3. ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ ТАҚДИРСОЗ

Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ, дар шароити мураккаби баамаломадаи таърихӣ, ки тақдири Ҷумҳурии навташкили соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳал мегардид: якум, зарурати таҳкими ҳокимияти нави қонунӣ, ки мебоист онро тарафҳои муқобил эътироф намоянд, ба миён омад; дуюм, баргузор намудани Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ (даъвати дувоздаҳум) ва аз вартаи буҳрони сиёсӣ баровардани мамлакат вазифаи аввалиндараҷа гардид.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри фарҳанги Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаеви Хуҷанди бостонӣ доир гардид. Аз 230 нафар вакили халқ 193 нафар дар кори иҷлосия иштирок намуданд.

Рӯзномаи Иҷлосия 23 масъаларо дар бар гирифта буд. Аз ҷумла муроҷиати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил; дар бораи тартиби ба ҷойи истиқомати муқимиашон баргаштани гурезаҳо; дар бораи Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон; дар бораи афви умумӣ; дар бораи аз муҳосираи иқтисодӣ раҳо додани минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ; дар бораи ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз рӯйи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Санаи 19-уми ноябри соли 1992 вакилони иҷлосия Акбаршо Искандаровро аз вазифаи Раиси Шурои Олӣ озод карда, Эмомалӣ Раҳмонро бо овоздиҳии пинҳонӣ ба ин вазифа интихоб намуданд. Инчунин Ҳукумати нави Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкил, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги бародаркушӣ ба амал омада буд, тавонист тамоми қувваҳои пешқадами сулҳпарварро дар гирду атрофи худ муттаҳид намояд. Ӯ ҳамчун сиёсатмадори варзидаву кордон дар назди вакилон суханронӣ намуда, қасам ёд кард, ки тамоми қувваи худро ва агар лозим шавад, ҷони худро фидо менамояд, то ки дар Тоҷикистон сулҳ ва оромӣ пурра пойдор гардад.

Ин симои барҷастаи сиёсӣ тавонист нақши таърихии хешро дар рафъи хатари аз байн рафтани давлати навбунёди миллии тоҷикон гузорад.

Дар Иҷлосияи XVI вакилони мардумӣ барои тақдири минбаъдаи Тоҷикистон, ба охир расидани ҷанги бародаркуш, ба даст даровардани сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, барпо намудани Ҳукумати конститутсионӣ кӯшишҳои зиёд намуданд.

Таърихи 25-уми ноябри соли 1992 роҳбари Фронти халқӣ Сангак Сафаров ва намояндаи мухолифин Ҷумъа Бӯйдоқов дар Иҷлосия суханронӣ карданд. Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони гурӯҳҳои силоҳдорро даъват намуд, ки ба ҷанги бародаркуш хотима дода, ватанро аз вартаи ҳалокат раҳо созанд.

Дар ибтидои моҳи декабри соли 1992 бо дастгирии аҳолӣ қисмҳои мусаллаҳи ҳукумати қонунӣ аз минтақаи ғарб ва ҷануб бе муқобилати калон ба шаҳри Душанбе ворид шуданд. Дастаҳои мусаллаҳи мухолифин қарор карданд, ки бе задухӯрди ҳарбӣ ба тарафи сарҳадди Афғонистон ва аз шарқ ба мавзеъҳои Қаротегину Бадахшон ақибнишинӣ намоянд. Ҳамин вақт гурӯҳи калони гурезаҳо, яъне онҳое, ки аслан зодаи Қаротегину Помир буданд, бо оилаҳояшон аз водии Вахшу Ҳисор ва Душанбе ба минтақаҳои кӯҳистон рафтанд.

Пас аз ба охир расидани Иҷлосия Ҳукумати нави Тоҷикистон кори худро дар шаҳри Душанбе оғоз кард. Дар санаи 12-уми декабри соли 1992 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон муроҷиат намуда, нақшаи асосии сохтмони ҷомеаи демократиро муайян кард.

Баҳри пойдории сулҳ ва татбиқи қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI ҳукумати нав интихобшудаи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тадбирҳои зеринро андешид: барпо намудани артиши миллӣ; барҳам додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ; аз ҷумҳуриҳои ИДМ хоҳиш намуд, ки ба минтақаҳои ҷангӣ қувваҳо барои таъмини амниятро ворид намояд; аз ҳукумати Русия хоҳиш кард, ки баҳри мудофиаи якпорчагии Тоҷикистон сарбозони дивизияи 201-ум ва қисмҳои сарҳадбон муваққатан дар ҷумҳурӣ нигоҳ дошта шаванд.

Зикр кардан зарур аст, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) вазифаи таърихии худро бомуваффақият анҷом дод: якум, самтҳои асосии рушд ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи демократии мамлакатро дар ояндаи наздик муайян намуд; дуюм, масъалаҳои мубрам ва афзалиятноки доир ба вазъияти баамаломада дар кишвар, монанди созишкорӣ ва мусолиҳаи ҷонибҳои мухолиф, роҳҳои раҳоӣ аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро баррасиву муҳокима намуда, оид ба ҳар яки он қарорҳои дахлдор қабул кард; сеюм, сарвари давлат – Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намуд; чорум, дар давраи басо ҳассос, мураккаб ва душвори таърихӣ тақдиру ояндаи Ватан муайян карда, миллати тоҷикро аз ҳалокат нигоҳ дошт, омилҳои таҳкими ҳокимият ва ҳифзи истиқлоли давлатиро ташаккул дод; панҷум, барномаи амалии сохтмони ҷомеаи навинро таҳия намуда, пояҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии онро тақвият бахшид.

Ҳамин тавр, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳаммияти таърихӣ мебошад. Вай барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлоли мамлакат, ваҳдати миллӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Орзуи халқи тоҷик дар бобати барпо намудани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшид ва аз соли 1992 Тоҷикистон ба узвияти Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардида, зиёда аз 206 мамлакати ҷаҳон истиқлоли онро эътироф карданд.

Аз баргузории Иҷлосияи таърихии тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) даҳсолаҳо сипарӣ гардидаанд. Дар тули ин солҳо муваффақиятҳои назаррас дар сиёсати дохиливу хориҷи кишвар, ташаккул ва рушди иқтисодиёти миллӣ, ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба даст омаданд. Дар ин самт хидмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Зери роҳбарӣ ва назорати ӯ қонуну қарорҳои аз ҷониби Иҷлосия қабулгардида пай дар пай амалӣ гардида, дар пояи онҳо самти асосии марҳалаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муосир ба тариқи мушаххас ба сурати зер баён шудаанд: мақсад ва вазифаи самти якуми марҳалаи муосири инкишофи мамлакат – амалӣ гардидани ҳифзи соҳибистиқлолӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ; самти дуюм – ҳамаҷониба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллии шаҳрвандон, алалхусус, насли наврас; самти сеюм – таври огоҳона муттаҳид намудани мардуми кишвар зери шиори «Тоҷикистони соҳибихтиёр – Ватани ягонаи мо»; самти чорум – рушду такомули фарҳанги сулҳ ва ризояти миллӣ; самти панҷум – фароҳам овардани имкони васеъ ба ҷавонон ва тарбияи онҳо; самти шашум – ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ.

Реклама