§ 55. ҲАЁТИ ИЛМӢ ВА АДАБӢ

§ 55. ҲАЁТИ ИЛМӢ ВА АДАБӢ

    Забони тоҷикӣ дар нимаи якуми асри XIX дар аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд, чи дар дастгоҳи давлатию идоравӣ ва чи дар доираҳои адабӣ, мавқеи асосиро ишғол мекард. Ду навъи мактаб вуҷуд дошт: мактаби ибтидоӣ ва олӣ, яъне мадраса. Дар мактабҳо кӯдакон савод меомӯхтанд ва тарбия мегирифтанд. Таълиму тадрис ба забони тоҷикӣ ва арабӣ сурат мегирифт. Муаллимони мактабҳо асосан рӯҳониён буданд, ки табақаи босаводтарини аҳолӣ ба ҳисоб мерафтанд. Талабагон ва толибилмон асосан, дар фасли тирамоҳу зимистон ба мактабу мадраса мерафтанд. 

     Дар мадрасаҳо қариб тамоми дарсҳо ба забони арабӣ гузашта, забони тоҷикӣ барои шарҳ ва тарҷумаи фанҳо хидмат менамуд. Дар ин вақт омӯхтани илми фиқҳ, тафсири Қуръон ва шарҳи китобҳои дарсии динии асри миёна хеле ривоҷ ёфт. Ба ҳамин сабаб муддати таҳсили мадраса ниҳоят дароз шуда, аз 8 то 20 сол давом мекард. Илова бар осори динӣ дар мадрасаҳо, чор амали арифметикӣ ва баъзе масъалаҳои алгебра ва геометрия низ омӯзонида мешуданд. Дар замони ҳукмронии Шоҳмурод танҳо дар мадрасаҳои Бухоро то 30 ҳазор нафар таълим мегирифтанд. Дар ин мадрасаҳо бештар фарзандони рӯҳониён ва шахсони дорову сарватманд таҳсили илм мекарданд ва дарвозаи мадрасаҳо ба рӯйи оммаи васеи заҳматкашон пӯшида буд. Маоши толибилмон, мударрисон, мутавваллӣ, ходимони дар ин даргоҳ хизматкунанда ва инчунин, таъмири бинои мадраса аз даромади заминҳои вақф буд. 

    Хатмкунандагони мадраса бештар ба вазифаи қозии шаҳру вилоятҳо, муфтӣ, имоми масҷидҳо таъйин мешуданд, ё худ дастнависҳоро нусхабардорӣ мекарданд. 

    Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хӯқанд, Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҳисор, Кӯлоб, Кангурт Панҷакент, Конибодом ва ноҳияи Ғарм мадрасаҳо амал мекарданд, вале обрӯмандтарин таълимгоҳҳо мадрасаҳои пойтахти аморат – шаҳри Бухоро ба шумор мерафтанд. Бухоро дар ин давра маркази динии тамоми Осиёи Миёна ба шумор мерафт. 

    Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо дар нимаи аввали асри XIX дар хонии Хуқанд беш аз 320 мадраса мавҷуд буд. Танҳо дар шаҳри Хӯқанд 36 мадраса, 30 қорихона ва беш аз 50 мактаб фаъолият мекард. Шумораи мударрисон беш аз 120 нафар ва теъдоди умумии толибилмони мадрасаҳои Хӯқанд то ба 3000 нафар мерасид.  


  Хева. Мадрасаи Алиқулихон.  

    Духтарон имкони дар мадрасаҳо хонданро надоштанд ва мадрасаи махсус барои занон вуҷуд надошт. Бибиотуни (муаллимаи) мактабҳои занона асосан, занони муллоҳо ва мударрисон буданд. Бибихалифаҳо ба духтарон асосҳои дину шариати исломро таълим медоданд.  

    Дар нимаи якуми асри XIX дар пойтахти ҳамаи хониҳои Осиёи Миёна ҳаёти адабӣ дар авҷ буд. Дар аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд ба ду забон – ба забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър эҷод мекарданд, ки боиси ба вуҷуд омадани шоирони дузабона гардид. Дар миёнаи асри XVIII ҷараёни тозае дар адабиёт зуҳур карда буд, ки дар асарҳои баъдина низ идома ёфта, дар таърихи адабиёти тоҷик ба номи «сабки бедилӣ» машҳур гашт. Намояндагони ин ҷараён беш аз ҳама ба тасаввуфи Бедил тақлид менамуданд. Сабки бедилӣ муқаллидони пешқадами худро дошт. Дар байни пайравони Бедил шоироне буданд, ки дар асри XIX эҷодиёти худро то андозае ба ҳаёти иҷтимоии халқ наздиктар намуда, ғояҳои нисбат ба он замон пешқадамро таблиғ мекарданд. Умуман, равияи озодандешӣ ба назми ин давра роҳ пайдо менамуд. Чунончи, Мулло Ҳусайн, ки бо тахаллуси Дониши Бухороӣ машҳур аст, Мирзо Муҳаммадсодиқи, Муншӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Муҳаммадшарифи Гулханӣ, Махмур, Маъдан, Дилшод ва дигарон дар ҳамин давра умр ба сар бурда, ашъоре дар ин сабк офариданд. Дар эҷодиёти Гулханӣ, Махмур ва Маъдан ҳаҷви иҷтимоӣ ҷойи намоёнро ишғол менамуд, ки он ба мазмуни лирикии шоирони маорифпарвар таъсир кардааст. Достони Ҳозиқ «Юсуф ва Зулайхо», масалҳои Гулханӣ, шеърҳои иҷтимоии шоира Дилшод ва дигарон аз ҷумлаи асарҳои озодфикрона мебошанд.  

    Дар ин давр доираҳои адабӣ мисли асрҳои пешин дар Бухоро, Самарқанд, Хӯқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Шаҳрисабз ва ғайра ба назар мерасанд. Чун доираи адабии Бухоро дар нимаи аввали асри XIX низ доираи адабии марказӣ шинохта мешуд, бинобар ин шоирон аз шаҳрҳо ва ноҳияҳои аморати Бухоро, хонии Хӯқанд ва ҳатто берун аз ин қаламрав ба ин ҷо омада, ба маҷрои умумии шеъру адаби тоҷик ҳамроҳ мешуданд. 

    Яке аз шоири соҳибдевони доираи адабии Бухоро Султонхони Адо мебошад, ки дар Самарқанд таваллуд шуда, дар замони ҳукумати амир Ҳайдар шоири дарбори ӯ буд ва дар аҳди амир Умархон ба Хӯқанд рафта, дар замони ҳукумати амир Насруллоҳ боз ба Бухоро бармегардад. Ӯ аз авлоди Хоҷа Аҳрори Валӣ буд. 

    Дигар аз шоирони доираи адабии Бухоро Ҷунайдуллоҳ Махдум Ҳозиқи Ҳиротӣ буд. Ӯ дар замони ҳукумати амир Ҳайдар ба Бухоро омада, баъди чанде ба дарбори Умархон ба Хӯқанд рафт. Баъд аз вафоти Умархон дар замони ҳукмронии амир Насруллоҳ ба Бухоро баргашт. Ҳангоми сафаре дар Самарқанд дар рикоби амир Насруллоҳ буд ва шеъре аз зулму золимии ӯ гуфт. Ин шеър ба воситаи душманонаш ба дасти амир Насруллоҳ афтод. Чун Ҳозиқ ба воситаи дӯстонаш аз ин хабар ёфт, ба тарафи Шаҳрисабз фирор кард. Амир Насруллоҳ қотилеро ба Шаҳрисабз фиристод, ки шоирро дар рахти хобаш ба қатл расонид. Қатли шоир байни солҳои 1830 – 1834 иттифоқ афтодааст. 

    Шоир, олиму мударриси номдор Мир Иноятуллоҳ Мавлавӣ, ки бо тахаллуси Рашид шеър мегуфт, дар охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX зиндагӣ кардааст. Амир Ҳайдар аз шогирдони ӯ буд. Баъд аз ба сари ҳукумат омадан, амир Ҳайдар ӯро ба вазифаҳои козикалони Бухоро, унвони мавлавӣ, охунди кӯкалтош ва ба вазифаи мирасадӣ сарфароз сохтааст. Ашъораш аз 4 ҳазор байт бештар буд. Ӯ соли 1813 вафот кардааст. 

    Шоири маъруф Мирзо Муҳаммадсодиқи Муншӣ дар аҳди амир Ҳайдар иншонависи дарбор буд. Девони ашъораш иборат аз 15 ҳазор байт аст. Шоири бадеҳагӯй, нуктасанҷ, ҳозирҷавоб ва беназири замони худ буд. 

    Раҳматуллоҳи Бухорӣ, ки бо тахаллуси Хиҷлат шеър мегуфт, шоири аҳди амир Насруллоҳ аст, ки бо фармони амир вазифаи қозигиро низ иҷро кардааст. Ӯро дар тазкираҳо шахси олим, донишманд ва муътақиди ашъори Бедил ба қалам додаанд. 

    Шоир ва фозили ин замон Мулло Абдулазиз Маҳмуд ибни Ғании Балхӣ аст, ки бо тахаллуси Ҳайрат шеър сароидааст. Тибқи ахбори тазкираҳо тамоми китобҳои маъруф хоҳ ба арабӣ ва хоҳ ба форсӣ дар ҳар илме, ки бошад мутолиа карда, дар ҳошияи онҳо назари хешро баён намудаст. Ӯ низ бо фармони амир Насруллоҳ ба мансаби қозигӣ расида ва соли 1832 вафот кардааст.  

    Дар ин давр шоироне мисли Гулмуҳаммадбийи Афғон, ки дар аҳди амир Насруллоҳ ҳокими Нурато буд, Мулло Раҷаб Парии Ҳисорӣ, Мирзо Олимҷон Ҳасрати Ҳисорӣ, Хазонии Қаротегинӣ, Муллоҳусайн Махдум Дониши Бухороӣ, Муллораҷаб Дониши Бухороӣ (вафот 1832 – 33), Забеҳои Яҳудии Самарқандӣ, Мулло Муҳаммад Шарифхоҷа Шевани Бухороӣ (вафот 1845), Шавқии Каттақӯрғонӣ (вафот 1861–62), Муҳаммадзамони Самарқандӣ ибни Муҳаммадризои Фалғарии Похутӣ (1788–1849) ва дигарон зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Дар нимаи аввали асри XIX, дар давраи ҳукмронии амир Олимхон (1800–1812) доираи адабии Хӯқанд таъсис ёфта, дар аҳди амир Умархон (1812–1822) ин доираи адабӣ шуҳрат пайдо кард. Худи амир Умархон бо тахаллуси Амирӣ шеър мегуфт ва ҳамсараш Нодираи Андиҷонӣ бо тахаллуси Нодира ва Макнуна шеър менавишт. Шоирони зуллисонайн, ба мисли Умархон, Макнуна, Гулханӣ ва дигарон ба арсаи адабиёт омадаанд, ки асарҳояшонро бо забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ иншо мекарданд. Ин хусусияти доираи адабии Хӯқанд аз он гувоҳӣ медод, ки забони ӯзбекӣ дар ҳаёти иҷтимоии хонигарӣ оҳиста-оҳиста ҷойгоҳ пайдо мекард. Агар дар асрҳои гузашта шоирони туркзабон асосан, шеърҳои худро ба забони тоҷикӣ меофариданд, дар ин аҳд раванди баръакс рух дода, шоирони тоҷик, мисли Гулханӣ, Ҳотифи Хуҷандӣ (вафот 1842-43), Дилшоди Барнои Истаравшанӣ ва дигарон бо зарурати зиндагӣ ва тақозои замон ба забони туркӣ шеър мегуфтанд. Ҷойгоҳ пайдо кардани забони ӯзбекӣ дар доираи адабии Хӯқанд аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии хонигарӣ сарони қабилаҳои ӯзбек нуфуси бештаре ба даст оварданд. Бо вуҷуди ин, забони расмии давлатии хонигарӣ забони тоҷикӣ буда, коргузорӣ асосан ба забони тоҷикӣ сурат мегирифт, ки далели он санадҳои мухталифи ба ёдгор монда аз ин давранд. 

    Дар «Таърихи муҳоҷирон»-и Дилшоди Барно аз 13 тан шоирону шоираҳои доираи адабии Хӯқанд ёд мешавад, ки дар аҳди Умархон зиндагӣ кардаанд. Шоирон: Маҳҷуб, Мунтазир, Маҷзуб, Гулхании Қаротегинӣ, Махзанӣ, Туробӣ, Баҳорӣ, Низомӣ, Сабуҳӣ, Садоӣ, Девона Қорӣ, шоираҳо: Нодира, Фидоия, Маҳбону, Ҳафизаотун ва Увайсӣ аз зумраи онҳо мебошанд. 

    Шоири маъруфи доираи адабии Хӯқанд Фазлиддини Намангонӣ мебошад, ки бо тахаллуси Фазлӣ шеър меофарид. Фазлӣ «Тазкират-уш-шуаро»-и дарбори Умархонро бо унвони «Маҷмуат-уш-шуаро» таълиф намуда, дар он ашъори тоҷикӣ ва туркии шоиронро гирди ҳам овардааст. 

    Шаҳри Хуҷанд дар саргаҳи водии Фарғона ҷойгир буда, дар сарнавишти хонии Хӯқанд мавқеи муайяне дошт. Бино ба навиштаи «Тазкират-уш-шуаро»-и Абду, «Маҷмуат-ушшуаро»-и Фазлии Намангонӣ, «Туҳфат-ул-аҳбоб»-и Возеҳ ва «Маҷлисафрӯз»-и Абдурраҳмонхоҷаи Носеҳ дар ин замон дар Хуҷанд шоирон: Шайдони Хуҷандӣ, Шукуҳӣ, Нозили Хуҷандӣ, Фозили Хуҷандӣ, Дониши Хуҷандӣ, Кошиф, Зинати Хуҷандӣ, Нузҳати Хуҷандӣ, Шаҳдии Хуҷандӣ, Росихи Хуҷандӣ, Домулло Ҳоҷибой Лисонии Хуҷандӣ (вафот 1851 – 52), Маъюси Хуҷандӣ, Ҳотифи Хуҷандӣ, Равнақи Хуҷандӣ ва дигарон зиндагӣ ва кор мекарданд. 

    Авазмуҳаммади Мусаввир (вафоташ 1852) шоир ва хаттоти маъруфи Хуҷанд буд. Ӯ пас аз хатми мадрасаҳои Бухоро ба Хуҷанд баргашта, дар Мадрасаи Намозгоҳи шаҳр дарс мегуфт. Авазмуҳаммад девони ашъори Нозили Хуҷандӣ, Ғании Кашмирӣ ва чанде шоиронро хаттотӣ намудааст. 

    Иддае аз шоирони Хуҷанд баъд аз хатми мадрасаҳои Хӯқанд ба доираи адабии Хӯқанд мепайвастанд ва дар ҳаёти фарҳангии он ширкати фаъол мекарданд. Маъюси Хуҷандӣ, Нозили Хуҷандӣ, Самеи Хуҷандӣ ва Кошифи Хуҷандӣ аз шоирони доираи адабии Хӯқанди аҳди Умархон буданд. Кошифи Хуҷандӣ баъд аз вафоти Умархон ба баҳонаи ҳаҷ Хӯқандро тарк мегӯяд ва пас аз адои ҳаҷ ба Қоҳира рафта, муддате дар дарбори шоҳи Миср Муҳаммад Алиподшоҳ вазифаи вазириро адо мекунад ва баъдан бо фармони шоҳ маъмури мадрасаи Айн дар Қоҳира таъйин мешавад. 

    Дар ин давр эҷодиёти шифоҳии халқ дар сурудҳо, ҳикояҳо ва гуфторҳо зоҳир мегашт. Сокинони шаҳрҳою деҳаҳоро намоишҳои масхарабозон, дорбозон ва театрҳои лӯхтак, ки маъмулан, дар кӯчаҳо доир мегашт, шод мегардониданд. Мусиқинавозони боистеъдод тавассути созҳои одии гуногуну сершумор оҳангҳои дилнишин меофариданд. 

    Дар байни халқ бозиҳои варзишӣ, мисли бузкашӣ, гӯштингирӣ, аспдавонӣ, пойга ва ғайра машҳур гардида буданд. Навъҳои гуногуни ҳунари амалӣ: нақшунигори деворҳо, кандакории чӯб, гилкорӣ, ҳаккоқӣ, кулолӣ ва ғайра низ хеле равнақу ривоҷ ёфтанд. Нақшунигори деворҳо ва сақфи биноҳо аз гаҷ хеле густариш пайдо кард.  

Сарчашма: 

    Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ дар бораи ба касби илм шуғл доштани мардумони кӯҳистони аморати Бухоро менависад: «Аҳли илму талабаи ин вилоят (Ҳисор) бисёр фаровон аст, мутаҷовиз аз даҳ ҳазор нафар талаба мавҷуд аст, чаро ки ба ҳар дараву қария як адад, ду адад мадрасаи чӯбин мавҷуд аст. Аҳолии кӯҳистон ба касби илм иштиғоли тамом доранд ва ғайрати ҷибиллӣ (фитрӣ) доранд, лиҳозо аксар аҳли хаймаву хиргоҳ ва косибу тоҷири он ба қадри зарурат аз аҳли илм аст… ва заруриёти дин ва эътиқодотро хуб медонанд. Аҳолии кӯҳистон ба касби илм гӯйи сабқатро аз аксари аҳолии соири иёлоти Бухоро рабудаанд». 

 Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ. Таърихи Ҳумоюн. Таҳиягар Ҷ. Назриев, Душанбе, 2006, саҳ. 124. 

    С.Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» дар бораи Султонхони Адо менависад: «Султонхоҷа шайхулислом Аҳрории Самарқандист. Мумоилайҳи дар Бухоро ба аҳди амир Ҳайдар, дар Хӯқанд ба аҳди Умархон боз дар Бухоро ба аҳди амир Насруллоҳ ба мартабаҳои олӣ расида ва сухансароӣ карда. Дар форсӣ ва туркӣ девонаш тамом аст… Вафоташ дар Бухоро, қабраш дар Самарқанд, ба мазори Хоҷа Аҳрор аст». 

С.Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик, Душанбе, 2010, саҳ.121 – 122. 

     С.Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» дар бораи хони Хӯқанд амир Умархон, ки бо тахаллуси Амирӣ шеър мегуфт, менависад: «Амир Умархон, илова бар ин ки мураббии шуаро ва фузало буд, аз шуарои намоёни давраи охир ба шумор мерафт. Бисёр истеъдодҳои адабӣ дар маҳди тарбияти ин модари адаб ба камол расида. 

    Амир Умархон дар сиюпанҷсолагӣ вафот кард. Дар ин умри кӯтоҳ бо вуҷуди касрати ашғоли ҳукуматдорӣ, дар олами адаб бисёр кор кард. Шеъри туркӣ, ки баъд аз Алишер Навоӣ дар Туркистон ривоҷе надошт, дар аҳди ин амир дубора курсибандӣ дид. Дар форсӣ низ қудратнамоӣ кард. Девони туркӣ ва форсиаш мавҷуд аст». 

С.Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик, Душанбе, 2010, саҳ.121 – 122.

Иллюстрация №0. Напишите описание