Қозизода аз он пеш ба Ҳирот наёмада буд ва аз ҷумла, Ҷомиро низ намешинохт. Дар хаёли ӯ Ҷомӣ монанди уламои бузурги он замон дар зери ҷомаҳои пурқимат ва дастори бузург ҷилва менамуд.
Аммо Ҷомӣ дар тобистон ва зимистон ҷомаи одии пахтадор мепӯшид ва бар сар тоқии убайдӣ ниҳода, ба вай ду-се печ дасторчаи хурде мепечонд. Миёни худро бо фӯтаи ҳаммомиён мебаст ва ду нӯки фӯтаро аз пеш овезон мегузошт. Ба даст асои ҷавбеде мегирифт, ки аз қоматаш як ваҷаб баландтар буд.
1 Мулозамат – хидматгузорӣ, навкарӣ
2 Илтифот – таваҷҷуҳ, эҳтиром, лутф
Қозизода ба ҳавлии Ҷомӣ омада, дар долони дарвоза ба болои суфачае нишаст, вале дар он ҷо каси дигар набуд. Дар ҳамин вақт Ҷомӣ бо қиёфае, ки дар боло тасвир ёфт, асо дар даст аз хона баромад.
Қозизода гумон кард, ки ин мард бояд ошпаз, ё ҳезумкаш ва ё ягон хизматгори одии Мавлоно Ҷомӣ бошад, бинобар ин аз ҷой барнахост, эҳтироме ҳам накард ва пурсид:
– Ҳазрати Мулло дар хона ҳастанд?
– То ин замон дар хона буданд, – гуфт Ҷомӣ дар ҷавоб ва табассуме кард.
Қозизода худ ба худ гуфт: Дар мулозамати ин гуна азизони бузург чӣ гуна мардум мебошанд ва ҷавоби нодуруст медиҳанд ва бесабаб механданд». Баъд аз қадаре андеша карда истодан ӯ ба Ҷомӣ гуфт:
– Эй гаранг! Чӣ шавад, ки равӣ ва ба ҷониби Махдум арз кунӣ, ки писари қозии Сиистон омадааст, орзуи мулозамат дорад. Агар марҳамат карда қадаме ранҷа намоянд, ниҳояти илтифот аст.
Ҷомӣ бо шунидани ин супориш худдорӣ карда натавонис та баландтар хандид. Қозизода бошад, рӯй турш карда ва оташин шуда гуфт:
– Ин хандаи шумо чӣ бало зебанда аст!
Дар ҳамин вақт якчанд нафар аз калонон, олимон ва фозилони Ҳирот савора1 ба зиёрати Ҷомӣ омаданд. Чун аз сари кӯча диданд, ки Ҷомӣ ба асо такя карда ба пеши дарвоза рост истодааст, дар ҳамон ҷо аз аспҳо фуромаданд ва дастҳо пеш гирифта бо камоли таъзим ба Ҷомӣ наздик шуда, ӯро зиёрат ва ба ӯ арзи эҳтиром карданд.
Қозизода бо дидани ин ҳол зиёдтар дар тааҷҷуб афтод ва дар дили худ мегуфт: «Ҳазрати Махдумиро чӣ қадар азамат ва бузургворист, ки бузургони шаҳр бо пасттарин хизматгори ӯ ин ҳама арзи эҳтиром менамоянд».
Хулоса, ҳама ба меҳмонхона даромаданд. Ҷомӣ, чунонки одати ӯ буд, аз ҳама поёнтар ва дар пеши дари даҳлез нишаст ва дигарон ҳар кас ба қадри дараҷаи худ ба ҷойи худ нишастанд. Ҷойи Қозизода дар паҳлуи Амир Атоуллоҳ афтода буд ва оҳиста ба вай гуфт:
1 Савора – хонаи Ҷомӣ дар Ҳирот, дар беруни шаҳр, дар сари хиёбон буд, бинобар ин ҳар кас, ки ба он аз шаҳр ояд, савора меомад.
– Чаро ҳазрати Мавлавиро касе хабардор намекунад, ки азизон ба зиёраташон омадаанд ва мунтазири мулоқотанд?
– Махдумо, магар шумо аз ин шаҳр нестед? Ҳазрати Мавлавӣ онанд, ки дар кафшгоҳ нишастаанд!– гуфт Амир Атоуллоҳ1 дар ҷавоб.
Қозизода бо шунидани ин ҷавоб фавран аз ҷой ҷаста, берун давид ва Ҷомӣ ба мулозимон фармуд. "Қозизодаро нагузоред, ки фирор кунад ва ӯро пеши мо оред!" Вақте ки ӯро меоварданд, ӯ гуфт: «Алғарибу қалаъмо (ғариб мисли кӯр аст). Маъзурам доред ва аз гуноҳи банда даргузаред».
Ҷомӣ ӯро таъзим ва ба ӯ меҳрубонии бисёре карда гуфт:
– Мо дар умри худ аз мулоқоти ҳеҷ кас ин қадар хурсанд нашуда будем, ки аз мулоқоти шумо шудем.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Ҳикоятро хонед.
2. Қозизода, ки пеш аз ин ба Ҳирот боре ҳам наёмада буд, Ҷомиро чӣ хел тасаввур мекард?
3. Вохӯрии Қозизода бо Ҷомӣ чӣ тавр сурат гирифт?
4. Ба гуфтугузори Қозизодаву Ҷомӣ диққат диҳед. Қозизодаро чӣ гуна дарёфтед?
5. Боз киҳо ба зиёрати Ҷомӣ омаданд?
6. Эшон бо ҳазрати Ҷомӣ чӣ гуна мулоқот анҷом доданд?
7. Вақте ки Қозизода аз ҳақиқати ҳол воқиф гашт, чӣ кор кард?
1 Амир Атоуллоҳ – яке аз мударрисони мадрасаи Мир Алишер буд.
ТЕСТҲО
1. «Бадоеъ-ул-вақоеъ» асари кадом адиб аст?
А. Восифӣ
Б. Носири Бухороӣ
В. Шавкати Бухороӣ
Г. Нозими Ҳиротӣ
2. Ҳикояти «Зиёрати Ҷомӣ» ба кадом адиб мансуб аст?
А. Нозими Ҳиротӣ
Б. Авфӣ
В. Носири Бухороӣ
Г. Восифӣ
Д. Шавкати Бухороӣ