Ғарибӣ кӯйи сахт аст, эй бародар,
Ғарибонро наку дору маёзор.
Саҳар хестам, дари хона кушодам,
Бидидам: як ҷавоне хуфта бемор.
Сарашро бар сари зону ниҳодам,
Зи пешониш бӯсидам падарвор.
Бигуфтам: эй ҷавон, асл аз куҷоӣ?
Бигуфто: асли ман аз шаҳри Булғор.
Агар афтад гузорат сӯйи Булғор,
Магӯ аз мурданам зинҳор, зинҳор!...
Бигуфтам: "Эй ҷавон, орзу чӣ дорӣ?"
Бигуфто: "Як-ду себе баҳри ман ор".
Сабук ҷастам, давидам сӯйи бозор,
Гирифтам чанд себ аз баҳри он ёр.
Ба дил гуфтам: ҷавонро зинда ёбам?
Нидо омад: ҷавон мурдаст, пиндор!...
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Дар бораи таронаҳои «Ғарибӣ» ва «Ғарибнома» маълумот
диҳед.
2. Сабабҳои ба вуҷуд омадани ин навъи шеър дар чист?
3. Таронаи «Ғарибӣ»-ро бурро хонед ва мазмунашро нақл кунед.
4. Шеърро аз ёд кунед.