Ба сари ҳокимият омадани Нодиршоҳ дар Эрон. Шоҳи Эрон Нодиршоҳи Афшор (1736–1747) аз вазъи мушкили ҳокимони Бухоро истифода карда, хост, ки Мовароуннаҳро ба зери итоати худ оварад.
Дар ибтидои асри XVIII Эрон давраи мушкилро аз сар мегузаронид. Як қисми сарзамини онро Туркия ишғол карда буд. Аз тарафи дигар, қабилаҳои афғон зидди ҳокимияти марказии Эрон шӯриш бардоштанд. Аз қисмати шимоли Эрон Русия як қисми ҳудуди Озарбойҷонро бо шаҳри Боку ишғол намуд. Дар чунин шароит сарлашкари Эрон Нодиршоҳи Афшор ба арсаи идоракунии давлат омад. Ӯ тавонист, ки сарзамини Эронро аз афғонҳо ва туркҳо озод кунад, мамлакатро муттаҳид ва худро шоҳаншоҳи ин кишвар эълон намояд. Бо ҳамин дар Эрон хонадони нав, сулолаи Афшорҳо ба сари давлат омад.
Вазифаи аввалиндараҷаи Нодиршоҳ баланд бардоштани иқтисодиёти Эрон ва пуриқтидор гардонидани лашкар буд. Барои амалӣ намудани нақшаи худ Нодиршоҳ ба сӯйи Хуросон (Афғонистони имрӯз) ва Ҳиндустон лашкар кашид. Ӯ Хуросонро фатҳ карда, ба Лоҳур ҳаракат намуд ва баҳори соли 1737 шаҳри Деҳлиро ба даст овард. Ба писараш Ризоқулихон фармон дод, ки ҳамроҳи сарлашкараш Таҳмосхони Ҷалоир барои ишғоли Балх иқдом намоянд.
Лашкаркашиҳои эрониён ба мулкҳои хонии Бухоро. Ризоқулихон бо лашкари зиёд ба сӯйи Балх равон шуд. Лашкари ӯ ба муқовимати сахти муҳофизони Андхӯй нигоҳ накарда, тамоми музофоти онро ғорат намуданд. Пас аз ишғоли Андхӯй онҳо калъаи Ахчаро ба даст оварданд ва ба ҷониби Балх равон гаштанд. Балх ва гирду атрофии он ба тобеияти Ризоқулихон гузашт.
Баъд аз забти Балх Ризоқулихон бо дастури падараш бо дастаи 12 ҳазор нафара аз Амударё гузашта, Ғузорро ишғол намуд ва ба сӯйи Қаршӣ равон шуд. Ҳокими Қаршӣ Муҳаммадҳакимбий инро шунида, тамоми аҳолии шаҳр ва гирду атрофи онро барои дифоъ сафарбар намуд. Ӯ ба шаҳр дастаҳои минғитҳо ва қабилаҳои дигарро ворид сохт. Қабл аз муҳосираи шаҳр ӯ ба он ҷо дастаҳои худро фиристод, ки нони аҳолиро барои захира мусодира намоянд. Пас аз ин вай ба муҳосираи шаҳр оғоз намуд. Ҳокими ҳазораҳо Бобохон бо дастаи сеҳазорнафараи ӯзбекҳо ба тарафи эрониҳо гузашт ва бо ҳамин лашкари онро тақвият дод. Муҳаммадҳакимбий дар вазъияти мушкил қарор гирифта, барои ёрӣ ба Абулфайзхон муроҷиат намуд. Абулфайзхон тирамоҳи соли 1737 бо лашкари худ ба сӯйи Қаршӣ ҳаракат кард. Ҳокимони вилоятҳои гуногун, то Тошканду Хуҷанд бо лашкари худ ба кумаки хони Бухоро омаданд. Дар ихтиёри Абулфайзхон сад ҳазор лашкар ҷамъ омад.
Лашкари хони Бухоро сафи душманро рахна намуда, вориди Қаршӣ гардид. Аз фурсат истифода бурда, Ризоқулихон тӯпҳои худро ба кор андохт. Лашкари Бухоро бо ин навъ силоҳи оташфишон ошноӣ надошт ва садои тӯпро ҳам нашунида буданд. Ба эрониён муяссар гардид, ки ба лашкари Бухоро талафоти зиёд расонанд. Ҷанги шадид дар назди Қаршӣ ба шикасти лашкари Абулфайзхон анҷом ёфт. Миқдори ғанимати ба дасти эрониён расида ҳадду канор надошт. Касони зиёд аз тири тӯпҳои эрониён кушта шуда, як қисми лашкар пароканда гардид. Аз лашкари садҳазораи хон сӣ ҳазор боқӣ монд. Неруҳои боқимондаи хони Бухоро ба ҷониби Қаршӣ рӯ ба гурез оварданд. Хони Хоразм Илбарс бо лашкари зиёд ба ёрии хони Бухоро омад. Ризоқулихон аз ин хабар ёфта, бо хони Бухоро сулҳ баст ва бо фармони Нодиршоҳ аз дарё гузашта, ба сӯйи Балх омад. Илбарс бошад, ба Хоразм баргашт. Бо фармони Нодиршоҳ Ниёзхони додхоҳ ҳокими Балх таъйин гардид. Минбаъд Балх барои онҳо ҳамчун мавзеи мувофиқу муҳимми стратегӣ барои ҳуҷум ба ноҳияҳои Мовароуннаҳр хидмат менамуд.
Бо ҳамин амалиёт лашкаркашии эрониён дар ҳудуди хони Бухоро зимистони солҳои 1737 – 1738 ба охир расид.
Ҳуҷуми навбатии Нодиршоҳ ба сӯйи Бухоро ва суқути давлати Аштархониён. Нодиршоҳ дар муҳорибаҳои Кафқоз, Хуросон ва Ҳиндустон зафар ёфта, дар соли 1740 аз роҳи Балх ва Чорҷӯй ба сӯйи Бухоро лашкар кашид. Дар ин давра табақаи ашрофи қабилаи манғит дар идоракунии Бухоро имтиёзи бештаре пайдо карда буд.
Пеш аз ин Нодиршоҳ ба ҳокими Балх Ниёзхон фармон дод, ки дар гузаргоҳҳои Тирмиз ва Калаф аз болои Омударё пулҳо созанд ва барои дастгирии ӯ аз ҷумлаи музофотҳои тобеи Бухоро лашкар ҷамъ оваранд. Нодиршоҳ аввал ба Балх омада, маводи хӯроквории бо фармони ӯ омодагардидаро гирифта, баъдан тӯпҳоро ба заврақҳо бор карда, дар ибтидои соли 1740 ба он тарафи соҳили дарёи Ому гузашт.
Ҳокими Қаршӣ Муҳаммадҳакимбийи манғит дер боз орзу дошт, ки ҳокимияти Бухороро ишғол намояд ва барои ин мавриди барояш муносибро меҷуст. Лашкаркашиҳои эрониён ба муқобили лашкари Бухоро барои ӯ чунин фурсати муносибро фароҳам овард. Ӯ ба Нодиршоҳ номаи пурмеҳр ва боилтифот навишта, омодагии худро барои итоат аз ӯ изҳор дошт. Писараш, Муҳаммадраҳимхонро бо туҳфа ва пешкашҳо ба назди Нодиршоҳ фиристод ва аз шоҳ хоҳиш намуд, ки ба Бухоро ояд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳарчанд ашрофи ҳокими Бухоро барои дар амал пиёда шудани ҳадафҳояшон ватани худро ба эрониён таслим менамуданд, вале мардум вуруди эрониёнро ба Мовароуннаҳр чун бадбахтии бузург медонистанд.
Нодиршоҳ ба сӯйи Бухоро ҳаракат кард ва дар Чаҳорҷӯй таваққуф намуд. Абулфайзхон аз ин огоҳ гашта, Муҳаммадҳакимбийро бо ашхоси дигари бонуфуз ба назди худ даъват намуд ва онҳоро бо туҳфаҳои гаронбаҳо ба назди Нодиршоҳ фиристод. Абулфайзхон дар номаи худ омодагиашро барои истиқболу меҳмоннавозӣ изҳор дошт. Ин ҳайат бо эҳтироми зиёд аз ҷониби Нодиршоҳ қабул карда шуд. Муҳаммадҳакимбий ба Нодиршоҳ дар бораи вазъи ҳокимияти Абулфайзхон, парокандагии дохилии давлат, норозигии аҳолӣ муфассал ва ошкоро қисса намуд ва омодагии худро барои хидмат ба манфиати шоҳ изҳор кард. Нодиршоҳ ба ӯ ваколатномае дода, ҳамчун намояндаи худ бо салоҳиятҳои зиёд ба Бухоро фиристод.
Муҳаммадҳакимбий ба Бухоро омада, ба назди Абулфайзхон ҳозир нашуда, мадрасаи Мири Арабро қароргоҳи хеш интихоб кард. Ашхоси боэътимоди худро ба тамоми бозорҳо, кӯчаҳо, масҷидҳо фиристода, эълон дошт, ки доир ба масъалаҳои марбут ба амнияти шахсӣ ва моликияташон вобаста ба вазъи пешомада ва наздикшавии лашкари Нодиршоҳ метавонанд ба ӯ муроҷиат намоянд. Мардум барои гирифтани тазмини амнияти худ ва ҳифзи моликияташон ба назди ӯ, ба мадрасаи Мири Араб мерафтанд. Ин шуҳрати Муҳаммадҳакимбийро дар байни аҳолии шаҳр баланд мебардошт, аммо ин амали ӯ боиси хашми доираҳои дарборӣ ва ашрофи ҳоким, ки ӯро дар хиёнат айбдор менамуданд, гардид.
Қарор шуд, ки барои бо лашкари Эрон муқобилат нишон додан бо иштироки ашхоси масъул ва бонуфуз дар арк машварат даъват карда шавад, аммо Муҳаммадҳакимбий нахост ба арк биёяд. Он гоҳ қарор доданд, ки худи Абулфайзхон ба назди Муҳаммадҳакимбий меравад ва ҳангоми ба пешвози хон омаданаш ӯро ба қатл мерасонанд. Ҳангоме ки хон ба сӯйи Муҳаммадҳакимбий меомад, ба сӯйи ӯ оташ кушоданд. Абулфайзхон ба қаср баргашта, қарор дод, ки ба Нодиршоҳ таслим шавад. Дар наздикии Бухоро, дар мавзеи Чаҳорбаҳр, дар соҳили Зарафшон вохӯрии хони Бухоро ва Муҳаммадҳакимбий бо Нодиршоҳ ба вуқӯъ пайваст. Нодиршоҳ хонро ба сифати зердаст ва тобеи худ боқӣ гузошт, вале амалан ҳокимият ба дасти Муҳаммадҳакимбий гузашт. Хони Бухоро Абулфайзхон вобастаи Муҳаммадҳакимбий гардида, Бухоро ба давлати тобеъ табдил ёфт. Барои тақвияти муносибатҳо онҳо робитаҳои хешовандиро низ барқарор намуданд. Нодиршоҳ ба яке аз духтарони Абулфайзхон издивоҷ намуд ва духтари дигари хони Бухоро ба хоҳарзодаи Нодиршоҳ – Алиқулихон ба шавҳар дода шуд.
Нодиршоҳ корҳои худро дар Бухоро анҷом дода, ҳамон сол (1740) ба Хоразм лашкар кашида, муқовимати хоразмиёнро дарҳам шикаста, ҳокими он – Илбарсхонро дар муҳориба ҳалок намуд. Нодиршоҳ Хеваро низ забт кард ва ба сари ҳокимият қоиммақоми худро нишонд. Ӯ ҳам дар Бухоро ва ҳам дар Хева захираи хӯрокворӣ, пул ва дигар чизҳои пурқиматро мусодира карда, аскарони маҳаллиро ба лашкари худ ҳамроҳ намуд, ки дар байни онҳо писари Муҳаммадҳакимбий, Муҳаммадра– ҳимхон низ буд. Нодиршоҳ баъди анҷоми ин амалиёти бобарор ба Эрон баргашт.
Соли 1743 Муҳаммадҳакимбий вафот кард. Пас аз марги ӯ дар гӯшаю канори давлат исёнҳо бар зидди Абулфайзхон ва тохтутозҳо дар гирду атрофии Бухоро оғоз гардид ва рӯз ба рӯз тақвият мегирифт. Бо сарварии Ибодуллоҳи хитой-қипчоқ дар Миёнкол шӯриш сар зад, ки он то ҳудуди девори Бухороро фаро гирифт. Барои фурӯ нишондани шӯришҳо ва ҷорӣ намудани низом дар Бухоро Нодиршоҳ бо сарварии Муҳаммадраҳимхон лашкареро иборат аз эрониҳо, афғонҳо ва туркманҳо ба Бухоро фиристод.
Муҳаммадраҳимхон хешовандон ва ҷонибдорони худро ба вазифаҳои баланди давлатӣ таъйин карда, бо ёрии онҳо мавқеи худро дар пойтахт устувор намуда, ба пахш кардани шӯришҳо оғоз намуд. Ӯ ошӯбгарони Миёнкол, Шаҳрисабз, Қубодиён, Бойсун ва болооби Зарафшонро шикаст дода, ҳокимияти Бухороро дар ин ноҳияҳо барқарор намуд. Соли 1747 Нодиршоҳ Муҳаммадраҳимхонро ба Эрон даъват намуда, амр кард, ки Абулфайзхонро аз тахт барканор созад ва идораи кишварро ба уҳдаи худ гирад.
Муҳаммадраҳимхон ҳангоми ба Бухоро баргаштан қосидеро бо пайғом ба назди ашрофи ҳокими Бухоро фиристод, ки дар нома ба онҳо ва мардум сулҳу амният ваъда медод.
Ашхоси бонуфузи Бухоро бо туҳфаҳо ба пешвози ӯ, ба беруни шаҳр баромаданд. Муҳаммадраҳимхон дар Ғозиобод чорбоғи худро қароргоҳ интихоб кард. Ӯ барои сарнагун кардани Абулфайзхон Хоҷаҳои Ҷӯйбориро, ки дар мамлакат эътибори баланд доштанд, ба ҷониби худ ҷалб намуд. Баъд аз ҷустани тадбир Абулфайзхон дастгир шуда, дар зиндони Ғозиобод ба ҳабс андохта шуд ва дере нагузашта ӯро дар мадрасаи Мири Араб ба қатл расониданд.
Ҳамин тавр, соли 1753 ҳукмронии сулолаи Ҷониён ба охир расид. Сабабҳои асосии суқути сулолаи Ҷониён парокандагии давлат, харҷу марҷи сиёсӣ, таназзули иқтисодӣ, вусъат ёфтани ҷангҳои дохилӣ, набудани ҳокимияти марказӣ ва муфлисшавии мардум ба ҳисоб мераванд. Ҳуҷуми Нодиршоҳи Афшор ба Мовароуннаҳр ба суқути ниҳоии ҳокимияти Ҷониён (Аштархониён) суръат бахшид.
Сарчашма:
Маълумоти Муҳаммадкозими Марвӣ доир ба набарди лашкари Бухоро бо лашкари Нодиршоҳ:
Далерони Эрону тӯрониён,
Ба ҳам рехтанд ҳамчу боди хазон.
Зи абри бало тир борон шуда,
Нами хун чу сели баҳорон шуда.
Зи бас тир дар тан шуда ҷойгир,
Тани ҷангҷӯ гашта қандили тир.
Камонҳо фиканданду шамшери тез,
Ниҳоданд дар ҳам зи рӯйи ситез.
Чакочаки шамшери бурандафарқ,
Заминро ба дарёи хун кард ғарқ.
Зи бас мард хуфта ба хуни набард,
Шуда рӯйи саҳро пур аз сурхвард.
Зи бас сар фитода чу мева зи шох,
Шуда танг он арсагоҳи фарох.
Яке чун баровард шамшери кин,
Дигар як ҳамоил задаш аз камин.
Ҳазорон касу аспро з-он ситам,
Шикам зери зин, зин ба зери шикам.
Чунон шӯрише сахт шуд пойдор,
Ки гӯйи қиёмат шуда ошкор.
Муҳаммадкозими Марвӣ. Оламорои Нодирӣ. Ба тасҳеҳ, муқаддима ва тавзеҳоти доктор Муҳаммад Амини Риёҳӣ. Ҷилди 2. Теҳрон, 1364, саҳ. 791–792.
Санаҳои муҳим:
1737 – фатҳи шаҳри Деҳлӣ ва ба сӯйи Қаршӣ ҳаракат кардани
Нодиршоҳ
1740 – лашкаркашии Нодиршоҳ ба Бухоро ва Хоразм
1743 – вафоти Муҳаммадҳакимбий
1747 – Муҳаммадраҳимхонро ба Эрон даъват намудани Нодиршоҳ
1753 – ба охир расидани ҳукмронии сулолаи Ҷониён (Аштархониён) дар Бухоро
Савол ва супориш:
1. Дар бораи дар Эрон ба сари ҳокимият омадани Нодиршоҳ маълумот диҳед.
2) Нодиршоҳ барои пурзӯр намудани давлат дар назди худ кадом вазифаҳои аввалиндараҷаро гузошт?
3) Дар бораи лашкаркашии Ризоқулихон ба Бухоро маълумот диҳед.
4) Дар бораи муқовимати лашкари бухориён бо лашкари Ризоқулихон чӣ медонед?
5) Ҳуҷуми навбатии эрониёнро ба Бухоро бо сардории Нодиршоҳ баён намоед.
6) Чаро ҳокими Қаршӣ Муҳаммадҳакимбий омодагии худро барои итоат намудан ба Нодиршоҳ изҳор намуд?
7) Воқеаҳои ба Нодиршоҳ таслим шудани Абулфайзхонро шарҳ диҳед.
8) Дар бораи лашкаркашии Нодиршоҳ ба Хоразм нақл кунед.
9) Суқути сулолаи Ҷониён (Аштархониён)-ро шарҳ диҳед.
Реклама