§ 11. ШАҲР ВА ШАҲРДОРӢ

§ 11. ШАҲР ВА ШАҲРДОРӢ

     Вазъи шаҳрҳо дар асри XV. Дар ин давра нисбатан фаъолшавии табақаҳои миёна ва поёнии шаҳр ба мушоҳида мерасад. Коргоҳҳои умумии косибон дар шаҳрҳо устувор гардида, косибону ҳунармандон дар ҷашнҳое, ки аз тарафи ҳукуматдорон барпо мешуданд, иштирок намуда, маҳсули меҳнати худро арза медоштанд. Нақши табақаи миёнаи аҳолии шаҳр–косибон, ҳунармандон, тоҷирон, амалдорон ва рӯҳониёни миёнаҳол дар ҳаёти фарҳангии шаҳрҳо меафзояд. Шумораи зиёди шоирону мутафаккирони пешқадам аз байни ҳамин табақаи аҳолӣ баромада буданд ва онҳо офарандаи сарватҳои маданӣ ба шумор мерафтанд. Шоирон, навозандагон ва базлагӯён акнун на фақат дар боргоҳи аъёну ашроф ҷамъ меомаданд, балки дар дуконҳои китобфурӯшӣ, дар коргоҳи косибон ва дар майдону бозорҳо низ баҳсу мунозираҳои адабӣ, маҷлиси шеърхонӣ ва мушоираҳо барпо мекарданд. Ин гуна маҳфилҳои адабӣ ва ҳунарӣ дар Ҳирот, Самарқанд ва бисёр шаҳрҳои дигари Мовароуннаҳру Хуросон мавҷуд буданд. 

     Аз тарафи дигар, шаҳр дар ин давра ба ҳамон ҳолати феодалии худ боқӣ монда, истисмори аҳли заҳмат беш аз пеш давом мекард. Навъҳои моликияти замине, ки дар деҳот вуҷуд доштанд, дар шаҳр низ дучор мегардиданд. Қисми асосии замин дар ихтиёри давлат ва ашрофу рӯҳониён буд ва фақат як қисми ночизи он ба истеҳсолкунандаи бевосита тааллуқ дошт. Агар дукон, коргоҳ ё манзили истеҳсолкунанда дар замини давлат, вақф ва ё милки феодал воқеъ гардида бошад, ӯ ҳатман дар ягон шакле ҳаққи иҷораи заминро мепардохт. Аз ин рӯ, байни сокини шаҳр ва деҳқон тавофуте вуҷуд надошт.  

     Замин ва бисёр муассисаҳои тиҷоратӣ ба заминдорон тааллуқ доштанд. Косибон ва дукондорони камбизоат на фақат замин, балки коргоҳ, дукон ва манзилро ҳам ба иҷора мегирифтанд, ки ин боиси боз ҳам бештар ба феодал тобеъ шудани онҳо мегардид. 

     Як хусусияти асосии шаҳрдорӣ боз аз он иборат буд, ки баъзе навъҳои андози аз аҳолии деҳот меситонидаро аз аҳолии шаҳр низ мегирифтанд. Баробари ин, аҳолии шаҳр ба корҳои маҷбурӣ низ ҷалб карда мешуд. 

     Дар шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон худидоракунии ҳақиқӣ вуҷуд надошт. Идораи шаҳр ба уҳдаи шахси аз тарафи ҳукумати марказӣ ва ё ҳокими вилоят таъйингашта гузошта мешуд. Шаҳрҳо доимо воситаи инъому подошҳои ҳокимон ба шумор мерафтанд. 

     Дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии шаҳрҳо баъзе мухолифатҳо ба чашм мерасиданд. Аз як тараф дар шаҳрҳо тараққиёт ба мушоҳида расида, соҳаи касбу ҳунар рушд меёфт, аксари аҳолӣ ба муносибатҳои молию пулӣ ҷалб шуда, дар соҳаи фарҳанг падидаҳои нав ба зуҳур меомаданд. Баробари ин баъзе омилҳое низ вуҷуд доштанд, ки тараққиёти шаҳрро халалдор мекарданд. Аз ҷумла аҳолии меҳнаткаши шаҳр ба истисмори бераҳмона дучор гардида, аксари моликияти заминҳо ва биноҳои тиҷоративу пешаварӣ ба ихтиёри як ашроф ё рӯҳонӣ тааллуқ доштанд ва дар шаҳрҳо аслан шаклҳои феодалии идоракунӣ амал мекарданд. 

     Вазъи касбу ҳунар. Дар ин давра ба касбу ҳунар диққати махсус дода, барои инкишофи он тадбирҳои зиёд анҷом меёфт. Темурланг ва дигар намояндагони хонадони темурӣ бисёр ҳунармандону косибони бомаҳоратро аз гӯшаю канори дунё чун асир ба шаҳрҳои Самарқанд, Шаҳрисабз ва Ҳирот оварда, аз касбу ҳунари онҳо хеле босамар истифода мебурданд. Бо мурури замон иттиҳодияи муассисаҳои ҳунармандӣ арзи вуҷуд мекард ва қудрати истеҳсолии онҳо неруманд мегашт. Ҳунармандони ҳамкасб дар як маҳал зиндагӣ намуда, ҷамъияти косибони бозор ва ё макони тиҷорати муайяни худро ташкил мекарданд. Косибону ҳунармандон дар ҳаёти шаҳр нақши бениҳоят муҳим мебозиданд.  

     Дар мамлакат дар натиҷаи ба тиҷорату ҳунармандӣ машғул шудани шумораи зиёди аҳолӣ дар соҳаҳои нисбатан муҳимми ҳунармандӣ, монанди сохтмон, коркарди оҳан, бофандагӣ, чармгарӣ ва соҳаҳои дигари ҳунармандӣ тамоюли тахассуси касбу ҳунарҳои маҳдуд ба назар мерасид, ки он нишонаи афзоиши талабот ба маҳсулоти ҳунармандӣ буда, ба рушду самаранокии меҳнат мусоидат менамуд.  

     Дар аксар маврид ҳангоми дар шаҳрҳои марказӣ аз ҷониби ҳокимон барпо гардидани ҷашнҳо ҳунармандон иштирок намуда, маҳсули меҳнати худро ба намоиш мебароваданд ки ин аз нишонаи баланд будани нақши косибиву ҳунармандӣ дар мамлакат гувоҳӣ медод. 

     Вазъи кор ва зиндагии ҳамаи косибону ҳунармандон яксон набуд. Ба ҷуз косибони озод гурӯҳе ҳам вуҷуд дошт, ки ҳаёти сангину ногуворро аз сар мегузарониданд. Он косибону ҳунармандоне, ки Темурланг аз кишварҳои дигар ба шаҳрҳои Самарқанду Шаҳрисабз ба зӯр оварда буд, дар вазъияти ғуломӣ умр ба сар бурда, мавриди истисмори бераҳмона қарор мегирифтанд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ дар Самарқанд қариб 1000 ҳунарманди асир маҷбурӣ кор карда, маҳсулоти гуногун истеҳсол мекарданд.  

     Боз гурӯҳи косибоне буданд, ки дар коргоҳи умумӣ ҷамъ омада, таҳти роҳбарии халифа фаъолият менамуданд. Халифа аз тарафи ҳукумат таъйин мешуд ва ба сифати кор назорат мекард. Маҳсулоти ин коргоҳ на ба бозор, балки бевосита ба идораи давлат мерафт. 

     Косибону ҳунармандон аз додани андозҳо озод набуданд. Баъзан онҳо ба корҳои маҷбурӣ низ сафарбар гардида, илова бар он, аз онҳо андозҳои бевоситаи касбу ҳунар ситонида мешуд. Умуман, аҳли ҳунар аз зулму ситами мансабдорону ҳокимон азобу шиканҷаи зиёд мекашид. 

 Сарчашма:

     Клавихо дар бораи тиҷорати шаҳри Табрез чунин маълумот медиҳад: «Дар корвонсаройҳо дуконҳо ва дафтарҳо сохта шудаанд, ки аз онҳо истифодаҳои гуногун мебаранд. Чун аз ин корвонсаройҳо хориҷ шавем, ба хиёбонҳо ва бозорҳое мерасем, ки дар онҳо ҳама гуна коло (матоъ) фурӯхта мешавад. Дар бозор матоъҳои абрешиму пунба (пахта) ва тофтаю абрешими хом ва ҷавоҳироту ҳама гуна зарфҳо метавон ёфт. Дарвоқеъ, гурӯҳи касири (зиёди) бозаргонон ва мақодири бисёри коло дар ин шаҳр вуҷуд дорад. Бинобар ин, масалан дар баъзе аз корвонсаройҳо, ки дар онҳо васоил ва лавозими ороиш ва атриёти занон фурӯхта мешавад, занон ба дуконҳо ва ҳуҷраҳои онон меоянд, то аз онҳо бихаранд, зеро ин занон атру равғани бисёр ба кор мебаранд. Ҷомаи занон дар хиёбон иборат аст аз матои сафеде, ки саропо онҳоро мепӯшонад ва ниқобе аз мӯйи асп, ки бар чеҳра меафкананд, то ҳеҷ кас ононро нашносад».  

     Сафарномаи Клавихо. Тарҷумаи Масъуди Раҷабниё, Теҳрон, 1366 ҳ.ш., саҳ. 162. 

     Маълумоти Клавихо дар бораи ободонии шаҳри Самарқанд: «Темур мехост, ки шуҳрати Самарқандро баланд бардорад. Ҳангоме ки ӯ ягон кишварро забт менамуд, ҳунармандон ва косибонро ин ҷо мефиристод, то шаҳр ва гирду атрофи онро серодам ва обод гардонад. Аз Димишқ ба Самарқанд ҳунармандони соҳаи тирандозӣ ва камонсозӣ, косибони шишасоз ва гилкор, аз Туркия устоҳои аслиҳа ва ҳунармандони дигар чун хишткорон ва устоҳои соҳаҳои дигари сохтмонро ҷамъоварӣ намуд…. Темур ба ин шаҳр аз ҳар ҷониб зану марди зиёдеро овард, ки шумораи онҳо аз 150 ҳазор зиёд буд». 

     Руи Гонсалес де Клавихо. Рӯзномаи сафар ба Самарқанд ба дарбори Темур (1403 – 1406). Тарҷумаи И.С. Мирокова. Москва: Наука, 1990. саҳ. 139. 

 Савол ва супориш: 

1) Вазъи шаҳр ва шаҳрдорӣ дар ин давр чӣ гуна буд?

2) Дар бораи вазъи касбу ҳунар ва аҳволи косибону ҳунармандон маълумот диҳед.

3) § 9-ро такрор намоед.