Баъд аз кушта шудани Нодиршоҳи Афшор (соли 1747) дар Эрон давлати бузурги ташкилкардаи ӯ рӯ ба завол ниҳод. Пас аз он Муҳаммадраҳимбий бо дастгирии ашроф ва рӯҳониён соли 1753 ба тахти хонии Бухоро нишаст, вале ӯ ҷуръат намекард, ки унвони хониро ба номи худ ҳамроҳ кунад, зеро ӯ аз хонадони чингизиён набуд. Аз оғози ҳукронии муғулҳо дар Мовароуннаҳр танҳо намояндагони ин хонадон ҳуқуқ доштанд, ки унвони хониро соҳиб шаванд. Барои қонунӣ кардани ҳокимияти худ Муҳаммадраҳимбий хони дастнишонда, писари хурдсоли Абулфайзхон–Абулмуъминхонро ба тахт нишонд. Дере нагузашта ӯ духтари худро ба Абдулмуъминхон ба занӣ дод, аммо пас аз як сол ӯро ба қатл расонид. Ҳамин тариқ, соли 1753 Муҳаммадраҳимбий дар Бухоро ба силсилаи хонадони Манғитиён асос гузошта, худро хон эълон намуд.
Дар ин солҳо ҳар як ҳокимони мулкҳои алоҳида аз заифшавии ҳокимияти марказӣ ва иваз шудани сулолаҳо дар Бухоро истифода бурда, мекӯшиданд мустақил шаванд. Бинобар он, Муҳаммадраҳимхон барои нерӯманд кардани ҳукумати марказӣ, мухолифати ҳокимони маҳаллиро то дараҷае аз байн бурда, ҳокимияти худро устувор намуд. Ӯ ба ҷудоихоҳии ҳокимони шаҳру вилоятҳо, ки дар итоати хони Бухоро буданд, мехост хотима бахшад. Бинобар он Муҳаммадраҳимхон неруи ҳарбии мамлакатро тақвият дода, дар ҳар вилояти тобеи Бухоро ҳокимони мавриди эътимоди худро таъйин мекард. Масалан, Самарқандро забт карда, ҳокимияти онро ба бародари худ супурд. Дар Шаҳрисабз, Тошканд ва дигар шаҳру вилоятҳо низ шахсони боэътимоди худро ба сари кор овард. Барои расидан ба мақсади асосии худ вай лашкари неруманде ташкил намуда, исёни қабилаҳои ӯзбекро, ки дар Миёнкол ба вуқӯъ омада буд, пахш намуд. Замини қабилаҳои етируғ ва баҳранро мусодира намуда, сокинонашро ба наздикии шаҳри Бухоро кӯчонид, то ки онҳо доим зери назорати ҳукумати хонӣ бошанд.
Баъди ин Муҳаммадраҳимхон хост ноҳияҳои Ургут, Панҷакент ва Ӯротеппаро ба зери итоати худ биоварад. Баъди ҷангҳои пуршиддат ӯ тавонист танҳо Ургутро тобеи худ гардонад, аммо мубориза барои ба даст овардани Ӯротеппа тӯл кашида, бе натиҷа анҷом ёфт.
Мубориза барои ишғоли Ӯротеппа. Ҳокими Ӯротеппа Фозилбийи юз писари Содиқбий хонҳои Бухороро ба ташвиш гузошт. Ба сифати сарвари қабилаи юз ӯ ба муқобили Нодиршоҳ низ бархоста буд. Баъд аз ду соли қатли Нодиршоҳ Фозилбий ҳокими Ӯротеппа шуда, бар зидди Хӯқанду Бухоро муқовимат кард. Хони Бухоро Муҳаммадраҳимхон дар мубориза ба муқобили ҳокими Ӯротеппа заъфи худро эҳсос намуда, бо хони Хӯқанд Ирдонабий (1751 – 1770), сарварони қабилаи қипчоқ ва ҳокими Қаршӣ иттиҳод баста, соли 1754 ба ҷониби Ӯротеппа лашкар кашид. Дар чунин ҳолат Фозилбий бо лашкари Ӯротеппа ба муқобили иттиҳоди дар боло зикршуда мубориза карда наметавонист. Бинобар ин ӯ ба хешованд ва ҳамқабилаи худ, ҳокими Ҳисор Муҳаммадаминбийи юз муроҷиат намуда, имдод талабид. Ҳашт ҳазор лашкари Ҳисор ба воситаи дараи Қаратоғ, ба сардии ҳаво ва барфпӯш будани ағбаи мушкилгузар нигоҳ накарда, ба ёрии Фозилбий рафтанд.
Барои хони Бухорою Хӯқанд ва дигар муттаҳидони онҳо дар фасли сарди зимистон зери деворҳои қалъа ҳозир шудани Муҳаммадамини юз бо лашкараш ғайричашмдошт буд. Хонҳои Бухорову Хӯқанд дарк карданд, ки омадани Муҳаммадамини юз ба Ӯротеппа барои онҳо оқибати хуб надорад.
18 майи соли 1754 задухӯрди аввал сурат гирифт. Лашкари Ӯротеппа мавқеъи хуб интихоб карда, байни ғору сойҳо ҷойгир шуда буданд, ки ин ҷойҳоро фақат аҳолии маҳаллӣ медонист. Ин буд, ки лашкари Ӯротеппа дар айни авҷи задухӯрд аз ҷойҳои панаҳёфта ногаҳон ба душман ҳамла карда, онро ба танг оварданд. Хони Бухоро мебоист чораҳои фаврӣ меандешид. Бинобар ин, Муҳаммадраҳимхон лашкари Бухороро бар зидди лашкари Ҳисор фиристода, эълон кард, ки ҳар касе сари буридаи душманро оварад, номи ӯро ба тӯмори махсус навишта, баъдтар туҳфа медиҳанд. Хони Хӯқанд низ ба шахсони дар ҷанг шуҷоат нишондода, инъому туҳфаҳо медод, вале ҳамаи ин тадбирҳо хони Бухороро қаноатманд накард. Ӯ медонист, ки бо чунин чораҳо ғалаба ба даст овардан аз имкон берун аст. Бинобар он ӯ ба Насаф (Қаршӣ), Яккабоғ ва Шаҳрисабз намояндагони худро фиристода, лашкари он ҷойҳоро ба назди худ даъват кард. Аз ин нақша ҳокими Ӯротеппа ва Ҳисор огоҳ гаштанд.
Муҳаммадамини юз роҳи осони ғалабаро ҷуста, чорае андешид. Ӯ ду мактуб, яке ба номи хони Бухоро ва дигаре ба номи хони Хӯқанд менависад. Ба хони Хӯқанд, Ирдонабий аз номи Фозилбий менависад, ки мо бо ҳам ҳамсоя ва хешутаборем, бинобар ин набояд бо ҳамдигар ҷангем ва хони Бухоро набояд дӯстии моро барҳам занад.
Дар мактуби хони Бухоро навишта буд, ки ба шумо 92 қабилаи ӯзбекияи Мовароуннаҳр мутеъ аст. Мо низ тобеи шумо мешавем. Мактуби ба номи хони Бухоро навиштаро ба Ирдонабий ва мактуби ба ӯ навиштаро ба Муҳаммадраҳимхон мерасонанд. Баъди расонидани мактубҳо ҳар ду тараф (Бухоро ва Хӯқанд) иродаи ҷанг наменамоянд ва лашкари Бухоро ақиб менишинад. Лашкари Хӯқанд бошад, ба сӯйи Хуҷанд ҳаракат мекунад. Нисбат ба бухориҳо хӯқандиҳо камаслиҳа ва кампӯшок буданд. Бинобар он, лашкари Ӯротеппаву Ҳисор хӯқандиёнро таъқиб менамоянд, ки то расидан ба Хуҷанд лашкари Хӯқанд талафоти зиёде медиҳад. Сарбозони зиёде аз онҳо кушта ва асир мешаванд. Аз каллаи сарбозони Хӯқанд дар соҳили дарёи Оқсу калламанора месозанд. Асирони хӯқандиро ба Ӯротеппа оварда, ба қатл мерасонанд ва аз сари онҳо калламанори дуюм бардошта мешавад.
Муҳаммадаминбийи юз баъд аз чанде аз Ӯротеппа ба воситаи Киштути Панҷакент ба ҷониби Ҳисор баргашт. Дар Такоби Киштут ӯ Малик Мизробро, ки ҳокими мулки Фон буд, бо дувоздаҳ нафар ақрабояш ба қатл расонид. Ба ин восита Муҳаммадамин хунбаҳои қозӣ Ҳусейни Мираконӣ–ҳокими Фалғарро, ки соли 1743 Малик Мизроб ӯро кушта буд, гирифт. Дар Киштут Мӯсобий, писари Аллоҳёрбий ҳоким таъйин шуд.
Ғалабаи соли 1754 бар лашкари Бухорову Хӯқанд истиқлолияти Ӯротеппаро ним аср, яъне то охири асри XVIII таъмин намуд.
Сарчашма:
Маълумоти Муҳаммад Ҳакимхон дар бораи ба Хӯқанд омадани ҳокими Ӯротеппа Фозилбий: «Чун мардуми Хитой аз кори саёдатпаноҳон хотири нопоки худро ҷамъ намуданд, сипоҳи қалмиқро ба ҷониби мулки Фарғона фиристоданд ва эшон бисёри вилоятро мусаххар (забт) намуда, вилояти Хӯқандро муҳосира намуданд. Ва Абдукаримбий миёнро аз сад ҷо баста, бо он кофирони нопок ҳар рӯз ғазо мекард. Муҳосира ба тӯл кашид.
Дар он овон Фозилбий ибни Содиқбийи юз дар Ӯротеппа ҳукумат мекард ва ӯ фарзандхонди Абдукаримбий мебуд. Дар он вақт умраш ба бист сол буд. Чун ин хабарро шунид, ба таъҷили тамом мутаваҷҷеҳи Хӯқанд шуд. Баъд аз қатъи манозил худро ба Хӯқанд расонид. Ба давлати ғазо мушарраф гардид. Аз омадани он аморатпаноҳ Абдукаримбий бисёр шодиҳо намуд ва қадами он аморатпаноҳро муборак дониста, ба меҳмондории ӯ пардохт. Баъд аз чанд рӯз лашкари қалмоқ бисёр ба танг омада, мамлакати Хӯқандро во гузошта, мутаваҷҷеҳи диёри худ шуданд ва мардуми аҳли ислом таоқуб намуда, тороҷ мекарданд. Гӯянд муборизатпаноҳӣ Шермуҳаммад ном баҳодур Фозил дар ҳамон ҷанги куффор ба як рӯз навад қалмоқро халонида буд. Ҷаноби эшони Султонхон мегуфтанд, ки аз забони худи Шермуҳаммад баҳодур ин суханро борҳо шунидем. Абдукаримбий аз кор халос ёфт ва Фозил ба обрӯйи тамом рухсати иҷозат фармуд».
Муҳаммад Ҳакимхон. Мунтахаб-ут-таворих. Китоби 2. Таҳиягар, муаллифи муқаддима ва таълиқот ва феҳристҳо А. Мухторов. Душанбе, 1985, саҳ. 378 – 379.
Санаҳои муҳим:
1743 – кушта шудани ҳокими Фалғар қозӣ Ҳусейни Мираконӣ аз ҷониби Малик Мизроб
1747 – кушта шудани Нодиршоҳ
1753 –ба тахти Бухоро нишастани Муҳаммадраҳимхон
1754 – лашкаркашии Муҳаммадраҳимхон ба ҷониби Ӯротеппа
Савол ва супориш:
1) Ба тахти хонии Бухоро нишастани Муҳаммадраҳимхонро шарҳ диҳед.
2) Чаро Муҳаммадраҳимбий ҷуръат накард, ки унвони хониро қабул намояд?
3) Дар бораи тадбирҳои Муҳаммадраҳимхон оид ба неруманд гардонидани ҳукумати марказӣ маълумот диҳед.
4) Муборизаи Муҳаммадраҳимхон ва хони Хӯқандро барои ишғоли Ӯротеппа нақл кунед.
5) Мазмуни мактуби Муҳаммадамини юзро ба хонҳои Бухоро ва Хӯқанд шарҳ диҳед.
6) Натиҷаи муборизаи хонҳои Бухорову Хӯқанд барои ишғоли Ӯротеппа бо чӣ анҷом ёфт?
Реклама