Тарона

Тарона яке аз навъҳои маъмули эҷодиёти шифоҳии халқ аст. Тарона аз замонҳои қадим дар байни мардум шуҳрат дошта, бо лаҳни махсус сароида мешавад. Ин шакли шеърӣ аз зумраи сурудҳоест, ки ҳангоми тӯю суру хурсандӣ, рақсу базм хонда мешаванд ва ба суруди рақсии уфар монандӣ доранд. Таронаҳои дигар монанди таронаҳои ҳузнангези мотам ва ифодакунандаи қаҳру ғазаб низ мавҷуданд:

Манаму ҳамин тарона,

Нахӯрам ғами замона.

Оҳангдорӣ, содагӣ ва равонӣ хусусияти асосии таронаҳо аст, мавзуи таронаҳо хеле гуногун аст; дар онҳо кору зиндагӣ, орзуву омоли инсонҳо ва амали онҳо тавсиф карда мешаванд. Самимият дар таронасароӣ мақоми хос дорад ва ин ҳолат дар «алла»-сароии модарон хеле хуб акс ёфтааст:

Алла, ҷонам, аллаё, даврони ҷонам, аллаё,

Калон шавӣ, чаққон шавӣ, пурдон шавӣ, аллаё.

Аксаран таронахонӣ ғаму андуҳ ва кудуратро аз дил берун намуда, инсонро ба орзуҳои ширин ва амалҳои нек ҳидоят мекунад, ба дил фараҳ ва таскин мебахшад.

Қисме аз таронаҳо эътирози мардуманд нисбати нобаробарӣ ва поймолкунии ҳуқуқи инсон, шикоятанд аз дунёи бевафо ва фалаки каҷрафтор.

Дар эҷодиёти шифоҳии халқ таронаҳои фаровоне низ мавҷуданд, ки дар бораи нохушиҳои зиндагӣ, меҳнати тоқатфарсову сангин суруда шудаанд.

Масалан, «Таронаи бофандагон» аз қабили сурудҳои ғамангез аст, ки дар он азоби бандагӣ, вазнинии кор ва беқадрии касби бофандагӣ бо сӯзу гудоз акс ёфтааст. Ин тарона як навъ шикоятномаест аз рӯзгори талху сангину душвори бофандагон ва косибон:

Дилакам зардоб шуд аз чақ-чақи бофандагӣ,

Чашмакам пуроб шуд аз риштаҳои кандагӣ.

Аз саҳар то шом почак мезанам дар чаҳ-чаҳак,

Қоматам дар тоб шуд аз кору бори зиндагӣ.

Рӯз то шом дастгаҳам дар дамгаҳам чақ мезанад,

Субҳ то шом кампири бечора вақ-вақ мезанад,

Субҳи содиқ усто дарвоза тақ-тақ мезанад,

Рангакам бетоб шуд дар зери бори зиндагӣ.

Ҳафтаи аввал дучарха нимча ресмон тофтам,

Ҳафтаи дуюм ба зӯр як ҷӯра карбос бофтам,

Аз фурӯши устокор як эни арзон ёфтам,

Туф кунед, эй дӯстон, бар рӯйи ин ёбандагӣ.

Духтари бемор дар кунҷак кашокаш мекунад,

Кампир аз баҳри пиёба дег оташ мекунад,

Баччаяк аз гушнагӣ по мезанад, ғаш мекунад,

Танакам абгор шуд аз куртаҳои ҷандагӣ...

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Гӯяндаи тарона аз чӣ шикоят кардааст?

2. Аз мазмуни тарона маълум гардид, ки сарояндаи он касби

бофандагӣ дорад, чаро зиндагии ӯ чунин тоқатфарсост?

3. Оё имрӯз ҳам аҳволи бофандагон ҳамин тавр аст?

4. Таронаро аз бар кунед.