Зарурати қабули Конститутсияи нави мамлакат. Дар солҳои 50 – 80-уми асри ХХ сарфи назар аз мушкилӣ ва камбудиҳо дар мамлакат дигаргуниҳои зерин ба амал омаданд: ҳаёти ҷамъиятӣ демократӣ кунонида шуд; мавқеи ташкилоти оммавӣ-сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ муайян гардид; дар асоси Конститутсияи иттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ тарзи зиндагӣ, меҳнат ба роҳ монда, барои иҷро гардидани қонунияти сотсиалистӣ тадбирҳо андешида шуданд, иқтисодиёту фарҳанг рушд ёфтанд. Бо дарназардошти тағйироти куллии дар ҳаёти дохилӣ ва байналмилалии мамлакат баамаломада ва бо мақсади дуруст пеш бурдани сиёсати байналмилаливу дохилии мамлакат аз ҷониби Шурои Олии ИҶШС қонунҳои гуногун ва Конститутсияи нав (7.10.1977) қабул карда шуданд.
Ба Конститутсияи ИҶШС такя карда, тағйироту музаффариятҳои ҷумҳуриро ба назар гирифта, 14-уми апрели соли 1978 Иҷлосияи ҳаштуми ғайринавбатии Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон Конститутсияи нави ҷумҳуриро, ки аз 10 фасл, 19 боб ва 174 модда иборат буд, тасдиқ кард. Дар Конститутсия омадааст, ки ҶШС Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС ягонагии давлати Иттиҳоди Шуравиро таҷассум карда, тамоми миллат ва халқиятҳои ҷумҳуриро муттаҳид менамояд ва баҳри барпо кардани ҷомеаи нав саҳми худро мегузорад.
Афзудани мақоми шуроҳо ва дигар ташкилоти ҷамъиятию сиёсӣ. Дар натиҷаи татбиқи қарорҳои анҷуманҳои XX ва XXII-и ҲК ИШ, хусусан муқаррароти Барномаи сеюми Ҳизби коммунистӣ (с. 1961), мақоми Шуроҳои вакилони меҳнаткашон аз поён то ба боло тағйир ёфт. Дар фаъолияти шуроҳо дигаргуниҳои зерин ба амал омадаанд: такмили намояндагии халқ ва равандҳои интихобот; ҳисоботи шуроҳо ва вакилон дар назди интихобкунандагон; дар ҷаласаҳои шуроҳо ошкоро ва озодона муҳокима намудани тарзи идоракунии давлатӣ, сохтмони хоҷагӣ, фарҳанг; назорат ва натиҷаи амалӣ гаштани дархостҳои вакилон; баланд бардоштани мавқеи комиссияҳои доимии шуроҳо; васеъ гардидани ҳуқуқи шуроҳои маҳаллӣ.
Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки сол ба сол иштироки шаҳрвандон дар маъракаҳои интихобот меафзуд. Чунончи дар интихоботи Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон моҳи феврали соли 1980-ум 1.819.846 шаҳрванд иштирок намуданд, ки ин 99,99 дарсади интихобкунандагонро ташкил медод. Дар байни вакилони интихобшуда, аз ҷумла 26,4 дарсад коргарон, 24,4 дарсад колхозчиён, 35,2 дарсад занон ва 31,8 дарсад ҳизбиён буданд. Ҳайати вакилони Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати даҳум) то 57,9 дарсад нав гардид.
Сарфи назар аз муваффақиятҳо, дар фаъолияти шуроҳои Тоҷикистон камбудиҳо низ буданд. Як қисми шуроҳо ҳуқуқҳои худро пурра истифода набурда, ба корҳои истеҳсолию маишӣ таъсири лозимӣ намерасонданд.
Мувофиқи қарорҳои анҷуманҳои ХХII – ХХV-уми ҲК ИШ, хусусан Барномаи сеюми он, Ҳизби коммунистӣ ҳамчун ядрои сиёсии ҷамъият роҳбарии худро аз болои ташкилоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ пурзӯр намуда, дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии шаҳрвандон фаъолона ширкат меварзид. Дар фаъолияти ҳизб ба масъалаи ҷорӣ намудани услубҳои роҳбарии ленинӣ: риоя кардан ба принсипи коллективизм, аз нигоҳи синфӣ ба зуҳуроти ҷамъиятӣ баҳо додан, бо субъективизм мубориза бурдан, дар фаъолияти сиёсию ташкилотчигӣ ягонагии назария ва амалияро татбиқ намудан, ба Оиннома ва Барнома такя кардан, ташаббусу таҷрибаи оммаро ба ҳисоб гирифтан, таваҷҷуҳи махсус ба ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи мунтазами кадрҳо диққати махсус дода мешуд.
Дар Тоҷикистон сол ба сол шумораи ташкилоти ҳизбӣ меафзуд. Охири соли 1980 ҳайати Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аз чор кумитаи вилоятӣ, 14 кумитаи шаҳрӣ ва 35 кумитаи ҳизбии ноҳиявӣ иборат буд. Агар 1-уми январи соли 1976 дар Тоҷикистон 4371 ташкилоти ҳизбии ибтидоӣ бошанд, соли 1981 шумораи онҳо ба 4855 расид. Шумораи ҳизбиён низ сол аз сол меафзуд. Агар соли 1956 дар ҳайати Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 35124 узв бошанд, соли 1960 – 47920 нафар, соли 1970 – 84236 нафар ва соли 1980-ум 106167 нафар ҳизбиён буданд. Дар давраҳои гуногун ҳизб мунтазам аз ҳисоби занони пешқадам пурқувват мегардид. Чунончи соли 1961 дар ҳайати Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 9651 нафар занон буданд, ки 18,6 дарсади умумиро ташкил медоданд ва соли 1980 шумораи онҳо ба 23231 нафар (21,9 дарсад) расид. Таҳти сарварӣ ва фаъолияти бевоситаи ҳизб дар тарбияи шаҳрвандон, ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст омаданд.
Мутаассифона, дар фаъолияти Ҳизби коммунистӣ камбудиҳои ҷиддӣ вуҷуд доштанд: дар корҳои дохили ҳизбӣ ба маъмуриятчигӣ ва мавриди қабул ба сафи ҳизб ба шиносоӣ ва хешутаборӣ роҳ дода мешуд; назорат аз болои рафти иҷрои қарорҳои қабулшуда суст буд; ташкилоти роҳбарикунандаи ҳизбӣ баъзан вазифаҳои идораҳои хоҷагиро ба зиммаи худ гирифта, дар бораи иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ҳисоботи бардурӯғ медоданд.
Солҳои 50-80-ум Иттифоқҳои касаба яке аз созмонҳои сернуфузи Тоҷикистон буда, дар байни меҳнаткашон корҳои зиёди истеҳсолию тарбиявиро анҷом медоданд. Бо ташаббуси иттифоқҳои касаба дар корхонаҳои саноатӣ мусобиқа барои меҳнати коммунистӣ ва ҳаракати ихтироъкорону навоварон рушд меёфт. Онҳо ҳуқуқи коргаронро ҳимоя намуда, ба бехатарии раванди истеҳсолӣ назорат мекарданд. Танҳо соли 1986 назорати техникии иттифоқҳои касаба кори 40 сеху қитъаро тафтиш намуда, истифодаи 1200 дастгоҳу мошинаро барои хатарнок буданашон манъ кард. Ҳайати назорат барои хунукназарӣ ба кори техника пешниҳод намуд, ки ба 800 нафар мутасаддӣ ҷазо дода шавад.
Иттифоқҳои касаба мунтазам барои саломатии шаҳрвандон низ ғамхорӣ зоҳир менамуданд. Тайи солҳои 1976 – 1980 барои истироҳат ва табобати меҳнаткашон дар санаторияву осоишгоҳҳо қариб 300 миллион сӯм ҷудо карда шуд. Дар солҳои 80-ум 16 кумитаи ҷумҳуриявӣ, 2 кумитаи вилоятӣ, 154 кумитаи шаҳрию ноҳиявии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолият намуда, 1269 ҳазор узв доштанд.
Дар нимаи дуюми асри ХХ мавқеи занони тоҷик дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат хеле баланд гардид. Шуроҳои занон бо кумак ва дастгирии идораҳои давлатию ҳизбӣ шаклу усулҳои самараноки тарбияи занон ва духтаронро пайдо намуда, дар ҷалб ва фаъолгардонии иштироки онҳо дар сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ саҳмгузорӣ менамуданд. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари ташкилоти масъули давлативу ҳизбӣ ва бевосита шуроҳои занон тайи солҳои 80-ум шумораи занон дар соҳаи саноат то 48,3 дарсад, соҳаи кишоварзӣ то 50 дарсад, соҳаи маорифи халқ то 49 дарсад, дар байни кормандони илмӣ то 42,5 дарсад, соҳаи тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ то 72,8 дарсад афзуд.
Дар баробари муваффақиятҳо, дар кори байни занон ба камбудиҳо низ роҳ дода шуда буд: на дар ҳама ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ шароити зарурӣ муҳайё гардид; азбаски як қисми муайяни занону духтарон тахассус, таҷрибаву малакаи зарурии корӣ надоштанд, ба кор ҷалб нашуданд. Аз 338 ҳазор нафар занони бекор 245,8 ҳазорашон дар деҳот истиқомат мекарданд. Хусусан, серфарзандӣ, ба талабот ҷавобгӯ набудани шумораи муассисаҳои томактабӣ, механизатсияи нокифояи соҳаи кишоварзӣ, набудани ҷойи кор дар нуқтаҳои алоҳидаи аҳолинишин ба истифодаи самараноки қувваҳои меҳнатии занон халал мерасонданд.
Пас аз Анҷумани XX-уми ҲК ИШ мақоми комсомол баланд бардошта шуда, вазифаҳои асосии ташкилот ба таври мушаххас муайян карда шуданд: якум, тарбияи насли наврас дар руҳи ғояҳои коммунистӣ; дуюм, баланд бардоштани нақши ҷавонписарону духтарон дар тезондани тараққиёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат; сеюм, тайёр намудани ҷавонони ҳаматарафа инкишофёфта, ки дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат фаъолона иштирок карда тавонанд; чорум, баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти муҳимтарини ҳаракати байналмилалии демократии ҷавонон.
Азбаски комсомол ёвар ва захираи кадрии ҳизб ба шумор мерафт, бинобар ин, роҳбарии ҲК ИШ ба Иттифоқи ҷавонон афзуд. Барои боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ташкилот, васеъ гардидани доираи таъсири тарбиявӣ шумораи ҳизбиён дар ташкилоти комсомолии Тоҷикистон мунтазам зиёд мешуд. То 1-уми январи соли 1986 дар сафи комсомол 14229 нафар коммунист фаъолият мекарданд, ҳамаи котибони якум ва дуюми кумитаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии комсомол узви ҳизб буданд.
Бо мақсади баланд бардоштани самараи истеҳсолӣ ва фаъол- нокии ҷамъиятии ҷавонон ташкилоти комсомолии ҷумҳурӣ дар чунин самтҳо кор мебурданд: якум, ҷавонони эҷодкорро ба тезонидани рушди бемайлони илму техника сафарбар намудан; дуюм, иштирокро дар мусобиқаи сотсиалистӣ фаъол гардонидан; сеюм, ба ҳаракат ҷиҳати беҳтар намудани сифати маҳсулот ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб кардан; чорум, ба баланд бардоштани дараҷаи фарҳангию техникии коргарҷавонон муваффақ шудан; панҷум, ҷорӣ намудани ҳавасмандии маънавию моддии ҷавонписарону духтарони кишвар. Дар натиҷа, саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ назаррас гардида, охири солҳои 80-уми асри ХХ шумораи онҳо дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ 30,1 дарсадро ташкил дод. Умуман, дар сафҳои комсомоли Тоҷикистон 215058 нафар коргар ва 122496 нафар колхозчӣ буд.
Комсомоли Тоҷикистон сарпарастии худро дар сохтмонҳои зарбдори умумииттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ ба роҳ монд. Тайи солҳои 1966 – 1971-ум 13 ҳазору 89 нафар ҷавонписар ва духтарони кишвар дар сохтмонҳои азими Иттиҳоди Шуравӣ иштирок намуданд.
Ташкилоти комсомолӣ ба баланд бардоштани маълумотнокӣ ва фаъолияти меҳнатии аъзоёнаш аҳаммияти махсус медод. Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоӣ бо комсомолон суҳбатҳои инфиродӣ гузаронида, гузоришҳои истеҳсолии онҳо дар бораи иҷроиши уҳдадориҳои қабулшуда, ҳисобот оид ба татбиқи супоришҳои комсомолӣ, роҷеъ ба масъалаи баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ ва ғоявию сиёсиашон шунида мешуданд. Туфайли ин, дараҷаи маълумотнокии комсомолон пайваста баланд гардида, дар солҳои 80-ум аз шумораи умумии комсомолони ҷумҳурӣ 60 дарсадашон маълумоти олӣ ва миёна доштанд.
Ташкилоти ҷавонони кишвар аз лаҳзаи таъсиси худ моҳиятан башардӯстона буд. Дар сафи ташкилот намояндагони наздик ба 80 миллату халқият: тоҷикон 351863, русҳо 57256, узбекҳо 147402, украинҳо 4933, қирғизҳо 8006, тоторҳо 8081, туркманҳо 3749 нафар ва дигар миллатҳо буданд.
Ҳамин тавр, тағйироти куллии солҳои 50 – 80-ум, ки дар ҳаёти дохилӣ ва байналмилалии мамлакат ба амал омада буданд, ба қабули конститутсияи нав замина гузоштанд. Дар шароити демократисозии ҷомеа мақоми шуроҳои депутатҳои меҳнаткашон баланд шуда, нақши онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар афзуд. Ҳизби коммунист фаъолияти худро ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии шаҳрвандон равона кард. Дар байни меҳнаткашон корҳои зиёди истеҳсолию тарбиявиро иттифоқҳои касаба анҷом медоданд. Шуроҳои занон бо ёрмандӣ ва дастгирии идораҳои давлатию ҳизбӣ шаклу усулҳои самараноки тарбияи занон ва духтаронро пайдо карда, дар ҷалб ва фаъолгардонии иштироки онҳо дар сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ саҳмгузорӣ менамуданд. Иттифоқи ҷавонон чун ёвар ва захираи кадрии ҳизб дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фаъолона ширкат меварзид.
Реклама