Сарфи назар аз мушкилот ва мураккабии шароити таърихии солҳои 90-уми қарни XX дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор гардид.
Табиати сулҳҷӯёна ва хислати миллии тоҷикон, ки ҳамеша дар гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат карданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки раванди сулҳсозӣ дар Тоҷикистон дар ду давра амалӣ гардид. Давраи якум аз 4–19уми апрели соли 1994 оғоз ёфта, то 19–23-юми декабри соли 1996 давом кардааст. Бо ташаббуси Ҳукумат зери сарварии Эмомалӣ Раҳмон ва як гурӯҳи мухолифи тоҷик бо намояндагии А. Нурӣ, О. Латифӣ, А. Сатторзода ва дигарон гуфтушунид ба амал омад. Дар давраи мазкур панҷ вохӯрӣ барпо гардид, гуфтушунидҳо дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрон, Исломобод, Кобул, Алмаато, Ашқобод ва Хосдеҳ гузашта, бо ташкилёбии Комиссияи оштии миллӣ ба итмом расиданд.
Давраи дуюм аз 5–19-уми январи соли 1997, яъне оғози гуфтушунид дар шаҳри Теҳрон то 26–27-уми июни соли 1997 давом карда, бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон (дар шаҳри Маскав) поён ёфт. Дар ин давра чор вохӯрӣ дар шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад, Бишкек ва Маскав гузаронида шуданд.
Имрӯз зарурати баррасӣ, дарки амиқ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи сабақҳо ва дастовардҳои сулҳи тоҷикон боқӣ монда, мубрамии худро гум накардааст. Он иборат аз муқаррароти зерин мебошад:
Тоҷикистон аз байн рафт;
Сардори давлат бо роҳбари мухолифин, Комиссияи оштии миллӣ) созмон дода шуданд ва ҳуҷҷатҳое қабул гардиданд, ки ба зудтар хотима ёфтани муқовимат мусоидат намуданд;
Сулҳи тоҷикон дорои хусусиятҳои хос мебошад. Он дар шароите амалӣ гардид, ки дар ҷумҳурӣ мазмуни демократия такмил ёфта, сохтори бисёрҳизбӣ ва плюрализми ғоявӣ (мулоҳизаҳои гуногун) дар партави конститутсияи нав рушд ёфт. Тоҷикистон туфайли ҳамкориҳо, хусусан бо Русия, Эрон, инчунин бо дигар мамлакатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, саъйи тоҷикон дар роҳи барқароршавии сулҳ ба муваффақиятҳои беназир ноил гардид.
Барои баҳамоварии миллати тоҷик ва таъмини сулҳу субот дар мамлакат кишвару созмонҳои хориҷӣ саҳми ҳалкунанда ва назарраси худро гузоштанд.
Қувваҳои сулҳҷӯ дар баста шудани Созишнома оид ба неруҳои посдори сулҳи кишварҳои ИДМ барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон; ҳалли низои байни тоҷикон ва бозгашти гурезаҳо ба ҷумҳурӣ; ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва вазъи умумии кишвар; фароҳам овардани шароит барои муколамаи самараноки тарафҳо дар бораи роҳҳои ҳалли низоъ ва бозгашти бехатари гурезаҳо ба ҷойҳои истиқомати муқимӣ; тақсимоти ёрии фавқулода ва дигар ёрии башардӯстона; ҳифзи инфрасохтори иқтисодиёти миллӣ ва дигар сохтмонҳои ҳаётан муҳим нақши арзанда доштанд.
Дар Симпозиуми байналмилалии «Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон», ки 26 – 27-уми апрели соли 2001 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, гуфта шуд, ки сулҳи тоҷикон барои мардуми ҷаҳон намунаи ибрат мебошад ва сабақи таърихӣ дорад.
Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи таърихии сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарии байналмилалӣ аз ҳар ҷиҳат муфид арзёбӣ менамоянд, зеро дар давраи ҷаҳонишавӣ раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта, метавонад инсониятро ба гирдоби таҳлука тела диҳад. Ин ҳолат сиёсатмадорони дурбин ва донишмандону неруҳои инсонпарварро ба ташвиш овардааст. Баъдан воқеаҳое, ки бо номи «инқилобҳои рангин ё худ махмалӣ» машҳур гаштаанд, ба мардум ва ҳукуматҳои он давлатҳо ба ивази демократия мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба вуҷуд овардааст. Мутаассифона, механизмҳо ва василаҳои амалисозии ин инқилобҳо ба воқеаҳои дар Тоҷикистон рухдода хеле монанд ҳастанд. Аз ин рӯ, дарки воқеии сулҳи тоҷикон барои кишварҳое, ки солҳои ахир даргир ва оғуштаи ҷанги шаҳрвандии харобиовар ҳастанд, басо зарур аст.
Ҳамин тавр, омӯзиши таҷрибаи таърихиву байналмилалии сулҳе, ки дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон амалӣ гардидааст, барои нигоҳдории сулҳу субот на танҳо дар кишвари азизамон, балки берун аз он низ аҳаммияти бузурги амалиро дорост.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
Мавзуъҳо барои навиштани реферат:
Реклама