Бинои дӯстӣ афрохтан, чӣ дар миёни одамони алоҳида ва чӣ дар байни халқи муайян, азми чандон мушкил нест. Вале онро торафт мустаҳкам карда, аз дасти як насл ба ихтиёри насли дигар гузоштан, зиёда аз ин, ба вай шукӯҳу шаҳомат бахшида, волову бегазанд нигоҳ доштан басо душвор аст. Зеро пойбарҷо ва дархури инсонҳо монанди чунин бино, ки аслан ба тақозои хиради сулҳпарвар арзи вуҷуд мекунад, аз ҳар кас эътибори мудом мехоҳад, масъулияти ҷиддӣ талаб менамояд. Ва ин гуна эътибор, ин навъ масъулият, бешак, дар натиҷаи тамоси ақлҳои шарифу пайванди ростини дилҳои бедор ба зуҳур меояд.
Дӯстӣ ҳаргиз як мафҳуми хаёлӣ нест, ки вақти зарурат ба забон оварда, дар дигар мавридҳо фаромӯш созем. Он сириште дорад зинда, ҷоне дорад огаҳ, қалбе дорад ҳассос...
Сиёҳ кадом асту сафед дар куҷост, зуд пай мебарад. Ва агар дар ҳаққаш самимӣ нестем, як рӯз не, як рӯз аз мо рӯй мегардонад. Яъне, бинои дӯстии ҳақиқӣ на дар мавҷи суханҳои саризабониву чапакзаниҳои бардавом, балки дар ростиву устувории масъулияти бузурги инсонӣ қарор дорад. Фикр мекунам, худи эҳсоси рафоқат ҳам аввал дар оинаи муносибати неки ашхоси алоҳида рух намуда, тадриҷан метавонад ба дӯстии хуби қавму қабилаҳои муайян табдил ёбад.
Мансур ҳамроҳи дӯсти масквагияш дар тараддуди бозгашт буд. Зодгоҳи ин ҷавони содадили чилсола, ки баъд аз хатми мактаби миёна дар Донишгоҳи техникии шаҳр хонда ва бо ризоияти падар ҳамон ҷо монда, оиладор шуда, ҳашт сол боз дар муассисае меъмор шуда кор мекард, ба дӯсташ ниҳоят хуш омад.
Онҳо қариб як ҳафта дар деҳаи на чандон калони обу ҳавояш тоза, пур аз дарахтони сарсабз, боғҳояш серҳосил ва меваҳояш шаҳдбор, ки дар қадди дарёчаи шӯхи кӯҳистон воқеъ буд, табъи дил истироҳат карда, ранги рӯяшон тозатару ҷисмашон гӯё солимтар гардида, акнун дар нияти бозгашт ба Маскав буданд.
– Ба мо иҷозат, додо, дигар фурсати истодан надорем, – шаби гузашта ба падари мӯйсафедаш фаҳмонда буд Мансур. – Андрей фардо ба Маскав мепарад, билет дорад. Ғайр аз ин, дар идора кори худам низ бисёр. Панҷрӯза рухсатии гирифтаам ба охир расид.
– Майлат, писарам, – бо оҳанги каме риққат гуфта буд дар ҷавоб падар. – Ин дафъа мӯлтар истодӣ, моро хеле хурсанд кардӣ. Ба аҳли оилаат салом расон. Тану ҷонат сиҳату сарат баланд бошад, корат ҳамеша ривоҷ ёбад, хотири мо ҷамъ!
– Ягон ҳафта пас боз меоям. Бо келину набераатон.
– Кошкӣ, мо ҳама ба дидоратон зор. Худат мебинӣ, ки ман пир шудаам, умрам кам мондааст. Мӯйсафед мардум офтоби лаби бом барин.
– Ин тавр нагӯед, падар.
– Ту хафа нашав, писарам. Кори дунё ҳамин омадану рафтан дорад. Ҳоло ки зиндаву саломат ҳастем, якдигарро зуд-зуд дида истодан баробари ҳазор тилло.
– Рост, додо.
– Рафиқат инсони нағз будааст: хоксор, хушфеълу меҳрубон. Ба вай фаҳмон, ки моро фаромӯш накунад. Фурсат ёфта боз биёяд, ин дафъа – бо зану фарзандаш.
– Соли дигар ҳатман меояд. Мо дар ин хусус аҳду паймон бастем, – гуфт Мансур ва ба дӯсташ Андрей, ки дар сари дастархони пурнозу неъмат аз паҳлуи мӯйсафед тавонам-натавонам чорзону зада, бо табассуми гарм ба суҳбати падару писар гӯш медод, оҳиста рӯй оварда, ба забони русӣ мулоим пурсид:
– Ҳамин тавр не?
– Дар бораи ман ҳарф мезанед?
– Албатта. Падарам мегӯянд, ки ба дӯстат фаҳмон: зану фарзандашро ҳам гирифта биёяд, моро аз хотир набарад; дар ин боғи салқини мани мӯйсафед ҳар қадаре хоҳед, истироҳат кунед, мева чинда хӯреду истироҳату фароғат карда, нафаси озод гиред.
– Ташаккур, ман акнун падари туро сидқан ба худ падар хондам. Насиб бошад, ҳоло ҳамдигарро боз мебинем, бисёр мебинем.
Ин сухани самимии дӯсташро, ки дар деҳа чанд калимаи тоҷикӣ ёд гирифта, аз таҳти дил хурсанд шуда, баъзе аз онҳоро хандаовар талаффуз мекард, Мансур ба падараш шарҳ дода, такроран гуфта буд:
– Андрей соли дигар ҳам меояд, додо, ҳатман меояд.
– Айни муддао, писарам. Деҳа ба вай форида бошад, рафту ягон камбудиямонро дида, аз мо наранҷида бошад, олам гулистон!
– Баръакс, беҳад хурсанд, ки ниҳоят ба расму оин, хулқу хӯ ва рӯзгордории мардуми кӯҳистон ошно шуд.
– Мо ҳам хурсанд. Лекин афсӯс, дуруст суҳбат карда натавонистем. Айби худам – забонашро намефаҳмам. Бо вуҷуди ин, аз шишту хезаш донистам, ки ҷавонмард аст, дилаш оина барин соф. Рӯйи камиро набинад, умраш дарозу ризқаш фаровон бошад.
Шаби гузашта дар сари дастархон ҳамин гуна гуфтугӯ доштанд онҳо. Мӯйсафед гоҳ ба писарашу меҳмони ӯ ва гоҳ ба кӯлбори тахту даҳанбаста, ки дар як кунҷи айвон каҷ шуда меистод, беихтиёр назар давонда, ботамкин сухан меронд.
Вай, умуман, одами вазнин, дурандеш ва хушгап буд. Тамоми умр деҳқонӣ карда, ҳафт фарзандашро беминнат хонондаву ба воя расонда, чор-панҷ соли охир дар сояи онҳо давлати пирӣ меронд.
Хуллас, шаби гузашта онҳо аз ҳар дар суҳбат ороста, хеле дер, аммо хушу хурсанд ба хоби роҳат рафтанд.
Имрӯз ду хоҳари калониву бародар ва додарони Мансур барои гусели ӯ ва дӯсти масквагияш, ки дар ин чанд рӯз бо дидадароӣ, покдилӣ ва гуфтори нарми худ ба ҳамаи онҳо писанд омада буд, дар ҳавлии мӯйсафед барвақт ҳозир шуданд.
Ва ҳоло саҳаргоҳ интизорӣ мекашанд, ки мошини ваъдагӣ кай меояд. Вале мошинро, аз вақти ваъдагӣ қариб ду соат сипарӣ шуда бошад ҳам, дарак набуд. Мансур асабӣ мешуд. Дӯсташ низ, ҳарчанд худро осуда вонамуд мекард, ботинан бетоқатӣ дошт. Мабодо ки аз ҳавопаймо дер монад!
Мансур инро мефаҳмид ва хиҷолат кашида, мегуфт:
– Шояд ба вай ягон ҳодиса рӯй дод?
Аммо дар лабони Андрей табассум мешукуфт. "Парво накун, дар ҳар сурат меравем. Мошини роҳгузар ҳаст, боз автобус будагист".
– Аз автобус ҳоло дер мондем. Барои мошини роҳгузар то маркази ноҳия пиёда рафтан лозим! Ҳеҷ қисса не, пиёда меравем. Бинем, ки ба ҳавопаймо расидан мушкил, фавран, ягон таксӣ мегирем. Маблағ ҳаст.
– Бале, – гуфт Андрей, – пиёда рафтан лозим меояд.
Андрей суханашро ба охир нарасонда, ҳамон писари калонии мӯйсафед ба рӯйи Мансур маънидор як назар афканду зуд аз ҷой хест.
– Рост мегӯяд, зудтар раҳакӣ шавед.
Ҳамин лаҳза аз кӯча садои мошин баромад ва пас аз фурсате дар пушти дарвоза мотораш хомӯш гардид. Лекин ба ҳавлӣ каси дигар ворид гардид. Собиқ ҳамсояи мӯйсафед Зафарбек даромада, аз ҳама ҳолпурсӣ кард.
Ӯ ҷавони тахмин биступанҷсола буда, қатори аксарият дар совхоз тамоку мепарварид, коргари пешқадам ҳисоб меёфт. Дастони боқувваташ – шахшӯл, худаш – фурӯтан ва бо қомати баланд ва чеҳраи кушод. Ӯ ба бобо рӯ оварда гуфт:
– Ба як кори муҳим наздатон омадам, бобо, – гуфт вай ба мӯйсафед.
– Хуш омадед!
Зафарбек мехост мақсади омаданашро баён намояд, вале чашмаш ба Андрей афтод, ки кӯлборашро бардошта омодаи рафтан шуд. Зафарбек ба Мансур рӯй овард:
– Меравед?
– Бале, – гуфт Мансур. – Ташвиши зиндагӣ, кору бор.
– Ба чӣ меравед?
– Пиёда. Аз маркази ноҳия ягон мошин мегирем.
– Пештар огоҳ накардед, ман зуд меомадам.
Мансур гуфт:
– Дигар кас моро дилпур карда буд. Ҳоло бинед, ки аз афти кор дер мондем.
– Шуморо ман мебарам, – гуфт Зафарбек ба забони русӣ.
Андрей дар китф кӯлбор, сари андак каммӯяш луч, ба чеҳраи дар офтоб қариб ҷигаррангшудаи ӯ сабук назар афканда, ба маънии “ихтиёр”абрувони пайвастаашро қадре боло кашид.
– Лекин, ба шарте ки шарм надоред. Мошини ман фасон не, “Запарожетс”.
– Медонам, – якбора хурсанд шуда, сухани ӯро аз даҳонаш гирифт Мансур. – Мо, шаҳриҳо, ба қавли шумо одамони мураккаб бошем ҳам, ба мошини фасон сахт одат накардаем.
– Боз беҳтар! Ана марҳамат, рафтем.
Зафарбек борҳои онҳоро дар бағоҷмонак гузошта, дари мошинашро, ки наппа-нав ва озода буд, бо эҳтиром ва бисёр хоксорона аз ду тараф кушод.
Мансур ва Андрей бо ҳама хайрухуш карда, ба нишастгоҳи қафо гузашта нишастанд.
– Ҳамон муҳиммат чӣ буд? – пурсид мӯйсафед, вақте ки Зафарбек мошинро ба кор андохта, даст ба чанбари фармон мебурд.
– Имсол чашм расидагӣ барин, ангури боғамон маза надорад, бобо, хок задаст.
– Мӯл об монда будӣ?
– Мӯл ҳам нею намедонам барои чӣ, хайр бегоҳ омада маслиҳат мекунем, ё пагоҳ, аввал инҳоро ба манзил расонам.
– Ҳазор раҳмат ба ту! Асло муҳтоҷӣ набинӣ, – дар ҳаяҷон гуфт мӯйсафед. Ва ба онҳо сафари бехатар хоста, дуои нек кард, сидқан даст ба рӯй кашид.
Мошин ба ҳаракат даромад. Ҳангоме ки деҳа дар қафо монд: "Моро то шаҳр бурдан шарт нест, – гуфт Мансур ба собиқ ҳамсояи падараш Зафарбек. – Аз ҳудуди ноҳия бароварда, то роҳи калон расонед, кифоя. Он тарафаш автобус бисёр, таксӣ ҳам.
– Хуб.
– Ҳаққатонро медиҳем.
– Чӣ хел ҳаққам?
– Ҳаққи хизмат! Дар чунин гармо...барои сарфи бензин, сарфи вақт.
– Дар ин хусус ҳатто даҳан кушодан ба ману шумо намезебад, – гуфт Зафарбек, ки чашм аз роҳ наканда, боэҳтиёт мошин меронд. Сипас, табассум намуда, илова намуд:
– Шумо дар синну сол аз ман калон бошед ҳам, ба ҳар ҳол дар кӯча тохта мегаштем, дар як деҳа ба воя расидем. Ғайр аз ин, агар инсон барои ҳар кори некаш пул ё чизи дигар талабад, одаму одамгарӣ куҷо мешавад?
– Бубахшед, ман аз саҳар каме асабӣ будам, фикр накарда гуфтам.
– Ҳеҷ гап не, вазъияти шуморо мефаҳмам, махсусан, ки аз ҷойи дур меҳмон доред.
Вай хомӯш монд.
Мошин баъзан такон хӯрда, чархҳояш дар роҳи шағалпӯши байни деҳа ва маркази ноҳия баланд садо бароварда, бо як маром пеш мерафт.
Мансур низ сукут варзида, дар бораи худ ва дигарон фикр мекард, ки рост, панҷ ангушт – баробар не. Мисли ин одамон ҳам ҳар хел мешаванд. Яке – ҳақгӯй, дигаре – ваъдабоз ва сеюмӣ – ҳасудхӯр.
Аммо вай мардуми дурӯғзанро бад мебинад. Ӯро аз ҳама бештар фиреб ба ғазаб меоварад, маҳз фиреб!
Гуноҳи худаш – зудбовар аст. Дониста надониста, ба касе бовар мекунаду баъд фиғонаш баромада, муддатҳо озурдахотир мегардад.
Мансур қадре ошуфта ба дӯсташ нигарист. Вай аз воқеаи ин саҳар рӯйдода малул шудааст ё не?
Вале Андрей чеҳрааш равшан, ба манзараҳои талу теппаҳои сӯхта, ба кӯҳҳои на чандон баланди дур аз онҳо қадафрохта лоқайд назар андохта, лабони каме ғафсаш моил ба табассум, орому осуда менишаст.
Мансур аз вазъи дӯсташ як андоза хурсанд шуд. Вай мекӯшид, ки он ваъдахилофро, ки аввал барояшон гӯё хизмат карда, аз шаҳр ба деҳа оварду дар ниҳояти кор фиреб дод, ё шояд ягон ташвиши дигар баромада, хабар расонида натавонист, фаромӯш созад. Бо вуҷуди ин дилаш хиҷил буд. Дар як меҳру ихлоси мардона ба хотир меовард, ки ҳар дафъа, вақте ки аз пайи иҷрои ин ё он супориши идора ба Маскав мерафт, Андрей ё ягон рафиқи вай, агар бохабар бошанд, чӣ тавр ӯро бо мошини худ пешвоз мегирифтанд.
– Кӣ шуморо бурданӣ буд? – оромиро халалдор карда, ба қафо тоб хӯрда, ногаҳон пурсид Зафарбек.
– Хаскаш, – ниҳоят иқрор шуд Мансур.
– Ана, – бо оҳанги тамасхур писханд зад Зафарбек. – Шумо ба ҳамон шахс бовар кардед? Ӯро мардум беҳуда “Чилдурӯғ” ном нагузоштаанд.
– Аз куҷо донам? Одам гуфтем, инсоф дорад гуфтем. Ба қавлаш устувор менамуд.
– Вай қавл надорад. Як чоплус аст. Дар деҳа ҳатто кӯдак кӣ будани ӯро медонад.
– Чӣ илоҷ, одамро шинохтан душвор.
– Лекин зарур!
– Рост. Фиреб хӯрдем. Агар ин гуна ваъдахилофияшро медонистем, саҳари мардон дар маркази ноҳия ба автобус савор шуда, ҳоло аз нисф зиёди роҳамонро тай мекардем.
– Фаҳмидам, ки дӯстатон ба Маскав чипта доштааст. Бо автобуси дуюм равед, дер мемонед. Дар ноҳияи мо, мутаассифона, таксӣ ҳам нест. Аз ягон ҷо одам биёрад, имкон ҳаст. Агар не, соатҳо лозим меояд, ки интизори мошин бошед. Вай ба шумо кай ваъда карда буд?
– Як ҳафта пеш, боз дирӯз. Як ҳафта пеш аз ин мо дар шаҳр тараддуди ба деҳа омадан доштем, ки суроғ карда ба ҷойи корам рафт. Ман дар нигоҳи аввал ӯро нашинохтам. Чунки дар бадали ҳафт-ҳашт сол надида будам. Ӯ худро шинос намуд. Чун фаҳмид, ки мо ба деҳа омаданӣ гуфт: "Мошини нозанин дорам, худам шуморо мебарам. Дар ин ҳавои гарм ба автобус савор шуда, меҳмонатонро азоб надиҳед. Хуллас, ки овард ва дар тӯли роҳ латифаҳои намакин гуфта табъи моро низ болида дошт. Баъд аз он ваъда кард, ки моро бозпас худаш ба шаҳр мебарад.
Зафарбек гуфт: – Пас аз ин қадар меҳрубонӣ шуморо тамоман фаромӯш кардааст.
Мансур гуфт:
– Эҳтимол, ягон кори муҳим баромада бошад ё воқеае рӯй дода бошад, ё мошинаш вайрон шуда бошад. Лекин огоҳ накард.
Зафарбек гуфт:
– Ҳеҷ воқеа ва кори муҳимме ба ӯ рӯй надодааст. Ҳангоме ки ба назди падаратон меомадам, ӯро дида будам. Бо мошинаш ба тарафи маркази ноҳия мешитофт.
– Наход? Охир, дина бегоҳӣ ҳамроҳи мо дар хона нишаста суҳбат дошт. Боз ваъда дода буд, ки пагоҳ омада моро мебарад.
– Надонам, - китф барҳам кашид Зафарбек ва ду - се дақиқа сукут варзида, чунонки ба қароре омада бошад, ногаҳон пурсид:
– Вай дар шаҳр аз шумо ягон илтимос карда буд?
– Дар шаҳр не, валекин дишаб ҳангоми суҳбат гуфт, ки имсол писари калонияш ба ягон мактаби олӣ дохил шуданӣ. Агар тавонам, ба ягон ёру ошноҳо гап зада, ба вай ёрӣ расонам.
– Шумо чӣ посух додед?
– Гуфтам, ки ин хел корҳо аз дастам намеоянд. Аз дастам оянд ҳам, ман дар ин боб ба касе илтимос намекунам. Писаратон, агар дар мактаб хуб хонда бошад, бе ҳеҷ восита худаш ба донишкадаи олӣ шомил мешавад. Умуман, фарзандонро ба чунин воситаҳо одат кунондан хуб нест.
Зафарбек аз фарҷоми ин муколама огаҳ гардида гуфт:
– Акнун сабаби ваъдахилофии ӯро фаҳмидам.
Мансур гуфт:
– Сабаб чӣ будааст?
– Сабаб он аст, ки шумо дохил намудани фарзанди ӯро ба мактаби олӣ ба гардан нагирифтед. Ҳол он ки вай дар шаҳр ва дар роҳ низ ба ҳамин мақсад ба шумо муроҷиат кардааст. Дидааст, ки “тираш бар ҳадар рафтааст”, аз шумо рӯй гардонидааст.
– Хайр, минбаъд эҳтиёт мешавем ва аз чунин ашхоси бемурувват ҳазар хоҳем кард.
Зафарбек гуфт:
– Лекин муҳиммаш, шумо аз ин ваъдахилофии вай асабӣ ва малол нашавед. Чунки чунин дурӯғ гуфтан ба ӯ расм ва одати муқаррарист.
Мансур гуфт:
– Воқеан, касбаш чист?
– Дар як ошхонаи шаҳраки маркази ноҳия пивофурӯш шуда кор мекунад. Маълум, ки пивофурӯшӣ касби чунин ҳаннотон аст. Ҳама дабдабаю карру фарраш аз болои ду-се дирами мардум.
– Фаҳмо, – гуфт андешамандона Мансур ва дигар ҳарфе назад.
Мошин ба ҳудуди шаҳрак наздик шуда, акнун дар роҳи мумфарш оромона ҳаракат мекард.
Андрей аз гуфтугӯйи онҳо каме ҳам бошад дарк намуд, ки сухан дар бораи ҳамон шахси ваъдахилоф меравад, вале хомӯшона менишаст. Аз тирезаҳои кушода бодаки нарм ворид гардида, мӯйсари хурмоӣ ва каме тунукашро парешон мекард. Ӯ ҳар замон даст ба сар мебурд ва онро ба тартиб медаровард.
Ҳангоме ки аз маркази ноҳия мегузаштанд, Зафарбек ба қади кӯча ишора карда банохост:
– Ана вай! – гуфт.
– Кӣ? – чизе нафаҳмида, ҳайрон ба берун назар карда пурсид Мансур.
– Хаскаши ваъдахилоф.
Дар ҳақиқат, Хаскаш дар канори майдончаи мумфарш, ки як бинои хурди чиптафурӯшӣ буд, дар назди “Волга”-и осмониранги худ боифтихор рост меистод. Дар гирдаш даҳ-дувоздаҳ марду зани мусофир истода буданд. Ғайр аз мошини ӯ дигар мошине ба назар наменамуд.
– Савдо мекунад, – гуфт бо заҳрханд Зафарбек.
– Чӣ хел савдо? – ҳайрон шуда пурсид Мансур.
– Кӣ бештар пул диҳад, ҳамонро то роҳи калон бурда мемонад.
– То роҳи калон чӣ қадар фосила аст?
– Тахминан 70 километр... – Вай ин корашро ҳар вақт намекунад. Мавридашро ёфта, дар ҷойи худ ағлаб писараш ё ягон хеши наздикашро монда, ана ҳамин тавр, гӯё тасодуфан кӯча мебарояд. Ба худатон маълум, ки ноҳияамон дар кӯҳистон, аз роҳи калон дур. Мардуми сафаракӣ бисёр...
Мошин босуръат ва ҳамвор мерафт. Дар ду тарафи роҳ талу теппаҳои пасту баланд, баъзан қитъа-қитъа заминҳои ғаллааш даравидаи урён, гоҳо подаи гову рамаи гӯсфандон паёпай қафо мемонданд.
Мансур акнун хомӯш менишаст... Тахминан пас аз ним соат Зафарбек бодиққат ба оинаи пеши мошин нигариста гуфт:
– Мана Хаскаш меояд.
Онҳо аз тиреза ба қафо нигариста, “Волга”-и осмониранги бошитоб наздикшударо диданд. Ҳамин дам “Волга” лангар хӯрда, бо суъати баланд аз паҳлуи онҳо гузашт.
– Ба чунин одамони қаллобу фиребгару дурӯғгӯй асосан кор гирифтан лозим нест, – гуфт Мансур.
– Баъзан кор доштан ва дахолат кардан лозим. Вагарна, Хаскаш барин одамони гургтабиат, ба илова рӯбаҳи маккор дунёро меолонанд, ба ҷамъият зарар меоваранд.
Ин суханони Зафарбек дар як эътирози омехта ба таассуфу дард гӯё аз қаъри дили ӯ берун омада, Мансурро даме ба андеша бурданд.
– Албатта, рост мегӯед, Хаскаш барин афроди зишт аз даҳ, ё аз сад нафар якта бошанд ҳам, дар ҷомеа бояд ҷазои хешро бигиранд, вагарна, хавфноканд...
Зафарбек баъд аз даҳ-дувоздаҳ дақиқа як хамгаштро гузашта, ба дуроҳае расиду мошинро ба дасти рост гардонд. Ӯ хурсанд буд; зери лаб сурудеро замзама мекард. Онҳо пас аз даҳ дақиқа ба роҳи калон баромаданд. Зафарбек баногоҳ:
– Ана, боз Хаскаш! – гуфт.
Дӯстон ба пеш нигариста, дар як тарафи роҳ, дуртар аз ошхонаи пастаки назарногир, дар байни ду-се мошини ҳархелаву қариб бист нафар одам “Волга”-и Хаскашро диданд.
– Истем? – чашмак зад Зафарбек.
Мансур ба дӯсташ нигарист.
– Бо вай пурсупос карда гузарем. Агар не, айб мешавад. Ва онҳо дар канори роҳ истоданд.
Хаскаш онҳоро дида бошад ҳам, худро ба нодонӣ зада, андак рӯй гардонда, аз байни одамон ба як марди мӯйлабдори ғафс гуфтугӯяшро бепарво давом дод.
– Акаи Хаскаш! – нидо кард Мансур.
Ӯ гӯё нашунид.
– Ҳой, акаи Хаскаш! – ин дафъа бо овози баланд садо кард Мансур.
Ниҳоят, вай баргашта, аввал ҳайрон-ҳайрон ба онҳо нигарист ва пас, вақте ки Мансур ба дасташ имои “ин ҷо биёед” кард, зуд омад.
Омадан замон:
– Эъ, ассалому алайкум! Шумоён то ҳол нарафтед? – гӯён дар ҳолате ки нигоҳи чашмони беқарорашро мегурезонд, аз тиреза сар халонд.
– Ана меравем, – дастонашро ба ҳам совида, маънидор ба Зафарбек ишора намуд Мансур.
– Ман дар назди шумо дурӯғчӣ шудам, – гуфт Хаскаш. – Шаб, зор монад, чархи мошин кафид. То дуруст кардам, ки дер шуд.
– О шаб дар хонаи мо будед-ку?
– Рост, ҳақ, лекин баъд як корафтодаро ба Деҳи Боло бурдам. Кадом хешаш фавтида будааст. Шумо аз ман наранҷед. Ман гуноҳ надорам, гуноҳи ана ҳамон чорчарха.
Мансур гуфт:
– Барои чӣ моро дар роҳ дида, аз паҳлумон шитобон гузаштеду ҳатто назар наафкандед?
– Надидаам. Ба ягон хаёл рафтагистам. Одати мани гаранг ҳамин.
Хаскаш зуд суханро ба дигар самт бурда, ба Андрей гуфт:
– Туҳфа маъқул шуд?
– Бале, – гуфт Андрей ва аз чӣ бошад, ки зуд сурх шуду нишастгоҳи холии пешро тела дода:
– Дарро кушо, ман мебароям, – гуфт ба Мансур.
Онҳо аз мошин фаромаданд.
Андрей бағоҷмонакро чаққон кушода, аз кӯлбори худ туҳфаи додаи Хаскашро берун овард ва ба сӯйи ӯ дароз карда гуфт:
– Марҳамат карда гиред, туҳфаи нағз, олиҷаноб, ба худатон насиб кунад.
Хаскаш ҳайрон шуда гуфт:
– Охир, барои чӣ? Туҳфа...
– Гиред гуфтам ба Шумо! Аз ҳисоби ин гуна кирокашиҳо ба ман туҳфа лозим не. Боз махсусан, агар аз шумо хотира бошад!
Хаскаш бо дастони ларзон туҳфаро гирифт.
Дӯстон аз нав ба мошин нишастанд. Хаскаш дар мобайни роҳ танҳо ва ҳайрон монд.
Баъд аз чанд дақиқаи оромӣ Андрей ба Зафарбек нигариста, бо тамкин гуфт:
– Ман, додар, аз деҳаи шумо бо таассуроти нек меравам. Орзу доштам, ки ба падари ана ин дӯсти азизам шинос шавам. Ниҳоят, ба орзуям расидам. Инсони бузург будааст падари дӯсти ман! Ғайр аз ин, боз хеле одамони хубро дидам. Беҳад хурсандам, ки бо шумо ҳам вохӯрдам. Ман ҳоло бисёр мехоҳам бароятон аз худ хотирае гузорам. Лекин, узр ки ҳамроҳам бисоти арзанда надорам.
– Ба ман ҳеҷ чиз лозим не, – гуфт Зафарбек, қадре дасту похӯрда.
– Лозим буд! Хайр, боз ҳамдигарро мебинем. Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад. Касби ману ин ҳамдеҳаи шумо як – меъморем мо. Рӯзе агар хона сохтанӣ шавед, агар розӣ бошед, тарҳи онро ман худам мекашам. Фақат мактубе навишта, дар ин бора хабар расонед, кофист.
– Менависам, ҳатман менависам.
– Ташаккур ба шумо, барои хизмати беминнат, барои нияти покизаву чеҳраи кушода.
– Ҳамин ҳам хизмат шуд? – ба ҳаяҷон омада, аз самими қалб гуфт Зафарбек. Ва фурсате ба сукут рафта, гӯё худ аз худ пурсид:
– Бахт чист?
– Инро ҳар кас ҳар хел мефаҳмад, – гуфт Мансур.
– Ба андешаи ман, бахти аз ҳама бузург, ба инсон хурсандӣ бахшида, дар дили ӯ тухми накукорӣ, тухми муҳаббат киштан аст, – гуфт оҳиста ҷавони биступанҷсола Зафарбек ва суръати мошинро бардошт. Роҳ ба сӯйи шаҳр тӯл мекашид.
АСАРҲОИ ДРАМАВӢ
Он асарҳои саҳнавие, ки воқеа ва ҳодисаҳои муҳимми ҳаётро дар бар гирифта, амалиёти қаҳрамононро барои ба мақсад расидан таҷассум менамоянд, драма меноманд. Драма калимаи юнонӣ буда, маънояш "ҳаракат, амалиёт" мебошад.
Асосгузорони театр ва нахустин офарандагони асарҳои драмавӣ: Эсхил, Сафокл, Аристофан, Еврипид (Юнон), Шекспир (Англия), Молйер (Фаронса), Шиллер (Олмон) будаанд.
Муҳимтарин хусусияти асарҳои драмавӣ аз он иборат аст, ки воқеа ва ҳодисаҳои ҳалталаби зиндагиро дар саҳна ҳунармандон иҷро менамоянд. Асарҳои драмавӣ дар мавзуъҳои гуногун навишта мешаванд. Нависандаеро, ки асари драмавӣ менависад, драматург меноманд.
Драматургон дар бораи ҳаёту фаъолият ва қаҳрамонию ҷонфидоии шахсони бузурги давраҳои муайяни таърихӣ, ба мисли устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Ҳаким Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва дигарон асари драмавӣ навиштаанд.
Асари драмавӣ аз дигар намудҳои адабӣ фарқ дорад. Хусусияти фарқкунандаи асарҳои драмавӣ дар он аст, ки барои дар саҳна намоиш додан навишта мешаванд. Санъатшиноси машҳури рус К. Станиславский барҳақ гуфтааст: «Танҳо дар пешайвони театр асари саҳнавиро дидаву бо тамоми ҳастиву моҳияташ фаҳмидан мумкин аст. Агар ин тавр намебуд, тамошобин ба театр намерафт ва дар хона нишаста намоишномаро мустақилона мутолиа мекард».
Хусусияти дигари асарҳои драмавӣ дар он аст, ки ба воситаи тазодҳо, ихтилофҳо ва ақидаҳое, ки дар рафтору лаҳни гуфтор, ҳаракату амалҳо, ишораҳо ва тағйиротҳои зоҳирии ҳунармандон ба амал меоянд, бинандаро ба моҳияти асар шинос менамоянд. Бинобар ин, аз тамошобин бодиққатӣ ва мулоҳизакориро талаб менамояд. Он амалиёте, ки дар саҳна воқеъ мешаванд, танҳо барои намоиш набуда, дар ҳаёт низ рӯй хоҳанд дод. Хосият ва моҳияти асари драмавӣ низ ошкор ва ифшо намудани ҳаёти воқеӣ, ҳақиқати зиндагии ҳар як давр бо тамоми бурду бохтҳояш мебошад.