Чистон

Чистон яке аз жанрҳои машҳур ва интишорёфтаи адабиёти даҳонакии халқ буда, аз ҷиҳати пайдоишу мавқеъ, мазмуну мундариҷа ва аз лиҳози забону хусусиятҳои бадеӣ ҷолиби диққат мебошад. Ин жанри нафис ва диққатрабои фолклор таърихи қадима дорад.

Дар давраҳои қадим одамон бисёр чизҳоро дар гирду атрофи худ ва табиат медиданд ва хислату рафтори онҳоро дақиқкорона ба мушоҳида мегирифтанд. Мисол, осмонро «чодар» мегуфтанду ситорагонро ба «танга» ташбеҳ мекарданд. Ё худ мегуфтанд, ки «чист он ки дасту по надорад, вале дарвозаро мекушояд?» Баъд аз лаҳзае фикр кардан ҷавоби чистон ёфт мешавад – «бод».

Истилоҳи «чистон» аслан аз ибораи «чист он?» таркиб ёфта, дар ин шакли гуфтор фикр ва матлаби муайян пинҳон дошта мешавад. Чунончи :

«Он чист, ки меравад-меравад ба қафояш нигоҳ намекунад?» (Дарё).

Тавре ки мушоҳида гардид, калимаҳои «чист» ва «он» ва ё «он» ва «чист» дар аввал ҷудо буда, тадриҷан ба ҳамдигар пайваст гардида, истилоҳи «чистон»-ро ба вуҷуд овардаанд. Ин истилоҳи адабӣ аввал дар эҷодиёти бадеии шифоҳии халқ ва баъдан бо мурури замон ба адабиёти китобии форсу тоҷик гузашта, васеъ паҳн гардидааст.

Дар қисми пурсиш сурати маҷозии ашёву ҳодиса ба тарзи бадеӣ тасвир шуда, дар қисми ҷавоб маънӣ ё номи аслии ашёву ҳодисаҳо ифода меёбад. Баъзан чистонҳо бе ҳеҷ гуна савол ифода меёбанд, вале онҳо мазмунан дар худ саволе ниҳон доранд. Чистонгӯйӣ ва чистонёбӣ мисли дигар анъана ва расму одатҳои халқ аз талаботи зиндагӣ ба вуҷуд омада, дар ҳаёти гузаштаи мардуми тоҷик мавқеи калон дошт. Халқ дар раванди кор ва лаҳзаҳои истироҳат чистонгӯйӣ ва чистонёбӣ карда, аз як тараф меҳнати тоқатфарсои худ – ғӯзакашӣ, пунбаҷудокунӣ, пиллакашӣ, пашмресӣ, гилему палосбофӣ ва намадмолиро (дар иҷрои чунин корҳо гурӯҳи одамон ширкат мекарданд) сабук менамуд, аз тарафи дигар бо ин восита зиракӣ, ҳушёрӣ, нуктасанҷӣ, ҳозирҷавобӣ ва табъу завқи якдигарро месанҷид, афкори маънавиро инкишоф медод ва ҷаҳонбиниашро васеъ мекард. Ин аст, ки чистонгӯйӣ ва чистонёбӣ дониши васеъ ва маҳорати калонеро талаб мекунад, чунки чистонкушо бояд тамоми хусусиятҳои ашёву ҳодисаи дар чистон нуҳуфтаро донад. Мувофиқи ривоятҳои халқӣ, дар даврони қадим дар чистонкушоӣ гараву шартҳои вазнин (калон) ба миён гузошта мешуданд.

Доираи мавзуъҳои чистонҳои тоҷикӣ васеъ ва гуногун буда, бо фаъолияти меҳнатӣ, ҳаёти моддӣ, хоҷагӣ ва мадании мардуми меҳнаткаш алоқаи зич дорад.

Сабаби дар чистон ҷой доштани мазмуну мундариҷаи васеъ ва маъниҳои сарбаста, ба тариқи пуртаъсиру хушоҳанг баён намудани матлаб пеш аз ҳама сохти чистон, муносибати мантиқии сухан ва санъатҳои гуногуни бадеӣ: истиора, ташбеҳ, тавсиф, киноя, муболиға, такрор, ташхис ва амсоли инҳо мебошанд.

Чистонҳо дар шакли назму наср гуфта мешаванд. Ҳамчунин чистонҳо бо луғз ё худ луғаз ва андаке ба муаммо, ки дар адабиёти хаттӣ хеле маъмуланд, қаробат дорад. Дар илми бадеъ луғз он аст, ки шоир шеъре менависад ва чизеро дар назар гирифта сифат, аломатҳо ва хусусиятҳои онро дар либоси ибораҳои мушкилу монанд ва ғайри зикри номи предмет баён мекунад ва ёфтани онро аз хонанда ба таври хитобу суол ва аксаран бо ибораи «чист он?» ифода мекунад:

Чист, к-андар даҳони бедандон-ш

Ҳарчӣ афтод, рез-рез кунад?

Чун задӣ дар ду чашми ӯ ангушт,

Дарзамон ҳар ду гӯш тез кунад?

(Қайчӣ. Аз «Ал-муъҷам»)

Муаммо ар. – Аъмо (кӯр) маънояш – пӯшида, ниҳон. Он як намуди луғз ё худ чистон аст. Муаммо одатан манзум аст. Муаммо дар адабиёти классикии форсу тоҷик хеле маъмул аст ва ба он рисолаҳои бисёри алоҳида бахшида шудаанд.

Тавре ки зикр карда будем, чистон дар баробари фарогирии мавзуъҳои гуногуни зиндагӣ, шаклҳои гуногун ҳам дорад, аз қабили чистон - булбулакон, чистон – масъала, чистон – афсона, чистон - муаммо, сурат – чистон ва амсоли инҳо.

Чистон - булбулакон аз саволу ҷавоб иборат аст. Савол дар доираи асбоби рӯзгор ва ё ҳамон маҳал дода мешавад.

Ҷавоби чистон - булбулакон он қадар душвор нест:

Чӣ парид? – Мурғ парид!

Чӣ парид? – Кабк парид!...

Ҳангоми нақли афсонаҳо барои мағлуб кардани ҳариф баъзан саволҳои муаммодор ва норавшан дода мешаванд, ки ин мушкилот боиси пайдо шудани чистон - масъалаҳо мегардад: «Агар булбул ба гул як-як нишинад, як булбул зиёдӣ мекунад ва агар булбул ба гул ду-ду нишинад, он гоҳ як гул боқӣ мемонад. Ҳар кадом чанд адад будааст?»

Ҷавоб: Булбул 4 адад ва гул 3 адад.

Намунаи чистонҳо

Як чодари зангорӣ,

Шабҳо пуру рӯз холӣ.

(Осмон ва ситораҳо)

Гуле дидам, ки он бе хор бошад,

На дар дашту на дар бозор бошад.

На кас ӯро харад, на кас фурӯшад,

Ҳамеша дар сараш бозор бошад.

(Илм)

Ҳамдаме дорам, ки бе овоз суҳбат мекунад,

Бе даҳону бе забон нақлу ривоят мекунад.

Ҳушу гӯшу ақл афзун мекунад гуфтори ӯ,

Аз кадомин фан, ки хоҳӣ, ӯ ҳикоят мекунад.

(Китоб)

Мисли тарбуз лӯндаву аммо нарӯяд аз замин,

Бе замин аммо намешуд шакли вай тарбуз барин.

Гар ту ҳастӣ бохабар аз илму олам, чист он?

Бе ҳамон ҳаргиз надонӣ рӯйи олам инчунин.

(Глобус – кураи арз)

Як саволе аз ту дорам, эй ҷавони боҳунар,

Дар биёбоне бидидам як аҷоиб ҷонвар:

Мӯрпову морчашм, лаклакпару аждаршикам,

Филгардан, шерсина, уштурзону, аспсар.

(Малах)

Аз осмон афтад, намешиканад,

Аз дарахт афтад, мешиканад.

(Барф)

Худаш – якта, чашмаш – садта.

(Элак)

Ҳавзи сангин , оби рангин,

Мори печон, гули хандон.

(Чароғ)

Об дар об чӣ бошад?

Ҳавзи гулоб чӣ бошад?

Оташ расад ях кунад,

Ба ин ҷавоб чӣ бошад?

(Тухм )

Он чист, ки ҷилваҳо карду шукуфт,

Чун ханда задӣ, зи шарм рухро бинуҳуфт.

Бе он ки ба умри хештан дам бизанад,

Ҳар чиз, ки аз ту дид, филҳол бигуфт.

(Оина)

Дорад даҳону забон надорад,

Сад чӯб занӣ, фиғон надорад.

(Моҳӣ)

Он чист, ки панҷ хона дорад,

Дар нармии худ нишона дорад.

Ҳар хонаи ӯ пур аст аз барф

Чӣ турфа, ки барф дона дорад!

(Ғӯза)

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Чистон чист ва баромади таърихии онро баён карда метавонед?

2. Чистонҳои халқӣ чанд хеланд? Номбар кунед.

3. Дар чистонҳо кадом санъатҳои бадеӣ кор фармуда мешаванд?

4. Чистонҳоро ифоданок хонед ва чандтоашро интихобан аз ёд кунед.

5. Оё шумо ҳам чистон медонед? Гӯед.

ТЕСТҲО

1. Осори шифоҳӣ аз ҷониби кӣ эҷод мешавад?

А. аз ҷониби нависандагон ва шоирон

Б. аз ҷониби аҳли гуногуни ҷомеа

В. аз ҷониби камбағалону фақирон

3. Сабабҳои асосии ба амал омадани шӯриши Восеъ дар чист?

А. фавҷи малах ва нобуд гардидани ғалла

Б. хушксолӣ ва нарӯидани гандум

В. андози дусола ва қашшоқии омма

4. Рубоӣ аз дигар намуди шеърҳо чӣ фарқ дорад?

А. аз ҷиҳати мазмун

Б. аз ҷиҳати шакл ва миқдори байтҳо

В. аз ҷиҳати вазн ва миқдори сатрҳо

5. Чистон аз дигар шаклҳои шеърӣ чӣ фарқ дорад?

А. чистон мушоҳида аст

Б. дар чистон мазмун ниҳон ва печида аст

В. дар чистон санъати ташбеҳ бештар аст