1. ВАЗЪИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА САҲМИ ИҶШС ДАР МУСТАҲКАМ КАРДАНИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН

Вазъи байналмилалӣ. Дар солҳои 50 – 80-ум вазъи байналхалқӣ мураккаб буд. Дар байни ду сохтори ҷаҳонӣ – сотсиалистӣ бо сарварии ИҶШС ва капиталистӣ бо роҳбарии ИМА мухолифат шиддат гирифта, хатари сар задани «ҷанги сард»-ро ба миён овард. Воқеаҳои Маҷористон (с. 1956), Куба (с. 1962), Чехословакия (с. 1968) дар вазъи байналмилалӣ хавфи авҷ гирифтани «ҷанг»-ро бештар карданд.

Халқҳои ҷаҳон, ки аз оқибатҳои даҳшатовари Ҷанги дуюми ҷаҳон бохабар буданд, такрор шудани ҷанги навро нахоста, фаъолияташонро барои пешгирии он равона мекарданд. Дар сафи пеши мубориза бар зидди ҷанги нави ҷаҳонӣ мамлакатҳои сотсиалистӣ, кишварҳои бетараф, ки ба аҳдномаҳои ҳарбӣ дохил намешуданд, ҳаракати байналмилалии коммунистӣ-коргарӣ, инчунин ташкилоти оммавии байналмилалӣ, федератсияҳои занон, ҷавонон, иттифоқҳои касаба меистоданд.

Дар нигоҳдории сулҳ ва роҳ надодан ба ҷанги нави ҷаҳонӣ Созмони Милали Муттаҳид нақши назаррас дошта, пайваста дар ин самт чораҳои мушаххас меандешид. Дар ин бора тадбирҳои зерини созмон шаҳодат медиҳанд: изҳорот дар бораи ба ҳамаи мустамликаҳо, халқҳо додани ҳуқуқи истиқлолияти миллӣ (соли 1960); Қарори иҷлосияи XVI Ассамблеяи Генералии СММ оид ба минтақаи бидуни силоҳи ҳастаӣ эълон шудани қитъаи Африқо (соли 1961); қабули Изҳорот дар хусуси манъи истифодаи силоҳи ҳастаӣ ва термоядроӣ; қабули Аҳднома оид ба манъи ҷойгиркунии силоҳи ҳастаӣ ва дигар навъҳои силоҳи қатли ом дар зери баҳру уқёнус (соли 1969).

Барои дар мувозинат нигоҳ доштани қувваҳои геополитикии ҷаҳон ва гирифтани пеши роҳи ҷанги нав бар хилофи Аҳдномаи Атлантики Шимолӣ (НАТО) Шартномаи Варшава (дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ) (14.05.1955-1.07.1991) ба имзо расид. Санади мазкур иттифоқи ҳарбии давлатҳои сотсиалистии Аврупо бо роҳбарии ИҶШС – Ташкилоти Шартномаи Варшаваро ба расмият дароварда, дуқутбӣ будани иқтидори ҷаҳонро ба муддати 36 сол муқаррар намуд. Он дар шаҳри Варшава тавассути ИҶШС, Лаҳистон, Булғория, Маҷористон, Олмони Демократӣ, Руминия, Чехословакия ва Албания ба имзо расида, вазифаашро таъмини амнияти мамлакатҳои узви ташкилот ва ҳифзи сулҳ дар Аврупо муайян намуд. Санаи 28-29-уми майи соли 1987 дар шаҳри Берлин маҷлиси Кумитаи сиёсии машваратии давлатҳои узви ташкилот барпо гардида, санад «Дар бораи доктринаи ҳарбии давлатҳои узви Шартномаи Варшава» ба имзо расид. Санади мазкур сиёсати сулҳдӯстонаи ҷаҳони сотсиалистиро бори дигар барои ҷаҳониён тасдиқ намуд.

Соли 1971 мамлакатҳои сотсиалистӣ дар доираи Шурои ёрии байниҳамдигарии иқтисодӣ (ШЁИ) Барномаи комплексии (мукаммалу умумӣ) ҳамгироии иқтисодиро барои 15-20 сол қабул намуданд. Ин барнома иқтидори иқтисодии мамлакатҳои сотсиалистиро пурқувват ва мавқеи ташкилоти давлатҳои Шартномаи Варшаваро дар нигоҳ доштани сулҳ дар Аврупо то як андоза мустаҳкам намуд.

ИҶШС ба сиёсати ҳамзистии осоиштаи мамлакатҳои сохти сиёсиашон гуногун такя карда, бо ташаббусҳои наҷиб баромад менамуд. Аз ҷумла, моҳи марти соли 1958 Шурои Олии ИҶШС оид ба манъи озмоиши силоҳи ҳастаӣ ва водородӣ қарор қабул намуда, соли 1960 шумораи сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС кам карда шуданд. Иттиҳоди Шуравӣ муносибатҳои байналмилалиро инкишоф дода, бо бисёр давлатҳо аҳднома имзо кард.

ИҶШС инчунин дар хомӯш намудани ҷангҳои маҳаллӣ саҳм мегузошт. Инро дар мисоли ҳуҷуми давлатҳои Британияи Кабир, Фаронса ва Исроил ба муқобили Миср (с. 1956), ҳуҷуми ИМА, Британияи Кабир ба Ироқ (с. 1958), ҳуҷуми ҳарбии Исроил ба муқобили Миср, Сурия ва Урдун (с. 1967) мушоҳида кардан мумкин буд.

Дар аввали солҳои 70-ум ИҶШС Барномаи сулҳро қабул намуд, ки татбиқи он муносибатҳои байни давлатҳои сотсиалистиро бо сармоядорӣ то як андоза муътадил гардонид. Барнома, хусусан, дар таъмини амнияти дастаҷамъӣ дар Аврупо, кам кардани базаҳои ҳарбии хориҷӣ, барҳам додани нуқтаҳои оташи ҷанг ва хотима додани моҷароҳои минтақавӣ хидмат кард.

Солҳои 50 – 60-ум дар рушди ҷамъиятии ҷаҳон масъалаи шикасти низоми мустамликадорӣ ҷойи махсусро ишғол мекард. Дар ин давра зиёда аз 70 мамлакат истиқлоли сиёсӣ ба даст дароварданд, вале дар аксари ин мамлакатҳои нав озодшуда ба ҷойи зулми мустамликавӣ боз шакли дигари вобастагӣ аз давлатҳои абарқудрати ҷаҳони сармоядорӣ ба вуҷуд омад. Чунки чанде аз мамлакатҳои Африқо ва Амрикои Лотинӣ қарзи худро дода натавонистанд ва сол то сол фоизи онҳо меафзуд.

Мамлакатҳои сотсиалистӣ усулҳои демократиро пеш гирифта, ба давлатҳои ҷавони озодшуда ёрии илмию техникӣ ва фарҳангии беғаразона мерасонданд. Танҳо бо кумаки ИҶШС дар кишварҳои мазкур 680 корхонаи саноатӣ ва дигар объектҳои сохтмонӣ қомат рост карданд. Дар натиҷаи чунин кумакҳо аксари ин давлатҳо ҳаёти иҷтимоию иқтисодии худро пурқувват намуданд.

Ҳамин тариқ, давлати Иттиҳоди Шуравӣ дар солҳои 50 – 80-уми асри ХХ сиёсати сулҳро пеш гирифта, барои тақвияти он чораҳо меҷуст: якум, дар миқёси байналмилалӣ барои кам кардани силоҳ, шумораи сарбозон, манъи озмоиши силоҳи ҳастаӣ муборизаи шадид мебурд ва дар мустаҳкам гардидани сулҳ дар рӯйи замин мусоидат мекард; дуюм, дар пешгирӣ намудани сиёсати «ҷанги сард», ки туфайли мусобиқаи таърихии ду сохтори бо ҳам зид ба миён омада буд ва ба беҳтар шудани вазъияти байналхалқӣ саҳмгузорӣ менамуд; сеюм, мамлакатҳои аз низоми мустамликавӣ озодшударо пуштбонӣ мекард. Дар натиҷа, сарфи назар аз ихтилофҳо, робитаҳои иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар байни мамлакатҳои сохти сиёсиашон гуногун сол то сол мустаҳкам мегардид.

Саҳми ҶШС Тоҷикистон дар таъмини сулҳ дар ҷаҳон. Тоҷикистон сиёсати хориҷии ИҶШС-ро дастгирӣ намуда, саҳми арзандаи худро дар таъмини сулҳ мегузошт. Робитаҳои байналмилалии ҷумҳурӣ дар мубодилаи ҳайатҳои намояндагӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва сайёҳӣ ифода меёфтанд.

Ҳайатҳои ҷамъиятии хориҷиро созмонҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ қабул мекарданд. Тоҷикистон, хусусан, бо гузаронидани моҳвора, ҳафтавора ва рӯзҳои ИҶШС дар мамлакатҳои хориҷӣ, ки дар мисоли ҷумҳурии алоҳидаи иттифоқӣ мегузаштанд, хубтар муаррифӣ мегардид. Чунончи соли 1976 рӯзҳои ИҶШС дар мисоли ҶШС Тоҷикистон дар Фаронса, соли 1977 дар Ироқ, соли 1980 дар Юнон, Италия, Тунис бомуваффақият гузаштанд.

Равобити байналмилалии иқтисодии Тоҷикистон низ ин солҳо дар шакли содироти маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, иштирок дар ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалии саноатӣ рушд меёфт. Тоҷикистон маҳсулоти хешро ба бештар аз 40 мамлакати хориҷӣ мефиристод. Мутаассифона, маблағи маҳсулоти баровардашуда бо пули хориҷӣ (валюта) ба хазинаи Иттифоқ мерафт ва Ҳукумати ҷумҳурӣ онро истифода бурда наметавонист.

Дар солҳои «ҷанги сард» истеҳсол ва озмоиши силоҳи ҳарбӣ, хусусан ҳастаӣ, мардуми ҷаҳонро ба изтироб овард. Сарфи назар аз низомҳои гуногуни сиёсӣ дар ҷаҳон, қувваҳои солиме пайдо гардиданд, ки кори сулҳро дар рӯйи замин таъмин намуданд. Дар сафи пеши ин гуна неруҳои сулҳпарвару сулҳофарини байналмилалӣ тамоми миллату халқиятҳои ИҶШС, аз ҷумла халқи тоҷик истода, баҳри яроқпартоии пурра пайваста мубориза мебурданд.

Тоҷикистон баҳри тантанаи сулҳ дар рӯйи замин тадбирҳои машаххас меандешид. Дар ҷумҳурӣ гузаронидани Рӯзи сулҳ анъана гардида, дар рафти он шаҳрвандон нуктаи назари қатъӣ иброз намуда, чунин талабот пешниҳод мекарданд: озмоиш ва истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ манъ шавад; ба ҷангҳои маҳаллӣ (локалӣ) хотима дода шавад; ба мустамликаҳои Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ озодӣ дода шавад.

Сол то сол нуфузи Тоҷикистон дар мустаҳкам намудани дӯстии байни халқҳои ҷаҳон меафзуд. Ҷумҳурӣ ба мардуми мусибатдида ёрии маънавӣ ва моддии худро мерасонид. Дар коллективҳои меҳнатӣ мунтазам маъракаи ҷамъоварии маблағ, либосҳои гуногун, хӯрокворӣ гузаронида мешуд.

Ҳамин тариқ, солҳои 50 – 80-уми асри гузашта Тоҷикистон, чун узви ҷудонашавандаи ИҶШС, тавонист саҳми худро дар таъмини сулҳ дар ҷаҳон ва амалӣ гардидани сиёсати ҳамзистии осоиштаи давлатҳои сохторашон гуногун гузорад.

Реклама