1. ЗАРУРАТИ ГУЗАРОНИДАНИ ИСЛОҲОТИ СИЁСӢ ДАР МАМЛАКАТ

Ба даст омадани соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб мекард, ки дар мамлакат, пеш аз ҳама, ислоҳоти сиёсӣ гузаронида, ҷиҳати ҳуқуқии он таъмин карда шавад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бе ислоҳоти сиёсӣ давлати соҳибистиқлол пойдор шуда наметавонад ва чунин ҷумҳуриро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намекунад.

Бояд тазаккур дод, ки аз рӯзҳои аввали дар харитаи ҷаҳон пайдо шудани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар он ислоҳоти сиёсӣ оғоз ёфт, вале, мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ то як андоза ба раванди ислоҳоти сиёсӣ халал расонд ва монеа шуд.

Ба кишвари сулҳ табдил ёфтани Тоҷикистон заминаҳои хуби гузаронидани ислоҳот, аз ҷумла ислоҳоти сиёсиро фароҳам овард. Пеш аз ҳама, он тағйироти куллии сиёсиеро, ки дар раванди демократикунонии ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба амал омада буданд, қонунӣ гардонидан лозим буд. Аз тарафи дигар, бояд дар асоси ба ҳисоб гирифтани таҷрибаи муфиди давлатҳои ҷаҳон ва хусусиятҳои хосси Тоҷикистон ислоҳоти сиёсӣ амалӣ мегардид.

Баъд аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас ҷиҳати ба расмият даровардани қонуну қоидаҳои ҷадид андешида шуданд. Фавран қонунҳои «Дар бораи тағйир додани номи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон» (31-уми августи соли 1991), «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (10-уми сентябри соли 1991) қабул гардиданд.

Дар мамлакат зарурати қабули конститутсияи нав ба миён омад. Ин зарурат аз он бармеомад, ки шароити таърихӣ тағйир ёфта, ҷумҳурии соҳибистиқлол ташкил ёфта, дар мазмун ва равандҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Сохтори сиёсӣ низ тақозо мекард, ки дар асоси қоидаҳои нав коргузорӣ ба роҳ монда шавад; дар асоси Конститутсия давлатдории миллиро ба расмият дароварда, шаклу сохтори он, арзишҳои бунёдии ҷомеа, принсипҳои ҷомеаи демократӣ, асосҳои конститутсионии сиёсати хориҷии мамлакат муайян гарданд.

Яке аз тадбирҳои ҷиддӣ дар барпо кардани ҷомеаи нав тайёр ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намудани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд.

Мавриди зикр аст, ки барои тартиб додани аввалин лоиҳаи Конститутсия ҳанӯз 10-уми феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ таҳти сарварии Н. Ҳувайдуллоев (нахустин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14.03 – 24.08.1992.) таъсис гардид. Заминаи оғозёбии фаъолияти он Қарори Шурои Олии кишвар «Дар бораи ташкили Комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (23. 08. 1990) буд. Мутаассифона, сар задани ҷанги шаҳрвандӣ барои қабули он имкон надод.

Кӯшиши воқеан ҷиддӣ ва ҳадафманди таҳияи Лоиҳаи Конститутсия баъд аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истиқрори сохти конститутсионӣ ва таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ дар кишвар оғоз шуд. Баъдан Иҷлосияи XVII Шурои Олӣ аз роҳи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шурои Олӣ дар таърихи 23-юми августи соли 1990 «Дар бораи ташкили Комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳайати нави Комиссияи конститутсиониро бо роҳбарии Раиси Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ намуд. Бидуни вазъияти мураккабу нороми кишвар ва фишори неруҳои қудратталаб, ҳайати комиссияи конститутсионӣ бо корбандии дастовардҳои илми ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва суннату тафаккури ҳуқуқии миллӣ дар муддати шаш моҳ ду лоиҳаи Конститутсия, яке дар шакли идораи президентӣ ва дигар дар шакли идораи парламентиро таҳия намуда, ба баррасии мардум пешниҳод кард. Таҳия намудани ду лоиҳа бесабаб набуд. Аз замони таҳияи аввалин лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли 1992 пешниҳод гардида буд, дар афкори умум дар асоси бархӯрди неруҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоии кишвар дар масъалаи интихоби шакли идории давлати Тоҷикистон ақидаҳои гуногун ва ҳатто комилан хилофи ҳамдигар изҳор мешуданд. Комиссияи конститутсионӣ бо дарки масъулият ва дар натиҷаи таҳлили амиқи воқеияти сиёсии кишвар, бинобар набудани ҳизбу созмонҳои соҳибтаҷриба ва фароҳам наомадани пойгоҳи муносиби идоракунии парламентӣ дар Тоҷикистон, ба хулосаи ягона расид, ки лоиҳаи шакли идораи президентӣ ба баррасии халқ тавсия карда шавад. Санаи 6-уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ 94,4 дарсад шаҳрвандон иштирок карда, ин санади таърихиро дастгирӣ намуданд. Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмонро бори аввал ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (ш. Душанбе, 21.12.2021) зикр гардидааст, ки дар заминаи қабул гардидани ин санади сарнавиштсоз дар мамлакат ислоҳоти конститутсионӣ оғоз ёфта, шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ, парламенти касбии дупалатагӣ, қувваҳои мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ таъсис дода шуданд. Дар заминаи Конститутсия минбаъд Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ гардиданд. Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид. Шаклҳои гуногуни моликият асоси иқтисодиёти ҷумҳурӣ эътироф гардида, ба фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулкӣ кафолат дода шуд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки баробари рушду тараққиёти ҷомеа зарурати ба Конститутсия ворид кардани тағйиру иловаҳои дахлдор ба миён омад. Бо ин мақсад санаҳои 26.09.1999, 22.06.2003 ва 22.05.2016 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Аз ҷумла дар асоси тағйироти соли 1999: муҳлати салоҳияти президент аз панҷ то ба ҳафт сол тамдид гардида, ба ӯ ҳуқуқи мустақилона таъсис ва барҳам додани вазорату кумитаҳои давлатӣ, мустақилона баровардани масъалаи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, ҳаққи мустақилона таъйин ва озод намудани намояндагони салоҳиятдори Тоҷикистон (сафирон) муқаррар карда шуд; дар мамлакат парламенти касбии иборат аз ду палата: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуд.

Дар доираи қонунмандии иҷтимоӣ, дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти ҷомеа ва дастовардҳои кишвар ворид намудани тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон ба миён омад, ки он санаи 22-уми июни соли 2003 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ амалӣ гардид.

Соли 2016 ба Конститутсия меъёрҳои хеле муҳим доир ба шакли идоракунии давлат, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷалби васеи шаҳрвандон ба идоракунии давлатӣ, такмили низоми ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани масъулияти узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, узви Ҳукумат ва судяҳои мақомоти судӣ ворид карда шуданд.

Дар натиҷаи тағйиру иловаҳои солҳои 2003 ва 2016 инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардида, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф ва ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ шинохта шуданд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ эътироф шуданд, синни 30-солагӣ ва таҳсилоти олӣ барои интихоб шудан ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ муқаррар гардид.

Дар маҷмуъ, тағйиру иловаҳое, ки се маротиба бо роҳи раъй- пурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ворид карда шуданд, мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои онро такмил дода, ба рушди устувори минбаъдаи кишвар мусоидат намуданд.

Қобили зикри хос аст, ки Конститутсияи аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшудаи Тоҷикистон бинобар таҳлили коршиносони САҲА ҷиҳати ҳуқуқи инсон дар радифи 5 конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви САҲА эътироф гардидааст.

Соли 2024 ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид, зеро агар ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро риояи меъёрҳои Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ташкил диҳад, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар навбати худ, барои бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар нақши калидӣ дорад. Ҳадаф аз иқдоми мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба Конститутсия, риояву иҷрои қонунҳо ва таъмин намудани волоияти қонун буд.

Дар муқаддимаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Ҳар сол 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсия дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Халқи Тоҷикистон дар асоси ин санади муқаддас зиндагӣ ва меҳнат карда, ҷумҳурии соҳибистиқлолро ҳифз менамоянд.

Дар моддаи якуми Конститутсия омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Мувофиқи Конститутсия ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқ тааллуқ дорад. Тибқи моддаи 9-и Конститутсия ва моддаи 3-юми Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар мамлакат тавассути мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Аз номи халқ Маҷлиси Олӣ ва Президент сухан гуфта метавонанд. Сохти давлатии ҷумҳурӣ ягона (унитарӣ) мебошад. Тоҷикистон аз воҳидҳои маъмурии зерин иборат аст: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо.

Мувофиқи Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 7 сол интихоб шуда, дар айни ҳол Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) мебошад. Президент ҳуқуқ дорад, ки фармонҳои худро ба Маҷлиси Олӣ (органи олии қонунбарор) барои тасдиқ кардан пешниҳод намуда, Сарвазир ва дигар узви Ҳукуматро таъйин намояд. То ҳол дар Тоҷикистон се нафар: Қаҳҳор Маҳкамов (дар Шурои Олӣ), Раҳмон Набиев ва Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд.

Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳаммияти таърихӣ мебошад. Он: якум, чун санади муқаддаси давлати соҳибихтиёр истиқлолу озодии Тоҷикистонро ба расмият дароварда, шакли идораи давлатро муайян намуд; дуюм, барои ташкил ва таҳкими низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт ва омили таъминкунандаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ гардид; асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа ва давлати Тоҷикистонро муайян намуда, низоми мукаммали ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаррар кард ва механизми амалигардонии онҳоро кафолат дод.

Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳиби Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдорӣ – Артиши миллӣ ва Қувваҳои сарҳаддӣ таъсис дода шуда, устувор гардиданд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот бароварда шуд шиносномаи миллӣ эътироф гардид.

Бо гузашти сӣ сол аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ дар кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Ҳокимияти давлатӣ тақвият ёфт. Бо мустаҳкам шудани сохтори ҳокимияти иҷроия, президент ба ҳайси кафили Конститутсия ва истиқлоли миллӣ нақши калидӣ пайдо кард. Ин ба суботи сиёсӣ ва идомаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат намуд. Конститутсия ҳамчун заминаи асосии расидан ба Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ (27.06.1997) хидмат кард. Дар доираи он ислоҳоти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ сурат гирифт. Конститутсия заминаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқбунёдро фароҳам овард, ки боиси афзоиши нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳои мустақил ва созмонҳои ғайридавлатӣ гардид.

Реклама