Муъмин Қаноат

Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Қалъаи Хум таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1951 ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад.

Шавқу ҳаваси эҷоди шеър хеле бармаҳал дар дили Муъминшоҳ пайдо шуда буд.

Муъмин Қаноат шеъру достонҳои бисёре навиштааст. Машҳуртарин достонҳои шоир «Сурӯши Сталинград», «Тоҷикистон – исми ман», «Мавҷҳои Днепр» ва «Гаҳвораи Сино» мебошанд.

Шоир барои эҷод кардани ин достонҳо бо Мукофоти давлатии СССР ва Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ қадр карда шудааст.

«Мавҷҳои Днепр» аз зумраи достонҳои басо пурмаънии Муъмин Қаноат ба шумор мераванд.

Достон бо эҳсосоти волои ватандӯстӣ ва садоқати бародарӣ эҷод гардида дар ҳар мавҷи он як "лаҳза" ё боби он воқеа ва ҳастии зиндагии рангини одамӣ акс ёфтааст.

Мавҷҳои Днепр

МАВҶ ДАР САҲРО

Мавҷро оё ба саҳро дидаӣ?

Шарфаи онро магар бишнидаӣ?

Дидаӣ уқёнуси беобро,

Мавҷҳои хушки нилитобро1?...

Ман чунин баҳри аҷибро дидаам,

Дар сари ҳар мавҷ дил варзидаам.

Буд ин баҳри кабуди беканор,

Дар канори Украини номдор.

Мавҷи қулзум2, мавҷи гандум буд он,

Ризқи мардум, нони мардум буд он.

Мешиносам, мешиносам бӯйи он,

Бӯйи ширин, бӯйи дерин – бӯйи нон.

Ман зи хурдӣ баҳра аз он бурдаам,

Дар Бадахшон аз ҳамин нон хӯрдаам.

Ҳаст дар ёдам, ки ногаҳ ҷанг шуд,

Роҳи ин мавҷи саховат банд шуд.

Нон баробар шуд ба ҷони одамӣ,

Рафт лаззат аз даҳони одамӣ...

Ҳис мекардем дар он солҳо:

Аз тани мо буд узви мо ҷудо.

Баъд мавҷи лашкари бебоки мо

Рӯфт садди3 хасмро аз хоки мо.

Мавҷи ин дарё зи нав озод шуд,

Боз мардум сер, мулк обод шуд.

Донаи хайри ҳамин саҳрои пок

Сабз шуд андар биёбони қазоқ...

Ман ба ҳар мавҷи маҳини ин замин

Боз дидам мавҷҳои Украин...

Украина! Мавҷи ту, эҳсони4 ту,

Ҳосили сарпанҷаи деҳқони ту.

То Душанбею Қазоқистон расид,

Нони гандум, қуввату дармон расид.

Ҷунбиши дарёст рафтори шумо,

Мавҷҳою мавҷҳою мавҷҳо!

1 Нилитоб – кабуд, осмониранг

2 Қулзум – баҳр.

3 Садд – монеа.

4 Эҳсон – некуӣ, лутфу марҳамат.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Шеърро бурро хонда, мазмунашро нақл кунед.

2. Сабаби банд шудани роҳи мавҷи саховат чӣ будааст?

3. Ба муҷиби чӣ боз «мавҷи ин дарё озод шуд» ?

4. Меҳри шоир нисбати халқи Украина дар кадом мисраъҳо ифода ёфтааст?

5. Фикр кунед, таҳти калимаи «мавҷ» чӣ дар назар дошта шудааст?