Заҳмати тоқатфарсо, андозу маҷбуриятҳои сершумор, суиистифода аз мансаб, хонавайрон ва қашшоқшавии мардум, ҷангҳои харобиоваранда сабаби асосии шӯришҳои оммавии мардуми ҷабрдида гардиданд.
Дар ибтидои асри XIX ҷунбишҳои мардумӣ теъдоде аз вилоятҳои Осиёи Миёнаро фаро гирифтанд, ки бузургтарин ҷунбиши мардумӣ дар ибтидои соли 1810 дар Бухоро рух дода буд. Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ зимистони он сол чунон сард шуд, ки то се моҳ ях дар замин боқӣ монд. Гандум ва ҷавро куллан сармо зад ва нархи ғалла ниҳоят баланд шуд. Илова бар ин, ончунон чорво дар он солҳо ҳалок шуд, ки ҳеҷ намонд. Нархи гӯшту равған низ баланд гардид. Нисфи мардуми Бухоро аз чунин шароити тоқатфарсо ба ҳар ҷониб рафтанд.
Гуруснагӣ ва қаҳтӣ ба миён омад. Аз 1 апрел то 16 май чунон тӯфони сахте дар пойтахт вазид, ки якчанд деҳаҳои наздики он зери рег монданд. Ҳаёти сокинони ин деҳаҳо дар хатар афтода, маҷбур шуданд ба деҳаҳои дигар кӯчанд. Ин фалокат қаҳтӣ ва гуруснагиро дучанд гардонид. Бозорҳо холӣ монда, дуконҳо баста ва одамони зиёд талаф шуданд. Дуздӣ авҷ гирифт. Дастаҳои дуздон халқро ғорат мекарданд ва мекуштанд. Шаҳри Бухоро ва атрофи он тамоман хароб гардид. Дарбори амир барои сабуктар гардонидани вазъияти ниҳоят сахти аҳолӣ ягон чорае намеандешид. Ҳамаи ин қаҳру ғазаби халқро дучанд намуда, сабаби ба вуҷуд омадани шӯриш гардид.
Сокинони Бухоро дар майдони марказии шаҳр – Регистон, дар назди қасри амир ҷамъ омаданд. Амир аз қаҳру ғазаби халқ тарсида, пойтахтро тарк намуд. Ӯ барои паст намудани ғазаби халқ ва пахш намудани шӯриш амр намуд, ки ҳамаи сокинони Бухоро дар муддати се рӯз берун аз шаҳр баромада, ба мазори ҳазрати Баҳоуддини Нақшбанд раванд ва намоз хонанд. Хонаҳои мардуми шаҳр холӣ монданд. Амалдорони амир хонаҳои бесоҳибмондаро кофтуков карда, чизу чораи шаҳриёнро ба яғмо бурданд. Онҳо ғаллаи эҳтиётии баъзе касонро ба мардуми гурусна тақсим накарда, ба нархи қимат онро фурӯхтанд. Аксари мардум пуле надоштанд, то чизе бихаранд.
Ниҳоят ба амир муяссар шуд, ки бо неруи силоҳ шӯришро пахш кунад ва дар пойтахти худ вазъи нисбатан муътадилро барқарор намояд. Ин замон ба амир хабар доданд, ки ду корвони бухориёнро дар роҳи баргашт аз Эрон туркманҳо ғорат кардаанд ва корвониёнро ба қатл расонидаанд. Амир ҷавоб гуфт, ки ҳоло ки дар Регистон ҳеҷ хатаре нест, дигар чизҳо барояш аҳамият надоранд.
Гуруснагӣ ва қаҳтӣ ноҳияҳои дигари аз пойтахт дурро низ фаро гирифт. Дар ин бора шоҳиди ҳодиса Мулло Ҷумъақули Ургутӣ (1727–1855) мутахаллис ба Хумулӣ зимистони соли 1810 ба ноҳияи Панҷакент, ба деҳаи Ёрӣ омада, мушоҳидаашро ба таври зайл ба риштаи назм кашидааст.
Шаб ҳама шаб чашми аспам баҳри як ҷав мепарид,
Хостам бар дидааш коҳе ниҳам, пайдо нашуд.
Ҳодисаи соли 1810 вазъи сиёсии Бухороро заиф гардонид, ки дар натиҷа Ургут, Моғиён, Фороб ва дигар мулкҳои хурд аз аморат канорагирӣ карда, Истаравшан зери тасарруфи хони Хӯқанд даромад.
Шӯру ошӯбҳои халқӣ дар аморати Бухоро солҳои 1819 – 1820 низ ба вуқӯъ омада буданд. Ҷунбиши калони мардумӣ соли 1821 дар қисмати миёнаи водии Зарафшон, байни Самарқанду Бухоро, дар Миёнкол ба амал омад. Дар ин ҷо тоифаи нимкӯчии ӯзбек-хитойқипчоқҳо зиндагӣ мекарданд. Сол аз сол зиёдшавии андозҳо, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани миқдори зиёди мардони қабилаҳо – ҳамаи ин сабаби бевоситаи шӯриш гардид. Соли 1821 ҳукумат дубора сарбоз гирифтанро сар кард. Ин амал хитойқипчоқҳоро маҷбур сохт, ки ба шӯриши ошкоро бархезанд. Қарақалпоқҳои сокинони ин маҳал низ ба шӯришиён ҳамроҳ шуданд. Тамоми тоифаи ноҳияҳои байни Самарқанду Каттақӯрғон ба зери ливои шӯришгарон даромаданд. Шӯришгарон маъмурони амирро ронда, Каттақӯрғон, Чалак, Янгиқурғон ва ҷойҳои дигарро забт намуданд. Бебизоатони ин ҷойҳо ба сафи шӯришгарон шомил шуданд. Аъёну ашроф барои аз даст надодани сарвати худ ба амир кумак карданд. Амир Ҳайдар борҳо кӯшиш намуд, ки қалъаи хитойқипчоқҳо– Чалакро ба даст дароварда, шӯришро пахш кунад, вале талошҳои ӯ чандин сол бе самар монданд. Хитойқипчоқҳо хостанд ба Бухоро зарба зананд, вале ба ин муваффақ нашуданд. Шӯришгарон кӯшиш карданд, ки деҳқонони ноҳияҳои гуногунро ба тарафи худ кашанд, аммо ин ҳам нашуд.
Дар ҳамин вазъият соли 1825 амир Ҳайдар муҳимтарин нуқтаҳои муқовимати шӯришгаронро ишғол намуд. Дар пахш кардани шӯриши хитойқипчоқҳо ба амир ҷосусони англис, ки он вақт дар Бухоро буданд ва силоҳи оташфишони барои аҳолии маҳаллӣ номаълумро ба кор мебурданд, ёрӣ расониданд.
Соли 1826 шӯриши мардуми Самарқанд рух дод, ки он ҳам ба нокомӣ анҷомид.
Дар солҳои 1840 – 1842 муносибат байни аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд хеле тезутунд гардид. Амир Насруллоҳ соли 1842 лашкар кашида, Хӯқандро ишғол кард. Мансабдорони амири Бухоро дар Хӯқанд мардумро маҷбур намуданд, ки на танҳо ҳамаи андозҳои дар аморати Бухоро муқарраргардидаро супоранд, балки бар замми ин талаб намуд, ки аз чор як ҳиссаи ҳосилро ба хазинаи давлат бидиҳанд. Мардуми Хӯқанд аз ин худсариҳо ба дод омада буданд. Онҳо бо қабилаи қипчоқ забон як карда, ба сари ҳокимият Шералихонро оварданд.
Баъд аз ду соли ин воқеа дар Хӯқанд шӯриш ба амал омад. Сардори шӯришиён Хоҷа Қаландари мисгар буд. Ҳазорон камбағалони шӯришгар бо сардории ин марди шуҷоъ пойтахти мамлакатро ишғол намуда, манзилҳои амалдорони хонро ба хок яксон карданд. Соҳибмансабони низомӣ ва ғайринизомӣ ба гӯшаҳо пинҳон шуданд. Сипас шӯришгарон дарбори хонро иҳота намуданд. Доираҳои ҳукмрон фақат бо макру фиреб ва душвориҳои зиёде тавонистанд, ки ин шӯришро фурӯ нишонанд.
Дар натиҷаи шӯриши халқӣ ҳокимияти амири Бухоро дар Хӯқанд барҳам хӯрд. Сарбозони Бухоро бо амалдоронаш ба қатл расиданд. Ҳокими аз тарафи амир таъйиншуда роҳи гурезро пеш гирифт.
Муборизаи синфӣ дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳистони Помири Ғарбӣ ҳам бо шиддати тамом давом мекард. Дар ибтидои солҳои 60-ум деҳқонони Шуғнон, Рӯшон ва Вахон шӯриш бардоштанд, ки ба он Шайхзодаи Рӯшонӣ сардорӣ намуд. Шӯришгарон нишемангоҳи Мири Рӯшон–Қалъаи Вомарро ба даст дароварданд. Сипас онҳо ба сӯйи қароргоҳи мири Шуғнон Қалъаи Барпанҷа ҳаракат карда, лашкари онҳоро торумор намуда, тамоми дороии ҳокимонро дар байни деҳқонон тақсим карданд. Ин шӯриш фақат пас аз он ки ҳукмрони кулли Бадахшон ба Помири Ғарбӣ қувваи зиёди ҳарбӣ фиристод, шикаст хӯрд.
Чунон ки дида мешавад, ошӯбҳои мардум ҳам дар шаҳру ҳам дар деҳот ба амал меомаданд. Ин ҷунбишҳо ба таври пароканда ва ғайримуташаккил сар мезаданд ва дер давом намекарданд. Ҳамаи шӯришҳо хусусияти маҳаллӣ дошта, тамоми қаламрави давлатро фаро намегирифтанд. Мақсади асосии шӯришгарон барҳам додани суиистифода аз вазифа ва ноинсофиҳои аз ҳад зиёди намояндагони ҳокимияти давлатӣ, аз кор дур кардани ҳокимони ҷудогона, беҳтар кардани аҳволи моддӣ ва амсоли инҳо буданд.
Ошӯбҳои мардумӣ дар чаҳоряки асри XIX мавқеи аморатро хеле заиф гардонид. Муборизаи тӯлонии бенатиҷа бар зидди шӯриши хитойқипчоқҳо обрӯй ва эътибори амирро дар назари мардум коҳиш дод.
Сарчашма:
Аҳмад Махдуми Дониш дар бораи нооромиҳои дар замони ҳукумати амир Ҳайдар менависад: «Воқеан, дар айёми давлати ӯ аксар умаро (амирон) ба мухолифату адоват бархостанд ва душманонро шӯрониданд, ки ҳама элу улус (қабила ва сарзамини ӯ) ва қӯрғонҳои қаламрави Бухоро ба бағй (саркаши)-у фасод бархостанд ва мудом лашкаркашиву ҷангу ҷидол дар мобайни элот (қабилаҳои кӯчманчи)-и ӯзбек воқеъ буд».
Аҳмад Махдуми Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития. Душанбе, 2010, саҳ. 30.
Мирзо Абдулазими Сомӣ дар рисолаи худ дар бораи яке аз сабабҳои нооромиҳо дар соли аввали ба тахт нишастани амир Ҳайдар менависад: «Подшоҳи мавсуф (амир Ҳайдар) дар суҳбати уламо ва аҳли илму адаб роғиб буд ва қаробат бо аҳли фазилату карам дошт. Ин равия ба умаро ва арокини давлат, ки ӯзбекия буданд, писандида нашуда, аксар аз подшоҳ дил гаронӣ доштанд. Ба сабаби иғро (шӯронидан) ва таҳрики эшон соли дуюми ҷулус хони Хоразм бо лашкари ҷаррор (анбӯҳ)-и бисёр омада, атрофи Бухороро наҳб (тороҷ)-у ғорат кард».
Мирзо Абдулазими Сомӣ. Таърихи салотини Манғития. Нашри факсимил, Москва, 1962, варақи 63а-63б.
Дар бораи гуруснагӣ ва ошӯби соли 1810 дар Бухоро муаллифи «Тоҷ-ут-таворих» Муҳаммад Шариф менависад: «Дар таърихи шаҳри муҳаррам-ул-ҳароми санаи 1225 (феврал–марти 1810) буд, чунон зимистон сард шуд, ки то се моҳ ях ба миқдори як қулоч боқӣ монд. Гандуму ҷавро куллан сармо зада, нарх ба сад танга расид. Дар як ҳафтаи моҳ ба ҳаштод, баъд аз 20 рӯзи дигар ба 60 танга баромад. Чунон савоим (чорво) дар он сол ҳалок шуд, ки ҳеҷ намонд. Нархи равған ба якуним ашрафӣ, дуним ман гӯшт 14 танга шуд. Мардумони Бухоро қариб ба нисф ба ҳар ҷониб рафтанд».
Санаҳои муҳим:
1810 – шӯриш дар Бухоро
1819 – 1820 – шӯру ошӯбҳои мардумӣ дар аморати Бухоро
1821 – ҷунбиши калони мардумӣ дар Миёнкол
1825 – аз тарафи амир Ҳайдар ишғол намудани муҳимтарин нуқтаҳои муқовимати шӯришиён
1826 – шӯриши мардумӣ дар Самарқанд
1840 – 1842 – тезутунд гардидани муносибат байни аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд. Лашкар кашидани амир Насруллоҳ ба ҷониби Хӯқанд
Савол ва супориш:
1) Сабабҳои шӯришҳои мардумиро дар соли 1810 баён кунед.
2) Барои пахш кардани шӯриши мардумӣ дар Бухоро амир чӣ тадбир дид?
3) Ҳодисаи бавуҷудомадаи соли 1810 дар Бухоро ба чӣ сабаб гардид?
4) Соли 1821 дар куҷо ҷунбиши мардумӣ ба вуҷуд омад ва сабабҳояш дар чӣ буд?
5) Дар бораи муносибат байни аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд дар солҳои 1840 – 1842 маълумот диҳед.
6) Ошӯбҳои мардумӣ дар чаҳоряки асри XIX ба чӣ оварда расонид?
Реклама