§ 24. КИТОБХОНАҲО ВА ОРОИШИ ДАСТНАВИСҲО.РУШДИ ҲУНАРИ МИНЁТУРА

§ 24. КИТОБХОНАҲО ВА ОРОИШИ ДАСТНАВИСҲО.РУШДИ ҲУНАРИ МИНЁТУРА

Дар раванди омӯзиш ва касби дониш дар асрҳои миёна китобхонаҳое, ки аз тарафи шахсони алоҳида таъсис мешуд ва инчунин, китобхонаҳои вақфӣ, ки дар назди масҷидҳо фаъолият мекард, нақши муайяне мебозиданд. Султонҳо ва шахсиятҳои бомаърифат соҳиби китобхонаҳо буданд. Китобхонаҳо дар он вақтҳо вазифаи коргоҳи китобатро, ки хаттотон дар он адои хидмат менамуданд низ доштанд. Дар ин ҷо мусаввирон дастнависҳоро ороиш медоданд. Дар асри XVI ороиши бадеии китобҳои дастнавис ба ҳукми анъана даромада, ба дараҷаи баланд расида буд. Сарчашмаҳои таърихӣ номи беш аз чиҳил нафар хаттотони маъруфи ин даврро зикр кардаанд, ки дар миёни онҳо Султон Мираки Муншӣ, Миралии Ҳиравӣ, Султон Алии Убаҳӣ, Султон Алии Машҳадӣ ва Юсуфбеки Тушмал машҳури давр гашта буданд. 

Дар Мовароуннаҳр китобхонае дар Бухоро, ки дар назди дарбори Абдулазизхон–писари Убайдуллоҳхони Шайбонӣ фаъолият мекард, машҳур шуда буд. Дар ин китобхона хаттотон ва мусаввирони маъруф кор карда, ба хушнависӣ ва нусхабардории осори таърихӣ ва адабӣ, девонҳои шоирон машғул буданд. Мусаввирон китобҳои хаттотишударо бо минётураҳои гуногун ороиш медоданд. Яке аз устодони хат дар ин китобхона Миралии Ҳиравӣ буд, ки барои такомули хатти настаълиқ кӯшиши зиёде ба харҷ дод. Миралӣ донандаи ҳамаи илмҳои амалии замонаш буда, инчунин, ба иртиботи ин ва ё он ҳодиса шеър мегуфт ва таърихи ба вуқӯъ омадани баъзе ҳодисаҳои ҳамзамони ӯро метавон аз ашъораш пайдо кард. Миралии Ҳиравӣ дар соли 951 ҳ.қ. /1544–45 – дар замони нооромиҳо дар Мовароуннаҳр дар синни 70 солагӣ ба қатл мерасад. Дар ин китобхона ҳамчунин шогирдони Миралӣ – Хоҷа Маҳмуди Ҳиравӣ ва Саид Аҳмади Машҳадӣ низ фаъолият мекарданд. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо мудири ин китобхона мусаввири маъруф ва хаттоти машҳур Султон Мирак буд. 

Дар назди дарбори ҳокими Самарқанд султон Саид китобхонае амал мекард, ки мувофиқи ахбори сарчашмаҳо чанд муддате мудири он шоир Абдурраҳмони Мушфиқӣ буд. 

Сарчашмаҳои таърихӣ аз китобхонаи Бурҳонхон, ки солҳои 1553 – 1557 дар Бухоро ҳоким буд, ёд мекунанд. Раиси ин китобхона Мавлоно Амини Китобдор, ки бо шоири маъруф Абдурраҳмони Ҷомӣ робитаи хешутаборӣ дошт, будааст. Ин шахс баъдан дар назди амир Муҳаммад Боқибий дар вазифаи китобдор ва мударрис низ кор кард. 

Дар асри XVI мусаввирони Мовароуннаҳр дар эҷодиёти худ анъанаҳои наққоши маъруф Камолиддин Беҳзодро идома доданд. Услуби латиф ҳамчун усули махсуси бадеӣ ва зебоипарастӣ дар мактаби минётураи Ҳирот истифода мешуд, ки онро Беҳзод асос гузошта буд. Нафосат, зарофат ва дараҷаи баланди касбӣ хусусияти аслии осори ҳунарии ин мактаб буд. Мавзӯи миётурҳои ин мактаби ҳунарӣ асосан ба тавсифи табиат, шикор, маҷлиси зиёфат, мусобиқаи паҳлавонҳо, инчунин, ба мавзӯи тарбиятӣ аз масалҳо ва достонҳо бахшида шуда буд. Мактаби ҳунарии Беҳзод дар тарбияти иддаи зиёди мусаввирон дар Мовароуннаҳр, Хуросону Эрон нақши муҳим бозид. 

Дар нимаи аввали асри XVI мактаби мусаввиронминётуристҳои Бухоро ташкил меёбад, ки мусаввирон бо минётураҳои худ китобҳои дастнависро ороиш медоданд. Мактаби мусаввирони Бухоро баъд аз он ки мактаби Ҳирот дар асари ҷангҳо миёни Шайбониён ва Сафавиён пароканда мешавад, шуҳрати бештар меёбад. Дар ташаккули мактаби минётурии Бухоро гурӯҳе аз мусаввирони Ҳирот, ки иддае ба ихтиёри худ ва иддаи дигар маҷбурӣ ба Бухоро оварда шуда буданд, нақши муҳим бозиданд. Мусаввирон Хоҷа Муҳаммад, Султон Алии Машҳадӣ ва Табои Наққош аз Ҳирот ба Мовароуннаҳр омада буданд. Дар миёни мусаввирони мактаби Ҳирот, ки ба Бухоро омада, фаъолият мекарданд, Шайхзода Маҳмуд бо тахаллуси Музаҳҳиб ва шогирди ӯ Абдуллоҳ Муҳаммади Муҳассин хеле маъруф гаштанд. Минётураҳои офаридаи Абдуллоҳ Муҳаммади Муҳассин то солҳои 80-уми асри XVI миёни дигар минётураҳо шуҳрати бештар доштанд. Дар Бухоро мусаввир Оғоризо (вафот 1575) зиндагӣ ва кор мекард, ки зодгоҳи ӯ Исфаҳон буд. 

Дар минётураҳои асри XVI-и мактаби мусаввирони Бухоро услуб ва тарзи кашидани минётураҳои мактаби Ҳирот возеҳ намудор мешавад. Чун Бухоро мактаби минётурии худро низ дошт, бинобар ин, дар солҳои 50-уми асри XVI услуби мовароуннаҳрии кашидани минётураҳо низ ташаккул меёбад. Ин услуб дар содагии на аз ҳад зиёд, ки бо омезиши рангҳои равшан ва пурҷило ягонагиеро дар минётура ба вуҷуд меовард, баён мегардид. Теъдоди мусаввирони бо ин услуб асар офарида беш аз бист нафар буданд. Бобо Наққош, Муҳаммад Мурод, Муҳаммад Нодир ва Ғуломшодӣ аз зумраи он мусаввиронанд. Мусаввирон Ҷалолиддини Юсуф, Муҳаммад Муҳассин ва Муҳаммад Муроди Самарқандӣ дар рушди ҳунари наққошии асри XVI-и Мовароуннаҳр мавқеи намоён доранд. 

Хусусияти хоси мактаби наққошии Мовароуннаҳр дар нимаи дуюми асри XVI аз он иборат буд, ки дар он ҳаҷв низ дохил карда мешавад. Ин ба он иртибот мегирад, ки дар ин замон осори ҳаҷвӣ, аз ҷумла «шаҳрошӯб» рушд мекунад. 

Минётураҳо дар варақҳои алоҳида кашида шуда, асосан зебоибахши дастнависҳо буданд. Ин минётураҳо бо мазмуни ҳар фасли китоб ва воқеаҳои муайяни таърихӣ мувофиқат мекарданд. Бештари вақт достонҳои назмӣ, бахусус, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, достонҳои Низоми Ганҷавӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ бо минётура ороиш ёфтаанд. Бо вуҷуди ин ки дар асрҳои гузашта дар осори таърихӣ ва илмӣ минётураҳо камтар ба назар мерасиданд, аммо дар асри XVI мусаввирони Мовароуннаҳр бештар осори таърихиро бо минётураҳои худ ороиш доданд. Ин ба он робита дошт, ки ҳокимон ба рисолаҳои таърихие, ки худашон ва аҷдоди онҳо дар маркази он қарор доштанд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекарданд. Ба ин сабаб симои як қатор шахсони таърихӣ низ офарида шуд. Ба ин гуна асарҳо «Фатҳнома», «Таърихи Абулхайрхонӣ», «Таърихи гузида» ва ғайраҳо дохил мешаванд. Масалан, китоби «Фатҳнома», ки юриши Шайбонихон ба Мовароуннаҳрро тавсиф мекунад, бо ҳафт минётура оро ёфтааст. Аз ҷумлаи ҳафт минётура дутои он ба ҷанги Сари Пул (1501) ва муҳосираи Самарқанд аз тарафи Шайбонихон бахшида шудааст. Ин минётураҳо на танҳо китоби «Фатҳнома»-ро ороиш додаанд, балки ҳамчунин маводи ҳуҷҷатие дар тасвири симои меъмории шимоли Самарқанд, аз ҷумла қисмати Дарвозаи Оҳанин низ хидмат мекунанд. Дар ин рисола ҳамчунин симои Шайбонихон ва дигар шахсиятҳои таърихӣ дар шакли минётура тасвир шудааст. 

Мусаввирони асри XVI-и Мовароуннаҳр кӯшиш кардаанд, ки муҳит ва атрофиёнро дар осори хеш воқеъбинона таҷассум кунанд. Масалан, Маҳмуди Музаҳҳиб дар яке аз минётураҳои худ зиддиятҳои иҷтимоии ҷамъияти асримиёнагиро равшан баён мекунад. Дар ин минётура бофандазани куҳансоле, ки бо султон Санҷар мулоқот карда, ӯро барои гирифтани андозҳои зиёд, ки мардумро фақир кардаанд, сарзаниш мекунад, тасвир ёфтааст. 

 Савол ва супориш:

1) Дар Мовароуннаҳр китобхонаҳо аз тарафи чӣ касоне таъсис меёфтанд? 

2) Китобхонаҳои маъруфи асри XVI-ро номбар кунед. 

3) Дар бораи хаттотони маъруфи ин давр маълумот диҳед. 

4) Мактаби ҳунари минётураи Бухоро дар чӣ асос рушд кард? 

5) Мусаввирони маъруфи ин давр киҳо буданд?  

Реклама