илмӣ диққат дода мешуд. Чунончи, соли 1960 дар кишвар 2154 корманди илм бошад, пас соли 1985 шумораи онҳо ба 8452 нафар расид. Хусусан шумораи докторон ва номзадҳои илм афзуд. Агар аввали солҳои 60-ум дар ҷумҳурӣ 33 доктор ва 433 номзади илм бошад, дар солҳои 80-ум 229 нафар доктор ва 3074 номзади илм ба корҳои таҳқиқотӣ машғул буданд. Хусусан таъсиси ҷоизаҳои ҷумҳуриявии ба номи Абуалӣ ибни Сино (1.03.1967) ва Комсомоли Тоҷикистон (с. 1966) барои таҳқиқоти беҳтарини илмӣ, ҳавасмандии кормандони илмро бештар намуд.

Ҳамин тавр, дар солҳои 50 – 80-уми асри ХХ ислоҳоти мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ амалӣ гардида, мақомоти соҳаи маориф барои аз нав такмилдиҳию мустаҳкамкунии шабакаи мактабҳо ва ҷобаҷогузории қадрҳои омӯзгорӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонид. Дар мактабҳо таълиму тарбияи бачагон хуб ба роҳ монда шуда, омӯзгорони баландихтисос фаъолият мебурданд. Аксари муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шуда, биноҳои ҳозиразамон доштанд. Дар раванди таълим усул ва равишҳои гуногуни пешқадам истифода бурда шуда, хонандагон дониш, малакаю маҳорати заруриро аз бар намуда, онҳоро дар амал мустақилона ба кор мебурданд. Дар мактабҳо таълиму тарбия бо меҳнати ҷамъиятӣ ва бо фаъолияти гуногуни хонандагон пайваста ба роҳ монда шуда буд. Дар ҷумҳурӣ шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва донишҷӯёни он зиёд гардида, ба онҳо аксаран омӯзгорони унвондор дарс мегуфтанд.

Дар ташаккулу инкишофи илми тоҷик олимони машҳури таърихшинос, шарқшинос, файласуф, математик, зоолог, паразитолог, хокшинос ва дигар соҳаҳои илм саҳмгузорӣ намуданд. Дар ҷумҳурӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ китоб ва мақолаҳои муҳаққиқони Тоҷикистон чоп мегардиданд. Олимон мунтазам дар конфронс ва симпозиумҳои ҷумҳуриявию байналмилалии илмӣ аз рӯйи масъалаҳои мубрам ва баҳсталаб суханронӣ карда, натиҷаҳои таҳқиқоти илмияшонро муаррифӣ менамуданд.

Реклама