Амир эълон шудани Темурланг дар Хуросон. Омадани Темурланг ба Самарқанд. Бо ғалаба дар Балх Темурланг ба фармонравоии мустақил расид ва худро дар Балх амири кабир эълон кард.
Темурланг пас аз куштани амир Ҳусайн зани ӯ Сароймулкхонумро, ки духтари Қазанхони Чингизӣ буд, ба никоҳи худ даровард. Сароймулкхонум бо номи Бибихонум низ маъруф буд. Чун ӯ духтари хони муғул буд ва зани калонии Темурланг ба ҳисоб мерафт, ба ин сабаб ба Темурланг лақаби Курагон, ки муғулон домодро мегуфтанд, дода шуд. Ба Темурланг фарзандонаш Мироншоҳ, Шоҳрух ва наберааш Улуғбек ва дигарон тақлид карда, бо хонадони чингизӣ пайванди хешу таборӣ барқарор карданд. Дар ин робита бояд гуфт, ки таърихнигори асри XVII Маҳмуд ибни Валӣ хонадони Темуриёнро Гуркониён низ номидааст.
Насаби Темурланг бевосита ба хонадони Чингиз намерасид, бинобар ин, пас аз гирифтани ҳукумати Мовароуннаҳр унвони хониро ба номаш илова накарданд. Аммо Темурланг аз намояндагони қабилаҳои муғулие буд, ки боҷуръат аз анъанаҳои муғулӣ дар Мовароуннаҳр тарафдорӣ мекард. Барои ваколатҳои зиёд доштан дар корҳои идораи давлат тарафдорӣ аз анъанаҳои муғулӣ ва робитаи хешутаборӣ бо хонадони хонӣ кифоят намекард. Аз ин рӯ, барои дар Мовароуннаҳр ҳаққи ҳукумати Темурлангро собит намудан, қиссаҳои хаёлиеро бофта бароварданд. Мақсади ин қиссаҳо қонунӣ гардонидани ҳукумате буд, ки Темурланг бо макру фиреб ба даст овард. Мувофиқи ин қиссаҳои хаёлӣ гӯё бобокалони Чингиз – Кобулшоҳ бо бародараш–Качулӣ, ки аҷдоди афсонавии Темурланг ба шумор меравад, қарордоде ба имзо расонида буданд. Тибқи он қарордод авлоди Чингиз бояд ҳамеша шоҳ ва авлоди Качулӣ ҳокими мутлақи сарзаминҳои ишғолгардида бошанд. Бинобар ин, Темурланг худро соҳиби тахт ҳисоб мекард.
Мувофиқи анъанаи мавҷудбудаи он замон, ки бояд амири Мовароуннаҳр аз номи хони хонадони чингизӣ ҳукумат кунад, Темурланг низ ин анъанаро вайрон накарда, як тан аз хонҳои маъруфнабудаи чингизиро бо номи Сиюрғитмиш (1370–1388) хони Мовароуннаҳр эълон кард ва аз номи ӯ ҳукумат мекард.
Ибни Арабшоҳ менависад, ки Темурланг Сиюрғитмишро барои он хон интихоб кард, ки ғорату куштори худро бо номи ӯ анҷом диҳад, то мардум ӯро маломат накунанд. «Дар ҳоле ки, – менависад Ибни Арабшоҳ, – ҳар амире ба дасти Темурланг асир ва ҳар хон дар баробари вай нотавон буд».
Сиюрғитмиш дар лашкаркашиҳои Темурланг иштирок намуда, соли 1388 вафот кард. Баъди амир эълон шудани Темурланг дар Хуросон, ибтидо қарор буд, ки Темурланг шаҳри Кеш – зодгоҳашро пойтахти давлати худ созад, вале ба далели маъруф будани Самарқанд ин шаҳрро пойтахт интихоб карда, 10 апрели соли 1370 худро соҳиби тахт эълон намуд.
Темурланг аз Балх ба шаҳри Самарқанд омада, ба фоҷиаҳои худ оғоз бахшид. Аз фоҷиаи Чингиз то фоҷиаи Темурланг якуним аср гузашта буд. Фоҷиаи Чингиз аз ҷониби Муғулистон ба Мовароуннаҳр омада буд, аммо фоҷиаи Темурланг аз Мовароуннаҳр оғоз гашта, аз миёни вайронаҳои давлати Чингиз шакл гирифта, дар муддати фармонравоии Темурланг ва хонадони ӯ саросари Хуросону Эрон ва Осиёи Хурдро арсаи тохтутози туркон сохт.
Оғози забткориҳои Темурланг. Муборизаи мардуми Хоразм бар зидди лашкаркашиҳои Темурланг. Темурланг эҳсос мекард, ки бе шикасти хонҳои Муғулистон ва ба худ тобеъ намудани Хоразм наметавонад ба осонӣ дар Самарқанд ҳукумат кунад. Темурланг пеш аз ҳама, ба мақсади таъмин кардани амнияти пойтахти давлати худ, нақшаи тобеъ намудани Хоразм ва хонҳои Муғулистонро кашид. Ӯ тайи солҳои 1370 – 1376 се бор ба Хоразм ва панҷ бор ба қаламрави хонҳои Муғулистон дар он сӯйи Сайҳун ҳуҷум кард. Ҳокими Хоразм Ҳусайн Сӯфиро тайи ин се ҳуҷум Темурланг асир гирифта натавонист ва танҳо вилояти Хоразмро ғорат ва вайрон карда, ба Самарқанд баргашт. Ба ӯ муяссар шуд, ки баъд аз даҳ соли ба қудрат расиданаш дар Самарқанд, яъне соли 1380 Хоразмро тобеи худ гардонад. Баъд аз фатҳ ва ғорати он вилоят донишмандон, косибон ва ҳунармандони Хоразмро ба шаҳрҳои Самарқанду Кеш кӯчонид ва ин шаҳри қадимро вайрон ва парешон сохт.
Муносибати Темурланг бо се қудрати сиёсии Хуросон: Оли Курт дар Ҳирот, Ҷониқурбонӣ дар Тӯс ва Сарбадорон дар Сабзавор.Темурланг некиҳои ҳокими Ҳиротро, ки ба ҳангоми паноҳ ҷустанаш ба он шаҳр карда буд, фаромӯш намуда, номае ба султони Ҳирот – Малик Ғиёсиддини Курт фиристода, аз ӯ хост, ки ин султон тобеи ӯ шавад ва ҳадяю туҳфаҳои шоистае барояш фиристад. Султони Ҳирот бо номаи таҳқиромез ба Темурланг ҷавоб гардонд. Темурланг бо гирифтани ин паём дар ғазаб шуд ва дар моҳи марти соли 1381 ба ҷониби Ҳирот ҳамлавар гардид. Тамоми он вилоятро забт карда, Малик Ғиёсиддини Оли Куртро тобеи худ сохт.
Темурланг бо фатҳи Ҳирот дарвозаҳои Хуросонро ба рӯйи худ боз кард. Барои забти комили ин сарзамин дигар монеае намонда буд. Темурланг тамоми ҳукмронони Оли Куртро ҳамроҳи худ ба Самарқанд овард ва баъдан ба қатл расонид. Дар тӯли солҳои 1381–1383 Темурланг чаҳор маротиба аз Самарқанд ба Хуросон лашкар кашид.
Дар ҳамон соле, ки Темурланг ба Ҳирот мехост лашкар кашад, аз Алибеки Ҷониқурбонӣ – ҳокими Калот ва Тӯс хоҳиш кард, ки дар гирифтани Ҳирот ба ӯ ёрӣ диҳад. Аммо Алибеки Ҷониқурбонӣ ин хоҳиши Темурлангро рад кард. Баъд аз гирифтани Ҳирот Темурланг ба тарафи сарзамини Ҷониқурбонӣ лашкар кашид. Пас аз муҳосираи тӯлонӣ Алибеки Ҷониқурбонӣ ба Темурланг таслим шуд. Темурланг ӯро ба Мовароуннаҳр фиристод ва каме баъд аз он дастур дод, то Алибеки Ҷониқурбониро ба қатл расонанд.
Ҳангоме ки Темурланг вориди Нишопур шуд, Хоҷа Алии Муайид–саркардаи Сарбадорони Сабзавор ба пешвози ӯ баромад ва ба вай пайваст. Темурланг ӯро дар мақоми ҳокими Сабзавор дубора тасдиқ кард. Хоҷа Алӣ то поёни умри худ ба Темурланг вафодор буд. Ӯ дар лашкаркашии Темурланг ба Луристон дар соли 1386 иштирок намуда, бар асари захме, ки дар он ҷанг гирифт, вафот кард.
Тасарруфи Хуросон аз ҷониби Темурланг.Темурланг тайи лашкаркашиҳои минбаъдааш ба Хуросон Қандаҳору Балхро гирифт ва пас аз он Пушанг ба дасти ӯ афтод, Исфароин ба хок яксон шуд ва Систон мавриди ғорати лашкари Темурланг қарор гирифт. Дар ҷараёни ин лашкаркашиҳо ба саркӯбии Амир Валӣ фармонравои туркманони Ҷузҷон шитофт ва ӯро ба итоати худ даровард. Соли 1383 вақте боз ба Ҳирот лашкар кашид, мардуми он ба дифоъ бархостанд ва дар он ҷо аввалин калламанораҳоро аз сари шӯришиёни кушташуда баланд кард. Дар тамоми ин муддат ҳар шаҳреро, ки аз Хуросон ишғол мекард, ба дунболаш ҷӯйи хуни сокинони он диёр равона мегашт. Темурланг бо ин аъмоли худ фоҷиаи ҳуҷуми Чингизро такрор кард. Ин бор вайронгар ва хунхори Хуросон дигар бутпараст набуда, балки фармонравои мусулмон буд.
Дар фосилаи ин ҳуҷумҳо, ки Темурланг байни Хуросон ва Мовароуннаҳр дар ҳаракат буд, ба ноҳияҳои Кошғар ва Дашти Қипчоқ низ тохтутоз кардааст. Ҳокими Кошғар амир Қамариддини Дуғлотро ба Дашти Қипчоқ [саҳроҳои байни Уралу Сибир, сарзаминҳои байни баҳри Хоразму (Арал) баҳри Хазар (Каспий) ва поёноби Сирдарё] ронда, баъди ғалаба бар хонҳои Дашти Қипчоқ яке аз хонзодаҳои муғулии он ҷойро бо номи Тухтамиш, ки худро аз хонадони Ботухон медонист, ба сари ҳокимият овард.
Сарчашма:
Мирхонд дар бораи муҳосираи қалъаи Ҳиндувон ва мағлубияти амир Ҳусайн чунин маълумот медиҳад: «Ва рӯзи дигар… ҷавонони ҷонибайн рӯй ба майдон ниҳода, даст ба тиру теғ кушоданд ва баъд аз ситезу овези (ҷангу ҷидоли) баҳодурони амир Ҳусайн аз ғояти бухлу имсок (бахилӣ ва хасисӣ), ки бар табиати ӯ ғолиб буд ва қуввати он надошт, ки зару сим виқояи (ҳимояи) ҷони ширин созад… Амир Ҳусайн аз камоли хавфу ҳарос дари дарвоза бибаст ва ҳазрати соҳибқирони зафарқарин (Темурланг) кас пеши ӯ фиристод, ки агар ҷон мехоҳӣ, давон аз қалъа берун ой. Ва ба қадам атрофу ҷавониб баста дид ва аз пасу пеш селоби балои ано (машаққат) ба ҳам пайваста, даст дар домани тазарруъ ва истимон (зориву талаби амон) зада, писари бузурги худро бо ҷавоне, ки ихтиёр карда буд, пеши ҳазрати соҳибқирон (Темурланг) равон сохта, гуфт: «дар мақоми инқиёду изъонам (итоату мутеиятам) ва ҷуз мутобаату мутоваат (тобеияту фармонбардорӣ) чорае намедонам».
Ва мутаоқиби дигареро фиристода, пайғом дод, ки «офтоби давлати ман ба ҳадди уфул (фурӯ рафтан) расида ва кавкаби иқболи ман аз хонаи иззу (иззату) бурҷи шараф ба дараҷаи ҳубут (фурудоӣ) ва манзилу бол интиқол карда, дархост аз ту, ки саодат ва фирӯзии ҳаминон дорӣ. Ҳамин аст, ки бар ҷони ман бибахшоӣ ва роҳ бар ман бикушоӣ, то аз ин тангнои (сахтию фишори) меҳнат ва машаққат берун омада, рӯй ба Каъбаи муаззама ниҳам ва зиёрати Байтуллоҳ ба ҷой оварда, аз ҷароиму осоми (хатоҳои) забон ба эътизору истиғфор (узрхоҳиву бахшиши гуноҳҳо) кушоям….Ва ҳазрати соҳибқирон… қарор бар он ёфт, ки рӯзи дигар ба саломат берун омада, ба ҳар ҷо ки хоҳад, биравад».
Мирхонд. Таърихи равзат-ус-сафо, ҷ.6, Теҳрон, 1380 ҳ.ш, саҳ. 4618-4619.
Хондамир дар бораи Алибеки Ҷониқурбониро бахшидани Темурланг чунин маълумот медиҳад: «Шайх Алӣ Баҳодур дар он айём, ки дар қалъаи Қаҳқаҳа нишаста буд, шабе хаёл намуд, ки ба қадами эҳтиёл (макру ҳила) худро дар қалъаи Калот андозад. Бо тоифае аз навкарони хосса пиёда ба кӯҳи баланд баромад ва… сабоҳ (вақти субҳ) далерони Ҷониқурбонӣ хабар ёфта, бар сари Шайх Баҳодур тохтанд ва ӯро гирифта, назди Алибек бурданд. Ва амир Алибек шайх Алӣ Баҳодурро таъзим ва эҳтироми тамом намуд ва хиргоҳе (хаймае) ба такаллуфи наздик ба висоқи (манзили) хеш барои ӯ насб (ҷойгир) кард... Забони тазарруъ (илтиҷо) бикшод, ки хуни маро аз соҳибқирон… дармебояд хост. Амир Шайх Алӣ ин маъниро қабул намуд ва… нузули амир Темури Курагон гашт. Амир Шайх Алӣ ба мулозамат (хизматгузорӣ) шитофта, кайфияти изтирори (парешонии) Алибек ва иттибоъ (пайравӣ кардан) ба арз расонид ва гуноҳони эшонро авф талабид. соҳибқирон… ҷаримаи Ҷониқурбониёнро бахшид ва амир Алибек ба хидмат шитофт ва бештар аз пештар тарбият ва эъзозу (иззату) ҳурмат ёфт… ӯро бо тамоми элу улуси Ҷониқурбонӣ ба Самарқанд кӯчонанд. Ва ба нафсу нафис мутаваҷҷеҳи Мовароуннаҳр гашта, малик Ғиёсиддин Пиралиро бо авлод ҳамроҳ барад».
Хондамир. Таърихи ҳабиб-ус-сияр, Теҳрон, 1380 ҳ.ш , саҳ., 433.
Санаҳои муҳим:
1370 (10 апрел) – соҳиби тахт эълон шудани Темурланг
1370 – хони Мовароуннаҳр таъйин гардидани Сиюрғитмиш
1380 – Хоразмро тобеъ гардондани Темурланг
1381(март) – ҳамлаи Темурланг ба Ҳирот
1383 – ҳамлаи дубораи Темурланг ба Ҳирот
1383 – сохтани аввалин калламанораҳо дар Ҳирот
Савол ва супоришҳо:
1) Чаро унвони хонӣ ба номи Темурланг илова нагардид?
2) Барои чӣ ба Темурланг лақаби Курагон доданд?
3) Чаро Темурланг яке аз хонҳои маъруфнабудаи чингизиро хони Мовароуннаҳр эълон кард?
4) Дар бораи лашкаркашии Темурланг ба Хоразм нақл кунед.
5) Сабаби ба Ҳирот лашкар кашидани Темурланг аз чӣ иборат буд?
6) Лашкаркашиҳои Темурланг ба Хуросон ва хунхории ӯро нақл кунед.
7) §§ 3 ва 4-ро такрор намоед.
Реклама