§ 44. ҲОКИМОНИ ӮРОТЕППА ВА ХУҶАНД

§ 44. ҲОКИМОНИ ӮРОТЕППА ВА ХУҶАНД

    Соли 1800 аз тарафи лашкари Бухоро Ӯротеппа забт шуд. Бародари Худоёрбий – Бобобий ҳокими ин мулк ва писари Худоёрбий Бекмуродбий ҳокими Хуҷанд таъйин шуданд. Бекмуродбий ба сӯйи Ӯротеппа лашкар кашида, амак ва падарарӯси худ Бобобийро ба қатл расонид. Аз ин вазъ истифода намуда, хони Хӯқанд Олимхон Хуҷандро ишғол кард. Бекмуродбий барои баргардонидани Хуҷанд ба қаламрави худ ба боҷаи худ, амир Ҳайдар муроҷиат намуда, аз ӯ ёрӣ талабид. Соли 1802 амир фурсатро ғанимат шуморида, бо лашкари худ озими Ӯротеппа гашт. Бекмуродбий ба пешвози вай баромад. Амир Ҳайдар Бекмуродбийро дастгир намуда, ба дасти писарони Бобобий супорид, ки ӯро ба қатл расониданд. Ба ҷойи ӯ Ирназарбий ҳокими Ӯротеппа таъйин шуд. Барои дар итоати худ нигоҳ доштани Ӯротеппа дар ин шаҳр чор ҳазор лашкари Бухоро мустақар гашт. 

    Хони Хӯқанд Олимхон соли 1805 ба сӯйи Ӯротеппа лашкар кашида, Ирназарбийи манғитиро аз ҳокимият маҳрум сохт. Дере нагузашта, Маҳмудхони Хоҷааҳрорӣ шаҳрро ишғол кард ва то соли 1810 ӯ дар тобеияти амир Ҳайдар буд. Баъд Маҳмудхон аз Бухоро рӯй гардонида, бо хони Хӯқанд Умархон ҳамзабон шуд. Бо вуҷуди ин, хони мазкур эътимоди ӯро ба даст наовард ва Маҳмудхонро аз вазифа бартараф кард. 

    Соли 1814 Муҳаммадраҳими атолиқ ё худ Атолиқбек ҳокими Ӯротеппа таъйин шуд. Дар замони ҳукмронии ӯ (қалъаи) Ҷиззах, Ём ва Зомин аз нав тобеи Ӯротеппа гаштанд. Ҳукмронии ҳокими мазкур дар Ӯротеппа ва дар ҷойҳои номбурда то соли 1828 давом кард. Ӯро хони Хӯқанд Муҳаммадалихон (1822–1842) аз ҳокимияти Ӯротеппа маҳрум гардонид ва Муҳаммадраҳим ба Шаҳрисабз омада, хост мулки худро аз дасти хони Хӯқанд баргардонад, вале нақшааш амалӣ нагашт ва ӯ кушта шуд. Шоҳи парвоначӣ пеш аз ҳокими Ӯротеппа таъйин шудан, Хуҷандро идора мекард. Ҳукмрони номбурда дар Ӯротеппа то соли 1832 ҳокимият кард. Ӯро Гадойбой парвоначӣ иваз намуда, то соли 1839 ҳокимият ронд. 

    Амири Бухоро Насруллоҳ соли 1841 ин мулкро забт намуд ва Карамқул додхоҳро ҳокими Ӯротеппа таъйин кард.  

    Баъд аз ғалабаи соли 1841 аз болои Хӯқанд амир Насруллоҳ дар бозгашт ба сӯйи Бухоро писари хурдии Нодира султон Маҳмудро ҳокими Хуҷанд ва Бердиёрро ҳокими Ӯротеппа таъйин намуд.  

    Соли 1842, ҳангоми ба сӯйи Хӯқанд лашкар кашидани амири Бухоро лашкари Ӯротеппа бо сарварии ҳокими он Бердиёр ҳамроҳи амир Насруллоҳ вориди Хӯқанд гашт. Баъди чанде Бердиёр вафот кард ва ба ҷойи ӯ амир Насруллоҳ аввал Исобеки манғит ва баъди як сол Исобеки юзро, ки набераи Худоёрбий буд, ҳокими Ӯротеппа таъйин намуд. 

    Ҳукмронии аввали ӯ аз соли 1843 то соли 1849 давом кард ва дар охири соли 1849 Исобек аз ҳокимият ронда шуда, Абдулғаффорбек ҷойи ӯро гирифт. Ҳукмронии вай низ дер напоид ва ҳокимияти ин мулк ба Аллоҳшукурбек расид. Исобек бо ёрии лашкари қипчоқ ба мулки Ӯротеппа ҳамла оварда, ғалаба кард. Аллоҳшукурбек асир афтода, ба қатл расид. Ҳукмронии дуюми Исобек дар Ӯротеппа то соли 1852 давом кард. Дар ин сол Рустамбек ба тахти Ӯротеппа соҳиб гашт. Исобек ба назди хони Хӯқанд Худоёрхон баргашт ва хон ӯро ҳокими Андиҷон таъйин кард. Дере нагузашта ӯ аз он ҷо ба пойтахти хонӣ даъват шуда, ба қатл расид. 

    Ҳукмронии Рустамбек то соли 1858 давом кард. Дар ин муддат ӯ дар пойтахти худ корвонсарой, мадраса, ҳаммом, масҷид ва дигар биноҳои азим бино намуд. Рустамбек соли 1858 баъд аз забти мулки Ӯротеппа аз тарафи амир Насруллоҳ ба қатл расид. Аз соли қатли ӯ то забти мулки Ӯротеппа аз тарафи лашкари Русия дар соли 1866, дар ин мулк якчанд нафар дастнишондагони Бухорову Хӯқанд, ба мисли Бозорбий, Баротбек, Абдулғаффорбек ва дигарон ҳукм ронданд. 

    Ҳамаи ҳокимони ба сари қудрат омада ҳаракат кардаанд, ки хазинаи худро аз ҳисоби халқи қашшоқшуда пур кунанд. Як қисми мардум маҷбур шуданд, ки ба кӯҳистони дурдаст ва вилоятҳои дигар ҳиҷрат намоянд. Бинобар қатлу ғорат ва ба мулки дигар муҳоҷират намудани мардум, саршумори аҳолии он зиёд намешуд. Дар нимаи аввали асри XIX дар шаҳри Ӯротеппа ҳамагӣ даҳ ҳазор одам зиндагӣ мекард. 

Сарчашма: 

    Ахбори Муҳаммад Ҳакимхон оид ба лашкаркашии хони Хӯқанд Олимхон ба Хуҷанд: «Дар он вақт хабар расид, ки Бекмуродбек Бобо парвоначиро ба дараҷаи шаҳодат расонида ва худ бар маснади ҳукумат нишаст. Амир Олимхон ин хабарро шунида, билоэҳмол бо лашкари анбӯҳ мутаваҷҷеҳи Хуҷанд шуд. Чун дар мавзеи Конибодом расида буд, ки хабари вафоти ҷаноби саёдатпаноҳӣ Ҳакимтӯра, ҷадди фақир ҷамъ шуда расид. Амир Олимхон шаҳзодаи оламиён амир Умархонро гардонида фиристод ва он шоҳзода дар камоли таъҷил ҳамон шаб дар Хӯқанд рафта, рӯзи дигар саёдат ва уламо ва фуқаро ҷамъ шуда, ба ҳою ҳув наъшашонро (ҷасадашонро) бардошта, ба хокдонашон бурда супурданд. Муддати умр чилу ҳашт сол буд. Алқисса, аз манзили мазкур амир Олимхон бо сипоҳи ҷаррор Раҷаб девонбегиро амири лашкар сохта, пеш фармуд. Он донои соҳибтадбир дар камоли таъҷил шабгир зада, қабл аз дамидани субҳ худро ба дарвозаи Хуҷанд расонида, макин карданд. Дарвозабони аз бозии фалак бехабар дарвозаи фатҳ ба рӯйи эшон боз кард. Эшон мунтазири он вақт буданд, якбора худро ба шаҳр дохил карданд. Даст ба қатлу тороҷ кушоданд ва мардуми шаҳри Хуҷанд аз ин ғавғо дар ҳайрат афтода, ба ҳар сӯ медавиданд. Бекмуродбий аз ин воқеаи ҳоила воқиф гашта, билоэҳмол бо сипоҳи худ аз арк ба зер омада, дар миёни шаҳр ба ҷанг пайваст. Чунон ҷанге сохт, ки лашкариёни Фарғона ангушти ҳайрат ба дандон газиданд. Баъд аз муҳориботи бисёр Бекмуродбий дид, ки кор аз даст рафтааст, гашта ба арк дохил шуда, ба андохтани тири туфанг машғул гашт. Амир Олимхон низ ба шаҳр даромада, аркро чун нигини ангуштарӣ дар миён гирифта, ба муҳориба ва муқотила пардохт. Баъд аз панҷ рӯз Бекмуродбий бисёр ба танг омада, сулҳро дар миён андохт. Амир Олимхон сухани ӯро қабул намуда, оштӣ намуданд. Бекмуродбий худро маъа (бо) молу амвол гирифта ва аркро холӣ гузошта, бо чандин дарду ҳасрат мутаваҷҷеҳи Ӯротеппа гашт». 

    Муҳаммад Ҳакимхон. Мунтахаб-ут-таворих. Китоби 2. Таҳиягар, муаллифи муқаддима ва таълиқот ва феҳристҳо А. Мухторов. Душанбе, 1985, саҳ. 409 – 410. 

Санаҳои муҳим: 

1800 – ишғоли Ӯротеппа аз тарафи лашкари Бухоро 

1802 – озими Ӯротеппа гардидани амир Ҳайдар 

1805 – лашкаркашии хони Хӯқанд Олимхон ба сӯйи Ӯротеппа 

1814 – ҳокими Ӯротеппа таъйин шудани Муҳаммадраҳими атолиқ 

1841 – ишғоли Ӯротеппа аз тарафи амири Бухоро Насруллоҳ 

1842 – ба сӯйи Хӯқанд лашкар кашидани амири Бухоро 

1849 – аз ҳокимият ронда шудани ҳокими Ӯротеппа Исобек 

1858 – қатли ҳокими Ӯротеппа Рустамбек аз тарафи амир Насруллоҳ 

Савол ва супориш: 

1) Мубориза байни ҳокимони Хуҷанд ва Ӯротеппаро шарҳ диҳед. 

2) Оид ба лашкаркашии хони Хӯқанд ба сӯйи Ӯротеппа чӣ медонед? 

3) Дар бораи ҳукмронии ҳокими Ӯротеппа Муҳаммадраҳими атолиқ маълумот диҳед. 

4) Лашкаркашиҳои амир Насруллоҳро ба Хуҷанд нақл кунед. 

5) Ҳукмронии ҳокимони Ӯротеппа Исобек ва Рустамбекро шарҳу эзоҳ диҳед. 

6) Фаҳмонед, ки чаро саршумори аҳолии мулки Ӯротеппа зиёд намегардид. 

Реклама