Таърихи халқи тоҷик синфи 8

Таърихи халқи тоҷик синфи 8

Дар ин китоби синфи 8 шумо аз таърихи халқи тоҷик дар асрҳои XIV− нимаи аввали асри XIX маълумот пайдо мекунед. Ибтидои асри XIV мутобиқ ба замони пош хӯрдани ҳукумати марказии Ҷағатоиён дар Мовароуннаҳр мебошад. Дар нимаи дуюми асри XIV муборизаи байни амирон ва хонҳои муғулӣ дар Мовароуннаҳру Хуросону Эрон шиддат ёфта, боиси комилан заиф гардидани ҳокимияти хонии муғулҳо дар ин сарзаминҳо мегардад. Ин омилҳо сабаб мешаванд, ки қудрати идораи ҳокимиятро дар ин сарзаминҳо хонадони нав, ки асосгузори он Темуриён буд, ба даст гирад. Бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ ва илмӣ дар ин ҷо дар бораи чӣ гуна ҳокимиятро ба даст овардани Темурланг дар маркази Мовароуннаҳр – Самарқанд, хоинона ба қатл расидани роҳбарони наҳзати мардумии Сарбадорон дар Самарқанд, ҳуҷумҳои Темурланг ба мамлакатҳои гуногун, қатлу ғорати мардум ва харобии мамлакатҳо аз дасти Темурланг маълумот дода шудааст. Империяе, ки Темурланг дар натиҷаи кишваркушоиҳояш ба вуҷуд оварда буд, баъд аз сари ӯ бар ҷой намонд. Худи Темурланг низ пош хӯрдани империяашро пешбинӣ карда буд, ки ҳангоми зинда буданаш ин сарзаминро миёни писарон ва наберагонаш тақсим кард.

Contents

Реклама