§ 38. ЗАБТИ ҲИСОР ВА АМАЛИЁТИ ҲОКИМОНИ ӮРОТЕППА

§ 38. ЗАБТИ ҲИСОР ВА АМАЛИЁТИ ҲОКИМОНИ ӮРОТЕППА

    Забти Ҳисор. Муҳаммадаминбийи юз дар баробари марди ҷасур ва сипоҳӣ будан, бо хунхорӣ низ ном бароварда буд. Шахсони зиёд аз ӯ тарсида, норизо гашта, аз вилоят фирор менамуданд. Ҳатто баъзе ноҳияҳо аз тасарруфи беки мазкур баромада, ба тобеияти Бухоро гузаштанд. Ба нокомӣ анҷом ёфтани нақшаи хони Бухоро барои ишғоли Ӯротеппа ва иштироки ҳокими Ҳисор Муҳаммадаминбий дар он корзор, ки норозигии хони Бухороро ба вуҷуд овард, 

    Муҳаммадраҳимхонро водор намуд, ки нақшаи чандинсолаи худро амалӣ гардонад. Ин буд, ки хони Бухоро солҳои 1757 – 1758 ба сӯйи Ҳисор ду маротиба лашкар кашида, баъди ҷангҳои шадид ин сарзаминро ишғол кард. Ҳокими он Муҳаммадаминбийи юз асир афтод ва ӯро дар сари бозори Ҳисор ба дастури хони Бухоро ба дор овехтанд. 

    Чун Ҳисор ва вилоятҳои атрофи он барои хони Бухоро аҳамияти муҳим доштанд ва ҳокимони ин маҳалҳо доимо саркашӣ мекарданд, бинобар ин дар Ҳисор истеҳкомоти нав сохта шуд. Муҳаммадраҳимхон амаки худ Дониёлбийро ҳокими Ҳисор ва вилоятҳои Кӯҳистон таъйин намуд. Бо ин ғалабааш Муҳаммадраҳимхон дар Ҳисор, Қубодиён, Қундуз ҳокимияташро татбиқ кард ва вилояти Балх ва мулкҳои он – Кӯлоб ва Бадахшон низ тобеи Дониёлбий шуданд. 

    Амалиёти ҳокимони Ӯротеппа. Баъд аз қатли ҳокими Ҳисор Муҳаммадаминбий ҳокими Ӯротеппа Фозилбий дар қасди қотилони хешованд ва муттаҳиди худ, Муҳаммадаминбий мешавад. Барои иҷрои ин мақсад ӯ мавриди мувофиқ меҷуст. Чунин фурсат баъд аз вафоти Муҳаммадраҳимхон (1758) фаро расид, Фозилбий ба сӯйи Самарқанд, ки бародари Муҳаммадраҳимхон – Баротбек султон ҳокими он буд, лашкар кашид. Баъд аз ишғоли шаҳр Фозилбий Баротбекро ба қасоси марги ҳокими Ҳисор ба қатл расонид. 

    Фозилбий барои ишғоли пойтахти хонигарӣ–шаҳри Бухоро лашкаркашии худро идома дод. Ӯ Хатирчӣ, Кармина ва Каттақӯрғонро ба даст овард. Ҳамон сол дар музофоти кӯҳистонии хонии Бухоро пораи кӯҳи бузурге пойин омада, пеши оби дарёи Зарафшонро баст. Дере нагузашта дарёи Зарафшон ин сарбандро пора кард ва Зарафшон ба як дарёи азиме мубаддал гашта, ҳарчи ки дар наздикиҳои соҳили он буд, бо худ мебурд, аз ҷумла як қисми лашкари Фозилбий низ дар мавҷи пурталотуми ин дарё ғарқ шуданд. Натиҷаи ин офати табииро ӯ «аз ғайб» пиндошта, «ҷазои илоҳӣ» шумурд ва лашкарашро ба шаҳри Самарқанд баргардонид. 

    Аз ин ақибнишинӣ истифода намуда, хони Бухоро Дониёл атолиқ Қаршӣ, Нурато ва Миёнколотро ба тасарруфи худ дароварда, ба муҳосираи Самарқанд омода гашт. Набарде, ки тайи 50 рӯз идома ёфт, натиҷае набахшид ва лашкари хон ба Бухоро баргашт. Аммо ҳокими Самарқанд Бобобий писари Фозилбий бе ҷанг шаҳрро ба хони Бухоро таслим кард ва Фозилбий бошад, ба Бухоро, барои зиёрати ҷойҳои муқаддаси он рафта, баъди чанд муддате ба шаҳри Ӯротеппа баргашт.  

    Дар замони ҳукмронии Фозилбий ва писари калонии ӯ, Худоёр девонбегӣ ҳудуди мулки Ӯротеппа дар қисмати шарқ – Нов, Хуҷанд ва Маҳрами Конибодомро дар бар гирифта, аз Хоҷабоқирғонсой мегузашт. Дар самти шимол ва шарқу шимол – Сирдарё сарҳади ин мулк буда, Бекобод ва Ховасро фаро мегирифт. Дар қисмати ғарб мулки мазкур ба Самарқанд ҳамсарҳад шуда, шаҳрҳои Ҷиззах, Ём, Пишоғар ва Зоминро зери ҳукмронии хеш нигоҳ медошт. Сарҳади ҷанубии мулки Ӯротеппа то қаторкӯҳи Ҳисор расида, Мастчоҳу Фалғар, Фону Киштут ва Панҷакентро фаро гирифт. 

    Дар нимаи дуюми асри XVIII, дар замони ҳукмронии Фозилбий мулки Ӯротеппа мулки мустақил буда, ончунон неруеро соҳиб буд, ки ба муқобили лашкари Хӯқанду Бухоро муқовимат карда тавонист. 

Сарчашма: 

    Маълумоти Муҳаммад Ҳакимхон дар бораи лашкаркашии Муҳаммадраҳимхон ва Ирдонабий ба Ӯротеппа: «Дар он аср дар Бухоро Раҳимхони манғит ҳукумат мекард ва ӯ Ирдонабийро фарзанд хонда буд. Дар Ӯротеппа Фозилбий ибни Содиқбий ҳукумат мекард. Чун Раҳимхон лашкар ба ҷониби Ӯротеппа кашид ва Ирдонабий низ дар ҳаракат омада, ҳар ду соҳибдавлат баъд аз қатъи роҳ дар мавзеи Ём рӯй диданд. Бо иттифоқи якдигар Ӯротеппаро муҳосира намуда, ҳар кадом ба мақари худ муроҷиат намуданд. Лашкари Ирдонабий ба офати беморӣ ба боди сахт дучор афтод ва аз пушти эшон мардуми юз таоқуб намуда, аксарро гирифта, калламанора сохтанд. Ирдонабий бо чандин машаққат ва меҳнат худро ба Хӯқанд расонид ва шабу рӯз дар тадоруки ин кор буд. Баъд аз чандин вақт бо лашкари анбӯҳ мутаваҷҷеҳи мамлакати Ӯротеппа гашт. Баъд аз қатъи роҳ наздики он балда расид. Ин хабарро Фозилбий шунид. Бе тааммул бо лашкари бисёр истиқбол намуда, ба хотири ӯ чунон расид ин ҳамон ош дар коса аст. Надонист, ки чинӣ ҳар рӯз намешиканад, ба рӯзе мешиканад, ба ҳукми он ки: 

                 Душман чу бинӣ нотавон лоф бар вуҷудат мазан, 

                Мағзест дарҳар устухон, мардест дар ҳар пираҳан. 

    Ва чун ҳар ду дарёи лашкар дар мавзеи Оқсу ба ҳам даровехтанд, чунон ҷанге шуд, ки хоки майдон аз хуни ялон (ҷасурон) арғувонӣ (сурх) гардид. Баъд аз муҳориботи бисёр кавкаби зафар аз ҷониби Ирдонабий тулӯъ намуд, ситораи Фозилбий дар ҳубут (нишебӣ) афтод. Сипоҳи юз рӯй ба ҳазимат овард (шикаст хӯрд) ва лашкари минг таоқуб намуда, ба қатл мерасониданд ва пораеро асир мекарданд. Дар он рӯз Ирдонабий ба дасти худ ҳаждаҳ кас аз бузургони юзро ба қатл расонид. Дар он вақт аз дасташ шамшер хато афтода, ба сари асп хӯрд ва нисфи сари аспро қалам кард. Баъд ихтиёри ин корро накард ва аз он маҳлакаи (ҳалокатгоҳи) пурбим Фозилбий бо чандин меҳнат ва машаққат худро ба соҳили наҷот расонид. Асироне, ки ҷамъ омада буданд, ҳамаро ҳукм намуда, ба қатл расонанд, калламанора созанд. Мисли гӯсфанди бечора... сар мебуриданд ва аз хуни мусулмонон дарёи Оқсу дарёи Сурхоб гашт. 

Муҳаммад Ҳакимхон. Мунтахаб-ут-таворих. Китоби 2. Таҳиягар, муаллифи муқаддима ва таълиқот ва феҳристҳо А. Мухторов. Душанбе, 1985, саҳ. 380 – 382.  

Санаҳои муҳим:  

1757 – 1758 – забти мулки Ҳисор аз ҷониби Муҳаммадраҳимхон 

1758 – вафоти Муҳаммадраҳимхон 

Савол ва супориш: 

1) Дар бораи лашкаркашиҳои Муҳаммадраҳимхон ба сӯйи Ҳисор нақл кунед. 

2) Ҳокими Ҳисор таъйин шудани Дониёлбиро шарҳ диҳед. 

3) Муборизаи ҳокими Ӯротеппа Фозилбийро барои ишғоли Самарқанд маънидод кунед. 

4) Чаро Фозилбий аз ишғоли Бухоро даст кашид? 

5) Дар бораи қаламрави мулки Ӯротеппа ҳангоми ҳукмронии Фозилбий ва писари ӯ Худоёр маълумот диҳед.