Восифӣ дар бораи паҳлавон Муҳаммад Абусаид мегӯяд: «Бо вуҷуди ин ки дар гӯштингирӣ касе аз паҳлавонони он замон зонуи ӯро хам карда наметавонист, дар ҷамеи илмҳо ва камолот, ки дар он замон ҷорӣ буд, тахассуси тамом дошт».
Мир Алишер дар маҷлиси чоруми «Маҷолис-ун-нафоис» ном тазкираи худ паҳлавонро бад-ин тариқа тавсиф намудааст: «Паҳлавон Муҳаммад Абусаид ба бисёр фазилатҳо ороста аст. Бо вуҷуди ин ки гӯштингирӣ ҳақ ва милки хосси ӯст ва дар ин пеша касе то ҳол монанди ӯ пайдо нашудааст, нисбат ба дигар камолоти ӯ ба пасттарин дараҷа меистад. Ӯ дар мусиқӣ ва илми адвор (нотаи он замон) беназири даврон аст ва дигар камолоти ӯ ҳам аз офтоб равшантар аст, ки ҳоҷат ба баён нест».
Восифӣ аз Хоҷа Маҳмуди Тойбодӣ нақл карда мегӯяд: «Паҳлавон Муҳаммад Абусаидро хоҳарзодае буд, ки Дарвешмуҳаммад ном дошт. Ӯ дар ҳафтсолагӣ толибилми хуб шуда буд. Устоди ӯ Шайх Ҳусайн мегуфт, ки: «Дарвешмуҳаммад бо ҳар касе, ки ба мунозира1 дарояд, моро ба роҳи он кас раҳм меояд. Зеро ки Дарвешмуҳаммад то он касро ба замин нашинонад ва мулзам2 накунад, даст аз вай бознадорад».
1 Мунозира – баҳс ва гуфтугӯ доир ба кашфи ҳақиқати ягон масъала.
2 Мулзам – мағлубшуда дар мубоҳиса.
Аммо чунон ки мегӯянд, «дар ҳар чиз як офат бошад, дар илм офатҳост». Дарвешмуҳаммадро офат расид: дар Ҳирот овозае пайдо шуд, ки Паҳлавони Рустоӣ ном паҳлавонест, ки аз подшоҳон маншури1 закӣ гирифта даъво карда, ки «ба Хуросон меравам, паҳлавон мири такянишин2 (Муҳаммад Абусаид)-ро ҳалқа ба гӯш мекунам».
Ба шунидани ин хабар паҳлавон Муҳаммад Абусаид хоҳарзодаи худ Дарвешмуҳаммадро аз таҳсили илм боз дошта ба варзиши гӯштингирӣ даровард.
Ӯ даҳ нафар ҷавонони навхезро фармуд, ки ҳар рӯз бо Дарвешмуҳаммад ягон-ягон талош мекарданд. Ва ӯ ҳар кадоми онҳоро дар гӯштин меғалтонд.
Паҳлавон Абусаид баъд аз он ҳар бор ду касро ба муқобили Дарвешмуҳаммад монд, вақте ки ӯ иқтидори ба ду кас ғалаба карданро пайдо кард, се касро ва баъд аз он чор касро фармуд ва онҳо бо Дарвешмуҳаммад гӯштин мегирифтанд ва ӯ ҳар чаҳори онҳоро ҳам болои ҳам ба хок мехобонид ва забун3 мекард.
Баъд аз он паҳлавон фармуд, ки қанореро4 пур аз реги намнок карданд, ки ба санги Хуросон сад ман (тахминан 12 пуд) меомад. Дарвеш якто дасти худро дар зери қанор медаровард ва бо дасти дигараш аз гулугоҳ гирифта аз замин бардошта аз болои сари худ гузаронида ба қафо мепартофт. Кам-кам вазни реги ин қанорро ба дусад ман бароварданд. Баъд аз он паҳлавон фармуд, ки ҷуволеро пур аз рег карда ба равзанаи5 хона овехтанд ва ҷавонон банди вайро нигоҳ дошта меистоданд. Вақте ки Дарвешмуҳаммад дар зери ҷувол дар баробари равзана омада меистод, ҷавонон аз нигоҳдории он ҷувол даст бозмедоштанд. Ҷувол бо зарбаи пуршиддат ба китфи ӯ меомад ва ӯ ҷуволро бо дасти худ гирифта ба дур ҳаво медод.
1 Маншур – ярлик, роҳхат, фармон.
2 Такянишин – чизе, ки бар он пушт мегузоранд.
3 Забун – нотавон, заиф, суст.
4 Қанор – ҷуволи калон.
5 Равзана – сӯрохест дар девор ё шифти хона барои баромадани дуди оташдон ва даромадани рӯшноӣ.
Чун варзиши Дарвешмуҳаммад ба ин дараҷа расид, паҳлавон Абусаид ба ӯ гуфт:
– Акнун дили мо як қадар ҷамъ шуд. Аммо ҳамин гуна варзишҳоро давом додан лозим аст.
Баъд аз се сол, ки Дарвешмуҳаммад дар сар то сари ин муддат варзиш мекард, Паҳлавони Рустоӣ ба Хуросон омад. Вақте ки вай ба деҳаи Хусӯ расид, гӯштингирони муътабари Ҳирот бо туҳфа ва ҳадяҳо ба пешвози ӯ баромада, вайро бо иззату эҳтироми тамом ба Ҳирот дароварданд.
Паҳлавон Абусаид фармуд, ки гӯштингирони Ҳирот паҳлавони меҳмонро даҳ рӯз меҳмондорӣ кунанд ва дар ин муддат Дарвешмуҳаммад боз варзишҳои дурусттар намояд.
Султон Ҳусайнмирзо аз паҳлавони олам, яъне Абусаид пурсид, ки дар бораи ин паҳлавон чӣ фикр дорад ва кадом паҳлавонро бо вай гӯштин мегиронад?
Паҳлавон гуфт:
– Ятимаке ҳаст, ки такяро рӯфтурӯб мекунад, ин корро ба вай ҳавола мекунам.
– Он ятимак кист? – пурсид Султон.
– Дарвешмуҳаммад! – ҷавоб дод Паҳлавони олам.
Султон дар ҳайрат ва таҳлукаву тааҷҷуб афтода гуфт:
– Вай хурдсол аст. Баногоҳ беномусие рӯй надиҳад?
Паҳлавон гуфт:
– Умед аст, ки сабаби обрӯ ва номус гардад.
Султон фармуд ҳавзи Боғи Зоғонро хушконанд, даруни ҳавз майдони гӯштин муқаррар шуд, тамошобинон ба гирдогирди ҳавз ғун шуданд, шоҳзодагон, амалдорони бузург ба чортоқҳо1 нишастанд.
Паҳлавонон бараҳна шуда, танҳо дар зери тунбони2 гӯштингирӣ ба майдон даромада, бо ҳам рӯ ба рӯ шуда ба якдигар овехтанд.
Дарвешмуҳаммад Паҳлавони Рустоиро монанди тифле аз замин боло бардошта ва бар сари даст гирифта чархе зада бар замин зад, ки замини майдон ба ларза даромад ва аз сар то пошнаи пойи ӯ бар замин нақш баст. Ғиреви1 таҳсин ва офарин аз халоиқ баромада ба осмон печид.
1 Чортоқ – айвон.
2 Тунбон – шалвор.
Паҳлавони Рустоӣ аз ҷой бархоста дар гиря шуда ба подшоҳ гуфт:
– Шоҳо, ин ҷамоат сеҳр карданд ва маро бастанд, ки ёрои ҳеҷ ҳаракат намонд.
Султон гуфт:
– Ин гуна суханҳо бемаънӣ аст. Агар боз гӯштӣ гирифтан хоҳӣ, то се навбат ба ту дастур ва ихтиёр дода мешавад.
Паҳлавон гуфт:
– Агар ман одамӣ бошам, ҳамин як бор бас аст.
Султон бар аҳли дарбори худ гуфт:
– Ҳар кӣ сари маро дӯст дорад, ба Дарвешмуҳаммад инъом диҳад.
Чунин гӯянд, ки дар он маърака сад ҳазор танга ба Дарвешмуҳаммад инъом2 гардид. Ӯ ҳамаи ин маблағҳоро ба Паҳлавони Рустоӣ дода гуфт:
– Маро ҳамин обрӯ ва эътиборе, ки дар ин гӯштин ҳосил шуд, бас аст, шумо аз мамлакати худ умедвор ба ин диёр омадед, дасти тиҳӣ3 наравед».
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Дар бораи машқи бадан кардани Дарвешмуҳаммад нақл кунед.
2. Майдондории ду паҳлавонро қисса кунед.
3. Паҳлавони Рустоӣ баъди мағлубият чӣ кард?
4. Дарвешмуҳаммад чӣ ҷавонмардӣ намуд?
1 Ғирев – ғулғула, шӯру ғавғо.
2 Инъом – ҳадя, мукофот.
3 Тиҳӣ – холӣ.