Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй, Дар синаҳои мардуми ориф мазори мо.
(Ҳофиз)
Агар Абулқосим Фирдавсӣ бо шоҳасари безаволи худ «Шоҳнома» умри ҷовидона ёфта бошад, Ҳофизи Шерозиро ғазалҳои дилошӯб, ҷаззоб ва шӯрангезаш шуҳраи офоқ гардонидаанд.
Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ соли 1321 дар шаҳри Шероз таваллуд ёфта, дар ҳамин ҷо соҳиби илму дониш гаштааст.
Ба қавли худаш, Хоҷа Ҳофиз чил сол ба таҳсили илм маш ғул шудааст. Таҳсили дурудароз шояд аз он сабаб бошад, ки падараш ҳангоми тифл будани ӯ аз олам гузаштааст ва ӯ имконият пайдо накард, ки таҳсилро мунтазам давом диҳад.
Номи Ҳофиз ҳамчун эҷодгари ғазалҳои дилошӯб ҳанӯз дар замони зиндагии шоир машҳур гардида буд. Ғазалҳои Ҳофиз ба зудӣ вирди забони мардум мегаштанд ва дар базму шабнишиниҳо сароида мешуданд.
Зи шеъри Ҳофизи Шероз мехонанду мерақсанд,
Сиёҳчашмони кашмирию туркони самарқандӣ.
Ё ин ки:
Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,
3-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.
ё
Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.
Ҳофиз ба ҳеҷ ҷой сафар накард. То охири умр дар Шероз монд ва соли 1389 дар Шероз чашм аз олам пӯшид.
Мавзуъҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ гуногун аст: тараннуми ишқу муҳаббат, дӯстиву рафоқат, ростқавлию поктинатӣ, манзараҳои табиати дилангез, ғанимат донистани умр ва амсоли инҳо.
Киштинишастагонем
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро,
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро,
Киштинишастагонем, эй боди шурта1, бархез.
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.
Даҳрӯза меҳри гардун2 афсона асту афсун3,
Некӣ ба ҷои ёрон фурсат шумор, ёро...
Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат,
Рӯзе тафаққуде4 кун дарвеши бенаворо.
Осоиши ду гетӣ тафсири5 ин ду ҳарф аст:
Бо дӯстон – мурувват, бо душманон – мудоро.
Ҳангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастӣ,
К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун6 кунад гадоро...
Хубони порсигӯ бахшандагони умранд,
Соқӣ, бидеҳ башорат риндони порсоро.
Ҳофиз ба худ напӯшид ин хирқаи7 майолуд,
Эй шайхи покдоман, маъзур дор моро.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Тарҷумаи ҳоли Ҳофизи Шерозиро нақл кунед.
2. Ғазалро бурро ва ифоданок хонед.
3. Шарҳи калимаҳои номафҳумро аз зерлуғат пайдо кунед.
4. Барои чӣ шоир ба боди шурта муроҷиат мекунад?
5. Миёни ифодаҳои «хирқаи майолуд» ва «шайхи покдоман»
чӣ нисбатест? Бо ёрии муаллим шарҳ диҳед.
6. Ғазалро аз ёд кунед.
1 Боди шурта – боди мурод, боди мувофиқ.
2 Гардун – фалак.
3 Афсун – чашмбандӣ, фиреб.
4 Тафаққуд – меҳрубонӣ, пазироӣ, навозиш кардан.
5 Тафсир – маънидод, шарҳ.
6 Қорун – шахси афсонавӣ, ки хеле давлатманд будааст.
7 Хирқа – либоси дарвешон; либоси куҳна.