§ 23. БИНОКОРӢ ВА МЕЪМОРӢ

§ 23. БИНОКОРӢ ВА МЕЪМОРӢ

Вазъи фарҳанг. Асри XVI дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик марҳалаи ниҳоят мушкил ва мураккабе буд. Ҳуҷуми қабилаҳои саҳронишини Дашти Қипчоқ ба Мовароуннаҳр ва лашкари Сафавиён ба Хуросон ин сарзамини густурдаро, ки таърих, забон ва фарҳанги ягона дошт, ба ду қисмат ҷудо кард. Ба ягонагии мардуме, ки ба як забон сухан мегуфтанд, фарҳанг ва таърихи ягона доштанд, зарбаи ҳалокатборе заданд. Ба ин далел асри XVI марҳалаи ҷудошавии фарҳанги тоҷикони Мовароуннаҳр аз дарахти ягонаи боровари тамаддуни умумиэронӣ ба шумор меравад. 

Маҳз дар ин аҳд ба ивази рушди фарҳанг ва тамаддуни ягона, фарҳанги ҷудоихоҳона ва аксаран мухолифи ҳамдигар ба миён меояд. Ин ҷудоихоҳӣ ва мухолифат, пеш аз ҳама, дар тафаккури динӣ зоҳир мешуд. Сафавиён бо эълон кардани мазҳаби шиа дар Эрону Хуросон чун дини давлатӣ баҳонаеро барои ҷангҳои бардавом бо Шайбониён ба вуҷуд оварданд. Ҳамин тавр, ихтилофҳои сиёсӣ миёни Шайбониён ва Сафавиён, ки дар мухолифатҳои мазҳабӣ ва бунёдгароии динӣ зоҳир мешуд, дар ибтидои асри XVI сарзамини ягонаро ба ду бахш тақсим кард ва ҳар кадоме дар ин давра ба баъд на танҳо аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, балки аз нигоҳи фарҳангӣ низ ҷудо аз ҳам ҷараён мегирифт. 

  Аз асри XVI ба баъд, дар тӯли беш аз 500 сол тоҷикон ба доираи муносиботи дунёи туркону муғулон кашида шуда, ягона мардуми эронитабор ба ҳисоб мерафтанд, ки дар ҳифзи забон ва бақои фарҳанги худ дар Мовароуннаҳр, ки аз қадимулайём аҷдоди онҳо сокин буданд, талошҳо кард. Дар ин муддат қабилаҳои турк ва муғулони туркшуда, ки ватани тоҷиконро ишғол карда буданд, тоҷиконро ҳамеша аз ватани аҷдодии худ танг карда, ба минтақаҳои кӯҳистонӣ муҳоҷир месохтанд. 

Хусусияти хоси Мовароуннаҳр баъд аз ишғоли Шайбониён ин ҷангҳои бардавоми дохилӣ ва хориҷии он буд. Ин ҷангҳо ба рушди фарҳанг таъсири манфӣ мерасонд. Дар асри XVI ҳаёти фарҳангӣ ва адабии Мовароуннаҳру Хуросон дар шароити ниҳоят мушкили таърихӣ ҷараён гирифта, низоми ҳаёти фарҳангии ин сарзаминҳо дар замони ҳукумати Шайбониён симои пешинаи худро аз даст дод. Марказҳои илмӣ ва ҳавзаҳои адабии Самарқанду Ҳирот, ки дар охири асри XV машҳур буданд, аз ҳам пошиданд. 

Бинокорӣ ва меъморӣ. Миқёси шаҳрсозӣ ва аҳамияти бинокорӣ дар зиндагии ҷомеа ҳамеша зери таъсири бевоситаи шароити мушаххаси иҷтимоӣ ва иқтисодӣ сурат мегирад. Рушди меъморӣ мисли дигар бахшҳои фарҳанги моддӣ ва маънавии тоҷикони Мовароуннаҳр бо ҳуҷуми қабилаҳои Дашти Қипчоқ дар ибтидои асри XVI халалдор гардид. Ҳунари меъморӣ дар Мовароуннаҳр баъд аз ин таҷовузи харобиовар бо суръати ниҳоят паст эҳё мешуд. Табиист, ки дар ин давр бинокорӣ қатъ нагардид ва ба вуҷуд омадани осори асили меъморӣ шаҳодат аз он медод, ки рӯҳи эҷодкории меъморон ва бинокорони Мовароуннаҳр хомӯш нагардида буд. 

Дар ҳунари меъмории нимаи аввали асри XVI анъанаҳои асри XV идома дошт. Аммо барои меъмории асри XVI ба андозаи бузург сохтани биноҳо хос набуд. Андозаи биноҳо ва шакли онҳо дар қиёс бо осори меъморие, ки дар асри XV бино меёфтанд, хурд буданд. Дар ин биноҳо исроф дар ороиш ва пардохти онҳо бо дарназардошти вазъи иқтисодӣ назар ба асри гузашта кам ба назар мерасид, аммо дар ин аср услуби мухталифи ороиши биноҳо дида мешавад. Истифодаи хиштҳои кошиншуда, сафолпораҳои сирдор ва сафолпораҳои сӯхташудаи сурх ва зардранг дар сохтмон намои гуногунранги ороишӣ дар биноҳоро ба вуҷуд меовард. Дохили биноҳо бо нақшу нигор ороиш ёфта, қисмати поёнии деворҳо бо лавҳаҳои гачин ва мармарин рӯйпӯш карда мешуд. Дарҳои биноҳо кандакорӣ мегардид. Тирезаҳои биноҳои ин давр бо панҷараҳои гачӣ, ки ороиши гуногун доштанд, пӯшида мешуданд. 

Дар соҳаи кандакории рӯйи санг ва чӯб комёбиҳои устодони асри XVI назаррас буд. Сангҳои рӯйи қабр бо катиба ва нақшу нигор ороиш ёфта, гӯшаҳои онро ба шакли сутунча зеб медоданд. Баъзе сангҳои рӯйи қабр ба худ шакли хурди мақбараи шиббадорро гирифтааст. Умуман, ҳунари сангтарошӣ ва катибаканӣ ба дараҷаи олии худ расида буд. 

Беҳтарин намунаҳои кандакории рӯйи чӯб, ҳаккокӣ дар сақфи биноҳо, дару даричаҳо, сутуни айвонҳо, панҷараҳои тобадонҳо ва мадрасаву масҷид, хонақову мақбараҳо мебошанд. 

Биноҳои боҳашмат бо кошинкорӣ зебу зинат дода мешуданд. Зеботарин кошинро дар осори меъмории шаҳрҳои Бухорову Самарқанд метавон ёфт. Пештоқҳои зебо, кошинкориҳои хушнақшунигор ва хушобуранг намунаи ҳунари меъморони ин аср мебошанд. 

Бухоро, ки пойтахти давлат буд, бештар обод гашт ва дар ин аср бинокорӣ дар ин шаҳр марказонида шуд. Дар шаҳрҳои Самарқанд, Балх, Кармина, Тошканд, Хуҷанд, Ҳисор, Ӯротеппа ва дигар минтақаҳо низ осори меъморӣ ба мисли бозорҳо, ҳаммомҳо, тиҷоратхонаҳо, мадрасаҳо, масҷидҳо ва қасрҳои боҳашмат сохта шуданд. Барои ривоҷи савдои хориҷӣ дар роҳҳои корвонгард пулҳо, сардобаҳо, корвонсаройҳо бино ёфтанд. 


Бухоро. Масҷиди Калон.  

 Дар Бухоро девори нави шаҳр бино ёфт. Намунаи ҳунари зебои меъмории асри XVI дар ин шаҳр Масҷиди Калон, Мадрасаи Мири Араб, Масҷиди Баланд, Масҷиди Хоҷа Зайниддин, Қӯшмадраса, Мадрасаи Модарихон, Мадрасаи Абдуллоҳхон, маҷмааи Баҳоуддини Нақшбанд, маҷмаи Лаби Ҳавз, хонақоҳи Файзобод, тоқи Саррофон, тоқи Телпакфурӯшон ва тоқи Заргарон мебошанд. Дар Ӯротеппа мадрасаи Абдуллатиф султон (Кӯкгунбаз), мақбараи Боботағо ва Саримазор намунаи осори меъмории ин давр буданд. Водии Ҳисор аз ин давр ёдгориҳои зиёди меъморӣ дорад. Ҳисор дар асрҳои ХV – XVI ба авҷи равнақи худ расида буд. Дар ин давра худуди он васеъ буда, ҷануби Тоҷикистони ҳозира, ҷануби Ӯзбекистон, вилоятҳои шимолии Афғонистон (Балх, Шибирғон, Қундуз) ва Бадахшонро дар бар мегирифт. Биноҳои Қалъаи Ҳисор, мисли Мадрасаи Куҳна, мазори Маҳдуми Аъзам намунаи ҳунари баланди меъмории Ҳисори онвақта мебошанд. 

 

 Маҷмааи Баҳоуддини Нақшбанд                                Хонақоҳи Файзобод 

Намунаи осори меъмории асри XVI масҷиди Абдуллоҳхон дар деҳаи Навгилеми Исфара, мақбараи Лангари Бобо дар Конибодом ва Лангарота дар ноҳияи Нов то ҳанӯз боқӣ мондаанд. 

Шаҳрҳо аз ҳисоби сохтани биноҳои гуногун обод мешуданд. Дар чорроҳаи баъзе хиёбонҳо бинои чорсӯ сохта, ба тӯли хиёбон тоқҳо ва корвонсаройҳо бино ёфта буданд. 

Дар беруни шаҳр чорбоғҳои пур аз меваю ангур ва дарахтони сарсабз бунёд мешуданд. Дар чорбоғҳои бузург қасру девонҳо сохта, ин биноҳои зеборо ҷӯйҳои оби равон ва фаввораҳо зеб медоданд. 

 

 Сари Мазор. Истаравшан 

 

 Мадрасаи Боботағо. Истаравшан  

Сарчашма: 

Дар боби даҳуми «Бадоеъ-ул-вақоеъ» Восифӣ дар бораи мадрасае, ки дар Саброн сохта шудааст, менависад: «Ҳазрати Мири Араб дар маҷлис фармуданд, ки азизонро, ки дар маҷлис ҳозиранд, ба хотир чи мерасад, ки мисли ин мадраса ва зебу тазйин минҳайси он дар вилояти Хуросону Мовароуннаҳр, балки дар ҳама рӯйи замин буда бошад». 

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ. Бадоеъ-ул-вақоеъ. Ҷилди 1. Теҳрон, 1349 ҳ.ш., саҳ. 270. 

Восифӣ дар бораи сохтани корезҳо менависад: «Ва аз умури ғарибае, ки мушоҳида кардем, он буд, ки Мири Араб дар якфарсангии Саброн ду корез ҷорӣ карда буданд, ки мусофирон мисли он ду корез ба ободӣ ва маъмурӣ дар маъмураи олам нишон намедоданд ва қариб дувист ғуломи ҳиндустонӣ лоянқатъ дар он корез кор мекарданд ва бар сарони ду корез қалъаҳо бино карда… Ва дар даруни он қалъа чоҳе эҳдос намуда буд, ки умқаш ба дувист газ расида буд».

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ. Бадоеъ-ул-вақоеъ. Ҷилди 1. Теҳрон, 1349 ҳ.ш., саҳ.271-272.

Савол ва супориш: 

1) Дар бораи вазъи умумии фарҳанг дар Мовароуннаҳр маълумот диҳед 

2) Баъди ишғоли Мовароуннаҳр аз тарафи Шайбониён бинокорӣ ва меъморӣ дар чӣ ҳолат қарор гирифт? 

3) Ёдгориҳои меъмории ин давраро номбар кунед. 

Реклама