Оғоз шудани мубориза байни намояндагони хонадони темурӣ барои ба тахт нишастан дар Самарқанд баъди марги Темурланг. Темурланг 4 писар ва 32 набераи писарӣ ва 17 духтару набераи духтарӣ дошт. Писарони Темурланг– Ҷаҳонгир, Умаршайх, Мироншоҳ ва Шоҳрух буданд. Ӯ дар охири ҳаёти худ қаламрави давлаташро ба фарзандону наберагонаш тақсим карда, пояи салтанаташро амалан заиф намуд. Ӯ писари калонии худ Ҷаҳонгирро вориси тахт эълон намуд, вале ҳанӯз ҳангоми дар қайди ҳаёт будани падар Ҷаҳонгир вафот кард. Писари дигараш Умаршайх бошад, дар наздикии Бағдод ҳангоми зинда будани Темурланг кушта шуд. Мироншоҳ дучори парешонии мағз гашта, пас аз марги падараш боз чор соли дигар зинда буд, то саранҷом дар соли 1409 дар ҷанг бо сипоҳи Қарақуйюнлу дар ҳудуди Озарбойҷон ба дасти Қароюсуфи туркман ба қатл расид.
Темурланг писари Ҷаҳонгир – Пирмуҳаммадро валиаҳди худ таъйин карда, қаблан ӯро соҳиби тахти худ эълон намуд. Ҳамаи амирон савганд ёд намуданд, ки аз он васият сарпечӣ намекунанд. Пирмуҳаммад он замон ҳокими Қандаҳор буд. Ӯ ба айшу нӯш ва бодахӯрӣ машғул шуда, идораи ҳукуматро ба дӯши яке аз амиронаш Пиралии Тоз гузошта буд. Ҳангоме ки Темурланг аз олам даргузашт, фарзандону набераҳояш дарҳол васияти ӯро фаромӯш карданд. Барои ба тахту тоҷ соҳиб шудан дар байни онҳо муборизаҳои хунини сулолавӣ оғоз гардид. Ҳар яке худро мустақил эълон намуда, аз номаш танга сикка мезад.
Ҳокимияти Самарқандро гирифтани писари Мироншоҳ – Халил султон. Яке аз набераҳои Темурланг – Халил султон – писари Мироншоҳ, ки ҳокими Тошканд буд, 18 марти соли 1405 бо лашкари зиёде пештар аз Пирмуҳаммад ба Самарқанд ҳозир шуда, тахтро соҳибӣ кард. Дар Самарқанд ба номи ӯ хутба хонда, танга сикка заданд. Дере нагузашта Халил султон Бухороро низ забт намуд ва амволи зиёдеро ба даст овард.
Ҳокими Хуросон Шоҳрух бо мақсади ба Самарқанд соҳиб шудан моҳи ноябри соли 1406 ба Улуғбек амр дод, ки лашкарашро дар соҳили чапи дарёи Ому ҷойгир намоянд. Мувофиқи нақшаи Шоҳрух ин лашкар бояд ба тарафи рости соҳил убур намуда, бо лашкари Пирмуҳаммад мепайваст. Халил султон аз ин кор огоҳ шуда, пеш аз он ки амалиёти зидди ӯ шурӯъ шавад, вай ба лашкари Улуғбек зарба зад. Бо пешниҳоди Улуғбек миёни онҳо сулҳ имзо шуд ва Халил султон ба Самарқанд баргашт. Сабаби асосии муборизаро идома надодани Улуғбек ва имзои сулҳ аз он иборат буд, ки лашкари онҳо ба танҳоӣ бо Халил султон муқобилат нишон дода наметавонист. Илова бар ин, Шоҳрух бо лашкари асосӣ аз ҷойи воқеа хеле дур қарор дошт ва Пирмуҳаммад бошад, ҳанӯз дар Балх буд. Халил султон низ ба имзои сулҳ зарурат дошт, зеро лашкари амир Худодод Ҳусайнӣ, ки муғулҳоро ба тарафи худ ҷалб намуда буд, аз тарафи шимол ба ӯ таҳдид мекард.
Ба қатл расидани Пирмуҳаммад. Баъди ба Самарқанд баргаштани Халил султон яке аз сарлашкарони Шоҳрух–Шоҳмалик ба Балх омада, ба Пирмуҳаммад ҳамроҳ шуд. Улуғбек низ ба онҳо пайваст ва ҳар се якҷоя шартномаи сулҳро, ки бо Халил султон баста буданд, поймол карда, ба сӯйи Самарқанд лашкар кашиданд. Халил султон ба муқобили онҳо лашкари зиёдро равона намуда, дар назди Насаф (Қаршӣ) онҳоро шикаст дод. Ҳамин тариқ, ба Пирмуҳаммад муяссар нагардид, ки васияти Темурлангро иҷро намояд ва соҳиби тахт дар Самарқанд гардад. Ӯ ноумед ба Балх баргашт.
Яке аз амирони Пирмуҳаммад бо номи Пиралии Тоз, ки дар Балх вазифаи вазириро ба уҳда дошт, бар зидди Пирмуҳаммад исён карда, 13 феврали соли 1407 ӯро ба қатл расонд. Бо ҳамин он касе, ки мувофиқи васияти Темурланг бояд ба тахт менишаст, аз байн рафт.
Забти Самарқанд аз тарафи хони Кошғар ва барканории Халил султон аз тахти Самарқанд. Халил султон дар Самарқанд ба айшу ишрат дода шуда, идора кардани мамлакатро дар канор гузошт ва қариб тамоми дороии хазинаҳои Темурлангро ба боди фано дод. Занҳои ҳарамсарои Темурлангро маҷбуран ба издивоҷи маъмурони худ дод. Дар байни амирон ва пешвоёни дин нисбат ба усули давлатдорӣ ва рафтори ӯ норозигӣ ба амал омад. Халил султон дар миёни дигар ҳокимони темурӣ беэътибор шуда, қудрати давлатдории ӯ заиф гардид. Парокандагӣ ва заифии мамлакатро эҳсос карда, амирони дигари темурӣ қарор доданд, ки Халил султонро аз сари қудрат дур кунанд. Бо ин мақсад амири Кошғар Худодод Ҳусайнӣ ва Шайх Нуриддин исён бардоштанд. Амир Худодод қушуни муғул ва қалмиқро муттаҳид намуда, ба сӯйи Самарқанд лашкар кашид. Ӯ 13 апрели соли 1409 дар маҳалли Шероз Халил султонро шикаст дода, ӯро асир гирифт ва Самарқандро забт намуд.
Лашкаркашии Шоҳрух ба Самарқанд. Писари хурдии Темурланг–Шоҳрух хабари барканории Халил султонро аз ҳукумати Самарқанд шунида, аз Ҳирот ба сӯйи Мовароуннаҳр лашкар кашид. Ӯ 4 майи соли 1409 вориди Самарқанд гашта, Худододро ба қатл расонд ва Халил султонро аз асирӣ озод намуд. Баъд аз он Халил султон аз ҳуқуқи ворисии салтанат маҳрум шуда, ҳокими Рай таъйин гардид. Шоҳрух бо мақсади аз туркманҳо озод намудани Ироқу Озарбойҷон ӯро бо 10 ҳазор лашкар мусаллаҳ намуда, 14 майи соли 1410 ба он тараф равон намуд. Халил султон 4 ноябри соли 1411 дар Рай аз олам гузашт.
Ба тахти Самарқанд нишастани писари Шоҳрух – Улуғбек. Ҳамроҳ шудани Мовароуннаҳр таҳти фармонравоии Улуғбек ба Хуросон. Писари Шоҳрух – Муҳаммад Тарағай, ки маъруф ба Улуғбек буд, дар Самарқанд на чун ҳокими мустақил, балки чун вориси Шоҳрух ва тобеи ҳукумати Хуросон ба тахт нишаст, ва идораи ҳокимияти олӣ аз тарафи Шоҳрух анҷом меёфт, зеро ки Мовароуннаҳр тобеи Хуросон буд. Илова бар ин, Шоҳрух дар содиқона идора кардани шаҳру вилоятҳо ба фарзандонаш эътимод надошт. Бинобар ин, нафарони боэътимодашро дар назди онҳо нигоҳ медошт ва тавассути он нафарон минтақа, шаҳру вилоёти давлаташро идора мекард. Чунин шахсони мавриди эътимоди Шоҳрух дар Самарқанд нахуст шахсе бо номи Шоҳмалик ва баъди соли 1411 Насируддин Насруллоҳи Хавофӣ буданд.
Дар он замон яке аз сипаҳсолорони темурӣ, ҳокими Туркистон, бо лашкари зиёд ба Самарқанд ҳуҷум намуд ва Улуғбек аз Самарқанд фирор кард. Шоҳрух аз ин воқеа огоҳ шуда, бо лашкари зиёд ба сӯйи Самарқанд ҳаракат намуд. Дар муҳорибаи Самарқанд сипаҳсолори исёнгар мағлуб гардид ва дар Мовароуннаҳр ҳокимияти Шоҳрух комилан барқарор шуд.
Улуғбек то замони марги Шоҳрух сикка ба номи ӯ мезад, хутба дар масҷидҳои Мовароуннаҳр ба номи Шоҳрух хонда мешуд. Ин ҳама далел бар он буд, ки Улуғбек дар идораи кишвари Мовароуннаҳр тобеи Шоҳрух буд. Барои ҳалли масъалаҳои муҳимми давлатӣ Улуғбек доимо бо падараш маслиҳат мекард ва аз натиҷаи корҳояш ба ӯ гузориш медод. Ӯ соле чанд маротиба барои саҷда ба Ҳирот ба назди падараш мерафт ва ҳаргиз барои ширкат кардан дар корҳои давлатдорӣ даъват намегашт. Ҳангоми лашкаркашиҳои падараш ба ӯ ёрӣ мерасонд ва сарбоз мефиристод. Ҳамасола ба хазинаи Ҳирот маблағи муайяне медод. Чун Улуғбек дар иҷрои корҳои худ соҳибихтиёр набуд, бинобар ин, ҳаракат менамуд, ки ягон кори ӯ сабаби бадгумонии падараш нагардад.
Сарчашма:
Шарафиддин Алии Яздӣ дар бораи аз тарафи Халил султон ба боди фано додани дороии хазинаҳои Темурланг чунин маълумот медиҳад: «Чун салтанати Самарқанд бар амирзода Халил султон қарор гирифт, дари хазоину кунуз (хазина) баркушод ва умарову аркони давлат ва лашкариёнро… инъомот фармудан оғоз ниҳод ва дар он амр шароити эътидолу иқтисод маръӣ надошт, чунончи нуқудро ба тариқи ғалла, ки аз хирмангоҳ нақл кунад ба тарозуву қайл бахш мешуд ва ба харвор мебурданд… Муддати сию шаш сол хироҷу моли рубъи маскун (чоряки аҳолинишини рӯйи замин)…(ки Темурланг гирд оварда буд) ба андак замоне ба ҳеҷ баромад ва ба арзи чаҳор сол аз маҷмӯи он хазоину амвол ва шавқату ҷалол асаре боқӣ намонд».
Шарафиддин Алии Яздӣ. Зафарнома. Таҳия ва танзим аз Исомуддин Урунбоев. – Тошканд, 1972, саҳ. 995 – 997.
Маълумоти Ибни Арабшоҳ дар бораи ба Халил султон нома навиштани Пирмуҳаммад ва ҷавоби Халил султон ба ӯ: «Пирмуҳаммад писари амуи (амаки) Халил султон, ки пас аз марги бародараш Муҳаммад султон аз ҷониби Темур ба вилояти аҳд баргузида шуда буд, аз Қандаҳор бо сипоҳи бисёр ба оҳанги Самарқанд берун шитофт ва номае ба Халил султон ва вазирону амирони вай нигошт, ки худ валиаҳд ва ҷонишини ҷаддаш Темур аст. Тахти салтанатро, ки аз они ӯст чӣ гуна ба ғасб (бо зӯрию зулм) гирифтаанд ва мулку мамлакатро, ки барои ӯст, аз чӣ рӯй хоси худ доштаанд? Пас ҳар як аз онон чунон ки шоиста буд, посухи вай гуфтанд, аммо Халил султон ба муораза (ба муқобили ӯ) бархост ва ҳар хитоберо ба ҷавобе, ки хилофи он боз расонид, посух дода, чунин гуфт, ки масъалаи истихлоси (раҳоии) мулк дар ин замон аз чанд ҳол берун натавонад буд. Ё аз тариқи насаб ва хешовандӣ ва ё аз роҳи кору кӯшиш. Дар ҳолати аввал он ки аз ману ту сазовортар аст, падарам, Мироншоҳ ва амуи ман Шоҳрух бародари ӯст, ки бояд дар миёни он ду ба ду ним қисмат шавад ва туро бо вуҷуди ин ду маҷоли сухан намонад ва ман сазовортарам, ки дорои он шавам ва ба ҷониби кор биандешам. Ва роҳҳо ва масолики он ҳамвор кунам. Он ду низ шояд, ки ба тарки ҷанҷолу кушокуш гӯянду он чиро, ки аз ин мулки хоси худ донанд, ба ман вогузоранд ва худ бад-он чӣ дар тасарруф доранд, хурсанд гашта, ба ҳифзи он кӯшанд ё маро дар салтанат аз ҷониби худ ба хилофат гузида (интихоб карда), озод гузоранд. Дар ҳолати дуюм низ сухани ту дуруст наёяд, ки мулк чунон ки пешиниён гуфтаанд ақимест ва пеш аз ману ту дар гуфторҳо ин сухан овардаанд:
Теғ гиреду лашкар ороед,
Ки ҷаҳон хоси чирадастон аст.
Аммо агар гумон бурдӣ, ки ҷадди ту мар туро ба валиаҳдии худ гумошта ва кори салтанат ба ту вогузоштааст, магар на, ки ӯ худ аз тариқи пирӯзӣ бад-он даст ёфта ва аз роҳи кушокуш ва пайкораш ба чанг овардааст? Ва амру васият ҳар гоҳ дуруст шумурда шавад, ҷадди ту дар даврони зиндагии хеш кишвари худро дар миёни фарзандону наводагон қисмат кард… Инак, бар шумост, ки он чиро ман ба даст дорам, баҳраи ман шуморед ва ҳар як бад-он чӣ шуморо вогузор ва муқаррар шудааст, хушнуд бошед… Ва агар дар ин амр сухан ба дурустӣ гӯем, мулк чун нахҷир аз они касест, ки зудтар бад-он даррасад. Акнун худои асбоб кор фароҳам намуда ва онро бар ман раво доштааст ва ҳар кас бар мубоҳе (ҳалол) зудтар даст ёбад, бад-он сазовортар аст».
Ибни Арабшоҳ. Зиндагии шигифтовари Темур. Теҳрон, 2536шоҳаншоҳӣ, саҳ. 262 – 263.
Санаҳои муҳим:
1405 (18 март) – тахти Самарқандро соҳиб шудани Халил султон
1407 (13 феврал) – ба қатл расидани Пирмуҳаммад
1409 (13 апрел) – забти Самарқанд аз ҷониби амир Худодод
1409 (4 май) – ба қатл расидани амир Худодод
1411 (4 ноябр) вафоти Халил султон дар Рай
Савол ва супориш:
1) Темурланг пас аз фавти Ҷаҳонгир киро валиаҳди худ таъйин намуд?
2) Муборизаи Шоҳрухро бо Халил султон барои тахти Самарқанд шарҳ диҳед.
3) Чаро Улуғбек аз мубориза бар зидди Халил султон даст кашид?
4) Пирмуҳаммад аз дасти кӣ кушта шуд?
5) Чаро амирони темурӣ қарор доданд, ки Халил султонро аз сари қудрат дур кунанд?
6) Кӣ Халил султонро аз ҳабс озод намуд?
7) Дар бораи ба тахти Самарқанд нишастани Улуғбек нақл кунед.
Реклама