Андар пеша ҷустан дар сухандонӣ

Эй писар, бояд ки мардум сухандону сухангӯй бувад ва аз бадон сухан нигоҳ дорад. Аммо ту, эй писар, сухан рост гӯй ва дурӯғгӯй мабош ва хештан ба рост гуфтан маъруф кун, то агар ба зарурат дурӯғе аз ту бишнаванд, бипазиранд. Ва ҳарчӣ гӯйӣ, рост гӯй. Валекин рости ба дурӯғ монанда магӯй, ки дурӯғи ба рост монанда беҳ, ки рости ба дурӯғ монанда, ки он дурӯғ мақбул бувад ва он рост – номақбул.

1 Биситезад – ҷанг кунад, ситеза кунад.

2 Ғарра – мағрур.

3 Ҳилм – нармӣ.

Аммо бидон, ки сухан аз чаҳор навъ аст: яке – надонистаниву нагуфтанӣ ва яке – ҳам донистаниву ҳам гуфтанӣ ва – яке гуфтанисту надонистанӣ ва яке донистанисту ногуфтанӣ...

... Ва он ки ҳам донистаниву ҳам гуфтанист, сухане бувад, ки ба ҳар ду ҷаҳон ба кор ояд, аз гуфтану шунидани он гӯянда ва шунавандаро нафъ бувад. Ва он ки донистаниву ногуфтанӣ чунон бувад, ки айби муҳташаме ё айби дӯсте туро маълум шавад, то аз тариқи ақл ё аз кори ҷаҳон туро тахайюле бандад, ки он на шаръ бувад. Чун бигӯйӣ, ё хашми он муҳташам туро ҳосил ояд, ё озори он дӯст, ё бими шӯридани ғавғову омма бувад бар ту, пас он сухан донистанӣ буваду ногуфтанӣ. Аммо аз ин чаҳор навъ, ки гуфтам, беҳтарин он аст, ки ҳам донистанисту ҳам гуфтанӣ. Аммо ин чаҳор навъ сухан ҳар якеро ду рӯ аст: яке неку ва яке зишт.

Сухан, ки бар мардумон намоӣ, накутарин намой, то мақбул бувад. Мардумон дараҷаи ту бишиносанд, ки бузургону хирадмандонро ба сухан бидонанд, на суханро ба мардум, ки мардум ниҳон аст зери сухани хеш. Чунонки ба тозӣ1 гӯянд: "яъне мард дар зери забонаш нуҳуфта аст". Ва сухан бувад, ки бигӯянд ба иборате, ки аз шунидани он рӯҳ тоза шавад ва ҳамон сухан ба иборате дигар битавон гуфт, ки руҳ тира гардад...

Шунидам, ки Ҳорунаррашид хобе дид бар он ҷумла, ки пиндоштӣ, ки ҷумлаи дандонҳои ӯ аз даҳон берун афтодӣ ба як бор. Ба имдод муаббиреро2 бихонд ва пурсид, таъбири ин хоб чист?

Муаббир гуфт:

– Зиндагонии амирулмуъминин дароз бод! Ҳама ақрабои ту пеш аз ту бимиранд, чунонки кас аз ту намонад.

Ҳорунуррашид гуфт:

1 Тозӣ – арабӣ.

2 Муаббир – хобгузор, таъбиркунандаи хоб.

– Ин муаббирро сад чӯб бизанед, ки вай инчунин сухани дарднок чаро гуфт дар рӯйи ман?! Чун ҷумла қароботи (хешу табори) ман пеш аз ман бимиранд, пас он гоҳ ман кӣ бошам?

Хобгузори дигарро фармуд овардан ва ин хобро бо вай гуфт.

Хобгузор гуфт:

– Бад-ин хоб, ки амирулмуъминин дидааст, далел кунад, ки амирулмуъминин дароззиндагонитар аз ҳама ақрабо бошад.

Ҳорунуррашид гуфт:

– яъне далели хирад якест. Таъбир аз он берун нашуд. Аммо аз иборат то иборат бисёр фарқ аст. Ин мардро сад динор фармуд.

Ва ба донистани розе, ки тааллуқ ба неку бади ту надорад, рағбат манамо ва ҷуз бо худ бо кас рози хеш магӯй. Агар бигӯйӣ, он суханро аз он пас роз махон. Ва пеши мардумон бо кас роз магӯй...

Ҳар сухан, ки бигӯянд, бишунав, лекин ба кор бастан машитоб... Ва сардсухан мабош, ки сухани сард чун тухмест, ки аз вай душманӣ рӯяд... Ва ҳарчанд поку порсо бошӣ, хештанситой мабош... Ва бикӯш то сутудаи (лоиқи таърифи) мардумон бошӣ, на – сутудаи хеш.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Соҳибҳунар будан чӣ хубиҳо дорад?

2. Чаро сухандонӣ, суханфаҳмӣ ва сухансанҷӣ аз тамоми ҳунарҳо бештар афзалият доранд?

3. Ҳикоят дар бораи Фатҳро бурро хонед ва мазмунашро бо забони сода баён кунед.

4. Унсурулмаолии Кайковус суханро аз чаҳор навъ иборат донистааст. Навъҳои суханро номбар кунед ва фарқи онҳоро баён намоед.

5. Ҳикояти Ҳорунаррашидро хонда мазмунашро гуфта диҳед.