6. МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Бо ташкилёбии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва оғоз гардидани марҳалаи нави таърихии инкишофи мамлакат ниёз ба таҳияи консепсияи назариявӣ ва барномаи маҷмуии ҳалли амалии масъалаи занон ба миён омад. Конститутсия ба сифати қонуни олӣ ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқии масъала асос гузошт. Дар моддаи 17-уми Қонуни асосии мамлакат омадааст: «Занон бо мардон баробарҳуқуқанд». Маҳз дар асоси талаботи меъёрҳои Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои муҳимме, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаи навини демократӣ мебошад, қабул карда шуданд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда Конвенсияҳои байналхалқиро «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои таъбизи занон» (қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1993, №831), «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии зан» (қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 1999, № 769) ба тасвиб расонд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози Истиқлол вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон, ки 49,3 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, тамоми тадбирҳои заруриро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии марду зан, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарурӣ ба монанди фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (03.12.1999), як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо» (01.03.2005; 24.12.2022), Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳала: солҳои 2011 – 2020 ва 2021 – 2030 (29.05.2010; 30.04. 2021), Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳала (барои солҳои 2007 – 2016 (1. 11. 2006), 2017 – 2022 ( 01.04.2017)ва 2023 – 2030 (27. 04. 2022 )) қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки ба пешрафти ҳаёти занон ва боз ҳам қавӣ гардонидани нақши занон дар ҷомеа мусоидат менамоянд. Мақсад аз қабули ин санадҳо аз арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои зан, баланд бардоштани мақоми он дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону духтарон иборат мебошад. Дар натиҷаи татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва роҳандозӣ гардидани тадбирҳои судманд дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа пайваста теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият ва тамоми сохтору мақомоти давлатию ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро мегузоранд. Агар соли 2000 шумораи умумии занон дар хидмати давлатӣ 3 612 нафар (23,4 %) буда, соли 2025 дар кишвар 4 849 нафар (25, 8 %) хидматчиёни давлатро занон ташкил доданд. Мавриди зикр аст, ки соли 1995 дар мақомоти марказии идоракунии давлатӣ ва сохторҳои он 123 нафар, соли 1998 – 213 нафар, соли 2001 – 310 нафар занон фаъолият дошта бошанд, пас соли 2025 миқдори онҳо ба 1146 расид.

Нақши занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25, 8 дарсад ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23, 8 дарсад интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи соли 2015 қариб 4 дарсад зиёд мебошад. 2 марти соли 2025 занон ҳамчун вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 10 нафар, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 18 нафар ва маҷлисҳои маҳаллӣ – 747 нафар интихоб шуданд. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 дарсад, вилоятҳои Хатлон ва Суғд беш аз 33 дарсад, ВМКБ зиёда аз 34 дарсад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 дарсад расидааст.

Барои ноил гардидан ба сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси баланди ватанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ, меҳнатдӯсту ботаҳаммул, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор гардидани занон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таҳти унвони «Духтарони Пешво», «Зан – роҳбар», «Зан – сарвар», «Мактаби сарварони ҷавон», «Зан ва сиёсат» ташкил карда шуда, зиёда аз 130 нафар занону духтарон дар ин курсҳо такмили ихтисос намуданд.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ мақоми занон дар ҷомеа тақвият пайдо карда, фаъолияти онҳо дар соҳаҳои мухталиф бамаротиб вусъат ёфт. Аз ҷумла, саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат торафт афзуда истодааст. Дар соҳаҳои калидии иҷтимоӣ, яъне, маориф беш аз 73 дарсад, илм 37 дарсад, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 71 дарсад ва фарҳанг 51 дарсад занон фаъолият мебаранд.

Занон дар соҳаи маорифи Тоҷикистон нақши муҳим ва созандаро иҷро мекунанд. Ҳиссаи онҳо дар тарбия ва таълими насли наврас назаррас буда, аксари омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёна занон мебошанд. Дар бисёр муассисаҳои таҳсилоти умумӣ беш аз 80 фоизи омӯзгорон занон буда, онҳо на танҳо сифати таълимро баланд мебардоранд, балки дар ташаккули ҷомеаи маърифатпарвар ва устувори оянда низ саҳми калон мегузоранд. Дар муассисаҳои соҳаи маориф аз ҳисоби занон 11 академик, 84 профессор, 131 доктори илм, 1000 номзади илм ва 608 дотсент фаъолият дорад. Онҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ, таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ низ фаъолона иштирок доранд.

Масъалаи аз ҳисоби духтарон тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат туфайли таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҳалли худро меёбад. Бинобар ин, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ дода шуда, чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Яке аз чунин ҷораҳои муҳим ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ мебошад, ки дар солҳои 1997 – 2023 дар 61 шаҳру ноҳия ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 26 ҳазору 67 ҷой (15 ҳазору 914 ҷой барои духтарон ва 10 ҳазору 153 ҷой барои писарон) ҷудо гардида буд. Аз оғози таъсиси квотаи президентӣ зиёда аз 14 ҳазор нафар духтарони боистеъдод, бахусус, аз ноҳияҳои дурдаст муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро бо истифода аз ин имкон хатм карда, ҳоло дар соҳаҳои гуногун ба нафъи давлату ҷомеа фаъолият доранд. Танҳо тайи солҳои 2015 – 2025 11 500 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм карданд. Умуман, дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 680 ҳазор нафар духтарону занон ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳиби касбу ҳунар гардиданд.

Таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ имкони беҳамто барои рушди касбӣ ва шахсии онҳо мебошад. Ҳар сол садҳо ҷавони тоҷик тавассути барномаҳои стипендиявӣ ва созишномаҳои байнидавлатӣ ба кишварҳое чун Русия, Чин, Туркия, Олмон ва ИМА дохил мешаванд. Ин таҷрибаҳо на танҳо дониш ва малакаи нав медиҳанд, балки робитаҳои байналмилалиро низ густариш медиҳанд. Ҳоло дар 42 давлати дунё 42 ҳазору 315 нафар ҷавонони боистеъдоди ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд, ки беш аз 13 ҳазор нафар ё 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Дар ин давра, инчунин, 256 ҳазор нафар духтар муассисаҳои олии касбиро хатм намуданд.

Озмунҳо дар соҳаи маориф воситаи муҳимми ҳавасмандкунии занон ва духтарон ба шумор мераванд. Онҳо имкон медиҳанд, ки истеъдод ва маҳорати омӯзгорон ошкор гардад ва қадршиносӣ шавад. Озмунҳое чун «Омӯзгори сол», «Беҳтарин мураббӣ», барандаи стипендияи президентӣ ва ғайра на танҳо дониш ва малакаи касбии занонро нишон медиҳанд, балки онҳоро ба рушди бештар ва саҳми фаъол дар соҳаи маориф ташвиқ мекунанд. Чунончи, ҳар сол дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ барои соҳиб шудан ба стипендияи Президенти мамлакат озмун доир мешавад, ки духтарон барандаи қисми зиёди он мешаванд. Масалан, натиҷаи озмун барои соли таҳсили 2024 – 2025 нишон дод, ки аз 3000 нафаре, ки барандаи стипендияи президентӣ шуданд, 1860 нафар ё 62 фоизро духтароне, ки танҳо бо баҳои «аъло» таҳсил мекунанд, ташкил доданд. Илова бар ин, барои дастгирӣ ва ҳавасманд намудани донишҷӯдухтарон стипендияи президентӣ, стипендияҳои номӣ, стипендияҳои Кумитаи кор бо занон ва оила, дигар мақомоти марказӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шудаанд. Занону духтарон, инчунин дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» иштироки фаъолона мебаранд.

Занон дар рушди илм нақши муҳимму созанда доранд. Онҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, тиб, физика, кимиё, математика ва илмҳои ҷамъиятӣ саҳми назаррас мегузоранд. Дар Тоҷикистон шумораи занони олим ва муҳаққиқ сол ба сол меафзояд. Ҳукумати кишвар барои дастгирии онҳо шароити хуб фароҳам меорад, ки ин ба пешрафти илм ва рушди ҷомеа мусоидат мекунад.

Ҳукумати кишвар тавассути барномаҳои махсус ва дастгирии касбӣ барои рушди минбаъдаи занон дар соҳаи маориф шароити мусоид фароҳам меорад. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар кормандон ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2025 ин нишондиҳанда ба 73 фоиз расид.

Дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ садҳо зан сатҳи дониши хонандагонро баланд гардонида, ҳамзамон, таҳқиқоти илмии худро анҷом медиҳанд ва дар рушди соҳаи илму маориф саҳми арзанда мегузоранд. Дар байни онҳо олимаҳои Тоҷикистон – профессорон: М. Ёқубова, М. Додхоева, М. Раҳимова, О. Азизқулова, М. Зикриёева, Д. Қодирова, М.Қурбонова, Т. Низомова ва даҳҳо дигарон мебошанд.

Инчунин, занон – кормандони Академияи миллии илмҳо дар соҳаҳои гуногуни илми ватанӣ фаъолияти пурсамар доранд. Дар муассисаи мазкур 743 нафар занону бонувон фаъолият доранд, ки 80 нафари онҳо кадрҳои роҳбарикунанда, 2 нафар академик, 3 нафар узви вобаста, 33 нафар доктори илм, 109 нафар номзади илм, 104 нафар доктор аз рӯйи ихтисос ва 294 нафар магистр мебошанд. Умуман, 37 фоизи олимони кишварро занон ташкил медиҳанд.

Занони ихтироъкор дар рушди илму техника саҳми арзанда доранд. Онҳо бо офаридани навовариҳо ва технологияҳои муосир дар соҳаҳои тиб, кишоварзӣ, маориф ва муҳандисӣ фаъолона иштирок мекунанд. Дар Тоҷикистон низ занони ихтироъкор мавҷуданд, ки ихтироъҳои онҳо дар озмунҳои миллӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шудаанд. Чунончи, дар солҳои 2020 – 2025 шумораи ихтироъкорон аз ҳисоби занон ба 210 нафар расида, аз ҷумла, 5 нафар бо ихтирооти нодири худ дар сатҳи байналмилалӣ сазовори шоҳҷоиза ва медали тило, 10 нафар соҳиби медали нуқра ва 1 нафар сазовори медали биринҷӣ гардидаанд.

Дар давраи муосир ташаббусҳои занон ҳамаҷониба дастгирӣ гардида, саҳми онҳо дар баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат ва мақоми иҷтимоии занону духтарон, ҳалли масъалаҳои ҳаёти онҳо, аз қабили бо роҳи омӯзонидани илму дониш, касбу ҳунар ва муҳайё кардани ҷойҳои корӣ меафзояд. Дар ин самт фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии занон самаранок мебошад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 60 созмони ғайридавлатии занон, монанди «Занони маълумоти олидор», «Олимаҳои Тоҷикистон», «Модар», «Мадад», «Симо», «Малика» ва ғайра амал мекунанд, ки ҳамаи онҳо як марому мақсад доранд: занонро ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ ҷалб намоянд. Инчунин, онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳуқуқи занону духтаронро ҳимоя кунанд. Ин созмонҳо конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ гузаронида, хориҷиёнро бо фаъолияти занони Тоҷикистон шинос менамоянд. Роҳбарони созмон ва иттиҳодияҳои занони Тоҷикистон, ба монанди Б. Додхудоева, С. Раҷабова, М. Бобобекова ва дигарон дар ҷамъомадҳои бонуфузи байналмилалӣ дар давлатҳои хориҷӣ суханронӣ намуда, ҷаҳониёнро бо дастовардҳои занони тоҷик шинос мегардонанд, дар ҷараёни ташаккули якпорчагӣ, мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдат саҳм мегузоранд.

Дар ҷумҳурӣ соҳае нест, ки занон дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Занон дар соҳаи тиб нақши калидӣ доранд. Дар Тоҷикистон қариб 71 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, табибон ва ҳамшираҳои шафқат, занон мебошанд. Онҳо дар беморхонаҳо, марказҳои тиббӣ ва дар корҳои профилактикӣ фаъолона иштирок мекунанд. Ҳукумат ва созмонҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани савияи тахассус ва шароити кории онҳо чораҷӯйӣ мекунанд. Саҳми занон дар беҳбудии саломатии ҷомеа бениҳоят арзишманд аст.

Занони ҷумҳурӣ дар соҳаи бонкдорӣ 8,5 ҳазор нафар ё 41 фоизро ташкил медиҳанд. Онҳо дар вазифаҳои муҳосиб, менеҷер, таҳлилгар ва ҳатто роҳбари шуъбаҳо фаъолият доранд. Бо рушди иқтисоди миллӣ, иштироки занон дар бахши молия низ афзоиш ёфта истодааст. Барномаҳои таълимӣ ва дастгирии касбӣ ба занон имкон медиҳанд, ки малакаҳои худро рушд дода, ба роҳбарони соҳа табдил ёбанд. Иштироки фаъоли онҳо ба рушди устувори низоми молиявӣ мусоидат мекунад.

Занони соҳибкор дар Тоҷикистон нақши муҳим дар рушди иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои корӣ доранд. Онҳо дар бахшҳои савдо, кишоварзӣ, хидматрасонӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, ҳиссаи занону бонувони соҳибкор дар бунёд кардану ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои хидматрасониву тиҷоратӣ, иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ торафт назаррас гардида истодааст. Дар ҷумҳурӣ аз 362 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ 110 ҳазор нафарро (30%) занон ташкил медиҳанд. Агар дар оғози солҳои Истиқлол шумораи занони соҳибкор аз 64 нафар иборат бошад, имрӯз корхонаҳои хурду миёна, ки роҳбарашон занону духтарон мебошанд, ба 2220 адад расидааст.

Тайи солҳои 2015 – 2024 барои дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби ташкилоти қарзии мамлакат 27 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки беш аз 6 миллиард сомонии он танҳо ба соли 2024 рост меояд. Илова бар ин, дар ин давра барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон 24 миллион сомонӣ грантҳои президентӣ ҷудо карда шудаанд. Ҳукумат ва созмонҳои байналмилалӣ барои дастгирии занони соҳибкор барномаҳои омӯзишӣ ва грантҳо пешниҳод мекунанд. Соҳибкории занон на танҳо рушди иқтисодиро таъмин мекунад, балки ба болоравии мақоми зан дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Дар бештар аз 30 соли Истиқлоли давлатӣ саҳми онҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва бахши хусусӣ назаррас мебошад. Зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону духтарон мебошанд. Аз 180 ҳазор нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 53 ҳазор нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Ҳамин тавр, давлат ва Ҳукумати мамлакат фаъолияти занонро дар ҳама давраҳои таърихи муосир (шуруъ аз солҳои вазнину ҳассоси оғози соҳибистиқлолӣ, барқарорсозии баъдиҷангӣ ва тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи навини тоҷикон), ҳамеша қадр менамояд. Туфайли чунин сиёсати пешгирифта, ҳоло зани тоҷик ҳамчун чеҳраи сиёсӣ, вакил, олим, омӯзгору табиб ва муҳандису адиб шинохта шуда, сафи занони олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор ва хоҷагидору соҳибкор торафт меафзояд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону духтарони тоҷик дар он фаъолият надошта бошанд. Ба ин, пеш аз ҳама, бартараф намудани боқимондаҳои нобаробарии занон дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамояд. Занони Тоҷикистони офтобрӯя дар сафи пеши мубориза барои сулҳу хушбахтии инсон қарор дошта, кӯшиш менамоянд, ки софдилона меҳнат кунанд ва дар бунёди ҷомеаи демократӣ, хушбахтии аҳли ҷомеа, ваҳдат ва сулҳи пойдор саҳми худро гузоранд.

Реклама