§ 33. РОБИТАҲОИ ДИПЛОМАТӢ.  ҶУНБИШҲОИ МАРДУМӢ

§ 33. РОБИТАҲОИ ДИПЛОМАТӢ.  ҶУНБИШҲОИ МАРДУМӢ

   Робитаҳои дипломатӣ. Дар ин давра робитаҳои дипломатии хонии Бухоро бо мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Ҳиндустон ва Эрон густариш меёфт.  

   Соли 1620 сафири Русия Иван Данилович Хохлов ба Бухоро омад ва Имомқулихон онро хеле хуш истиқбол намуд. Ин сафорат дар Бухоро аз охири соли 1620 то 13 сентябри соли 1622 ҳузур дошт. Дар ин муддат Хохлов ду маротиба аз Самарқанд дидан намуд. 

   Дар нимаи аввали асри XVII муносибатҳои дипломатии Русия бо Балх низ рушд ёфт. Соли 1638 сафири Балх Хоҷаиброҳим ба Русия сафар карда буд. 

   Аз нимаи дуюми асри XVII то оғози асри XVIII робитаҳои дипломатии Бухоро ва Балх бо Русия боз ҳам бештар рушд ёфтанд. 

   Соли 1640 сафири Русия Анисим Грибов ба Хева ва Бухоро омада буд, ки ба зиммаи ин сафорат ҷамъ кардани маълумот дар бораи роҳҳои тиҷоратӣ ба Ҳиндустон вогузор шуда буд. А. Грибов соли 1646 бори дуюм низ ҳамчун сафир ба Бухоро омад. 

   Моҳи июли соли 1669 ба Бухоро бо сарварии бародарон Борис ва Семён Пазухинҳо сафорати дигаре фиристода шуд, ки ҳайати он аз ҳашт нафар иборат буд. Онҳо ба Бухоро на бо роҳи баҳрӣ, балки аз роҳи заминӣ омада буданд. Ин сафорат дар Бухоро ва Хева тақрибан 30 моҳ (1669 – 1672) иқомат намуд.  Дар давраи ҳукмронии Пётри I байни хонии Бухоро ва Русия табодули сафирон бештар гардид. Сафирони зиёд аз Бухоро ба Русия сафар намуданд. Соли 1717 хони Бухоро Абулфайзхон сафири худ Қулибекро барои барқарор намудани муносибатҳои дӯстӣ ва тиҷоратӣ бо Русия ба он ҷо фиристод. 

   Соли 1721 ба Бухоро сафири шоҳи рус Флорио Беневини омад. Пётри I ба ӯ супориш дода буд, ки дар бораи сарватҳои зеризаминии Бухоро, бахусус тилло маълумот ҷамъоварӣ намояд. 

   Моҳи августи соли 1734 аз Бухоро ба Петербург сафорате иборат аз 21 нафар бо сардории Алибеки парвоначӣ фиристода шуд. 

   Дар ин давра байни хонии Бухоро ва Ҳиндустон низ робитаи дипломатӣ мавҷуд буд. Ин робитаҳо асосан аз замони ҳукмронии Имомқулихон (1611 – 1642) оғоз гардида буданд. Соли 1625 сафири Балх Шоҳхоҷаи Нақшбанд ба шаҳри Агра рафта, то соли 1635 ӯ дар он ҷо монд.  

   Соли 1637 аз Балх ба Агра сафири Нодирмуҳаммадхон Мавлоно Абулғаффор омад. Дар навбати худ сафирони ҳиндӣ Ҳотам Булхайр ва Музаффар Ҳусайн бо туҳфаҳои пурарзиш ба Балх фиристода шуданд. Онҳо 14 июни соли 1639 ба Балх расиданд ва худи хон онҳоро қабул кард. 

   Сафири Ҳиндустон Ҳаким Ҳозиқ соли 1638 ба Бухоро омад, ки ӯро шахсан худи Имомқулихон пазироӣ намуд. 

   Соли 1658, хангоме ки Аврангзеб ба тахти салтанат нишаст, хони Бухоро Абдулазизхон барои табрики ӯ сафоратеро бо сарварии яке аз шахсони маъруф ва машҳури Бухоро Хоҷааҳмад Ҳусайни Нақшбанд ба Ҳиндустон равон кард. 

   Баъд аз он дар соли 1660 ҳокими Балх Субҳонқулихон сафорати худро бо сарварии амир Бек уғлӣ ба назди ҳокими Ҳиндустон Аврангзеб фиристод. 

   Ташрифи ҷавобӣ аз Ҳиндустон ба Балх ва Бухоро 18 июни соли 1664 аз ҷониби ҳайате бо сарварии Мустафохони Хафавӣ сурат гирифт. 

   Моҳи ноябри соли 1668 сафири Субҳонқулихон Шодмонхоҷа ба Деҳлӣ фиристода шуд. Ҳангоми бозгашт ба ватан ҳокими Ҳиндустон ба ӯ 25 ҳазор рупия, фили ороишёфта ва ашёи мухталифи гаронбаҳо инъом намуд. 

   Дар даврони салтанати Аврангзеб сафорати аз ҳама пурнамояндаи Ҳиндустон, ки ба Бухоро ва Балх омада буд, ин сафорати Яккатозхон буд, ки он дар он ҷо беш аз 4 сол иқомат дошт ва моҳи ноябри соли 1675 ба ватан баргашт. Баҳори соли 1684 ба Бухоро сафири Аврангзеб Забардастхон ташриф овард, ки ӯ бо худ паёму туҳфаҳои зиёд овард. Робитаҳои мутақобилаи тиҷоратӣ ва дипломатии хонии Бухоро бо Ҳиндустон, сарфи назар аз авзои мураккаби сиёсӣ катъ нагардидааст. 

   Дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII муносибатҳои сиёсӣ байни Бухорову Балх ва Эрон дӯстона набуд, вале ба ин нигоҳ накарда, робитаҳои дипломатӣ дар байни онҳо идома дошт.  

   Соли 1621 сафири Балх Поянда Мирзо бораи барқарор намудани сулҳ ва дӯстӣ миёни ҳар ду кишвар бо инъомҳои арзишманд ба Эрон омад. Дар навбати худ сафири Эрон Муҳаммад Солеҳбек ба Балх ташриф овард. Соли 1622 аз Балх ба Эрон бо сарварии Сайид Иброҳимхоҷа ҳайати дигаре фиристода шуд.  

   Сипас бори дигар сафири Нодирмуҳаммадхон – Поянда Мирзо аз Балх ва сафири Имомқулихон, Абдурраҳимхоҷа аз Бухоро бо туҳфаю инъомҳои гаронбаҳо ба Эрон рафтанд.  Дар солҳои минбаъда муносибатҳои дипломатии Бухорову Эрон бо сабаби ихтилофҳо ва набардҳо барои густариши қаламрави худ халалдор шуданд. 

   Ҷунбишҳои мардумӣ. Дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII дар натиҷаи ҷангҳои беохир, муборизаҳои дохилӣ, зулми ситами тоқатфарсо ва истисмори бераҳмона норозигии мардум ниҳоят зиёд шуд. Дар манотиқи мухталифи мамлакат ошӯб ва исёнҳои мардум оғоз ёфтанд. 

   Дар давраи ҳукмронии Абулазизхон (1645–1680), дар деҳаи Даҳбеди наздики Самарқанд шӯриши халқии густурдае оғоз гардид, ки барои саркӯб намудани он худи Абдулазизхон бо лашкари зиёде омад. Ӯ шӯришро пахш намуда, Даҳбедро оташ зад ва харобу валангор намуд.  

   Соли 1681 дар Миёнкол исёни мардум бар зидди истисморгарон сар зад. Барои саркӯб намудани шӯриш ҳукумат қувваҳои зиёдеро ҷамъ овард ва онро пахш намуд.  

   Шӯриши аз ҳама калонтарини халқӣ соли 1703 дар Ҳисор ба амал омад. Сабабҳои ин шӯриш ҷанг байни ду заминдор барои ба даст овардани нуфузи бештаре гардид. Лашкари Бухоро бо сардории Муҳаммадраҳимбийи юз ба муқобили Уткан ном ҳокими яке аз қалъаҳои вилояти Ҳисор ҷангро оғоз кард, вале лашкари Бухоро музаффарият ба даст наоварда, ақибнишинӣ намуд. Аҳолии Ҳисор аз низоъҳои хунини байни амалдорон ба танг омада, исён бардоштанд. Шӯришиён аз хони Бухоро талаб намуданд, ки онҳоро ҳимоят намояд. Қиёми халқи ҷабрдида боиси он гардид, ки сарзамини Ҳисор тақрибан дар давоми 50 сол ҳамчун мулки мустақил фаъолият намояд. 

   Соли 1708, дар вақти эълони ислоҳоти пулии Убайдуллоҳхон, халқи Бухоро бар зидди ӯ шӯриш бардошт. Дукону бозорҳо баста шуданд, кори савдо қатъ гардид. Дар бозор чизе ёфт намешуд. Ин боиси ба шӯриши ошкоро бархостани мардуми фақиру бенаво гардид, вале шӯриши халқӣ бераҳмона пахш шуд ва барои тарсонидани мардум чанд нафарро ба дор кашиданд. Ин шӯриши мардумӣ ҳукуматдоронро ба ҳарос оварда буд. 

   Соли 1709 дар натиҷаи низоъ байни қабилаҳои сарой ва найман дар Самарқанд ошӯби мардумӣ ба амал омад. Ин қабилаҳо ба ҳайати лашкари хон дохил мешуданд. Ошӯб дар Самарқанд пас аз мудохилаи намояндагони сӯфиёни силсилаи нақшабандия қатъ гардид. 

   Сабаби шӯриши дигари мардумие, ки соли 1713 дар Самарқанд ба вуҷуд омад, ин муносибати бераҳмонаи ҳокими Самарқанд Фарҳодбийи парвоначӣ нисбат ба аҳолии шаҳр буд. Ин тазоҳуроти самарқандиён хусусияти шӯриши умумиро дошт, зеро дар он на танҳо бенавоён, балки намояндагони тоҷирон, мансабдорони давлатӣ ҳам иштирок доштанд. 

   Дар ҳолати ногувор, аз хавфи ишғоли шаҳру вилоятҳо аз тарафи сардорони қабилаҳо ва ҳокимони ҳамсоя, мардум аксар вақт ҳукумати марказиро тарафдорӣ менамуд, зеро онҳо медонистанд, ки ҷангу низомъҳои дохилӣ аҳолии ҳам шаҳр ва ҳам деҳотро хонахароб месозад. Масалан, як гурӯҳи феодалони қабилаи кенагас соли 1714 хостанд ба арки хон дохил шаванд ва дар Бухоро табадуллоти дарборӣ кунанд, вале ин навбат мардум ба ҳимояи ҳукумат бархоста, дар шаҳр сангарҳо сохтанд. Фақат тавассути кумаки мардум ба хон муяссар гардид, ки душманашро саркӯб созад.  

   Соли 1718 дар Балх ба муқобили ҳокими он Муҳаммадхон, ки зулми беҳадро ба мардум раво дид, шӯриш сар зада, он хусусияти оммавӣ гирифт. Дар натиҷа Муҳаммадхон Балхро тарк намуд. 

   Дар дигар гӯшаву канори мамлакат низ бар зидди зулму бераҳмии мансабдорон шӯришу ошӯбҳои мардумӣ сурат мегирифт. Ин баёнгари он буд, ки мардум аз сохту шароити мавҷудаи замони худ ба дод омада, барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ бар зидди ҳукумат ба муборизаи ошкоро бармехост. 

Сарчашма: 

   Суҳбати сафири Бухоро мулло Фаррух бо дворянин Артаман Сергеевич Матвеев дар соли 1671 оид ба масъалаҳои гуногуни хонии Бухоро: «Котиб Иван Астафьев аз сафир пурсид, ки дар Бухоро чӣ гуна молҳо мавҷуданд? Селитра (намаки борут) ва абрешим ҳаст ё не? Сафир ҷавоб дод: дар онҳо молҳои зандона ва матои одии хитоӣ, матои шоҳии хитоӣ мавҷуд аст, ки миқдори хеле кам мебошанд. Селитра дар давлати онҳо ниҳоят зиёд аст ва сифатан аз селитраи форсӣ хуб аст ва онро бо батман мефурӯшанд. Як батман ба 1,5 пуд баробар аст ва нархаш ба пули Бухоро панҷ тин меистад. Ҳар як тини Бухоро ба 5 тини русӣ баробар аст, яъне бо пули русӣ ҳар як батман ба 25 олтин баробар аст. Абрешим, ки он «паф» номида мешавад, бо пули Бухоро 2 сӯм меистад.... Дар сарзамини Бухоро чунин молҳо ҳастанд: абрешим, лаъл, қумоши сурх, матои одии хитоӣ, матои шоҳии хитоӣ, маъданҳои нуқра ва сурб, селитра ва дигар молҳо ҳастанд, ки баъзеи онҳоро аз Ҳиндустон меоранд. Тоҷирон мунтазам рафтуомад доранд ва гавҳару ҷавоҳирот ва молҳои гуногуни зебо меоранд. Ба давлати подшоҳии ӯ чунин молҳо лозиманд: пӯсти хушсифати самур, рӯбоҳи сиёҳ, қоқум, моҳут, устухони моҳӣ (морж). 

... Аз сафир пурсиданд, ки дар мамлакат ӯ гавҳар, маъдани нуқра ва селитра ҳосил менамоянд ё не? Агар ҳосил кунанд, бо кадом усул ва аз як пуд маъдан чӣ қадар нуқра ҳосил мешавад ва нархи шоҳиву нуқра чанд пул аст? Сафир ҷавоб дод, ки гавҳарро дар давлати онҳо кормандони соҳаи саноат ҳосил мекунанд, онҳо гавҳарро дар кӯҳҳо мекобанд ва аз байни онҳо лаъл ва дигар гавҳарҳоро ҷудо карда мегиранд. Масалан, нуқра дар мамлакати онҳо бисёр аст, вале саноатчиён каманд. Маъданро дар дегҳо мегудозанд.  

   Аз як пуд маъдан чӣ қадар нуқра ҳосил карда мешавад? Инро сафир намедонад. 

   Абрешимро аз онҳо бо нархи арзон – пудаш 2 сӯм харидан мумкин аст. Селитраи гудохташударо пудаш 10 сӯм бо пули русӣ харидан мумкин аст. 

   Ба сафир гуфта шуд, ки ба подшоҳ маълум аст, ки дар давлати Бухоро асирони рус мавҷуданд ва дар сарзамини Бухоро зиндагӣ мекунанд ва хон бояд он асирони подшоҳи бузургро фавран ва бегуфтугӯ озод кунад ва бо ин нисбат ба подшоҳи бузург муҳаббату дӯстии худро нишон диҳад. 

   Сафир гуфт: «Ҳамин ки ӯ ба назди хон баргардад, ба ӯ дар ин бора маълум мекунад ва умедвор аст, ки агар касе аз одамони рус ба давлати худ, назди подшоҳи бузург баргаштан хоҳад, хон онҳоро озод мекунад, аз он сабаб, ки хони онҳо бо подшоҳи бузург аз самими қалб мехоҳад дӯстӣ кунад. Вале одамони асиршудаи подшоҳи бузург дар давлати хони онҳо шуҳрати калон доранд ва бисёрии онҳоро амалдорон таъйин карда, ба дарбори хон ҷалб карда шудаанд». 

   Материалы по истории Узбекской, Таджикской и Туркменской ССР. Ч. I. Ленинград, 1933, с. 337 – 338. 

   Маълумоти Муҳаммад Юсуфи Муншӣ дар бораи каҳтию гуруснагӣ дар Балх: «Дар Балх қаҳтӣ ва гуруснагӣ воқеъ шуд, ки хирвори ғалла ба ҳазор рупия расид ва дар он зимистон чунон сард ва соика (раъду барқ) шуд, ки ғуломон (ҳиндуҳо) ангиштсифат ҷонро дар танӯри бадан месӯхтанд ва касеро қудрати он набуд, ки сар аз дарвоза берун карда, бинихорӣ кунад». 

   Муҳаммад Юсуфи Муншӣ. Тазкираи Муқимхонӣ. Муқаддима, тасҳеҳ ва таҳқиқи Фариштаи Саррофон. Теҳрон, 1380, саҳ. 166. 

   Дар бораи қаҳтию гуруснагӣ дар Мовароуннаҳр: «Дар давоми тохтутозҳои бардавоми ҳафтсолаи кӯчиён заминҳои дар байни Самарқанд ва Бухоро ҷойгир буда харобу валангор гардиданд. Дар Мовароуннаҳр гуруснагии гӯшношунид фаро расид… дар ҳама ҷойҳо одамон макони муқимии худро тарк намуда, ба ҳар тараф пароканда шуданд. Дар Бухоро ду гузар аҳолӣ боқӣ монд. Дар Самарқанд бошад, нишонае аз маҳалли маскунӣ намонд». 

Чехович О.Д. К истории Узбекистана в ХVIII в. / /Труды ИВ АН УзССР. Вып.3. Ташкент,1 954, с. 72 – 73. 

 Санаҳои муҳим: 

1620 – ба Бухоро омадани сафири Русия Иван Данилович Хохлов  

1621 – ба Эрон рафтани сафири Балх Поянда Мирзо 

1622 – аз Балх ба Эрон фиристодани сафорат бо сарварии Сайид 

Иброҳимхоҷа 

1625 – ба Агра рафтани сафири Балх Шоҳхоҷаи Нақшбанд  

1637 – аз Балх ба Агра рафтани сафири Нодирмуҳаммадхон Мавлоно 

Абулғаффор 

1638 – ба Русия омадани сафири Балх Хоҷаиброҳим  

1638 – ба Бухоро омадани сафири Ҳиндустон Ҳаким Ҳозиқ 

1639 – ба Балх омадани сафирони ҳиндӣ Ҳотам Булхайр ва Музаффар Ҳусайн  

1640 – ба Хева ва Бухоро омадани сафири Русия Анисим Грибов 

1646 – бори дуюм ҳамчун сафир ба Бухоро омадани Анисим Грибов 

1658 – ба Ҳиндустон рафтани сафорати Бухоро бо сардории  

Хоҷааҳмад Ҳусайни Нақшбанд  

1660 – ба Ҳиндустон рафтани сафорати Балх бо сарварии амир Бек уғлӣ  

1664 – аз Ҳиндустон ба Балх ва Бухоро омадани сафорат бо сарварии 

Мустафохон Хафавӣ  

1668 – ба Ҳиндустон равон шудани сафири Субҳонқулихон 

Шодмонхоҷа 

1669 – ба Бухоро омадани сафорати Русия бо сарварии бародарон 

Борис ва Семён Пазухинҳо  

1675 – ба Бухоро ва Балх омадани сафорати Ҳиндустон бо сарварии 

Яккатозхон 

1681 – сар задани исёни оммавӣ дар Миёнкол 

1684–ба Бухоро ташриф овардани сафири Ҳиндустон Забардастхон 

1703 – оғози шӯриши мардумӣ дар Ҳисор  

1709 – сар задани ошӯби мардумӣ Самарқанд 

1713 – дубора шурӯъ шудани шӯриши мардумӣ дар Самарқанд 

1717 – ба Русия рафтани сафири Бухоро Қулибек 

1718 – сар задани шӯриш дар Балх 

1721 – ба Бухоро омадани сафири шоҳи рус Флорио Беневини 1734 – аз Бухоро ба Петербург рафтани сафорат бо сардории Алибеки парвоначӣ.  

Савол ва супориш: 

1) Дар бораи робитаҳои дипломатии хонии Бухоро бо Русия маълумот диҳед. 

2) Оид ба робитаҳои дипломатии хонии Бухоро бо Ҳиндустон чӣ медонед? 

3) Робитаҳои дипломатии хонии Бухороро бо Эрон шарҳ диҳед. 

4) Сабабҳои сар задани ҷунбишҳои мардумӣ аз чӣ иборат буданд? 

5) Дар бораи шӯрише, ки соли 1703 дар Ҳисор сар зада буд, маълумот диҳед. 

6) Шӯришҳои мардумии дар Самарқанд сарзадаро шарҳ диҳед. 

7) Дар бораи ҷунбишҳои мардумии дар дигар шаҳрҳо бавуҷудомада чӣ медонед?