5. БАРНОМАИ ТАРАҚҚИЁТИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар ибтидои солҳои 90-ум Барномаи тараққиёти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда буд.

Бояд тазаккур дод, ки марҳалаи аввали амалӣ шудани барнома дар ҷумҳурии мо назар ба шароити ҷумҳуриҳои дигар андаке мураккабтар буд ва хусусиятҳои хосси худро дошт. Дар Тоҷикистон ба ҳар як сари аҳолӣ нисбат ба собиқ ҷумҳурии даврони Шуравӣ ду маротиба камтар даромади миллӣ рост меомад. Ин нишондод сабабҳои худро дорад. Яке аз сабабҳои он дараҷаи баланди афзоиши аҳолӣ аст, ки ин раванд ба таносуби муносибатҳои истеҳсолӣ халал ворид мекард. Ҳамчунин он ҷиҳат аст, ки базаи нигаҳдошти иқтисодиёти ҷумҳуриамон, асосан ба ашёи хом асос ёфта буд. Ба ин боз шароити вазнини кӯҳистон, шабакаи маҳдуди роҳи оҳан ва дигар омилҳо зам мешаванд. Онҳо то андозае ба амалӣ гардидани ислоҳоти иқтисодӣ монеъ мегарданд.

Бо вуҷуди ин, ҷумҳурии мо дар роҳи тараққиёти иқтисодиёти худ як қатор имкону афзалият дорад. Масалан, иқлими ниҳоят мувофиқу муфид барои зироаткорӣ, захираҳои истифоданашудаи заминҳои обӣ. Фақат имкони истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон метавонад иқтисодиёти онро хеле тараққӣ диҳад.

Дар Тоҷикистон қувваи корӣ зиёд аст. Дар деҳот на ҳама кас ба кор ҷалб шудаанд ва тамоюли афзоиши аҳолӣ онро бештар мегардонад. Бинобар ин, бо фаро расидани давраи осоиштагӣ Барномаи тараққиёти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуда, самтҳои асосии стратегияи иқтисодии мамлакат барои ибтидои асри XXI муайян гардидаанд. Он дар асоси рушди муносибатҳои бозоргонии танзимшаванда амал мекунад. Ҳангоми тартиб додани барнома таҷрибаи байналмилалӣ истифода гардида, хусусиятҳои хосси рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба назар гирифта шудаанд.

Натиҷаи татбиқи барнома, рафти ислоҳоти иқтисодӣ мунтазам дар ҷаласаҳои Ҳукумат, дар Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил гардида, барои беҳбудии сифати кор ба он тағйирот дохил карда мешаванд.

Ҳокимият барои рушди озодона ва ҳамоҳангии ҳамаи шаклҳои моликият тамоми шароити иқтисодӣ ва ҳуқуқиро кафолат медиҳад. Ҳуқуқи молу мулк ва ворисӣ, баробарии ҳамаи навъу шаклҳои моликият мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои дигар эътироф ва ҳифз карда мешаванд.

Дар ҷумҳурӣ шаклҳои гуногуни моликият – шахсӣ, коллективӣ ва давлатӣ вуҷуд доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист пули миллии худро ҷорӣ намуда, хусусигардонии амволро ташкил диҳад. Дар Тоҷикистон аз соли 1991 то соли 2005-ум 8,5 ҳазор амволи давлатӣ шахсӣ кунонида шуданд. Қоидаҳои нави гумрукӣ ва ҳавасмандии моддии шаҳрвандон ба истеҳсоли маҳсулот амалӣ мегарданд. Дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ ва амалисозии лоиҳаҳои инфиродии таҷдиди сохтори субъектҳои инҳисори табиӣ ва корхонаҳои азими давлатӣ то 90 дарсад дороиҳои давлатӣ ба бахши хусусӣ дода шуданд. Ҳоло саҳми он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 70 фоиз, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ 68 дарсад ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат 80 дарсадро ташкил медиҳад.

Яке аз роҳҳои татбиқи ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳибкории хурд ва миёна мебошад. Хусусан, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми апрели соли 1996 ва 20-уми феврали 1998 «Дар бораи аз тарафи давлат дастгирӣ ёфтани соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои инкишоф ва татбиқи барномаи иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбат расонд. Азбаски дастгирии соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ мебошад, бинобар он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда мешаванд. Аз ин сабаб, соҳибкорӣ шакли фаъолияти пурсамару ташаббускоронаи шаҳрвандони алоҳида, гурӯҳҳо ё корхонаҳое истеҳсолу фурӯши молҳо ва хидматрасонӣ гардидааст. Бо мақсади мадади амалӣ ба соҳибкорон дар ҷумҳурӣ торафт ҳар гуна маҳфилҳои омӯхтани таҷрибаи пешқадам, даъват намудани мутахассисони пуртаҷрибаи кишварҳои хориҷӣ гузаронида мешаванд. Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мактабҳои таҷрибаи пешқадам барои соҳибкорон амал мекунанд, ки онҳо натиҷаи дилхоҳ медиҳанд.

Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, инкишофи бахши соҳибкориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар солҳои 2018 – 2025 аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид. Дар зиёда аз 20 соли охир аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд. Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд. Соли 2024 аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар сиёсати мустақилонаи пулию қарзӣ татбиқ гардида, низоми бонкӣ ташаккул ёфт. Бо амалӣ гардидани тадбирҳо ва ислоҳот дар соҳаи бонкӣ ташкилотҳои қарзию молиявии шаклҳои гуногун таъсис дода шуданд, ки ҳоло ба мардум ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ хидматрасониҳои бонкиро пешниҳод менамоянд. Агар аз ҷониби низоми бонкии кишвар соли 1991 ба муштариён ҳамагӣ 2,2 миллион сомонӣ қарз дода шуда бошад, соли 2025 пешниҳоди мазкур ба 18,6 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Қарзҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодшуда 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд. Соли 2000-ум ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар низоми бонкӣ ҳамагӣ 93 миллион сомониро ташкил карда бошад, соли 2025 ин нишондиҳанда ба 20,4 миллиард сомонӣ расид, яъне 219 баробар афзоиш ёфт. Қайд кардан бомаврид аст, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ як ташкилоти қарзӣ мавҷуд буд. Ҳоло ин рақам ба 63 адад расидааст.

Баҳри амалӣ гардидани ислоҳоти иқтисодӣ, миқдори бонкҳо низ афзуда, сохтори онҳо такмил меёбад. Ҳоло дар баробари Бонки миллии Тоҷикистон, «Амонатбонк» боз чандин бонкҳои саҳомӣ ташкил гардида, барои пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ ёрии амалии худро мерасонанд. Бонкҳои саҳомӣ ба хоҷагиҳои соҳибкории хурд ва калон ёрии пулӣ расонда, барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ ва ба савдо баровардани онҳо мусоидат мекунанд. Дороиҳои низоми бонкӣ аз 311 миллион сомонии соли 2000-ум ба беш аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шуданд. Соли 2023 дороии сохторҳои молиявию қарзии кишвар нисбат ба соли 2022 – 22 фоиз зиёд гардида, 39,6 миллиард сомониро ташкил кард. Соли 2021 аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат қариб 10 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 4,6 дарсад зиёд буд. Пасандозҳои бонкии ҷумҳурӣ соли 2020-ум 17,2 дарсад афзуда, 11,5 миллиард сомониро ташкил доданд.

Дар роҳи татбиқи барномаи иқтисодӣ гузаронидани ислоҳоти пулӣ, хусусан, ҷорӣ намудани пули миллӣ (соли 1995), асъори миллӣ – сомонӣ ва дирам (соли 2000) таъсири мусбат расонд.

Баҳри рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз ибтидои солҳои 2000-ум аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Солҳои 2024 – 2025 дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гардиданд. Аз соли 2013 то 2022 аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ширкатҳои ватаниву хориҷӣ 17 созишнома доир ба сармоягузории мустақим ба имзо расонида шуда, дар доираи онҳо 15 корхонаи нави истеҳсолӣ ба маблағи умумии зиёда аз 10 миллиард сомонӣ бунёд гардида, 7 ҳазор шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кор таъмин шуданд. Тибқи маълумоти оморӣ давоми солҳои 2018 – 2024 ба кишвар беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.

Чӣ тавре ки маълум аст, буҷети давлатӣ яке аз фишангҳои асосии идоракунии иқтисодии кишвар ба шумор меравад. Он ҳуҷҷати расмии молиявист, ки дар он даромад ва хароҷоти давлат барои як муддати муайян (одатан як сол) нишон дода мешавад. Буҷети давлатӣ аз чанд ҷиҳат муҳим аст: рушди устувори иқтисодӣ, хидматрасониҳои иҷтимоӣ, тақсимоти одилонаи захираҳоро, шаффофият ва назоратро таъмин менамояд; равандҳои иқтисодиро танзим мекунад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад соли 2023 танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022 5,3 миллиард сомонӣ зиёд буд. Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, тайи солҳои 2014 – 2020 ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар вусъат ёфта, соли 2024 қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардид.

Бо фароҳам омадани имкон хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид. Дар солҳои 2018 – 2024 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла, танҳо дар соли 2023юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Чӣ тавре ки маълум аст, воридоти молҳои ниёзи аввал, мисли маводди озуқа, доруворӣ, маҳсулоти гигиенӣ, сӯзишворӣ барои ҳар як кишвар аҳаммияти хос дорад. Вазифаҳои асосии он пеш аз ҳама, таъмини устувори бозор, қонеъ намудани талаботи аҳолӣ, дастрасӣ ба маҳсулоти босифат, ҳифзи саломатии ҷомеа ва дастгирии фаъолияти иқтисодӣ мебошанд. Мутаассифона, то ҳол воридоти молҳои ниёзи аввал ба кишвар зиёд буда, солона беш аз 17 миллиард сомонӣ ё 25 фоизи ҳаҷми умумии воридотро ташкил медиҳад. Зиёдгардии маҳсулоти дохилӣ барои ҳар як мамлакат дар роҳи рушди иқтисодии он ва таъмин намудани истиқлоли иқтисодӣ аҳаммияти бузургеро дорост. Маҳсулоти дохилӣ ба маҳсулот ва хидматрасониҳое ишора мекунад, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд. Афзоиши истеҳсоли ин гуна маҳсулот бо чанд омили муҳим иртибот дорад: коҳиш ёфтани вобастагӣ аз воридот; таъмини шуғли аҳолӣ; рушди соҳаҳои гуногун; кофияти даромад ва иқтисоди миллӣ; зиёд шудани содирот ва инкишофи иқтисодиёти кишвар ва ҳифзи муҳити зист. Бинобар ин Тоҷикистон баҳри коҳиш додани вобастагӣ аз хориҷ ва афзоиши имкони иқтисодиву иҷтимоии худ пайваста мекӯшад, ки маҳсулоти дохилиро зиёд гардонад. Ин аст, ки солҳои 2018 – 2024 суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 8 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид. Соли 2025 дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли 2023-юм 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки туфайли амалӣ гардидани Барномаи тараққиёти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти пайдарҳами иқтисодӣ, ки муносибатҳои оқилонаи бозаргониро таъмин менамояд, вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ беҳтар гардида истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо технологияи нав, дастгоҳҳои ҳозиразамон, дониш, таҷрибаи мутахассисон ва соҳибкорони хориҷӣ иқтисодиёташро тараққӣ медиҳад.

Тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз сарчашмаҳои назарраси пешрафти иқтисоди ҷумҳурӣ аст. Бинобар ин сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятнок муайян гардида, солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд. Азбаски рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили муҳимми инкишофи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, барои беҳбудии вазъи кунунӣ ва пешрафти ояндаи соҳаи сайёҳӣ якчанд санади стратегӣ таҳия ва амалӣ карда шуда истодаанд.Чунончи, Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 (22.09.2023) ба нақша гирифтааст, ки соҳаи сайёҳиро дар се марҳала инкишоф диҳад: Дар марҳалаи аввал рушди суръатноки соҳа (с. 2019 – 2022) амалӣ гардида, дар ин давра диққат ба рушди инфрасохтор ва ҷалби сармоягузориҳо равона гардидааст. Марҳалаи дуюм пайваста бо раванди баанҷомрасии саноатикунонии босуръат мамлакат (с. 2023 – 2026) буда, мақсади он баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва рушди саноат дар соҳаи сайёҳӣ мебошад. Марҳалаи сеюм чун давраи ташаккули иқтидорҳо барои рушд дар асоси дониш ва навовариҳо (с. 2027 – 2030) пешбинӣ карда шуда, дар ин давра таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ афзалият хоҳад дошт.

Ҳамчунин, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (27.01.2022) на танҳо дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои соҳа саҳмгузорӣ менамояд, балки ба таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкории муосир машғул аст. Барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои ҷавонон донишгоҳ барномаҳои таълимии муосир ва таҳқиқоти илмиро амалӣ мекунад. Мавриди зикр аст, ки соли 2018 бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳон қариб ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2017 2,6 баробар зиёд гардид. Тайи солҳои 2018 – 2020-ум дар кишвар 145 ширкати сайёҳии нав иҷозатномаи фаъолият гирифта, дар маҷмуъ, 224 ширкат ба бозори сайёҳӣ ворид гардид. Шумораи меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хидматрасонӣ зиёд шуд. То соли 2024 дар ҷумҳурӣ 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардид. Ҳоло боиси таҳким ёфтани заминаҳои инфрасохтории соҳа фаъолияти 4 фурудгоҳи байналмилалӣ, 2 ширкати миллии ҳавопаймоӣ, 3 меҳмонхонаи бренди байналмилалии панҷситорадор, зиёда аз 70 иншооти санаториву курортӣ ва бештар аз 160 меҳмонхона, якқатор марказҳои иттилоотии сайёҳӣ гардидаанд.

Мавриди ёдоварист, ки Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон шудааст. Ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намудани шоҳроҳи Помир, ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯйи таъмини амнияти шабона эътироф шудани шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯйи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ шомил гардидани ҷумҳурӣ ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯйи низоми содаи пешниҳоди раводид ворид шудани мамлакат шаҳодати дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидани соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мебошад.

Дар давраи муосир Тоҷикистон барои таҳкими рушди соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои зеринро амалӣ менамояд: барои ҷалби сайёҳони бештар ба бунёди роҳҳои муосир, меҳмонхонаҳо ва марказҳои хидматрасонӣ диққат дода мешавад; мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар асоси истифода аз барномаҳои таълимии муосир ва таҷрибаҳои байналмилалӣ омода мегарданд; баҳри баланд бардоштани рейтинги кишвар дар арсаи байналмилалӣ шароити бехатар ва мусоид барои сайёҳон муҳайё карда мешавад. Бо амалӣ намудани чунин тадбирҳо, Тоҷикистон ба марзи ҷолиби сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёфта, инкишофи соҳа барои рушди устувори иқтисодиёти кишварро саҳм мегузорад.

Ҳунарҳои мардумӣ яке аз муҳимтарин шохаҳои фарҳанги миллӣ буда, бозгӯйи таърихи тулонӣ, завқи зебоишиносӣ ва дониши ҳаётии мардум мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарҳои мардумӣ на танҳо мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳанганд, балки нақши муҳиммеро дар таъмини ҳувияти миллӣ ва рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебозанд. Ҳунарҳои мардумӣ маҷмуи дониш, маҳорат ва усулҳои анъанавии истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ мебошанд, ки аз насл ба насл гузашта, дар натиҷаи таҷриба ва эҳтиёҷи аҳолӣ ташаккул ёфтаанд. Ин ҳунарҳо, аз қабили гулдӯзӣ, атласу адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, наққошӣ, заргарӣ, на танҳо шакли ифодаи зебоӣ, балки василаи рӯзгузаронии мардум низ ҳастанд. Таърихи ташаккули ҳунарҳои мардумӣ дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза ба давраҳои қадим бармегардад. Ҳанӯз дар аҳди Суғду Бохтар ва Сосониён, марказҳои ҳунармандӣ ба вуҷуд омада буданд. Дар асрҳои миёна шаҳрҳое чун Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва Истаравшан ба марказҳои ҳунар ва тиҷорат табдил ёфтанд. Устоҳо бо истифода аз масолеҳи маҳаллӣ, шеваҳои зебои ороишӣ ва рамзҳои фарҳангӣ маҳсулот истеҳсол менамуданд. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун яке аз афзалиятҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид. Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ ва касбу ҳунарҳои миллӣ қабул гардиданд, ки ҳадафи онҳо ҳифз ва густариши ҳунарҳои суннатӣ мебошанд. Ҳамчунин баргузории фестивалу намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, таъсиси марказҳои таълими ҳунарҳои мардумӣ, рушди сайёҳии фарҳангӣ ва таъсиси брендҳои миллӣ аз заминаҳои муҳимми эҳё ва рушди ин соҳа мебошанд. Аз ҷумла бофандагии анъанавӣ (адрас, атлас), сӯзанидӯзӣ ва кулолгарӣ имрӯз дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, бахусус, дар Бадахшон, Суғд ва Хатлон рушд мекунад. Ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон на танҳо ҷузъи фарҳангӣ, балки омили иқтисодӣ низ мебошанд ва имрӯз ҳамчун манбаи даромад ва шуғли занон ва ҷавонон хидмат мекунанд. Таъсиси коргоҳҳои ҳунарӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ба ҷалби сармоя ва рушди иқтисоди маҳаллӣ мусоидат мекунад. Ин раванд ба паст шудани сатҳи бекорӣ ва муҳоҷират, беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум таъсири мусбат мерасонад. Дар солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Ҳунарҳои мардумии тоҷик ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳангу иқтисодиёти миллӣ, дар тули таърих рушд карда, имрӯз дар замони истиқлол дубора эҳё ва равнақ ёфта истодаанд. Муҳим аст, ки барои ҳифзи ин мероси бебаҳо на танҳо тадбирҳои давлатӣ, балки иштироки фаъолонаи ҷомеа, махсусан, ҷавонон таъмин карда шавад. Танҳо дар ин сурат мо метавонем пайванди наслҳоро нигоҳ дорем ва арзишҳои фарҳангии худро ба наслҳои оянда интиқол диҳем.

Ҳамин тавр, дар чоряки аввали асри ХХ1 самтҳои асосии стратегияи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, Барномаи тараққиёти иқтисодии мамлакат зина ба зина амалӣ мегардад. Ҳадафи олии давлат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имконҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд татбиқ меёбад.

Реклама