Парчами миллӣ

Дирафши Коваи оҳангарӣ, эй Парчами миллӣ,

Намоди эътиқоду боварӣ, эй Парчами миллӣ.

Намоёнӣ миёни сад ҳазорон, рамзи дунёӣ,

Шукӯҳи асли моро минбарӣ, эй Парчами миллӣ.

Ба домони ту дида ахтаронатро ҳамегӯем,

Самои бахти моро ахтарӣ, эй Парчами миллӣ.

Ту рамзи Тоҷикистонӣ, ба ҳар як гӯшаи олам,

Ҳумои бахти болои сарӣ, эй Парчами миллӣ.

Тамошои туро танҳо сари боло тавонад кард,

Фидоят ман, шуҷоатофарӣ, эй Парчами миллӣ.

Озар

ПАРЧАМИ ИСТИҚЛОЛ

Парчами ту, Парчами ту, парчами озодии мо,

Парчами бахту саодат парчами навшодии мо.

Парчами ту ёдгор аз тахту тоҷи Ориёно,

Се ҷилои ранг-рангаш ҷилваи ободии мо.

Шуд сафедӣ нақш, нақши Парчами иқболи тоҷик,

Парчами иқболи тоҷик, нақши некуфоли тоҷик.

Парчами мо-ифтихори мо ба ҳар давреву даврон,

Даври пирӯзии тоҷик, даври истиқлоли тоҷик.

Парчами зебои тоҷик, парчами пирӯзи даврон,

Парчами шаъну шарофат, парчами иқболи моён.

Ҷовидон бодо парафшону гулафшон ҷовидона,

Бар сари мо парчами ту Тоҷикистон, Тоҷикистон.

Ширин Бунёд