Бинокорӣ ва меъморӣ. Дар ин давра бинокорӣ ва меъморӣ рӯ ба инкишоф ниҳод. Тараққиёти бинокорӣ, хусусан, дар Самарқанд ва Ҳирот ба авҷи худ расида буд. Дар бисёр шаҳрҳои дигар аз қабили Балх, Астаробод, Марв, Андиҷон ва ғайра низ кӯшиш мекарданд, ки дар масъалаи бинокорию меъморӣ аз шаҳрҳои бузург қафо намонанд. Аз ин рӯ, дар аксари шаҳрҳои мамлакат иморатҳои зебову қасрҳои муҳташам сохта мешуданд.
Аз қасрҳои сершумори онвақтаи Мовароуннаҳр танҳо як қисми пештоқи Оқсарои Шаҳрисабз, ки бо амри Темурланг бино ёфта буд, маҳфуз мондааст. Темурланг, авлоди ӯ ва дарбориёнаш ба сохтани боғҳои беруназшаҳрӣ, ки дорои қасрҳои зебо буданд, таваҷҷуҳ доштанд. Дар гирду атрофи Самарқанд боғҳое, ки дар онҳо қасрҳо бино карданд, бо номи Боғи Чинор, Боғи Дилкушо, Боғи Биҳишт, Боғи Баланд ва мисли онҳо шуҳрат ёфтанд. Дар Ҳирот бошад, биноҳои дуошёна бо тирезаҳои шишадор пайдо гардиданд.
Дар бораи осори меъмории ин замон сарчашмаҳои хаттӣ маълумоти зиёд медиҳанд. Дар он давра сохтмони ин навъ биноҳо ба миқёси васеъ анҷом меёфт. Масалан, бо фармоиши Темурланг дар яке аз хиёбонҳои Самарқанд бозори болопӯшидаи гунбаздор сохта шуд, ки он ба бозори ободу зебо табдил ёфт. Шоҳрух ҳам дар Ҳирот чунин бозори болопӯшида сохт. Дар ду тарафи хиёбони чорсӯ, ки ин бозор дар он ҷо воқеъ гардида буд, биноҳои дутабақа сохта шуда, болои хиёбонро саросар гунбазҳои панҷарадор пӯшонда буданд. Аз сохтмони мадраса, масҷид ва мақбараҳои то замони мо расида дар бораи комёбиҳои муҳандисӣ, лоиҳакашию биносозӣ ва ороишии меъморони он давра маълумот ба даст овардан мумкин аст.
Усули нави сохтани бомҳои гунбазӣ. Аввалҳо дар сохтани бомҳои гунбазӣ аз усули дар гузашта маъмул истифода бурда мешуд, аммо баъдтар усули нави ин навъи гунбазсозӣ ба вуҷуд омад. Асли моҳияти усули нав аз он иборат буд, ки акнун гунбаз на бар деворҳои бино, балки ба равоқ ва дигар қисмҳои бино устувор карда мешуд, ки ин ба хеле кам шудани қутри гунбаз имкон медод. Истифодаи усули нав барои гунбазпӯш кардани биноҳои калону васеъ ҳам имконият медод. Илова бар он, бо ин усули нави гунбазсозӣ на фақат дар биноҳои мураббаъ, балки дар биноҳои дарозрӯя ҳам имкони гунбаз ниҳодан фароҳам меомад.
Истифодаи усул ва василаҳои ороишии гуногун дар сохтани ёдгориҳои меъморӣ. Меъморон ва бинокорон кӯшиш мекарданд, ки биноҳои боҳашмат сохта, онҳоро бо рангҳои гуногун ороиш диҳанд. Барои амалӣ намудани он аз ҳар гуна воситаҳои ороишӣ истифода мебурданд. Меъморон барои бештар мукаммал гардонидани ҳунарашон аз комёбиҳои пешинзамон ва бозёфтҳои тоза истифода бурда, онҳоро бо ҳам омезиш медоданд ва дар кори худ истифода мебурданд. Дар сохтани ёдгориҳои меъмории он давр аз ҳунари кандакории чӯб ва нақшу нигор ба таври васеъ истифода мешуд. Яке аз хусусиятҳои хоси ороиши ёдгориҳои меъмории он давра иборат аз он буд, ки барои тасвирҳои нафиси наботӣ ва ҳандасӣ аз рангҳои асил (аксаран навъҳои рангҳои кабуду сафеду нилобӣ) истифода шуда, нақшу нигори ҷолиб ва зебову дилкаш меофариданд. Барои ороиши деворҳои дарунӣ усули кундал, ки аз омезиши андудаи тилло бо ягон хел ранг (бештар ранги кабуд) иборат аст, истифода мешуд.
Дар ороиши бино мармари суфта низ корбурд шуда, онро бо катибаву тасвирҳои кандакорӣ ва ё бо нақшҳои нафиси тиллоӣ зинат медоданд. Баъдтар аз усули чидани хишт истифода намуда, дар заминаи он аз хиштҳои сирдор катиба ва нақшҳои одӣ месохтанд.
Мадрасаи Бибихонум. Мадрасаи Сароймулкхонум, ҳамсари Темурланг, ки бо номи Бибихонум маъруф аст, солҳои 1399 – 1404 бо фармони Темурланг дар Самарқанд дар муқобили масҷиди ҷомеи он, ба тақлиди масҷиде, ки ӯ дар ҳангоми забткориҳояш дар Ҳиндустон дида буд, сохта шудааст. Ин маҷмӯаи меъморӣ бо номи масҷиди Бибихонум низ маъруф буд ва дар Шарқ боҳашматтарин ва бузургтарин бинои ҷамъиятии замон ба ҳисоб мерафт.
Дар қисми шимолии ҳавлӣ, дар маркази мадраса намояндагони авлоди Сароймулкхонум дафн шудаанд. Ин мадраса соли 1740 ҳангоми лашкаркашии шоҳи Эрон Нодиршоҳи Афшор ба Самарқанд хароб гашта, аз мадрасаи Бибихонум вайронаҳои пештоқи калон, се бинои гунбазпӯш ва як манораи кунҷӣ боқӣ мондаанд. Дар ду кунҷи пештоқ ду манораи мудаввар ҷой доранд. Қисми поёнии пештоқ бо мармари хокистарии катибадор рӯйкаш шуда, болотари онро нақшҳои ҳандасии аз хиштҳои хурди рангаи сирдор сохташуда ва катибаҳо ташкил медиҳанд. Ду бинои хурди мадраса, ки дар ду тарафи ҳавлии калони росткунҷа ҷой гирифта, бо ҳам хеле монанданд, намунаи мукаммали санъати меъморианд. Асоси онҳо мураббаъ буда, пояи гунбаз силиндрӣ аст ва худи гунбаз бо ранги нилобӣ ороиш ёфтааст. Дохили биноҳо низ бо нақшу нигор зинат дода шудааст. Дар пешгоҳи саҳни ҳавлӣ бинои калони мадраса воқеъ аст. Ҳамаи ҷузъҳои он муҳташаму бузурганд: тоқи айвон 18 метр васеӣ ва 30 метр баландӣ дорад, қутри гунбази бино 18 метр ва баландиаш аз фарши бино 40 метр баланд аст. Дар ороишоти бино аз ҳамаи навъи усули ороишӣ истифода кардаанд. Як вақтҳо дарвозаи калони тоқдори он ба ҷониби ҳавлӣ кушода мешуд, ки гирдогирди онро қатори долону айвонҳо ташкил медоданд ва гунбази онҳо дар болои 400 сутуни мармари сафед такя мекарданд. Дар даҳсолаи охир мадрасаи Бибихонум таъмир гашта, намои дохили он бо манзараҳои табиат ороиш ёфтаанд.
Мақбараи Шоҳи Зинда. Мақбараҳои асри XV гуногуннавъ буда, аз намунаҳои беҳтарини ёдгориҳои меъморӣ мебошанд.Яке аз чунин ёдгориҳои меъмории ин давра мақбараи Шоҳи Зинда ба шумор меравад.
Ба ривояте дар ин ҷо қабри Қусам ибни Аббос ибни Абдулмуталлиб аз амакзодаҳо ва наздикони Муҳаммад аст, ки гӯё дар соли 56 ҳ.қ. / 676 милодӣ бо ҳамроҳии Сайид ибни Усмон барои таблиғу густариши ислом ба ин кишвар омадааст. Ӯро душманонаш дар ин минтақа таъқиб мекунанд ва гӯё санги бузурге, ки дар ин ҷо будааст, дуним мешавад ва ӯро зинда паноҳ медиҳад. Ба ин далел ин марқадро «Шоҳи Зинда» мегӯянд. Темурланг хуб медонист, ки Қусам ибни Аббос чун амакзодаи Муҳаммад дар Мовароуннаҳру Хуросон миёни мардум аз обрӯю эътибори баланде бархурдор аст. Ӯ ба хотири касби маҳбубияти хонадонаш аз ҷониби мардум дар болои ин қабр оромгоҳи бисёр боҳашмате сохт.
Ин мақбара аз ҷиҳати ҳаҷм на он қадар калон буда, вале аз ҷиҳати ороиш хеле зебост. Сохтмони он дар замонҳои пеш дар қисми шаҳрчаи Афросиёб оғоз ёфта, дар шакли ҳозирааш дар асри XV сохта шудааст. Яке аз қадимтарин биноҳои Шоҳи Зинда мақбараи Қусам ибни Аббос мебошад, ки он то ҳол қисман боқӣ мондааст. Ансамбли Шоҳи Зинда маҳсули ҳунари якчанд насли меъморон, наққошон, хаттотон ва дигар ҳунармандон буда, дар он тамоми комёбиҳои ҳунари меъморӣ, ороишӣ ва тасвирӣ таҷассум ёфтааст.
Гӯри Мир. Мақбараи Гӯри Мир аз муҳимтарин ёдгориҳои асри XV ба шумор меравад. Ба сохтани ин мақбара дар Самарқанд соли 1404 бо фармони Темурланг оғоз карданд. Аввалин бор дар ин ҷо ҷасади яке аз рӯҳониёнро бо номи Мирсаид Барака, ки дар лашкаркашиҳои Темурланг ҳамроҳаш буд, гӯронидаанд. Мирсаид Барака дар замони ҳаёт будани Темурланг вафот кард ва ӯро дар Андхӯй дафн карданд, аммо Шоҳрух ҷасади ӯро аз Андхӯй оварда, дар ин мақбара дафн намуд. Аз ин сабаб ин мақбараро Гӯри Мир номидаанд. Баъдтар он ба оромгоҳи хонаводаи Темуриён табдил ёфт. Дар мақбараи Гӯри Мир Темурланг, писарони вай: Умаршайх, Мироншоҳ, Шоҳрух, набераҳояш: Муҳаммад султон, Улуғбек ва ду абераи хурдсолаш дафн шудаанд.
Тарҳ ва сохти ин мақбара одист. Танаи ҳаштгӯшаи он аз мармари сафед бино ёфта, устувонаи он бо навиштаҷоти бошукӯҳ ороиш шудааст. Гунбази он осмониранг буда, аз 64 қираи бо ҳам мувофиқ иборат аст. Пештоқи иморат бо нақшҳои нафис зинат дода шудааст. Дар маркази мақбара сағонаҳое воқеанд, ки онҳоро аз санги мармар ва нефрит тарошидаанд ва бо панҷараи сафеди мармарини кандакорӣ иҳота кардаанд. Қисми дохилии мақбара бо ақиқи сабзранг ва оби тилло оро ёфтааст, ки ба он ҳусни зиёда мебахшад. Мақбараи Гӯри Мир аз намунаҳои олии ҳунари меъморӣ ба шумор меравад.
Мадрасаи Улуғбек. Улуғбек соли 1417 дар қисмати ғарбии майдони Регистони Самарқанд ба сохтмони мадрасаи бошукӯҳе шурӯъ намуда, соли 1420 сохтмони онро ба анҷом расонид. Ин мадраса бо хишти пухта бино ёфта, андозаи он ба 56х81 метр баробар аст. Дар саҳни дохилии мадраса майдони болокушодае мавҷуд аст, ки дар мобайни он ҳавзи ҳашткунҷа ҷойгир аст. Равоқи даромадгоҳи асосии мадраса бо расми осмон ва ситораҳои панҷ ва даҳбурҷа кошинкорӣ шуда, барои ороиши девор аз хиштҳои мунаққаш истифода гардидааст.
Дар муқобили мадраса масҷиде мавҷуд аст, ки ибтидо он аз 50 хонақоҳи дар ду табақа воқеъбуда иборат буд. Дар ин масҷид зиёда аз 100 донишҷӯ зиндагӣ мекард. Аз ҷумла дар байни ин донишҷӯён ашхоси барҷаставу маъруф, ба мисли шайхи тариқати нақшбандия Хоҷа Аҳрор ва шоир Абдурраҳмони Ҷомӣ дар он таҳсил намудаанд. Дар асри XVIII ин мадраса хароб гардид.
Расадхонаи Улуғбек. Яке аз беҳтарин ёдгориҳои он замон бинои расадхонаи Улуғбек ба шумор меравад, ки он бо фармони худи ӯ дар солҳои 1428 – 1429 дар доманаи баландии Чӯпонатои Самарқанд сохта шудааст. Расадхона мудаввар (силиндршакл) буда, 30,4 м баландӣ дошт ва аз се қабат иборат буд. Он бо чӯбҳои кандакорӣ, сафолҳои сирдори нақшин ва сангҳои мармар ороиш шуда буд. Дар расадхона аз асбобу олоти нуҷумшиносӣ, мисли соатҳои офтобию ситоравӣ, устурлоб, афзори зовиясанҷ (кунҷсанҷ) ва ғайраҳо истифода бурда, бо онҳо ҳаракати Офтоб, Моҳ, сайёраву ситораҳоро таҳқиқ макарданд. Қисмати ҷанубии асбоби зовиясанҷ дар чуқурии 11 метр ҷойгир шуда, қисмати дигари он дар самти шимол аз сатҳи замин 30 метр баланд буд. Расадхона китобхонае ҳам дошт. Ҳуҷраи дарунии биноро тасвири бурҷҳо, харитаи осмон, кӯҳу баҳрҳо, тасвири кураи арз бо мамлакатҳои ҷаҳон зеб медоданд.
Ин расадхона дар рушди илми нуҷуми он давра нақши ниҳоят муҳиме бозидааст. Дар ин ҷо як зумра ситораҳоро муқаррар карда, тавассути он дар соли 1437 ҷадвалҳои нуҷумие, ки аҳамияти умумиҷаҳонии илмӣ доштанд, бо забони тоҷикӣ тартиб дода шудаанд. Дар онҳо вазъияти беш аз ҳазор ситораи ба чашм аён ва мавқеи тақрибан ҳамаи шаҳрҳои Шарқи исломӣ муайян шудааст. Ҷадвалҳои нуҷумии ин расадхона дар зарфи чандин аср ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Шарқ доир ба омӯзиши вазъияти илми нуҷум ҳамчун китоби дарсӣ хизмат кардаанд.
Баъди кушта шудани Улуғбек (1449) расадхонаро вайрон карданд ва ҳоло аз ин расадхона фақат қисми дар зери замин маҳфузмондаи асбоби зовиясанҷ (баландиаш 11 метр) боқӣ мондааст.
Маҷмӯи иморати Мусалло дар Ҳирот. Дар ин давра Ҳирот низ бо ёдгориҳои меъмории худ шуҳрат пайдо намуд. Дар қомат афрохтани чунин ёдгориҳои меъморӣ ҳиссаи ҳамсари Шоҳрух – Гавҳаршод хеле арзанда аст. Дар байни ёдгориҳои меъмории машҳури Ҳирот маҷмӯи иморати Мусаллоро номбар кардан мумкин аст, ки аз масҷиди калон, мадраса ва мақбара иборат буд. Ин биноҳо дар муддати қариб 20 сол, аз соли 1418 то соли 1437, зери назорати бевоситаи меъмори варзида Қивомиддини Шерозӣ сохта, зебу зинат дода шуданд. Масҷиди ин иморат намозгоҳи бузурге дошта, тавре тарроҳӣ шуда буд, ки барои ҷамъ омадани мардуми зиёд хеле ҳам муносиб буд. Дарозии он 106 метр ва бараш 64 метрро ташкил дода, манораи баланд дошт. Саҳни дохилии он масоҳати 52х29 метрро дар бар мегирифт. Ин маҷмӯаи ёдгорӣ шабеҳи Гӯри Мири Самарқанд буд. Ҳоло аз ин ёдгории меъморӣ қисмати хеле каме боқӣ мондааст. Манораҳои сеҷузъаи бисёр мавзун ва мақбараи хеле ҷолиби Гавҳаршод, ки яке аз гӯшаҳои мадрасаро ишғол намуда, қисми таркибии он ба шумор мерафт, аз ҳашмат ва азамати он гувоҳӣ медиҳанд.
Мадрасаи Шоҳрух. Ин мадраса ва хонақоҳи он бо ташаббуси Шоҳрух дар шаҳри Ҳирот бино гардид ва сохтмони он соли 1410 ба итмом расид. Мадрасаи Шоҳрух бо сабки ороишии худ аз шукӯҳу азамати бисёре бархурдор буд. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо фаъолияти ин мадраса дар нимаи дуюми асри XV хеле равнақ дошт.
Мадрасаи Гавҳаршод. Ин мадрасаро бо фармони Гавҳаршод, духтари султон Ғиёсиддини Ғурӣ, ки завҷаи Шоҳрух буд, меъмори маъруфи Хуросон Қивомиддини Шерозӣ солҳои 1418–1438 сохтааст. Он бо номи масҷиди Гавҳаршод низ маъруф аст. Мадрасаи Гавҳаршод дар замони Шоҳрух ва баъди он хеле шуҳрат ёфта буд. Ҳангоме ки яке аз олимон ё бузургон вафот мекард, дар ин мадраса бо иштироки шахсиятҳои маъруфи Ҳирот маросими азо барпо мегардид.
Мадрасаи Гавҳаршод аз маҷмӯаи биноҳо: масҷиди калон (намозгоҳ), мадраса ва мақбара иборат буд. Дар мақбараи он Гавҳаршод ва дигар аҳли ин хонадон дафн шудаанд. Баъдтар дар паҳлуи ин маҷмӯаи меъморӣ мадрасаи Ҳусайн Бойқаро сохта шуд. Маҷмӯаи меъмории Гавҳаршод аз пештоқи баланди даромадгоҳ, 4 айвон, 8 манора ва роҳрави дуошёнаи ҳавлиро иҳотакарда иборат буд. Мақбараи Гавҳаршод, ки сохтмонаш соли 1432 ба охир расидааст, дар яке аз толорҳои даромадгоҳи мадраса воқеъ буда, бо нақшу нигор ороиш ёфта, бо кошинҳо рӯйпӯш гардидааст. Дар нимаи дуюми асри XIX ин маҷмӯаи меъморӣ валангор гардида, танҳо мақбараву манораҳо боқӣ монданд.
Хуҷанд. Мақбараи Шайх Муслиҳиддин.
Дар ин давра дар шаҳрҳои дигари Мовароуннаҳру Хуросон низ иншооти меъмории бошукӯҳ қомат афрохта буданд. Аз ҷумла маҷмӯаи меъмории қасри Оқсарой дар Шаҳрисабз, мақбара-масҷиди Хоҷа Аҳмади Ясавӣ дар шаҳри Туркистон, мақбараи Шайх Муслиҳиддин дар Хуҷанд, мақбараи Абдуқодири Ҷелонӣ дар Истаравшан, маҷмӯаҳои меъмории Шоҳи Хомӯш ва Амир Сайиди Алии Ҳамадонӣ дар минтақаи Кӯлоб, мақбараи Муҳаммад Башоро дар Панҷакент ва ғайра.
Қобили қайд аст, ки дар иншооти меъмории ин давр хусусиятҳои хоси меъмории миллии тоҷикӣ мушоҳида мегарданд.
Сарчашма:
Мирхонд дар бораи бунёди Боғи Шамол чунин менависад: «Ва чун аз лаҳву сурур фароғат ҳосил омад, ҳазрати Соҳибқирон (Темурланг)… ба боғе, ки дар шимоли Самарқанд эҳдос фармуда буда ва ба Боғи Шамол иштиҳор ёфта буд,… ба иморати қасри рафеи дилкаш фармон дод. Ва устодони моҳир ва меъморони содиқ, ки аз Хуросону Ироқ ва Озарбойҷону Бағдод ва соири амсор (шаҳрҳо) ва билод (кишварҳо) дар Самарқанд ҷамъ оварда буданд, тарҳи онро ба килки басорат бар лавҳи маҳорат кашиданд. Ва чун… воқифони дақоиқи фанни нуҷум соате масъуд (хушбахт) ва замоне маҳмуд (писандида) ихтиёр карда, ба таърихи ҷимодиюлохири санаи 799 ҳиҷрии қамарӣ (марти 1397) банноёни (бинокорони) чобукдаст бунёди он ниҳоданд ва чаҳор рукни қасри собити арконро бар умаро қисмат намуда ва ҳазрати соҳибқирон… мултафит (таваҷҷуҳ) ба он шуд то дар муддати чиҳилу панҷ рӯз ба итмом расид».
Мирхонд. Равзат-ус-сафо. Тасҳеҳ ва таҳияи Ҷамшеди Каёнфар. Ҷилди шашум, бахши аввал. Теҳрон, 1380, саҳ. 4857 – 4858.
Маълумоти Мирхонд дар бораи сохтани Боғи Дилкушо: «Ва дар поизи (тирамоҳи) санаи 799 (1397)… ҳазрати Соҳибқиронӣ (Темурланг)… фармон фармуд, ки бар канори марғзори Кони Гил, ки дар назҳат ва тароват аз равзаи фирдавс ва боғи ҷаннат нишон медод, муҳандисони муътабар ва банноёни (бинокорони) соҳибҳунар, ки бар даргоҳи подшоҳи ҳафт кишвар муҷтамеъ буданд, дар рӯзи шоиста… бунёди боғи рафеъ ниҳоданд. Ҳар зилъе (тарафе) 1500 гази шаръӣ ва дар миёни ҳар рукне (сутун) аз он аркон (сутунҳо) дарвозаи олӣ тартиб доданд, ки тоқи он дар баландӣ аз фалаки гардун мегузашт ва дар арсаи он наботот ва афрози ашҷори мусаммара (дарахтони мевадиҳанда) ва гулҳои хушбӯ ва раёҳини тозарӯй биншонданд. Ва чун ғунчаи дил ба наззораи он монанди гули садбарг шукуфта мешуд, ба Боғи Дилкушо мавсум гашт. Ва ҳазрати Соҳибқиронӣ аз барои кушодагии хотири Такалхонум бинти Хизрхоҷаи уғлон, ки Шамъҷаҳон ва Ғиёсиддини тархон ба хостгории ӯ фиристода буд, партави илтифот бар итмоми он афканда махсус ба вай сохт».
Мирхонд. Равзат-ус-сафо. Тасҳеҳ ва таҳияи Ҷамшеди Каёнфар. Ҷилди шашум, бахши аввал. Теҳрон, 1380, саҳ. 4861-4862.
Маълумоти Мирхонд дар бораи бинои масҷиди ҷомеъ дар Самарқанд: «Темур дастур дод, то масҷиди ҷомеи муътабаре дар Самарқанд бисозанд ва рӯзи якшанбеи чаҳоруми моҳи рамазони соли ҳаштсаду як (рӯзи ҷумъа, 10 майи соли 1399) тарҳи онро рехтанд ва аз сангтарошони Озарбойҷон, Форс ва Ҳиндустон дувист тан дар худи масҷид ба кор машғул шуданд ва 500 тан дар кӯҳҳо ба буридани санг иштиғол доштанд ва 95 занҷири филро, ки аз Ҳиндустон оварда буданд, барои ҳамлу нақли олоту асбоб ба кор гирифтанд. Худи Темур дар сари иморат ҳозир мешуд ва аксар авқот дар мадрасаи Хонум ва хонақоҳи Тумоноғо, ки дар наздикии масҷид буд, мегузаронид. 480 сутуни аз санг тарошида омода карданд, ки тӯли ҳар як ҳафт газ буд ва фаршҳо ва сақфҳо низ аз тахтасангҳо тарошида буд ва иртифои масҷид то сақф қариб нуҳ газ буд. Чаҳор манора дар ҳар гӯшае сохта шуд ва дари бузурги онро аз «ҳафтҷӯш» дуруст карданд. Гирдогирди деворҳо ва гирди тоқҳо бо катибаҳои аз санг тарошида зинат ёфта буд ва дар он сураи «Каҳф» ва оёти дигари Қуръонро навишта буданд».
Мирхонд. Равзат-ус-сафо. Таҳзиб ва тахлиси доктор Аббоси Зарёб. Теҳрон, 1373, саҳ. 1090 – 1091.
Катибаҳои рӯйи санг
Санаҳои муҳим:
1399 – 1404 – сохта шудани мадрасаи Бибихонум
1404 – сохта шудани мақбараи Гӯри Мир
1410 – сохта шудани мадрасаи Шоҳрух
1417 – 1420 – сохта шудани мадрасаи Улуғбек
1418 – 1438 – сохта шудани мадрасаи Гавҳаршод
1428 – 1429 – сохта шудани расадхонаи Улуғбек
1449 – вайрон гардидани расадхонаи Улуғбек
Савол ва супоришҳо:
1) Вазъи бинокорию меъморӣ дар асри XV дар кадом ҳолат қарор дошт?
2) Моҳияти усули нави сохтани бомҳои гунбазӣ аз чӣ иборат буд?
3) Биноҳои боҳашмати он даврро номбар кунед ва дар бораи онҳо маълумот диҳед.
4) Дар бораи расадхонаи Улуғбек нақл кунед ва нақши онро дар тараққиёти илми нуҷуми он давра шарҳ диҳед.
5) § 13-ро такрор намоед.
Реклама