Хуш набошад

Гул бе рухи ёр хуш набошад,

Бе бода баҳор хуш набошад.

Тарфи5 чаману тавофи6 бӯстон

Бе лолаузор хуш набошад.

Рақсидани сарву ҳолати гул

1 Эҳзон – ҳузн, ғам, андӯҳ.

2 Сомон – тартиб, саранҷомӣ.

3 Сирри ғайб – ҳар чизи нопайдо ва пинҳон, сирри илоҳӣ.

4 Баид – дур, нопадид.

5 Тарф – гӯшаю канор.

6 Тавоф – гардидан гирди чизе.

Бе савти ҳазор хуш набошад...

Ҳар нақш, ки дасти ақл бандад,

Ҷуз нақши нигор1 хуш набошад.

Ҷон нақди муҳаққар2 аст, Ҳофиз,

Аз баҳри нисор хуш набошад.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Ғазалро бурро қироат кунед.

2. Шеърро аз ёд кунед.