§ 46. СОХТИ МАЪМУРИИ АМОРАТИ БУХОРО

§ 46. СОХТИ МАЪМУРИИ АМОРАТИ БУХОРО

    Ҳукмронии сулолаи Манғитиён дар Бухоро меросӣ буда, бо ҳеҷ гуна қонун маҳдуд карда намешуд. Амирон соҳибихтиёр давлатро идора мекарданд. Қонуни ягонае, ки ҳукмронии онҳоро нисбатан маҳдуд мегардонд, шариати ислом ва баъзе расму оини анъанавии ниёгон буд.  

    Баъди амир қӯшбегӣ дар мақоми дуюми аморати Бухоро буд. Вай аз тарафи амир таъйин шуда, танҳо ба ӯ итоат мекард. Тамоми корҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ дар ихтиёри қӯшбегӣ буд. 

    Қӯшбегӣ вазифаи сарвазириро адо намуда, ба ӯ дигар мансабдорон итоат мекарданд. Онҳое, ки дар ҳудуди ҳокимҳои вилоят вазифаи девонбегиро иҷро мекарданд, ба қӯшбегии поён тобеъ буданд. 

    Яке аз мансабҳои дарборӣ иноқи калон ном дошт. Шахси ба ин рутба расида дар ҳузури амир фармонҳоро қироат мекард ё тартиб медод. Мутасаддии амалиёти ҷосусӣ дар ихтиёри кӯкалтош буд. 

    Корҳои дигар ба зиммаи мансабдорони дараҷаашон поён гузошта мешуд. Амалдорони амирӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешуданд: табақаи аъёну ашрофи ғайрирӯҳонӣ ва аҳли уламо. Амалдорон ва сипоҳиён ба гурӯҳи аввал, фақеҳ, муллоҳо, мударрисон, ҳуқуқшиносон, шайхулислом, қозӣ, муфтӣ, раис ва дигарон ба гурӯҳи дуюм, яъне ба аҳли уламо дохил мешуданд. Вале атолиқ, шайхулислом ва баъзе мансабҳои дигар дар асрҳои XVI – XVIII, ки мақоми баланд ба ҳисоб мерафтанд, дар замони ҳукмронии сулолаи Манғитиён ба мансабҳои ифтихорӣ табдил ёфтанд. 

    Аморати Бухоро ба вилоятҳо ва туманҳо тақсим мешуд. Ҳар кадоми онҳоро наздикони амир, писарони ӯ ва хешовандонаш идора мекарданд. Сардорони ин мулкҳоро дар Ҳисор ва Кӯлоб бек ё ҳоким, дар Қаротегин ва Дарвоз – шаҳ (ё шоҳ), дар Ӯротеппа ва Хуҷанд ҳоким, дар Масчоҳу Фалғар мир ном мебурданд. Бекигариҳо ба амлокдорӣ тақсим мешуданд, ки амлокдор онро идора мекард. Дар баъзе вилоятҳои кӯҳистон (Ҳисор, Қаротегин, Кӯлоб ва ғайра) амлокдорӣ ба мири ҳазора ҷудо мешуд, ки аз якчанд деҳа иборат буд. Деҳаро арбоб ё амин идора мекард. 

    Дар Қаротегин ва Бадахшон ба ғайр аз шоҳ, миру арбобҳо дар идораи маъмурӣ мавқеи муҳимро ишғол менамуданд.  

    Муҳофизати шабонаи шаҳрҳо, кушодан ва бастани дарвозаҳои Бухоро дар ихтиёри миршаб буд. Дар Хӯқанд ва Ӯротеппа онҳоро қӯрбошӣ меномиданд. Миршаб ва қӯрбошӣ ба оромию осудагии шаҳр назорат мебурданд.  

    Ба воситаи мансабдорони номбурда хону амир, беку ҳокимон мулки худро идора мекарданд, хироҷу андоз ҷамъ меоварданд. Амалдорони амирӣ аз тарафи давлат маош мегирифтанд. Онҳо аз ҳисоби мардум, аксар аз ҳисоби деҳқонон ва косибон зиндагӣ карда, бори вазнини дӯши мардуми меҳнатиро дучанд мегардониданд. 

    Воҳиди маъмурӣ дар болооби Зарафшон–Мастчоҳ, Фалғар ва Фон, сада ё даҳа буд, ки ба амир ва арбоб тобеъ буданд. Ҳар як сада қозӣ, муфтӣ ва раис дошт. 

    Дар Хӯқанд хонҳо аз қабилаи минг, мисли сулолаи хонадони Манғитияи Бухоро, ҳукмрони мутлақ буданд. Ҳокимияти хонро ҳеҷ гуна қонун маҳдуд намекард. Дар ин ҷо баъди хон мингбошӣ дар мақоми дуюм буд. Дар хонии Хӯқанд бекҳо ё ҳокимони вилоятҳо, сарзакотчӣ ва қозикалон нуфузи калонро соҳиб буданд. Дар ин хонигарӣ чун аморати Бухоро мансабҳои хоҷакалон, мири асад, нақиб, саркор, девонбегӣ, амлокдор, кадхудо, арбоб (дар деҳаҳо) мавҷуд буданд. 

    Аз аҳли уламо қозикалони Бухоро дар ҷойи аввал қарор мегирифт. Ӯ аз тарафи амир таъйин мегардид ва ба ӯ ҳамаи қозиёни аморати Бухоро итоат мекарданд. Шахсони ба ҳукми қозӣ норозибуда мебоист ба қозикалони Бухоро шикоят кунанд, вале ин навъ мавридҳо ниҳоят кам мешуд. Ҳукми қозикалонро танҳо амири Бухоро ҳуқуқи бекор кардан дошт. 

    Қозикалон ва қозиҳо дар маҳкама, биноҳои махсус, ки қозихона ном дошт, нишаста корафтодагон ва гунаҳкоронро қабул мекарданд. Қозиҳо мирзоён, пешхизматон ва дигар мардуми хизматгорро дар ихтиёри худ доштанд. Вақфнома, ваколатнома, тақсими мерос ва дигар асноди расмӣ дар ҳузури қозӣ тартиб ёфта, бо муҳри ӯ тасдиқ мешуданд. 

    Қозиёни вилоятҳои Қаротегин ва Дарвоз аз тарафи ҳокимони он ҷо таъйин мегардиданд. Ҳаққултарака (моли меросӣ) ва никоҳона аз рӯйи одати мардуми ин ҷойҳо, ба ҳоким мерасид. Дар ҷойҳои дигар ин навъи даромадҳо ба манфиати қозӣ ва қозихона мегузашт. 

    Лашкар ва аслиҳа. Лашкари аморати Бухоро асосан аз саворанизом иборат буд. Онҳоро навкар меномиданд. Навкарон барои хизмати худ аз навъҳои гуногуни андози давлатӣ озод буданд. Барои хизмати сарбозӣ ҳар кадоми онҳо ҳарсола ғалладона (гандум, ҷуворӣ), сарулибос ва миқдори ночизи маош мегирифтанд. Дар вақти эълони ҷанг навкар вазифадор буд, ки бо силоҳ ва аспи худ ба назди ҳокими вилоят ҳозир шавад. Агар аспи навкар ҳангоми амалиёти ҷангӣ ҳалок шавад, ба ӯ аз ҳисоби давлат аспи дигар медоданд. Ҳамчунин, хӯроки лашкарро аз ақиби қӯшун бо уштурҳо бор карда мебурданд. 

    Лашкари амир аз тарафи даҳбошӣ ва юзбошиҳо роҳбарӣ мешуд. Сарварони лашкар аз давлат ба сифати танхоҳ замин мегирифтанд.  

    Силоҳи навкарон асосан найза ва шамшер буд. Як қисми ночизи онҳо камонҳои пилтагӣ доштанд. Дар ибтидои асри XIX як қисми сарбозон ҳатто бо камонғӯлак мусаллаҳ буда, сипари оҳанӣ ё чармӣ дар даст доштанд. 

    Дар вақти амалиёти ҷангӣ барои муҳосира намудани истеҳкомҳо, сохтмони пулҳо ва дигар корҳо ба ҳайати лашкар аз ҳисоби деҳқонон ва косибон қарачирикҳо даъват мешуданд. Онҳо бо аспони худ ба ҷанг мерафтанд. Азбаски силоҳ намерасид, қарачирикҳо каланду бел мегирифтанд. 

    Лашкари амир бо тӯпҳои мисӣ низ мусаллаҳ буд. Тӯпҳоро ба ароба бор карда, мебурданд. Аз ҳар тӯп дар як рӯз аз 5 то 6 тир меандохтанд. 

    Дар ибтидои асри XIX аморати Бухоро дорои 3600 навкар буд. Як қисми онҳо муқими шаҳри Бухоро, қисми дигараш дар вилоятҳо истиқомат мекарданд. Онҳо дар вақти ҷанг бо фармони амир фавран ҷамъ меомаданд. 

   Соли 1837 амир Насруллоҳ лашкари пиёдагарди доимӣ ва баталиёни тӯпчиёнро ташкил кард. Онҳоро сарбоз меномиданд. Сарбозҳо дар давраи ҷанг сарулибоси махсус, камзӯли сурх, шалвори сафед ва телпак мепӯшиданд. Миқдори сарбозон 2000 нафар буд. Муҳлати хизмати сарбозӣ маълум набуд. Дар миёнаҳои сари XIX миқдори тӯпҳои лашкари Бухоро ба 80 адад мерасид. 

    Бо ин қувва ва неруи сарбозон ба амир Насруллоҳ муяссар шуд, ки давлати нисбатан мутамарказ ташкил намуда, бар мулкҳои дигар ғалаба ба даст оварад.  

    Қувваҳои ҳарбии хонии Хӯқанд дар нимаи аввали асри XIX аз аморати Бухоро кам фарқ мекард. Лашкари савораи хон доимӣ набуд. Онҳо дар вақти ҷанг ҷамъ меомаданд. Савораҳои низомии муайян ва силоҳи якхела надоштанд. Аз хазина ҳар кадом сарбоз орду биринҷ ва дар як сол ду ҷома мегирифт. Ба ивази маош ба сарбозон ва сардорони онҳо баъзан инъомҳо медоданд. Сарбозони савора аз хон асп ва баъзан замини кишт мегирифтанд. Силоҳи лашкари Хӯқанд аз силоҳи лашкари Бухоро беҳтар набуд. Танҳо як қисми ками сарбозон бо камони пилтагӣ мусаллаҳ буданд. Лашкари хон дорои 100 адад тӯп буд. 

    Қисми ташкилии қувваи ҳарбии хони Хӯқанд дар нимаи аввали асри XIX аз қувваи низомии аморати Бухоро кам фарқ мекард, вале назар ба лашкари Бухоро заифтар буд. Бинобар ин, ба амирони Бухоро муяссар мегашт, ки дар ҷангҳои бо хони Хӯқанд суратгирифта борҳо пирӯз гашта, чандин маротиба маркази хонигарӣ – шаҳри Хӯқандро ишғол намоянд. 

Сарчашма: 

    Маълумоти Н. Хаников дар бораи баъзе вазифаҳои амир ва шаҳрдор дар аморати Бухоро: «Сардори давлат амир аст. Ҳукми ҳаёту мамоти аҳолии шаҳру деҳоти мамлакат дар ихтиёри ӯст ва амалиёти ӯро дар ин боб танҳо қонунҳои исломӣ, ки аз рӯйи Қуръон амал мекунанд, маҳдуд мегардонд. Амир дар шаҳрҳои аз Бухоро дур воқеъ буда шаҳрдор (раиси шаҳр) таъйин мекард ва тамоми ҳуқуқҳои худро, ба ҷуз аз ҳуқуқи ҳаёт ва марг, ба ихтиёри ӯ медод. Ба ҷо овардани ҳукми қатл танҳо бо иҷозати амир амалӣ мегашт.  

    Шаҳрдорон аз тамоми ҳодисоти дар маҳалҳо рӯй дода бояд амирро огоҳ менамуданд. Ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа, баъди адои намози ҷумъа, онҳо ахбори худро ба амир пешниҳод мекарданд. Агар дар итоати шаҳрдор шаҳрҳои хурди дигар бошанд, он гоҳ сардорони онҳо маълумоти заруриро ба шаҳрдори асосӣ пешкаш менамуданд ва ӯ онҳоро ба амир мерасонд. 

    Ҳангоми лашкаркашии амир барои ҷамъ намудани ҷангиён, шаҳрдорон фармони амирро гирифта, дар бозорҳои шаҳр эълон мекарданд. Ашхосе, ки барои ин кор дар Бухоро ва маҳалҳои дигар қаблан номнавис шуда буданд, дар вақти муайяншуда ба ҷойи лозимӣ ҷамъ меомаданд. Бо аслиҳа ва аспҳо таъмин намудани ашхоси ҷамъшуда ба уҳдаи шаҳрдорон вогузор буд. 

    Ҷамъоварии хироҷро низ шаҳрдорон иҷро мекарданд. Ҷамъоварии навъҳои дигари андоз аз ҷониби ашхоси масъули дигар иҷро мешуд». 

    Н. Ханыков. Описание Бухарского ханства. Санкт-Петербург, 1843, саҳ. 179 – 181. 

Савол ва супоришҳо: 

1) Сохтори маъмурии аморати Бухоро чӣ гуна буд? 

2) Қӯшбегӣ дар аморати Бухоро кадом вазифаҳоро иҷро мекард? 

3) Амалдорони амирӣ ба чанд гурӯҳ тақсим мешуданд? 

4) Ба гурӯҳи аввали амалдорони амирӣ киҳо дохил буданд? 

5) Аморати Бухоро аз ҷиҳати маъмурӣ ба кадом қисматҳо ҷудо мешуд? 

6) Сардорони мулкҳои аморати Бухороро чӣ ном мебурданд? 

7) Бекигариҳоро кӣ идора мекард? 

8) Идораи деҳа ба дӯши кӣ вогузор буд? 

9) Вазифаи миршаб аз чӣ иборат буд? 

10) Дар бораи сохтори маъмури хонии Хӯқанд маълумот диҳед. 

11) Вазифаҳои қозикалони Бухороро шарҳ диҳед. 

12) Ба уҳдаи қозиҳо кадом вазифаҳо вогузор буданд? 

13) Лашкари савора дар аморати Бухоро чӣ ном дошт? 

14) Навкар кадом вазифаҳоро иҷро мекард? 

15) Лашкари амир аз тарафи киҳо идора мешуд? 

16) Сарбозҳо киҳо буданд? 

17) Дар бораи қувваҳои ҳарбии хонии Хӯқанд дар нимаи аввали асри XIX маълумот диҳед. 

Реклама