Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари калон расонд. Бинобар ин, бе сармоягузории хориҷӣ барқарор намудани он ва аз ҷиҳати тараққиёт ба мамлакатҳои пешқадами ҷаҳон расидани кишвар амри маҳол буд. Хусусан, барои истеҳсол ва харидани техникаи ҳозиразамон, технологияи пешқадам маблағи калон лозим буд. Дар ҳалли ин масъала таҳия ва амалӣ гардидани барномаи тадбирҳои аз буҳрон раҳонидани иқтисоди мамлакат нақши арзанда бозидааст. Дар партави он тадбирҳо доир ба ҷоннок намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, таъсиси низоми мустақими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва кооперативӣ ҷуста шуданд. Дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои мушаххас дар ин самт хонаҳои савдо, муассисаҳои муштарак, ширкатҳои саҳҳомӣ ва ассотсиатсияҳо ташкил ёфта истодаанд. Соҳибкорони хориҷӣ технологияҳои нав, дастгоҳҳои ҳозирзамон, дониш ва таҷрибаи муфиди истеҳсолиро ба мамлакат овардаанд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ муассисаҳои зиёди муштарак, аз ҷумла бо ширкатҳои Чин, Русия, Ӯзбекистон фаъолият мебаранд. Бо ёрии созмонҳои байналмилалии молиявӣ низ корҳои муфид ба сомон расонда мешаванд.
Дар қисмати сиёсати бозаргонии хориҷӣ ва ҳалли амалии он аллакай таҷрибаи муфид ба даст омадааст. Дар ин ҷода ба ҳалли масъалаҳои зерин диққат дода мешавад: а) барои ворид кардани арзи хориҷӣ аз нигоҳи маданияти баланди хоҷагидорӣ ташкил намудани содироти ашёи хом; б) дар якҷоягӣ бо сармоягузорони хориҷӣ оқилона истифода кардани сарватҳои табиии ҷумҳурӣ; в) аз нигоҳи илмӣ пеш бурдани сиёсати савдои хориҷӣ ва барои фурӯхтани маҳсулоти ҷумҳурӣ пайдо намудани бозори мувофиқ дар он кишварҳо; г) мунтазам беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда, то ки дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ ба фурӯш рафта, маблағҳои зиёд барои пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ворид гарданд.
Барои амалӣ гаштани стратегияи сиёсати бозоргонии хориҷӣ чандин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ», «Дар бораи сармоягузориҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин, як қатор қарорҳои Ҳукумат ва Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудаанд, ки онҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамоянд.
Дар чоряки аввали асри ХХ1 Тоҷикистон чун давлати пешбарандаи сиёсати «дарҳои боз» бо тамоми кишварҳо муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ намуд. Тибқи чунин сиёсат дар самти амалӣ гардидани барномаи стратегии иқтисодиёти бозоргонии хориҷӣ аллакай корҳои судманд анҷом ёфтаанд, ки натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб бо 150 кишвари дунё робитаи сиёсию дипломатӣ ва тиҷоратию иқтисодӣ дорад.
Ҳамкориҳои судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ: Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигарҳо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Дар давраи солҳои 2006– 2025 дар раванди ҳамгироии ҷумҳурӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон ба рушди соҳаи савдо ва хидматрасонӣ заминаи воқеӣ гузошта шуд, ки ҳиссаи ин соҳаҳо дар сохтори маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мунтазам меафзояд.
Дар бист соли ахир вобастагии иқтисоди кишвар ба маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла ангишт, масолеҳи сохтмон, бахусус семент ва навъҳои зиёди маводди ғизоӣ, бартараф гардида, барои содироти маҳсулоти саноатии ватанӣ замина фароҳам оварда шуд. Ҳоло содироти асосии захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро алюмин, пахта ва маҳсулоти коркарди он ташкил медиҳанд.
Дар давраи муосир агар мамлакатҳои хориҷии дур дар соҳаи содироти мол афзалият дошта бошанд, давлатҳои ИДМ дар соҳаи воридоти мол бартарӣ доранд. Ба ҳар ҳол мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳавзаи муҳимми иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, дар пешбурди соҳаи тиҷорати хориҷӣ нақши фаъол мебозанд.
Ҳамин тавр, сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба амалӣ гардидани ислоҳоти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар равона шуда, сарчашмаи муҳимми рушди устувори мамлакат мебошад.
Реклама