§ 14. ВАЗЪИ ДАВЛАТИ ТЕМУРИЁН БАЪД АЗ ВАФОТИ ШОҲРУХ ВА ЗАВОЛИ ОН

§ 14. ВАЗЪИ ДАВЛАТИ ТЕМУРИЁН БАЪД АЗ ВАФОТИ ШОҲРУХ ВА ЗАВОЛИ ОН

    Аз нав шиддат ёфтани муборизаи хонаҷангӣ байни намояндагони хонадони Темуриён баъди марги Шоҳрух. Шоҳрух пеш аз марг барои таъйини ҷойнишини худ васияте накард, аммо маълум буд, ки вай мехост писараш Муҳаммад Ҷукӣ, ки ҳокими Балх ва он замон чилсола буд, соҳиби тоҷу тахти оянда бошад. Аммо Муҳаммад Ҷукӣ се сол пеш аз марги падараш дар соли 1444 вафот кард. Бинобар ин, аз миёни чор фарзанди Шоҳрух фақат Улуғбек ба ҳангоми марги падараш дар қайди ҳаёт буд ва чун довталаби асосии вориси тахт ба ҳисоб мерафт.  

    Шоҳрух 12 марти соли 1447 аз олам даргузашт. Пас аз вафоти Шоҳрух дар Мовароуннаҳру Хуросон бесарусомониҳо оғоз гардид. Марги Шоҳрух он чиро, ки баъд аз марги Темурланг рух дод, такрор кард. Бори дигар ин ҷо маълум шуд, ки шахсияти барҷаста ва қудратманде, ки битавонад дар баробари намояндагони зиёди қудратталаби хонадони темурӣ пешниҳод шавад, вуҷуд надошт. Ҳамсари Шоҳрух–Гавҳаршод (модари Улуғбек), ки дар идоракунии давлат мавқеи муҳим дошт, мехост ба ҷойи Шоҳрух писари Бойсунғур–Алоуддавларо шинонад. Ӯ ин корро ошкоро карда наметавонист, зеро мувофиқи қонуни мавҷуда ин мансаб ба писари дар қайди ҳаётбудаи Шоҳрух–Улуғбек бояд мерасид. Бо мақсади сар назадани муноқиша ва задухӯрд бо Улуғбек, бо дастури Гавҳаршод писари калонии Улуғбек–Абдулатиф сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ таъйин гардид, лекин ин тадбирҳо пеши задухӯрди байни онҳоро гирифта натавонист. Писарони Бойсунғур–Алоуддавла ва Абулқосим Бобур бар зидди Улуғбек лашкар кашиданд. Алоуддавла ноҳияҳои Машҳад ва Абулқосим Мозандаронро забт намуданд. 

    Алоуддавла соли 1447 дар Нишопур лашкари Абдулатифро шикаст дода, ӯро асир гирифт ва дар қалъаи Ихтиёриддини Ҳирот зиндонӣ намуд. Улуғбек бо мақсади аз зиндон раҳоӣ намудани писараш бо Алоуддавла гуфтушунид анҷом дода, бастани сулҳро пешниҳод кард. Аммо Абулқосим на ба бародараш Алоуддавла итоат мекард ва на ба Улуғбек. Ӯ мехост, ки ба Ҳирот ва ё ба қисме аз қаламрави давлати Темуриён соҳиб шавад. Вазъияте ба амал омада буд, ки барои ҳар ду рақиб – ҳам барои Алоуддавла ва ҳам барои Улуғбек муваққатан бастани аҳдномаи сулҳ ба манфиати кор буд. Аз ин рӯ, онҳо аҳдномаи сулҳ бастанд. Мувофиқи ин аҳднома бояд Абдулатиф аз ҳабс озод шуда, ба назди падараш ба Самарқанд бармегашт, Улуғбек бошад, аз даъвои гирифтани Ҳироту Хуросон даст мекашид.  

    Ҳуҷуми Улуғбек ба Ҳирот. Ихтилофи Улуғбек бо Абдулатиф ва шикасти ӯ. Баҳори соли 1448 Улуғбек ва Абдулатиф бо баҳонаи риоя нагардидани қисме аз бандҳои аҳдномаи сулҳ ба муқобили Алоуддавла лашкар кашиданд. Дар назди Тарноб, ки дар масофаи 14 фарсах аз Ҳирот воқеъ буд, лашкари Алоуддавла шикаст хӯрд ва Улуғбек бо ҳамроҳии Абдулатиф вориди Ҳирот шуданд. Баъди ба Ҳирот омадани онҳо дар байни Улуғбек ва писараш Абдулатиф, ки даъвои ба даст гирифтани салтанатро дошт, мухолифатҳо ба амал омаданд. 

    Ҳангоми лашкаркашӣ ба Ҳирот Улуғбек тарафи чапи лашкарро ба Абдулатиф вогузор кард. Дар ин муҳориба ӯ аз худ шоистагӣ нишон дод ва ба ғалабаи Улуғбек ёрӣ дод. Аммо Улуғбек дастур дод баъд аз ғалаба фатҳномаро аз номи писари дигараш Абдулазиз, ки дар Самарқанд буд ва дар ин ҷанг ширкат надошт, бинависанд. Ин боиси ранҷидахотирии Абдулатиф гардид. Замони ҳукмронии Шоҳрух қалъаи Ихтиёриддин чун моли меросӣ ба Абдулатиф мансуб буд ва дар ин ҷо Абдулатиф ҳама гуна ганҷҳои худро, мисли зарфҳои гуногуни тиллоӣ ва нуқрагӣ, инчунин, пулҳои нақдро ҳифз мекард. Ҳангоми лашкаркашӣ ба Ҳирот Абдулатиф дубора ин қалъаро гирифт, аммо Улуғбек ба ӯ иҷозат надод, ки ба чизҳои худ соҳиб шавад. Ин кор Абдулатифро дубора ранҷонид. Абдулатиф барои ба даст даровардани ҳокимият фурсати муносибро меҷуст. 

    Улуғбек баъд аз гирифтани Ҳирот Абдулатифро дар Ҳирот ҳамчун волӣ таъйин намуда, худаш ба Самарқанд бозгашт. Улуғбек ҳангоми баргашт аз Ҳирот ба Самарқанд боқимондаҳои ҷасади падарашро бо худ бурд ва дар назди қабри Темурланг ба хок супорид.  

    Улуғбек дар фикри ин буд, ки бори дигар Самарқандро пойтахти Темуриён созад ва Хуросонро яке аз бахшҳои муҳимми империя қарор диҳад. 

    Ҳангоми дар Ҳирот будани Улуғбек ӯзбекони бодиянишини Дашти Қипчоқ ба Самарқанд ҳуҷум карда, шаҳрро ғорат намуданд ва ба муҳосира гирифтанд. Улуғбек аз ин огоҳ шуда, ба Мовароуннаҳр баргашт. Дар роҳ лашкари ӯ бо дастаҳои ӯзбекони бодиянишин рӯбарӯ гардида, талафоти зиёд дод. Қисме аз лашкараш ба дасти ӯзбекони бодиянишин асир афтоданд. Абулқосим Бобур низ бар зидди ӯ лашкар ҷамъ намуда буд. Ин боиси заиф гаштани нуфузи Улуғбек ва сабаби норозигии мардум гардид. 

    Абдулатиф аз вазъияте, ки ба сари Улуғбек дар Самарқанд омада буд, истифода карда, бар зидди падараш исён намуд. Ӯ андозеро, ки бояд ба Самарқанд мефиристод, ба мардум тақсим намуда, шумораи тарафдорони худро зиёд кард. Ҳамчунин андозеро, ки бо номи «тамға» Улуғбек аз тиҷорат маҷбурӣ ҷорӣ карда буд, Абдулатиф хилофи шариати исломӣ дониста, дар Балх ҷамъ кардани онро манъ намуд. Улуғбек барои ҳифзи ягонагии давлат писари дигараш–Абдулазизро волии Самарқанд таъйин намуд ва худаш ба муқобили Абдулатиф лашкар кашид. Дар ин ҳангом Абӯсаид (набераи Мироншоҳ) аз урдуи шоҳ фирор карда, дар Самарқанд Абдулазизро ба муҳосира гирифт.  

    Улуғбек, ки дар соҳили рӯди Ому бар зидди Абдулатиф омодагии ҷангӣ мегирифт, аз воқеаҳои дар Самарқанд бавуҷудомада хабардор гардид. Ӯ аз хавфи аз даст додани пойтахт ҷанг бо Абдулатифро мавқуф гузошта, ба Самарқанд баргашт. Абдулатиф аз ин амали ӯ далертар шуда, дарҳол аз дарёи Ому убур намуд ва Тирмизро ишғол карда, ба сӯйи Самарқанд раҳсипор гардид. Абӯсаид аз ҳаракати Улуғбек ба сӯйи Самарқанд огоҳ шуда, аз муҳосира даст кашида, фирор намуд. Лашкарҳои Улуғбек ва Абдулатиф дар наздикии Самарқанд, дар деҳаи Димишқ, бо ҳам дучор гардиданд. Улуғбек дар ин муҳориба нотавонии лашкари худро эҳсос карда, ба тарафи Самарқанд рафт, вале муҳофизи қалъаи Самарқанд Мироншоҳ дарвозаи шаҳрро ба ӯ накушод. Улуғбек ночор ба қалъаи Шоҳрухия шитофт. Муҳофизи он қалъа Иброҳим Пӯлод низ мисли Мироншоҳ барои ба шаҳр ворид гаштани ӯ иҷозат надод. Сабаби асосии норизогии аҳолии Самарқанд аз Улуғбек дар он буд, ки ӯ ихтиёри ҳукумати Самарқандро ба дӯши Абдулазиз гузошта буд. Абдулазиз бошад, ба мардум ҷабру ситам намуда, ба муқобили хонаводаҳои амирони дар лашкари Улуғбек буда, амалиёти номуносибро пеш гирифт. Ин кори ношоистаи ӯ мардумро ба дод оварда, боиси норизоятии онҳо гардид. 

    Қатли Улуғбек аз ҷониби писараш Абдулатиф. Абдулатиф аз фурсати муносиб истифода бурда, ба Самарқанд ворид шуд. Улуғбек ночор ба назди писараш рафта, худро таслим намуд. Абдулатиф мардеро бо номи Аббос, ки ба дастури Улуғбек падараш бегуноҳ кушта шуда буд, пайдо намуда, пинҳонӣ амр кард, ки Улуғбекро ба қатл расонад. Имомони Самарқанд низ фатвои гирифтани хунбаҳои падарашро аз Улуғбек ба Аббос дода буданд. Абдулатиф Улуғбекро бо баҳонаи адои ҳаҷ бо ҳамроҳии амир Ҳоҷӣ Муҳаммади Хусрав аз Самарқанд гусел намуд. 27 октябри соли 1449 Аббос сари Улуғбекро бо шамшер аз тан ҷудо кард. 

     Салтанати Улуғбек пас аз як ҳукмронии кӯтоҳмуддати дусола, ки иборат аз нокомиҳо ва иштибоҳҳои сиёсию низомӣ буд, хотима ёфт. Улуғбек бар хилофи падараш Шоҳрух, ки суннатҳои исломиро сахт риоя мекард, ба монанди бобояш ба анъанаҳои муғулӣ дар корҳои дарбор ва лашкар арзиш мегузошт ва ҳатто худро мисли Темурланг «Курагон» лақаб дода буд. Улуғбек на ба шахсияти падараш, балки ба бобояш Темурланг бештар таваҷҷуҳ дошт ва мехост мисли ӯ давлатдорӣ кунад. Хусусиятҳои шахсияти ӯ баёнгари як шоҳзодаи муғул буд, ки барои ӯ қонунҳои ёсои муғулӣ бартар аз шариати исломӣ буданд. Бинобар ин сабаб Шоҳрух писари калонии худ – Улуғбекро лоиқи тахти салтанат надониста, писари хурдии худ, Муҳаммад Ҷукиро ҷойгузини худ дар тахти салтанат меҳисобид.  

    Новобаста ба эътирози рӯҳониён Улуғбек дар Самарқанд ҳамеша маҷлисҳои айшу нӯш созмон медод. Ӯ андозеро бо номи «тамға», ки муғулӣ буд ва ба шариати исломӣ мухолифат дошт, аз корҳои бозаргонӣ ва тиҷорат маҷбурӣ меситонид. 

    Он чи дар таърихҳои гузашта дар бораи Улуғбек омадааст, ба ҳеҷ ваҷҳ тасвири воқеии шахсияти ӯ нест. Воқеаҳо ва нооромиҳои баъд аз марги Шоҳрух баамаломада собит намуданд, ки Улуғбек на танҳо сипаҳсолори шоиста набудааст, балки лаёқати давлатдорӣ низ надоштааст. Ӯ натавонист сарзамини густурдаеро, ки бобо ва падараш ба зери ҳокимияти худ оварда буданд, ҳифз кунад ва бо ин исбот кард, ки аз номуваффақтарин амирони хонадони темурӣ ба ҳисоб меравад. Симои Улуғбек дар таърихнигории замони шӯравӣ беш аз ҳад чун олими маъруф ва ҳомии илму ҳунар тасвир ёфтааст. Ин сабаби худро дошт, зеро Улуғбек чун мухолифи сарсахти рӯҳониёни мусулмон барои сохти шӯравӣ дар таблиғ бар зидди дини ислом ва рӯҳониён шахсияти муносибе ба шумор мерафт. 

    Баъд аз марги Улуғбек ҷангҳои байнихонаводагии Темуриён шиддат гирифтанд. Илова бар ин, дар қаламрави мамлакат қаҳтӣ ба вуҷуд омад ва нархи ғаллаву хӯрокворӣ гарон гардид. Мардум аз ҳукмронии Абдулатиф норизо буданд.Барои он ки дигар касе даъвогари тахти салтанат набошад, Абдулатиф бародари худ Абдулазизро ҳам нобуд сохт ва соҳиби тахти Темуриён гардид. Бадбинии аҳолӣ ва мансабдорони Самарқанд нисбат ба қотили падар ва бародар боз ҳам афзуд. Туркони мансабдори дарборӣ бар зидди Абдулатиф сӯйқасд ташкил намуданд ва баъд аз шаш моҳи ҳукмрониаш, 8 майи соли 1450 дар наздикии Боғи Нави Самарқанд ӯ ба қатл расонида шуд. 

     Бо ташаббуси онҳое, ки Абдулатифро қатл намуданд, ҳукумати Темуриён ба писари Иброҳим султон – Абдуллоҳ, набераи Шоҳрух, супорида шуд. Ӯ аз рӯзҳои аввали салтанати худ барои дубора ба маркази сиёсию фарҳангӣ табдил додани Мовароуннаҳр ва маркази он Самарқанд кӯшиши зиёд ба харҷ дод, вале онҳое, ки Улуғбекро ба қатл расонида буданд, барои аз сари қудрат дур кардани Абдуллоҳ ва ба даст овардани ҳокимият дар Мовароуннаҳр муборизаро оғоз карданд. Барои ҳокимият миёни Темуриён боз мубориза шиддат ёфт. Намунаи ин муборизаҳо ин буд, ки султон Муҳаммад ибни Бойсунғур моҳи марти соли 1450 дар яке аз задухӯрдҳои назди Машҳад ба набераи Шоҳрух – Абулқосим Бобур ғолиб омада, баъзе аз қаламрави дар тобеи ӯ бударо соҳиб гашт. Дере нагузашта Абулқосим Бобур ӯро дастгир карда, зиндонӣ намуд ва ба қатл расонд. 

    Яке аз намояндагони хонадони темурӣ–Абӯсаид (набераи Мироншоҳ), ки дар замони марги Улуғбек дар зиндон буд, аз асорат раҳоӣ ёфта, даъвои подшоҳӣ кард. Ӯ хост, ки бо ёрии рӯҳониёни соҳибэътибор ва ӯзбекони бодиянишин ҳокимиятро дар Мовароуннаҳр соҳиб шавад. Бо ин мақсад ӯ барои ёрӣ гирифтан ба хони бодиянишини ӯзбек Абулхайрхон муроҷиат намуд. Абулхайрхон медонист, ки дар ҳолати ғалаба бар Абдуллоҳ соҳиби ғанимати зиёд мешавад, аз ин рӯ, хоҳиши Абӯсаидро рад накард. 

    Тобистони соли 1451 дар маҳалли Шерози наздикии Самарқанд байни Абӯсаид ва Абдуллоҳ задухӯрди шадид ба амал омад. Дар ин муҳориба лашкари Абдуллоҳ шикаст хӯрд ва худи ӯ ба қатл расид. Ҳамин тариқ, соли 1451 бо дастгирии рӯҳониён ва ёрии лашкари ӯзбекони бодиянишини Дашти Қипчоқ бо роҳбарии Абулхайрхон ҳокимият дар Мовароуннаҳр ба дасти Абӯсаид гузашта, бо ин салтанати авлоди Мироншоҳ дар Мовароуннаҳр дубора оғоз гардид. Абӯсаид тавонист ҳукумати худро муддати тӯлонӣ, яъне то моҳи феврали соли 1469 ҳифз намуда, дар ин қаламрав субот ва оромии нисбиро барқарор кунад. 

    Дар давраи ҳукмронии Абӯсаид ҳамаи вилоятҳои ғарбии Эрон аз Озарбойҷон то соҳилҳои уқёнуси Ҳинд аз зери тасарруфи Темуриён баромада буданд. Абӯсаид хост, ки ҳокимияти давлати Темуриёнро дар ғарби Эрон дубора барқарор намояд. Бо ин мақсад ӯ ба сӯйи Табрез лашкар кашид. Дар муҳорибаи шадиде, ки 5 феврали соли 1469 ба вуқӯъ пайваст, ӯ шикаст хӯрда, асир афтод. Абӯсаидро ба Муҳаммад Ёдгор, набераи Шоҳрух, супориданд. Муҳаммад Ёдгор ба хотири ҳамсари Шоҳрух Гавҳаршод, ки 12 сол пеш бо фармони Абӯсаид дар Ҳирот ба қатл расида буд, ӯро шиканҷа дода, қатл кард. Ҳамин тавр, бо марги Абӯсаид ғарби Хуросон ва саросари Эрон аз империяи Темуриён ҷудо шуда, қисмати ғарбии Эрон бошад, дар зери тобеияти сулолаи Оққуйюнлу боқӣ монд. 

    Таназзули давлати Темуриён ва аз байн рафтани он тавассути ӯзбекони Дашти Қипчоқ. Баъд аз марги Абӯсаид муборизаи байниҳамдигарии хонадони Темуриён аз нав шиддат гирифт. Дар ин айём дар қаламраве, ки Шоҳрух замоне дар он чун ҳокими ягона ҳукмфармоӣ мекард, чанд давлате аз мустақилияти худ дарак доданд: туркманон бо маркази Табрез, Темуриёни Мовароуннаҳр бо маркази Самарқанд ва Темуриёни Хуросон бо маркази Ҳирот. 

    Дар минтақае, ки зери тасарруфи туркманон буд, Узун Ҳасан (то соли 1478), писари ӯ Яъқуб (солҳои 1478 – 1490) ва пас ҷонишинҳои Яъқуб дар он ҳукмронӣ намуданд. 

    Дар натиҷаи муборизаи тезутунди байнихудӣ султон Ҳусайн Бойқаро, аз авлоди Умаршайх, соли 1469 дар Ҳирот ҳокимиятро ба даст гирифт ва то соли 1506 дар он ҷо ҳукмронӣ намуд. Дар Самарқанд соли 1469 ҳокимият ба дасти писари Абӯсаид – султон Аҳмад гузашт. Вай то соли 1494 ҳукмфармоӣ кард. 

    Ҳангоми ҳукмронии ин ҳокимон Мовароуннаҳр ва Хуросон муддати зиёде ҳамчун давлатҳои мустақил амал мекарданд. Империяи бузурги таъсисдодаи Темурланг ҳамчун давлати ягона мавҷудияти худро аз даст дод. Илова бар он, муборизаҳои байнихудӣ барои ҳокимият авҷ гирифт. Ин боиси нотавон гардидани иқтидори давлати Темуриён гардид. Қабилаҳои бодиянишини Дашти Қипчоқ аз вазъияти муносиб истифода бурда, бо сардории Шайбонихон давлати Темуриёнро ба итоати худ дароварданд. Сабаби асосии таназзули давлати Темуриён буҳрони сиёсии умумидавлатӣ буд, ки дар натиҷаи он сиёсати марказгурезӣ авҷ гирифта, ҳокимони ҳар вилоят хостанд ба мустақилият расанд. Аммо ин истиқлол пояҳои давлатдории Темуриёнро заиф намуда, сабаби таназзули он гардид.  

Сарчашма: 

     Абдурраззоқи Самарқандӣ дар бораи ғорату тороҷи вилояти Ҳирот аз ҷониби Улуғбек менависад: «Мирзо Улуғбек…ҳукм фармуд, ки беруни шаҳри Ҳиротро ғорат кунанд ва гурӯҳи анбӯҳ, ки фитнаю фасод ангехта буданд ва хунҳои мусулмонон ба ноҳақ рехта ба қатл оварданд ва се шабонарӯз ғорати он карданд… Ҳар киро ёфтанд, асири банди каманду гирифтори қайди газанд сохтанд. Наргисвор ҳама чашм ба зар доштанд ва симро қурратулъайн мепиндоштанд… Қандилҳои масоҷид мешикастанд ва имомон меовехтанд ва обрӯйи азизон бар хоки хорӣ мерехтанд… ва ҳамаро чун сир пӯст боз карданд ва аз либоси тубарту (дарун ба дарун) чун пиёз бениёз сохтанд…Қазияи ғорати беруни Ҳирот дар авохири моҳи рамазон воқеъ шуд ва баъд аз се рӯз акобири шаҳр шафоат карданд ва Мирзо Улуғбек ҳукм фармуд, ки лашкар даст аз ғорат боздоштанд ва мусулмононро дар хонаҳои холӣ гузоштанд ва дар он айём сармо қавӣ буд ва иди сиём қариб…» 

    Абдурраззоқи Самарқандӣ. Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-улбаҳрайн. Ҷ.2, дафтари 2, Теҳрон, 1383 ҳ.ш., саҳ. 660 – 662. 

    Хондамир дар бораи Ҳиротро забт кардани султон Абӯсаид менависад: «Султон Абӯсаид аз бидояти (оғози) ҷулус бар тахти Самарқанд…нақши тасхири (забти) мамлакати Хуросон ва соири мамолики Эрон бар лавҳи хотир…менигошт ва баъд аз шунидани хабари фавти мирзо Абулқосим Бобур он доияи (хоҳиши) самт издиёд пазируфт. Дар он асно ҳокими Балх амир Шайх Ҳоҷӣ қосиде ба даргоҳи он подшоҳ фиристод ва арзадошт кард, ки арсаи Хуросон аз вуҷуди султони нофизфармон холист, агар … бад-ин ҷониб наҳзат фармояд, сурати нусрат дар ойинаи мурод чеҳра хоҳад гушуд ва банда камари хидмат дар миён баста, дар мулозамат хоҳад буд. Лоҷарам (бешубҳа) султон Саид бо сипоҳе…аз оби Омуя убур кард ва ба суръати барқу бод рӯйи таваҷҷуҳ ба доруссалтанаи Ҳирот овард…» 

    Хондамир. Таърихи ҳабиб-ус-сияр, ҷ. 4, Теҳрон, 1380 ҳ.ш., саҳ.67. 

 Санаҳои муҳим: 

1447 – аз тарафи Алоуддавла зиндонӣ шудани Абдулатиф 

1448 – лашкаркашии Улуғбек ва Абдулатиф ба муқобили Алоуддавла 

1449 – (27 октябр) – бо фармони Абдулатиф ба қатл расонидани Улуғбек 

1450 – (8 май) – қатли Абдулатиф 

1450 – қатли султон Муҳаммад ибни Бойсунғур  

1451 – ба қатл расидани Абдуллоҳ 

1451 – ба дасти Абӯсаид гузаштани ҳокимият дар Самарқанд 

1469 – ҳалок гардидани Абӯсаид 

1469 – дар Ҳирот ҳокимиятро ба даст гирифтани Ҳусайн Бойқаро 

1469 – соҳиби тахти Самарқанд гардидани султон Аҳмад 

Савол ва супориш: 

1) Пас аз марги Шоҳрух Гавҳаршод киро мехост ба тахт шинонад? 

2) Дар бораи муборизаҳои Улуғбеку Абдулатиф бо фарзандони Бойсунғур – Алоуддавла ва Абулқосим Бобур маълумот диҳед. 

3) Сабаби зиддияти Улуғбек бо Абдулатиф чӣ буд? 

4) Дар бораи ҷараёни муборизаи Улуғбек бо Абдулатиф нақл кунед. 

5) Пас аз марги Абдулатиф кӣ ба тахти Самарқанд соҳиб шуд? 

6) Абӯсаид бо дастгирии кӣ дар Мовароуннаҳр ба сари ҳокимият омад? 

7) Дар бораи муборизаи Абӯсаид бо Абулқосим Бобур барои тахт маълумот диҳед. 

8) Сабаби таназзули давлати Темуриёнро шарҳ диҳед. 

9) § 12-ро такрор кунед. 

Реклама