Манучеҳрии Домғонӣ

Манучеҳрии Домғонӣ яке аз шоирони намоёни охири асри Х ва нимаи аввали асри Х1 даризабонон аст. Номи аслии шоир Аҳмад бинни Қавс буда, тахаллуси шоирияш Манучеҳрӣ мебошад. Манучеҳрӣ дар Балх таваллуд ёфтааст. Соли таваллуд ва даврони кӯдакиву навҷавонии Манучеҳрӣ маълум нест. Вале аз баъзе ишораҳои шоир маълум мегардад, ки дар айёми хурдӣ ӯ илмҳои забону адабиёт, тиб ва фиқҳро аз бар карда будааст. Манучеҳрӣ, баъди ба арсаи илму адаб қадам ниҳодан ва дар шеъру шоирӣ шуҳрат ёфтан, ба дарбори Фалакулмаолӣ Манучеҳр бинни Қобус, султони вилояти Гургон, даъват карда мешавад. Пас аз забти ин вилоят аз тарафи Масъуди Ғазнавӣ шоир ба дарбори Масъуд даъват карда мешавад ва ба шаҳри Ғазна меояд.

Манучеҳрӣ то охири умр дар Ғазна зиста, соли 1040 аз дунё чашм мепӯшад.

Аз Манучеҳрӣ то ба замони мо девони ашъор расидааст. Дар девони шоир бисёр порчаҳои шеърие вомехӯранд, ки дар онҳо манзараҳои зебои табиат, ҳолатҳои гуногуни руҳӣ нозукона ба тасвир кашида шудаанд. Бисёр шоирони баъдина ба ашъори ӯ пайравӣ кардаанд.

Баъзе порчаҳои шеърии ӯ чун намуна оварда мешавад.

Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,

Омаданаш фарруху фархунда бод!

Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,

Мурд зимистону баҳорон бизод.

З-абри сияҳ рӯйи суманбӯй род,

Гетие1 гардида чу дорулқарор.

Рӯйи гули сурх биёростанд,

Зулфаки шамшод биперостанд,

Кабкон бари кӯҳ ба тан хостанд,

1 Гетӣ – дунё, олам.

Булбулакон Зеру Сито хостанд,

Фохтагон1 ҳамбари миностанд

Нойзанон бар сари шохи чинор.

Қумриякон ной биёмӯхтанд,

Сулсулакон мушки тибит сӯхтанд.

Зардгулон шамъ барафрӯхтанд,

Сурхгулон ёқут андӯхтанд,

Сарвбунон ҷомаи нав дӯхтанд

З-ин сӯву з-он сӯ ба лаби ҷуйбор.

Тӯтиякон бар гулакон тохтанд,

Оҳуякон гӯш барафрохтанд,

Гӯрхарон майманаҳо сохтанд,

Зоғони гулзор бипардохтанд,

Бедилакон дар пайи ӯ тохтанд,

Чун туркони Чигилу Қандаҳор.

Боз ҷаҳон гашт чу урдубиҳишт,

Хед2 дамид аз ду баногӯши мишт,

Абр – бар оби мижа дар рӯйи дашт,

Гул ба мулу мул ба гул андар сиришт,

Боди саҳаргоҳии урдубиҳишт,

Кард гулу гавҳар бар мо нисор.

Мурғ набинӣ, ки чӣ хонад ҳаме.

Меғ3 надонӣ, ки чӣ ронад ҳаме.

Дашт набинӣ, ба чӣ монад ҳаме?

Дӯст набинӣ, чӣ ситонад ҳаме,

Боғ бутонро бинишонад ҳаме.

Бар саману настарину лолазор.

Ман биравам низ баҳоре кунам,

Бар рухаш аз мадҳ нигоре кунам,

1 Фохта – номи паранда.

2 Хед – киштзор.

3 Меғ – абр.

Бар танаш аз шеър шиоре кунам,

В - ин ҳамаро зуд нисоре кунам,

Пеши амирулумаро рӯзи бор.

Ҳангоми баҳор асту ҷаҳон чун бути Фархор,

Хез, эй бути Фархор, биёр, он гули бехор.

Он қатраи борон бин аз абр чакида,

Гашта сари ҳар барг аз он қатра гуҳарбор.

Овехта чун решаи дасторчаи сабз,

Симингиреҳе бар сари ҳар решаи дастор.

В – он қатраи борон, ки барафтад ба гули сурх,

Чун ашки арӯсест баруфтода ба рухсор.

В – он қатраи борон, ки баруфтад ба гули зард

Гӯйӣ, ки чакидаст гули зард ба дидор.

В – он қатраи борон, ки баруфтад ба саманбарг,

Чун нуқта сафедоб бувад аз бари тумор.

Наврӯз рӯзгор муҷаддад1 кунад ҳаме,

В – аз боғи хеш боғи Ирам рад кунад ҳаме.

Наргис миёни боғ, ту гӯйӣ, дирамзанест,

Авроқи2 ушрҳо муҷаллад3 кунад ҳаме.

В – он баргҳои бед, ту гӯйӣ, касе ба қасд,

Пайконаҳои паҳн забарҷад кунад ҳаме.

Лола дил аз фатилаи анбар кунад ҳаме,

Хайрӣ рух аз саҳифаи асҷад кунад ҳаме.

Бӯстонбоно, имрӯз ба бӯстон будаӣ,

Зери он гулбун чун сабзаморӣ шудаӣ.

Остин барзадаӣ, даст ба гул барзадаӣ,

Ғунчае чанд аз ӯ тозаву тар барчидаӣ,

Дастаҳо баста ба шодӣ бари мо омадаӣ,

То нишон орӣ моро зи дилафрӯз баҳор.

1 Муҷаддад – нав, тоза.

2 Авроқ – ҷ. варақ.

3 Муҷаллад – ҷ. ҷилд.

Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад,

Бонгу овои дарои корвон омад.

Корвони Меҳргон1 аз Хазарон омад,

Ё зи ақсои2 билоди3 чиниён омад.

На аз ин омад, биллаҳ, на аз он омад,

Ки зи фирдавси барину з-осмон омад.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Шоир омадани Наврӯзро чӣ гуна васф менамояд?

2. Дар оғози фасли баҳор табиат чӣ гуна тағйир меёбад?

3. Дар банди якуми шеър ба чӣ машғул шудани кабку булбулу фохта ба тасвир гирифта шудаст. Дар бандҳои дувуму савум чӣ?

4. Ин парандагон ба табиат чӣ вобастагие доранд?

5. Ҳар як банди шеърро аз ёд намуда, дар ҷашни Наврӯзи дилафрӯз аз рӯйи сенария баромад кунед.

6. Шоир ба боғбон чӣ саволҳо медиҳад?

7. Шумо табиатро дӯст медоред. Дар васфи табиати зебою дилфиреби Тоҷикистон чӣ андеша доред?

1 Меҳргон – номи иди қадимии мардумони эронинажод буда, дар фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад.

2 Ақсо – гӯшаву канор.

3 Билод – кишвар.