§ 25. МУСИҚӢ ВА МАҚОМХОНӢ

§ 25. МУСИҚӢ ВА МАҚОМХОНӢ

    Бо вуҷуди ин ки дар асри XVI ҷангҳои дохилӣ ва хориҷии Шайбониён ба вазъи умумии фарҳанг таъсири манфӣ мерасонд ва ба ин сабаб ҳаёти фарҳангӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон дар шароити мушкил ҷараён мегирифт, аммо ҳаёти мусиқӣ симои худро, ки дар асрҳои пешин ба даст оварда буд, ҳифз кард. Баъд аз ҳар ҳуҷуми ғоратгарона ва истилогаронаи худ Шайбониён маҷлис ва зиёфатҳои бузург меоростанд. Ин маҷлису зиёфатҳо бе мусиқӣ ва рақсу тарона намегузашт. Бинобар чунин зарурат боис шуд, то мусиқӣ аз рушд намонад. Илова бар ин, сиёсати мазҳабии Сафавиён дар Эрон, ки ба густариши мадҳия, муноҷот ва марсиясароӣ дар бораи Алӣ ва хонадони ӯ сабаб гардида буд, дар Эрон ва Хуросон мусиқии шодро манъ карда буд. Чунин сиёсат сабаби аз Эрону Хуросон муҳоҷират кардани мусиқинавозон, овозхонон ва раққосаҳо ба Мовароуннаҳру Ҳиндустон гардид. Таваҷҷуҳи Шайбониён ба ҳунари мусиқӣ дар Мовароуннаҳр фазои мусоидеро барои рушди он фароҳам овард. Ҳар ҳокими маҳаллӣ дар назди даргоҳи худ нақорахона, чизе монанди дастаи навозандагони дарборро дошт. Сарвари нақорахонаро унвони «меҳтар» медоданд. Ба вазифаи меҳтар метавонистанд он замон танҳо бо фармони хон ва султонҳо таъйин шаванд. Масалан, меҳтари нақорахонаи дарбори Абдуллоҳхони II Саид Аҳмад ибн Меҳтари Миракӣ аз Ҳирот буд, ки 30 сол дар ин дарбор кор кард ва нақора навохт.  

     Ҷудонопазирӣ ва ягонагӣ хоси фарҳанги асримиёнагии Мовароуннаҳр, Хуросон ва Эрон буд. Бисёре аз шоирон ва олимон донандаи хуби илми мусиқӣ буданд. Ягонагии адабиёт, илм ва мусиқӣ на танҳо дар он зоҳир мешуд, ки шоирон ва олимон ба ҳунари мусиқӣ шуғл доштанд, балки дар он низ дида мешуд, ки наққошон, хаттотон, мусиқинавозон ва саҳҳофон низ ба адабиёт ва илм таваҷҷуҳи хосе доштанд. Ин зуҳурот дар мавзӯъ ва усулҳои эҷодии ҳунар ва адабиёти асри XVI ягонагӣ ва ҳамсониро ба вуҷуд овард. Бинобар ин, дар асри XVI мисли асрҳои гузашта мусиқӣ дар робитаи наздик бо адабиёт ва илм рушд кард. Шоирони соҳибдевон барои шеърҳои худ мусиқӣ меофариданд. Дар сарчашмаҳои таърихии ин давр номи беш аз навад кас, ки шоир ва ҳамзамон мусиқидон буданд, зикр шудааст. Дар байни онҳо Камолиддин Биноӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Бадриддин Ҳилолӣ ва Хоҷа Юсуфи Андиҷонӣ маъруф ва машҳури хоссу ом гашта буданд. 

    Ҳунари мусиқиро Дарвешалии Чангӣ, Ҳофизи Бобоҷони Удӣ, Алидӯсти Нойӣ, Иброҳими Қонунӣ, Мирзоалии Чангӣ, Маҳди Қонунӣ, Зайни Ғижакӣ, Хоҷа Ҷаъфари Қонунӣ, Ҳусайни Удӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Марворид, Ғулом Шодӣ ва дигарон ба дараҷаи баланди иҷроӣ расониданд. 

    Рушди ҳунари мусиқии ин давр бо комёбиҳои ба дастомада дар соҳаи назарияи мусиқӣ низ вобастагӣ дошт. Дар нимаи аввали асри XVI рисолаҳое дар илми мусиқӣ аз ҷониби Наҷмиддин Кавкабии Бухороӣ, Шайхи Табосӣ ва Мавлоно Ошиқӣ навишта шуданд. Масалан, Наҷмиддин Кавкабии Бухороӣ муаллифи рисолаҳое дар илми мусиқӣ, чун «Рисолаи мусиқӣ», «Рисола дар баёни Дувоздаҳмақом» ва «Рисолаи киромия ва илми мусиқӣ» буда, ду девони ашъор низ дошт. Бо сабки мақоми «Ҳусайнӣ» Кавкабии Бухороӣ дар ситоиши пайғамбар Муҳаммад «Зарби фатҳ»-ро офарид. Дар сабки мақоми «Ироқ» ӯ мусиқие дар оҳанги «Чаҳорзарб» эҷод кард, ки ин он то кунун тамоми мусиқинавозони Шарқро мафтун кардааст. 

    Зиндагии Кавкабии Бухороӣ фоҷиабор хотима ёфт. Ӯ соли 1535 қурбонии мухолифатҳои Сафавиён ва Шайбониён гардид. Кавкабии Бухороӣ баъди зиёрати мазори Имом Ризо дар Машҳад мехост ба Бухоро баргардад ва дар роҳ фиристодагони Таҳмосби Сафавӣ ӯро ба қатл расониданд. 

    Кавкабии Бухороӣ шогирдони зиёде дошт. Мавлоно Ҳасани Кавкабӣ, Мавлоно Хоҷа Муҳаммад Абулҳасани Кавкабии Самарқандӣ, Мавлоно Ризои Самарқандӣ ва Мавлоно Боқии Ҷарроҳ аз зумраи онон мебошанд. Мавлоно Ҳасани Кавкабӣ дар дарбори ҳокими Ҳисор Темурхон хидмат карда, Мавлоно Хоҷа Муҳаммад Абулҳасан Кавкабии Самарқандӣ бошад, дар дарбори султон Сайидхон (1568–1572) дар Самарқанд кору зиндагӣ намудааст. Мавлоно Ризои Самарқандӣ, ки аз маъруфтарин шахсиятҳои Самарқанд буд, дар оҳанги мухаммас мусиқиеро дар сабки мақоми «Ироқ» эҷод кард. Мавлоно Боқии Ҷарроҳ, ки пешаи ҷарроҳӣ ва шикастабандӣ дошт, аз авлоди Хоҷагони Самарқанд буд. Бад аз он ки бо ҳокими Самарқанд султон Сайидхон муносибаташ сард шуд, ба Ҳисор, ба дарбори Темурхон омада, дар ин ҷо бақияи зиндагии худро гузаронд. Мавлоно Боқии Ҷарроҳ «Зарби фатҳ»ро дар оҳанги мақоми «Сегоҳ» офаридааст.  

    Яке аз маъруфтарин мусиқинавоз ва донандаи илми мусиқӣ дар нимаи дуюми асри XVI Дарвешалии Чангӣ буд. Дарвешалӣ ибни Мирзоалӣ ибни Хоҷа Маҳмуд аслан зодаи Миёнколи Бухоро ва парварда дар хонадони мусиқинавоз ва овозхон буда, дар нимаи дуюми асри XVI ва ибтидои асри XVII зиндагӣ кардааст. Ӯ дар дарбори ҳокимони Бухоро, Самарқанд, Тошканд ва Андиҷон кор карда, дар илми мусиқӣ асареро бо номи «Туҳфат-ус-сурур» навишт, ки дар бораи беш аз 60 нафар мусиқидон, мутриб ва овозхони Мовароуннаҳр ва Хуросон маълумот додааст. 

Аз созҳои мусиқие, ки дар ин давр истифода мешуд дар сарчашмаҳои таърихӣ номҳои танбӯр, чанг, най, қонун, уд, барбат, рубоб, кобуз, руд, ғижак, шамома, найи анбон, чағона, рӯҳафзо ва ғайра зикр гардидаанд. 

 Сарчашма: 

Восифӣ дар бораи муҳоҷирати мусиқинавозон ва овозхонон аз Хуросон ба Мовароуннаҳр дар моҳи муҳаррами соли 918 ҳ.қ./мартапрели соли 1512 милодӣ менависад: «Дар он авқот аз иттифоқоти ҳасана он ки қариб панҷсад кас аз вилояти Хуросон азимати мулки Мовароуннаҳр карданд,… (ки) аҳли созу арбоби навоз бисёр буданд. Қосималии Қонунӣ созандае буд, ки моҳи гардун аз барои торҳои қонунаш (номи сози мусиқӣ) аз ҳола (хирмани моҳ) калобаи сим овардӣ… Дигар Чакари Чангӣ – муғанния буд, ки ҳар гоҳ ки чанг дар канор гирифтӣ, Зуҳра дар базми фалак сози худ бар замин задӣ ва аз осмон ба замин омадӣ ва мӯйи гесуи худро тори чанги ӯ сохтӣ… ва саромади созандагон писари устод Саид Аҳмади Ғижжакӣ буд, ки гардун ҷоми заррини хуршеди ховариро аз барои тоси ғижжаки ӯ муносиб медид ва ҳури (зани бисёр хушрӯй дар ҷаннат) хулди барин (биҳишти аъло) гесувони анбарини худро барои тори камончаи ғижак пеши ӯ мекашид…» 

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ. Бадоеъ-ул-вақоеъ. Ҷилди 1. Теҳрон, 1349 ҳ.ш., саҳ.17-20. 

Савол ва супориш: 

1) Сабабҳои рушди ҳунари мусиқиро тавзеҳ диҳед. 

2) Мусиқидонҳо ва мусиқинавозони маъруфи асри XVI-ро номбар кунед. 

3) Асарҳои Кавкабии Бухороӣ дар бораи мусиқӣ чӣ ном доштанд? 

4) Созҳои мусиқии он давр кадомҳоянд?  

Реклама