ИҶШС, ки дорои кадрҳо, техника, базаи калони ашёи хом ва умуман табиати гуногунранг буд, метавонист дар асоси барномаи мушаххас камбудиҳои айёми рукудро дар як муддати муайян барҳам диҳад. Бевосита ба ин масъала Ҳизби коммунистӣ аз нимаи дуюми солҳои 80-ум машғул гардид.
Дар мамлакат нақшаи стратегӣ бо номи «бозсозӣ» тарҳрезӣ шуд. Бозсозӣ дар ҷомеаи шуравӣ аз моҳи апрели соли 1985 оғоз ёфт. Пленуми апрелии (соли 1985) Кумитаи Марказӣ таҳти сарварии Котиби генералии ҲК ИШ М. С. Горбачёв қарор кард, ки дар мамлакат азнавсозии ҷомеаи сотсиалистӣ гузаронида шавад. Барномаи муфассали амалӣ гардондани бозсозӣ дар маърузаи М. С. Горбачёв «Октябр ва бозсозӣ: инқилоб давом дорад» 2-юми ноябри соли 1987 дар маҷлиси ботантанаи якҷояи КМ ҲК ИШ, Шурои Олии ИҶШС ва РСФСР, ки ба 70-солагии Инқилоби Октябр бахшида шуда буд, баён ёфт. Маърузачӣ давраҳои асосӣ, вазифа ва роҳҳои амалии бозсозиро муайян намуда, мардуми шуравиро даъват кард, ки баҳри тантанаи бозсозӣ дар мамлакат саъю кӯшиш намояд.
Мақсади бозсозӣ дар дохили ИҶШС: хотима додан ба вазъи буҳронӣ дар мамлакат, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар истеҳсолот ва қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни мардуми шуравӣ, барҳам додани боқимондаҳои сохтори роҳбарии фармонфармоии маъмурӣ ва минбаъд рушд додани раванди демократиконии ҳаёти ҷамъиятӣ, дар заминаи ҷорӣ гардидани озодандешӣ баровардани шаҳрвандон аз ҳолати «карахтӣ» ва афзун намудани фаъолнокии ҷамъиятиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мардуми кишвар, бо роҳи ба ҳолати худтаъминкунӣ ва худмаблағгузорӣ гузаронани тамоми корхонаву муассисаҳо ва хоҷагиҳо халос шудан аз қисмати зараровари он, зиёд намудани ҳавасмандӣ дар истеҳсолот, рақобатпазир гардидани маҳсулоти истеҳсолшуда; дар хориҷи мамлакат бошад: ҳаёти сиёсию ҷамъиятии ИҶШС-ро ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудан, бо роҳи гузаштҳо паст гардонидани дараҷаи шиддатнокии зиддияти байни Давлати Шуравӣ ва давлатҳои капиталистӣ, баланд бардоштани обрӯ ва эътибори мамлакат дар арсаи байналмилалӣ буд. Бозсозӣ мебоист ҷомеаи сотсиалистиро такмил дода, камбудӣ ва мушкилиҳоеро, ки дар сари роҳи он меистоданд, барҳам диҳад.
Масъалаи амалӣ гардонидани стратегияи бозсозӣ дар ҷумҳурӣ махсус дар Анҷумани XX-и ҲК Тоҷикистон (1986) муҳокима гардида буд. Дар анҷуман оид ба масъалаи мазкур котиби якуми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Қ. М. Маҳкамов суханронӣ намуда, вазифа ва роҳҳои татбиқи бозсозиро дар шароити кишвар пешниҳод кард.
Ҳамин тавр, дар муборизаи сиёсӣ ва баҳсу мунозираҳо, ки ба доираи худ миллионҳо шаҳрвандони мамлакати паҳновару сермиллати ИҶШС, аз ҷумла Тоҷикистонро шомил намуд, барномаи бозсозӣ чун барномаи азнавсозии сохтори сотсиалистӣ пазируфта шуда, мазмуни мушаххастар гирифт.
Дар санадҳои ҳизбӣ ва давлатӣ зарурати объективии татбиқи бозсозӣ исбот гардида, равандҳои асосии он муайян карда шудаанд. Ин ислоҳоти куллӣ бояд соҳаи сохтори сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳанг, тарбия ва муносибатҳои байналмилалиро дар бар мегирифт.
Реклама